«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани соли равон аз ҷониби Пешвои миллат, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалии Раҳмон аз назари ин ҷониб ниҳоят бамаврид аст. Воқеан, Тоҷикистони мо диданӣ, арзандаи сайру саёҳат мебошад. Табиати зебо, обҳои мусаффо, ширин ва дармонбахш, куҳҳои сарсафед, дараҳои сабзҷомаи гулрез, осори ҳунарию меъмории аз ниёгони ҳунармандамон ба мерос расида, ниҳоят ҷолибанд. Гузашта аз ин, эҳтиёҷоти иқтисодии кишвар тақозо мекунад, ки манбаъҳои нави даромадро ба буҷаи  кишвар дарёфт кунем.

Иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зиёиён ва аҳли маорифу фарҳанги Куҳистони Масчо хуш пазируфтанд. Ин диёри куҳанбунёд, ки таърихи беш аз чорҳазорсолаи сукунат дорад, дорои ёдгориҳои зиёди таърихӣ ва ҳунару истеъдодҳои нодири мардумисту ҳанӯз ба таври бояду шояд таҳқиқ нашуда. 

Ноҳияи Куҳистони Масчо гарчанде бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 1995, таҳти №712 таъсис ёфта бошад ҳам, вале тавре дар боло ишора рафт, бо такя ба манобеи зиёди таърихӣ метавон гуфт, ки таърихи беш аз 4 ҳазор сола дорад.

Аз 2 декабри соли 2014 Муҳаммадҷобир Раҷабзода раиси ноҳияи Куҳистони Масчо мебошад.

Дар ноҳияи Куҳистони Масчо ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Ноҳияи Куҳистони Мастчо — воҳиди мустақили маъмурӣ, ноҳияи нав дар харитаи Тоҷикистон, самараи даврони Истиқлолият аст. Ҳарчанд ин маъвои куҳанбунёд таърихи беш аз панҷҳазорсолаи сукунат дорад, дар махзанҳои то замони мо расидаи тамаддуни башар сарзамини зисти аҷдодони мо, тоҷикон, — ориёиҳо ва суғдиён шинохта мешавад, онро шукуфаи даврони Истиқлолият донистаанд.  

Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ Куҳистони Мастчо маҳалли ноҳамвор буда, дар баландии аз 2000 то 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Онро аз ҷануб қаторкуҳи Зарафшон, аз шимол қаторкуҳи Туркистон иҳота кардаанд. Тӯли ин дараи азим 170 км буда, вусъаташ дар баъзе мавзеъҳо 8-10 ҳазор метрро ташкил медиҳад.

Рӯдхонаи Зарафшон, ки аз Сардара то Подара онро убур кардааст, аз пиряхҳои хурду бузурги саргаҳи он, рӯдаку чашмасорони дараю тагобаҳо оғоз гирифта поён меравад ва ҳамвора серобтар шуда, ба дарёи азиме табдил меёбад.

Пиряхи калонтарини он Зарафшон ном дорад. Ин хазинаи илоҳии об дорои 27,3 км тӯл, 2 км бар аст. Масоҳати умумии он 44,7 км, бо назардошти шохаҳояш 127 км муқаррар карда шудааст.

Зарафшонрӯд (номи қадимиаш Политамент) ба дарозои 781 км, то паҳноҳои Самарқанд ва Бухоро ҷорӣ мешавад.

Аҳолӣ асосан дар рустоҳои хурду калоне, дар мавзеъҳои ба зистан мувофиқи куҳистони пурхавфу хатар аз тармаю селу сангрезии ду соҳили дарё, Соярӯ ва Офтобрӯя зиндагӣ мекардаанду зиндагӣ мекунанд. Ин маскунгоҳҳо бо иловаи чанд деҳа дар Тагоб ва Fузндара 56 адад буда, алҳол зиндагӣ дар ҳамаи онҳо барқарору гардон аст.

Тибқи таҳқиқот ва хулосаҳои илман асосноки муаррихон ва бостоншиносон дар ин маъвои баланд ҳанӯз дар асри биринҷӣ одамон зистаанд. Шаҳодати ин иддао маҷмӯи сангҳои навиштаест, ки ду сол пештар олимон дар Сабағ пайдо карданд. Олимон ҳадс мезананд, ки дар ҳазораи якуми пеш аз мелод ин маскунгоҳ ба сарзамини Суғд мансуб будааст. 

Дар қаламрави Масчо (Бутамони дарунии бостон) ҳар як деҳа дидбонгоҳ ё қалъаи худро дорад. Аз Сардара то Подара, саҳеҳаш аз Деҳҳисор то Оббурдон, асари аёни ҳафт қалъаи қадима мушоҳида мешавад. Дар деҳаҳои Оббурдан, Рогиф, Эсизи Боло, Мадрушкат, Падаск, Палдорак ва Ланглиф деворҳои вайрону нимвайрони онҳо то кунун маҳфузанд. Боқӣ ҳама ба хок яксон шудаанд, ё изи он иншоот мондаву халос.

Қалъаи Палдорак (онро қалъаи Ботурхоҷа-мири Масчо ҳам мегӯянд) аз ҷониби сокинони деҳа, бо мадади пулии як зумра соҳибкорон қисман барқарор карда шудааст. Дар ҳудуди деҳаи Ланглиф се қалъа мавҷуд аст, ки деворҳояшон гуфтан мумкин, то ҳадде барҷоянд.

Қадимтарин қалъа дар Масчо Ҳисорак унвон шудаву бинобар хулосаи бостоншиносон (аз ҷумла Юсуфшо Ёқубов) 2500 сол собиқа дорад. Як қисми деворҳо, тарҳи кӯчаву паскӯчаҳои он аз ниҳоят ободу маъмур будани он дар замонаш (шояд аҳди Кӯшониён) дарак медиҳанд.

Муаррихоне, ки дар Ҳисорак ҳафриёт гузаронидаанд, бар он назаранд, ки шаҳраки дохили он, ки 5 гектар масоҳат дорад, ба чор сӯ чор кӯчаи калон доштаву ҳар кадом ба номи як сайёра мухотаб мешудааст. Ҳафриёт дар ин обидаи таърихӣ собит кард, ки сокинони он суғдӣ буда, ба оташ имон доштаанд. Маъбад ва оташкадаи он, ки аз зери хок рӯнамо шуд, ин хулосаро тасдиқ мекунад. Хоку хокистари ибодатгоҳи оташбоварон ҳанӯз ҳам маҳфузанд. Аз деворҳои атрофии қалъаи дар самти Зарафшон ба андозаи 25-30 метр борае мондаву халос. Корез ва роҳи зеризаминии он аз дарун хокпӯш шуда бошанд ҳам, аз берун, аз соҳили дарё намудор ва сарпаноҳи ҷайраву рӯбоҳҳои ин маҳаланд.

Ҳисорак нодиртарин ва қадимтарин осори қалъасозии ниёгони мо муғҳост. Аз баландӣ, аз куҳдоман ба он нигаред ва тасаввур кунед, ба назар мерасад, ки ҷои онро дурандешона интихоб кардаанд. Се тараф ҷариҳои баланди фатҳнашавандаи аз сангу харсанги таркибёфта онро аз ҳамлаи адӯ ҳифз кардаанд. «Нимҷазира»-чаро як гузаргоҳи ду тарафаш хандақ ба пайроҳае пайванд кардааст, ки байни шаху зовҳо печутоб хӯрда, ба боло, ба ҳамворие, ки Дашти Падаск ном дорад, мебарояд.

Дар бораи қалъаҳои дигар маълумоти муътамад нест, чунки ба онҳо ҳанӯз таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда нашудааст. Масалан, аз қалъаи Мадрушкат-яке аз марказҳои куҳанбунёди маъмурии Садаи Болои Масчо «нимтана»-е боқӣ мондаву халос. Зарафшони саркашу туғёнӣ ҷараён васеъ карда, ними онро рӯфта бурдааст. 

Барои сайёҳони ба қадамҷо, мазору хонақоҳҳо ҳавасманд дар Масчо чанд мазори маъруферо ҳам муаррифӣ намудан аз аҳамият холӣ намебуд.

Аз обидаҳои динию мазҳабие, ки дар кулли рустоҳои ин диёр мавҷуданд, Мазори Абумӯсо, воқеъ дар мавзеи ниҳоят зебоманзари оғозгоҳи Зарафшонрӯд, Мазори Хоҷа Иброҳим дар дараи серобу сергулу гиёҳе бо номи суғдии Лагаргиф, Мазори шайхи тариқати нақшбандия, дар домани деҳаи Паллорак бо номи сӯфиёнаи Бободол, мазори ҳазрати Довуди набӣ, ки дар баландӣ, рӯи шонаи куҳпуштаи ҳамешасарсабзе бо номи асрорангези Куҳӣ Туба (тавба) дар деҳаи Роғ, мавзеи ба номаш арзандаи фаррохдоману сабзрӯ, мавҷуд аст, оромгоҳи Бибиаёз, воқеъ дар лангархона ном мавзеи ба соҳили Зарафшон хамхӯрдаи Лангари Ёз ва чанде дигарро тавсия метавон кард.

Ҳамчунин дар ноҳия мазори Чилдухтарон (деҳаи Андарвашт), оромгоҳи Саиде аз Самарқанд дар деҳаи Имбеф, мадфани Дарвешмуҳаммад Зоҳиди Озоди Хуҷандӣ дар Ронҷ, оромгоҳи ҳамин шайх дар рустои баланде бо номи Ғувинди Тагоби Оббурдон метавонанд таваҷҷуҳи сайёҳон ва пажуҳишгарони ҷараёни тариқати сӯфияро ба худ ҷалб намоянд. Мазори Хоҷаи Гулшан (деҳаи Рогиф) ва муқаддасҷои Хоҷаи Сабзпӯш дар Ревомутк диданию омӯхтанианд.

Дар Тоҷикистони зебои мо ҳар маҳаллу макон, хусусан рустоҳойи куҳистонии он, муъҷизоти ба худ хосеро дороянд. Масчо низ дар симои табиати худ нақшҳои ҳайратангезе дорад, ки қодиранд сайёҳони хориҷию дохилиро мафтун намоянд. Барои ҳавасмандони офаридаҳои нодири Худованд дар чеҳраи табиати ин диёри куҳанбунёд акси Бибимарямро, ки дар Шахи сафед ном сутункуҳи мармарин «ҳаккокӣ» шудааст, тасвири андоми марди сар ба тавба пеши Худованд хамкардаи «бандаи гунаҳгор» дар шахсори Куҳи Туба, ангораҳое бо номи «Гаҳвораи заррин» дар тагоби Рухшиф, Санги Шикоф-харсанги азиме, ки обу бод дар синааш нақб кандаанд, дар тагоби Табаспин ва чанде аз аҷоиботи дигар дар дараю тагобаҳои Ҳушёр, Лагаргиф, Яхрӯд, Пиёрӯд, Туро, Пастиғав, Водиф, Аълами Оламиён, Тагоби Ҷиндон, Пакшиф, Деҳманора, Падроғ манзури назар шуда метавонанд.

Пас аз Ҳисорак дар Масчо бозёфти нодиртарини бостоншиносон сангнигораҳои Тагоби Сабағ мебошанд. Кошифи онҳо муаррих ва пажуҳишгар Почомуллоев мутмаин аст, ки ин силсилаи ҳаккокиҳои рӯи санг хеле қадимӣ буда, ба асри биринҷӣ тааллуқ доранд. Ва ин нигоштаҳои одамони он ҷамъият ягона нестанд. Дар аксари рустоҳои ин диёр сангҳои навиштаро пайдо кардан мумкин. Осори ҳунарии ниёгонро низ сари ҳар қадам дучор шудан имконият дорад.

Сокинони Куҳистони Мастчо аз қадим ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул будаанд. Ҳунармандӣ низ дар зумрае аз деҳаҳои он, аз ҷумла Оббурдон, Ҳадишаҳр, Эсиз, Рогиф, Ревомутк, Падаск, Мадрушкат, Валғунд, Роғ ривоҷ дошту дорад. Косибони ин маҳалҳо ба дуредгарӣ, оҳангарӣ, қисман ба бофандагӣ машғул мешудаанд. Осори ҳунарашон то замони мо (кӯзаҳо, оҳани ҷуфт, чарху дӯк, дастгоҳҳои намадсозию гилем ва матоъбофӣ, лӯлаҳои (қубур) нақли оби нӯшокӣ аз сафол, нақшу нигори бурҷу бора ва кодоки манзилҳо) омада расидааст. Ҳунармандони насли нав касби аҷдодони худро идома ва такмил додан доранд.

Аз соли 1923 Куҳистони Масчо ба ҳайси Кумитаи маҳаллии инқилобӣ (раисаш Бобохони Ҳамдам) аз тарафи ҳукумати шӯравӣ шинохта шуд. Чоруми октябри соли 1924 бошад, ҳангоми тақсимоти марзӣ дар Осиёи Миёна онро аз ҳайати РАСС Туркистон бароварда, ба РАСС Тоҷикистон шомил намуданд.

Ниҳоят, соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил ёфт ва Масчо, чун воҳиди мустақили маъмурӣ, аз 5 декабри ҳамон сол расмият пайдо кард.

Соли 1956 бо тақозои замон ва қарори ҳукумати вақт, бо мақсади азхуд кардани заминҳои ташналаб ва бекорхобида мардуми Куҳистони Масчо низ ба дашти Дилварзин муҳоҷир карда шуданд.

Диёри куҳанбунёде, ки онро сокинонаш бо дилкашолӣ тарк карда, ноилоҷ маъвои аҷдодӣ, манзилҳои хуни нофашон рехта, мазористонҳои бобоёнашон хуфтаро ба қисмат ҳавола намуда рафта буданд, муддате, шояд 20 сол, холӣ монд. Зиндагӣ гӯё ғояте (20 сол барои таърих, барои маскунгоҳе, ки умри панҷҳазорсола дорад, чизе нест) таваққуф кард, то нафас рост бикунад ва ҳаракати созандаю барозанда, биёрандаю барандаи худро идома бидиҳад.

Шуруъ аз ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта бозгашт ба маъвои аҷдодон, аввалҳо пинҳонию баъдтар ошкоро оғоз шуд. Обу хоки шарифи ин сарзамин парвардаҳои худро боз сӯяш кашид. Манъу таҳдиди зимомдорони даврон асар накард.

Дере нагузашта бо ташаббуси роҳбарияти Масчои нав дар Масчои куҳна (он солҳо онро бо тамасхур ҳамин хел ном мебурданд) Иттиҳодияи байнихоҷагии (байниколхозӣ) гӯсфандпарварӣ ташкил карда шуд, ки заминаи мавҷудияташ чарогоҳҳо ва заминҳои бекормондаи деҳаҳои бобоӣ буданд.

Ба ин иттиҳодия мутахассиси варзидаи соҳаи иқтисод, роҳбари масъулиятшинос ва дурандеш, номзади илм Холмуҳаммад Сангинов роҳбарӣ кард ва барои оянда, барои эҳёи зиндагӣ дар маъвои аҷдодон заминаи муътамад гузошт. Маҳз дар ҳамин давра ба деҳаҳои куҳистон зери сояи «коргари иттиҳодия», «ёрдамчии чӯпон», «хошоктайёркун» ва дигар ниёзмандиҳо муштоқони обу хокаш кӯчида рафтанд. Оҳиста-оҳиста роҳбарони ноҳияи Масчои нав ҳам бо фаросат дарёфтанд, ки обод кардани Масчои куҳна ҳам лозим. Ва бозгаштро ба он расмият бахшиданд.

Дар аксари кулли деҳаҳо чароғи бобоӣ аз нав фурӯзон гашт, сукути ваҳмангези кӯчаю паскӯчаҳоро гуфтугузори мардум, хандаи кӯдакони онҳо барҳам зад. Мӯриҳо дудбаро шуданд, рӯзгори пур аз умеду орзуҳои инсонӣ ҷараён гирифт, ба ҷӯйҳои лабташна об омад, мазраҳо сабз шуданд, боғу роғ гулрез гардиданд.

Дар ин солҳои пурбаҳсу пурталош абармардоне чун Холмуҳаммад Сангинов, Саидҳаким Боқиев, Баҳриддинхоҷа Зокиров, Ҳаётхӯҷа Умаров, Домуллоҷон Қозиев, Амирбек Тӯйхонов, Бобои Дарвеш Ашӯров, Азизмаҳмад Валиев, Саидаҳрор Аҳмадов, Анварбек Фаррухов, Охун Мухторов, Қуддус Сангинов, Бобо Ҳасанов ва дигарон дар деҳаҳои аксаран матрукшуда ободонӣ ва барқароркунӣ, обёрии заминҳоро ба роҳ монда, бозгаштагонро сафарбару сарварӣ намуданд, дар эҳёи ҳаёт дар диёри бобоён ҳиссаи босазо гузоштанд. Ибтидои солҳои 90-и асри гузашта дар заминаи иттиҳодия, бо мақсади ба роҳ андохтани истеҳсолот ду хоҷагии давлатӣ (совхоз) ташкил карда шуд. Баъдтар, пас аз эълон шудани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон онҳо барҳам хӯрданд, ҷояшон 4 хоҷагии ҷамоавӣ (колхоз) ташкил ёфт. Тӯли беш аз 20 сол, яъне даврони барқароршавии хоҷагидорӣ ва ободонии маҳалҳои аҳолинишин Куҳистони Масчо тобеи ноҳияи Масчои нав (дар ду шӯрои ҷамоатӣ, Лангар ва ба номи Иван-тоҷик буд) як ҷузъи ин ноҳияи калонтарини пахтакорӣ дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ба ҳисоб мерафт.

Нимаи дуюми солҳои 90 афзоиши аҳолӣ, пайдо шудани мушкилоти рафтуомад, бинобар ҳаводиси маълуми даврони ҷанги шаҳрвандӣ, фалаҷ шудани назорати маъмурӣ, зиёд гардидани талаботи мардум ба маводи аввалияи зист, паст фуромадани сатҳи таълим ва тарбия дар мактабҳо, хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ зарурияти ташкили ноҳияи наверо дар ин маскунгоҳи бостонӣ ба миён оварданд.

Соли 1996 бо иқдоми шахсии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки шароити зиндагии сокинони Куҳистони Масчоро дар давраи гузариш аз як сохт ба сохти дигари ҷамъиятӣ, дар чунин айёми ҳассос хуб дарк карда буд, дар харитаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ноҳияи нав, воҳиди маъмурии мустақил — Куҳистони Масчо арзи ҳастӣ намуд.  Ин «шукуфаи Истиқлол» тӯли 20 соли мавҷудият ва нумӯи худ, тавассути таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бевоситаи раисони вилояти Суғд муҳтарамон Қосим Қосимов, Қоҳир Расулзода (алҳол Сарвазири мамлакат) Абдураҳмон Қодирӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода бозсозӣ ва ислоҳоти хоҷагидориро аз сар гузаронид ва хеле рушд кард, чун ноҳия мавқеи худро дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ барқарор ва мустаҳкам намуд, ба яке аз мавзеъҳои босамартарини истеҳсоли картошкаи хушсифат, меваҷоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи боғот табдил ёфт.

Феълан дар Куҳистони Масчо беш аз 23 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Масоҳати умумии ноҳия 3,7 ҳазор км буда, аз он 3514 гектар замини корами обӣ, 450 гектараш боғот мебошанд. Ҳосилнокии зироатҳо хеле баланд шудааст. Ҳамасола аз заминҳои киштшаванда 350-400 сентнерӣ картошка, то 58 сентнер гандум ва дигар зироатҳо ҳосил рӯёнида мешавад. Кишоварзони ноҳия соле наздики 70 ҳазор тонна картошка истеҳсол намуда, бозорҳои ҷумҳуриро бо ин навъи маҳсулоти хушсифат таъмин менамоянд. Аз 450 гектар боғи мевадиҳанда ҳар сол даҳҳо тонна меваҷоти хушсифат ҷамъоварӣ карда мешавад.

Соҳаи чорводорӣ низ дар даврони Истиқлолият тараққӣ кард. Хусусан, дар сектори хусусӣ саршумори моли майда афзудан дорад. Парвариши қутос, ки 4-5 сол пеш ба роҳ монда шуд, ривоҷ ёфт.  Ободонии маҳалҳо, сохтмони бино барои муассисаҳои ҳифзи саломатӣ, маориф ва фарҳанг, таъмиру такомули роҳҳо, пулу гузаргоҳҳо, обшикану монеаҳои соҳили Зарафшон хеле назаррасанд. Тӯли 15-20 соли охир бо истифода аз маблағгузориҳои хориҷӣ ва буҷаи маҳаллию ҷумҳуриявӣ, ҳиссагузориҳои ройгони аҳолии маҳал ва соҳибкорони худӣ чандин маркази саломатии замонавӣ, бинои нави мактаб, мактаб-парваришгоҳ, идораи маориф сохта шуд.

Таъмини аҳолии ноҳия бо энергияи барқ рӯ ба беҳбудӣ дорад. Хати баландшиддати интиқол дар се соли охир ба масофаи 30-35 км боло рафта, аз Хайробод то Сабағ тӯл кашид. Дар рӯдхонаҳои мувофиқ нерӯгоҳҳои хурди истеҳсоли барқ сохта шудааст. Муассисоти фарҳангию маърифатӣ низ рӯ ба беҳбудӣ доранд. Қасри фарҳанг ба истифода дода мешавад. Дар ду ҷамоати ноҳия Лангар ва ба номи Иван-тоҷик беш 10 китобхона амал мекунанд. Рӯзномаи ноҳиявии «Паёми куҳистон» нашр шудан дорад. 

Ин диёри куҳанбунёд дорои захираҳои бойи маъдан ва ангишти хушсифат мебошад. Дарёфт ва коркарди конҳо ҳадафи ояндаанд. Алҳол дар Fузндара корхонаи хусусии истеҳсол ва фурӯши ангишт амал мекунад. Дар тагоби Табаспин бошад, корҳои омӯзишӣ-ҷустуҷӯӣ ва андозагирии кони тиллои «Қулла» идома дорад. Дар роҳандозии кори ноҳияи нав, гузаронидани ислоҳоти сохти хоҷагидорӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави муносибат ба соҳаи кишоварзӣ, тақсимоти замин ба деҳқонон чун саҳм, барқарор намудани сохторҳои ҳукумати маҳаллӣ, банақшагирии рушди Куҳистони Масчо, ҷалби маблағҳои хориҷӣ ва сарфу харҷи ҳадафноки онҳо шахсиятҳое чун Сироҷиддин Ҳасанов (раиси нахустини ноҳия), Мирзоҳаёти Мирзоолим, Тоҷиддин Ниёзов, Бердибой Қозиев, Нурулло Оқилов (собиқ раиси ноҳия), Шариф Ҳасанов, Суҳробшоҳ Охунов (раиси собиқи ноҳия), Маҳмадамин Аминов (собиқ раиси ҷамоати Лангар), Раҳимҷон Наимов, Амирбек Тӯйхонов, Мулломаҳмад Рӯзиев, Абдуқайюм Fаффоров, Шоҳмаҳмад Холов, Абдуҷаббор Шоев, Домуллоҷон Қозиев (собиқ роҳбари идораи андоз) ва чанде дигар саҳми арзанда гузоштаанд.

Саид САИДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here