Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара дар асоси мактуби Вазорати тандурустии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аз 29.05.1990 №20-6 (121-18)2, мактуби Вазорати маорифи РСС Тоҷикистон №6\31 аз 12.02.1990 ва фармони Вазорати нигоҳдории РСС Тоҷикистон аз 24.04. 1990 №344 дар заминаи филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб бо номи Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара таъсис дода шудааст. Таълимгоҳ ҳамчун Омӯзишгоҳ ба муддати 24 сол фаъолият намудааст. Муассисаи давлатии таълимии Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014 №148 “Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара номгузорӣ карда шуд.Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Соҳаи маориф таҳким ва таҳрикбахши асосии давлату ҷомеа маҳсуб мешавад ва рушду тақвияти ягон мамлакатро бе пешрафту тараққиёти бахши маориф таъмин намудан номумкин аст. Имрӯз низоми маорифи кишвар дар марҳилаи вуруд ба фазои ҷаҳонии таҳсилот қарор дорад, ки ин метавонад баҳри бароварда сохтани ниёзҳои ҷомеаи муосири кишвар мусоидат намояд. Имрӯзҳо кормандони соҳаи маорифи кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи роҳбари сиёсии кишвар тамоми имконот ва нерӯи зеҳнии худро дар роҳи таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониш ва таълиму тарбияи насли навраси кишвар, алалхусус ҷавонон, дар руҳияи созандагӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу умумибашарӣ сарф намуда истодаанд. Соҳаи маориф дар тамоми самтҳо комёбиҳои назаррасро ба даст овард, ки мо ҳамагон шоҳиди он будем. Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара низ дар тӯли 29 соли фаъолияти худ чандин ҳазор нафар мутахассисони соҳаи миёнаи тиббиро тарбия карда, баҳри хизмати мардум фиристодааст. Имрӯз онҳо дар ҳар гӯшаву канори кишвар пайи хизмати халқу ватананд. Аҳмад Ҳотамов, Муҳаммадӣ Сатторов, Азимов, Баротзода Амирхон нафароне ҳастанд, ки Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғараро аз рӯзи аввали ташкилшавӣ то ба имрӯз роҳбарӣ карда, дар беҳбудӣ ва пешравии муассиса ҳар кадоме аз худ саҳм гузошта омадаанд.

 

Барномаҳои қабулшуда амалӣ мешаванд

Имрӯзҳо дар соҳаи маориф, аз ҷумла дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ барномаҳои зиёде аз қабили “Барномаи давлатии такмили омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ”, “Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи тайёр намудани кадрҳои миёнаи тиб барои солҳои 2010-2020” ба тасвиб расида, амал мекунанд. Дар ҳамин асос ҳоло дар муассисаҳои таълимии пешрафтаи ҷаҳон дастурҳои методӣ, назариявӣ, китобҳои методӣ ва таълимӣ ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои ба ин алоқаманд чоп шудаанд ва дастраси донишҷӯён гардидаанд. Бо мақсади беҳтар намудани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ дар раванди таълим тағйирот ворид менамоянд, ки дар он шаклҳои нави таълим, методу усулҳои фаъоли таълим ҷустуҷӯ ва амалӣ гардонида мешаванд. Бо ворид шудани технологияи босифат ва таълимгоҳҳои замонавӣ дар низоми таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ аз як тараф низоми таҳсилот тағйир ёфт, аз ҷониби дигар, ба устодон барои худомӯзӣ, бозомӯзӣ, инчунин такмили маҳорату малакаи амалию назариявии касбиашон имконият фароҳам овард. Омӯзгорони соҳибихтисосу эҷодкор дар вақти ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо аз методу усулҳои фаъоли таълим истифода мебаранд, нозукиҳои таълимиро вобаста ба шароити дарсазхудкунии муҳассилин ба роҳ мемонанд, тавассути  мутолиаи адабиёти муосири илмию методӣ вобаста  ба имконияту шароит фаъолияти хешро ба нақша медароранд ва ҳарчи бештар аз усулҳои таълими босифат истифода мебаранд.

Яке аз ҳадафҳои асосии тарбия барҳам задани хислатҳои манфӣ дар тарбияи ҷавонон мебошад. Мақсаду мароми ҳидоят ва даъватҳои Пешвои миллат дар мавриди тарбия, ин пеш аз ҳама барои бартараф намудани нуқсонҳои заифии инсоният, ки аз табиати худи ӯ сар зада, аз арзишҳои ақлонӣ, зеҳнӣ ба хотири рушди ирода, маънавиёт, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии шахсият бармеоянд, нигаронида шудааст. Нуқтаи назари дигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он нигаронида шудааст, ки «Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем».

 

Сифати таълими донишҷӯён беҳтар мегардад

Худшиносии миллӣ яке аз рукнҳои асосии тарбияи маънавии ҷавонон аст, ки инро Пешвои миллат дар бисёр баромаду вохӯриҳояш ба ҷавонон таъкид намудааст: «Худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ ҳаргиз маънои онро надоранд, ки мо худро ба дигар халқҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дошта, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башарӣ саҳм гирифтааст».

Дар соли таҳсили 2019 дар Коллеҷи тиббӣ 74 нафар омӯзгорони асосӣ ва 101 нафар омӯзгорони соатбайъ кор ва фаъолият намуда истодаанд. Ҳамаи онҳо дорои маълумоти олӣ буда, вобаста ба ихтисосҳояшон дарс мегузаранд. Дар моҳи январ барои такмил додани сатҳи дониш ва баланд бардоштани маърифатнокии омӯзгорон 8 нафар омӯзгорон ба курси такмили ихтисос ба Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба шаҳри Душанбе ва шаҳри Кӯлоб фиристонида шудаанд. Ҳамаи онҳо соҳиби шаҳодатномаи Донишкадаи такмили ихтисос гардидаанд. Дар муассиса баҳри тарбия намудани донишҷӯён ҳама чораҳо андешида шудаааст. Аз аввали соли таҳсил дар ҳамаи гуруҳҳои таълимӣ аз ҳисоби омӯзгорони таҷрибадор ва масъулиятшинос роҳбарони гуруҳҳо таъин карда шудаанд. Баҳри дар амал тадбиқ намудани Консепсияи миллии тарбия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз аввали соли таҳсил маҷлисҳои падару модарон ташкил карда шуда, дар ин ҷамъомадҳо падару модарон аз рафти таҳсили фарзандон ва шароити таҳсили онҳо аз наздик шинос мегарданд. Натиҷаи чунин вохӯриҳо бо волидайни донишҷӯён ба беҳтар гардидани сифати таълими донишҷӯён дар рафти санҷишу имтиҳонҳо бараъло эҳсос карда мешавад.

Бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳои хусусияти коррупсионидошта дар рафти санҷишу имтиҳонҳо сессияи зимистона тариқи тестӣ гузаронида шудааст. Бояд қайд намуд, ки ҳамаи муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ба низоми кредитии таълим гузаштаанд. Дар муассиса низ бахшҳои якум бо маълумоти миёнаи асосӣ ва умумӣ имсол ба низоми кредитии таълим фаро гирифта шудаанд. Тарзи супоридани имтиҳонҳо тариқи тестӣ гузаронида шудааст. Ҳамаи имтиҳонҳо дар синфхонаи бо камераҳои назоратӣ насбгардида гузаронида шудаанд. Дар рафти имтиҳонҳо омӯзгорон саволномаи фаннии худро доир ба мавзуҳои гузаштаашон ба ҳайати комиссияи имтиҳонгиранда пешниҳод намудаанд. Имтиҳонҳо дар се давр гузаронида шуда, шаффофият дар рафти имтиҳонҳо бараъло эҳсос гардидааст. Инчунин барои боз ҳам пурзӯр намудани назорати сатҳу сифати таълиму тарбия ва ҳамзамон беҳтар намудани сифати таълим боз дар ду синфхонаи дигар камераҳои назоратӣ дар бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 насб карда шудаанд.

 

Шумораи умумии муҳассилин

Дар моҳи январи соли хониши 2019 аз таърихи 02.01. то 18.02.2018 сессияи зимистона гузаронида шудааст. Ҳамаи омӯзгорон пешакӣ тайёрии хешро оид ба гузаронидани имтиҳонҳои зимистона дида баромаданд. Бо фармоиши директори муассиса ҳамаи имтиҳонҳои сессияи зимистона тариқи тестӣ гузаронида шудааст. Саволномаҳои тестӣ аз тарафи омӯзгорони тахассусӣ пешакӣ омода гардида, дар ҷаласаҳои кафедраҳо ва Шӯрои илмӣ-методӣ дида баромада ва тасдиқ карда шудаанд. Ҳар як савол мувофиқи барномаи таълимӣ тартиб дода шуда, аз 20 то 50 саволро дар бар гирифтааст. Инчунин саволномаҳо дар вариантҳои алоҳида пешниҳод карда шудаанд.

Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки омӯзгорони имтиҳонгиранда сессияи зимистонаро бомуваффақият ва бе камбудӣ гузаронидаанд. Натиҷаи сессияи зимистона чунин баҳогузорӣ карда шудааст:

Шумораи умумии донишҷӯён дар муассиса 1466 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 1149 нафарашон духтарон, 317 нафар писарон мебошанд. Дар маҷмуъ 1391 нафар донишҷӯёне, ки имтиҳонҳои нимсолаи якумро бомуваффақият супоридаанд, барои давом додани таҳсил дар муассиса иҷозат дода шудаанд. Баъди ба анҷом расонидани сессияи зимистона баҳогузории донишҷӯён чунин натиҷа додааст: Баҳои панҷ — 38 нафар, баҳои панҷу чор — 182 нафар, баҳои чор — 286 нафар, баҳои чору се 575 нафар, баҳои се — 310 нафар. Дар асоси иҷро намудани нақшаи таълимӣ ва бомуваффақият супоридани санҷишу имтиҳонҳои сессияи зимистона донишҷӯёни бахши чоруми таҳсилоти шабона 43 нафар мебошанд, ки ба таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ фиристонида шудаанд.

Бо мақсади дастрасӣ ба донишу малакаҳои нав ва роҳу усулҳои истифодабарии он дар фаъолияти касбӣ дар коллеҷ се кафедра, аз ҷумла кафедраи фанҳои «Гуманитарӣ», «Морфологӣ», «Кори ҳамширагӣ» таъсис дода шудааст, ки ба онҳо ҳамаи омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ, табиӣ-риёзӣ, умумитиббӣ ва тахассусӣ шомил мегарданд. Мақсади асосии таъсис додани кафедраҳо ташкил намудан ва ба роҳ мондани сифати нави таълим, ёрии методӣ ба омӯзгорон, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ, тайёр намудани мутахассисони илмӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон мебошад. Ғайр аз ин, боз ҳафтаҳои фаннӣ ташкил карда шудааст, ки аз тарафи масъулони алоҳида гузаронида мешавад. Рӯзи душанбе фанни «Кори ҳамширагӣ», рӯзи сешанбе ҳафтаи фанни забони русӣ, рӯзи чоршанбе ҳафтаи фанҳои морфологӣ, рӯзи панҷшанбе –забони англисӣ, рӯзи ҷумъа — корҳои методӣ, рӯзи шанбе — ҳафтаи фанҳои гуманитарӣ.

Омӯзгорон бисёртар ба дарсҳои якдигар ворид гашта, аз маҳорату методҳои машғулиятгузаронии якдигар баҳраманд мешаванд. Мувофиқи ҷадвал дарсҳои кушоди таълимӣ ва тарбиявӣ гузаронида, маҳорату истеъдоди омӯзгорӣ нишон медиҳанд. Қариб ҳамаи омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд. Ба омӯзгорони ҷавон ёрии ҳаматарафаи методӣ расонида мешавад.

Дар муассиса 5 нафар ятимони кулл таҳсил мекунанд. Онҳо дар гуруҳи буҷавӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо идрорпулӣ тамин карда шуда, ҳамчунин аз дигар кӯмакҳое, ки ҳақ доранд, бархӯрдоранд.

 

Ҷои сеюм дар байни 72 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ

Директори муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара Баротзода Амирхон мегӯяд, ки омӯзгорону донишҷӯён дар се моҳи таҳсил дар як қатор чорабиниҳои дохили муассиса ва ноҳиявӣ фаъолона иштирок намудаанд. Дар моҳи январ дар чорабинии ноҳиявӣ бахшида ба соли нави мелодӣ ва дар моҳи феврал дар чорабинии бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ иштирок кардаанд.

Бахшида ба фасли баҳори фархундапай ва Рӯзи Модар дар муассиса чорабинии идона бахшида ба рӯзи 8-уми март ташкил ва гузаронида шудааст. Ҳамчунин омӯзгорону донишҷӯён дар чорабинии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак ва инчунин ҷашни Наврӯз дар ноҳия иштирок намудаанд.

Донишҷӯёни муассиса барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки аз фанҳои таълимӣ: забони рӯсӣ, химия-биология, забони тоҷикӣ, таърихи халқи тоҷик ва алгебра гузаронида мешаванд, тайёрии ҷиддӣ дида, якҷоя бо омӯзгорони фаннӣ пайваста кор бурдаанд.

Ҳамзамон, донишҷӯёни муассиса дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки рӯзҳои 26-27-уми апрели соли 2019 байни 72 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид, иштирок намудаанд. Дар ин олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара дастаи донишҷӯён аз фанҳои таълимӣ: забони тоҷикӣ, химия, биология, таърихи халқи тоҷик, забони русӣ, алгебра, забони англисӣ ширкат варзидаанд. Дар ин олимпиадаи ҷумҳуриявӣ донишҷӯёни коллеҷ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд:

  1. Ғаффорова Азиза — донишҷӯи бахши дуюм аз фанни таърихи халқи тоҷик сазовори ҷои якум ва бо медали тилло сарфароз гардидааст.
  2. Мунираи Азизулло — донишҷӯи бахши дуюм аз фанни забони тоҷикӣ сазовори ҷои сеюм ва соҳиби медали биринҷӣ гардидааст.
  3. Лоиқҷони Шералӣ — донишҷӯи бахши дуюм аз фанни биология сазовори ҷои сеюм ва соҳиби медали биринҷӣ гардидааст.
  4. Ғафурова Адолат — донишҷӯи бахши дуюм аз фанни химия сазовори ҷои ифтихорӣ гардида, бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Дар рафти олимпиада маълум гардидааст, ки донишҷӯёни коллеҷ аз фанни алгебра ва забони русӣ нисбат ба дигар иштирокчиёни олимпиада холҳои қаноатбахшро сазовор гардидаанд.

Дар ҷамъбасти Олимпиада дастаи иштирокчиёни Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара дар байни 72 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҷои сеюмро ишғол намуда, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шудааст.

Инчунин, дар ҷамъомади Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара бо “Ифтихорнома”-и Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

 

Иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар ҳама сатҳи чорабиниҳо

Бахшида ба ин ҳама дастовардҳои муассиса дар соли таҳсили 2018-2019   ҷамъомади умумии омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардидааст. Дар ҷамъомад роҳбари муассиса ин дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёнро падидаи нек ва муваффақияти беназир дар даҳ соли охир арзёбӣ намудааст. Дар ҷамъомад ба омӯзгорону донишҷӯёни фаъол ва иштирокчиёну ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ифтихорнома ва сипосномаҳои роҳбарияти муассиса супорида шудааст.

Донишҷӯёни муассиса ҳамчунин дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишии ноҳиявӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд. Донишҷӯён ва омӯзгорони коллеҷ дар чорабинию шанбегиҳои ободонии атрофи муассиса, кабудизоркунии кӯчаҳои марказии ноҳия иштироки фаъолона дошта, ҳар рӯзи шанбе ба шанбегии умумӣ баромада, дар ободонии ноҳия ва кӯчаю маҳаллаҳо иштирок менамоянд.

Иди ғалаба яке аз идҳои муҳим барои аҳли ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки коллективи омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ дастаҷамъона бо шиору овезаҳо, гулдастаҳои хотиравӣ дар майдони ғалаба, назди нимпайкараи Қаҳрамони Иттифоқи советӣ Исмат Шарифов иштирок намуда, гулчанбар гузошта, хотираи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштаанд. Дави миллӣ, ки аз тарафи Пешвои миллат ҳамчун рӯзи хотирмон, солимӣ хотиррас гардидааст, аз тарафи аҳли ҷомеа ҳаматарфа ҳар сол ҷонибдорӣ карда мешавад. 19-уми майи соли ҷорӣ бо иштироки хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон, варзишгарон ин рӯзи муҳим — “Дави миллӣ” дар маркази ноҳия баргузор гардидааст. Дар ин рӯзи хотирмон омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ низ ширкат варзида, қисме аз онҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд.

Дар нимаи аввали соли равон чорабинии муҳиме, ки таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаи вилояти Хатлон, махсусан ноҳияи Данғараро ҷалб карда буд, 23-юми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ, бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварда буд. Дар ин чорабинии муҳим омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ низ иштироки фаъолона доштанд.

Умуман, дар 5 моҳи соли таҳсил Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара ба як қатор дастовардҳо ва муваффақиятҳо ноил гардидааст.

 

Ояндаи дурахшони коллеҷ

Бинои нави таълимии муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара, ки дар шафати бинои Донишгоҳи давлатии тибиии Хатлон бунёд ёфта истодааст, солҳои наздик ба истифода дода шуда, шумораи факултаҳо ва шумораи донишҷӯёнаш низ зиёд мешавад. Имрӯз низ базаи таълими Коллеҷи тибббии ноҳияи Данғара беҳ буда, баробари ба пуррагӣ ба истифода дода шудани шаҳраки табибон дар ноҳияи Данғара боз беҳтарин шароитро дар сатҳи ҷумҳурӣ доро мегардад. Имтиёзи дигари беҳтарине, ки барои муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара имсол рух дод, ин мувофиқи Қарори Ҳукумати ҶТ муассиса пурра дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон гузашт.

 

С. ХАЛИЛИЁН, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here