Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ муассисаи таълимии навтаъсис буда, имсол ба фаъолияти он 10 сол пур мешавад. Муассиса соли 2009 дар заминаи ду бинои cеошёна таъсис ёфтааст. Суроғаи ҳуқуқӣ ва воқеии коллеҷ: 735100, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён, кӯчаи Борбад 26 мебошад.

ПОЙГОҲИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МУАССИСА

Ҳарчанд ҳарду бинои дар ихтиёри коллеҷбуда аз оғози солҳои 60-уми қарни бистум то ба имрӯз рӯи таъмири асосиро надидаанд, вале ба ин нигоҳ накарда, айни замон коллеҷ дар доираи имконоти мавҷуда дорои бинои таълимӣ, хобгоҳи умумии замонавӣ, утоқҳои корию синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳ, ошхона, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, парки технологӣ, техникаю механизмҳо ва як силсила таҷҳизоти муосири техникии таълимӣ мебошад. Ҳамчунин, дар муассиса се синфхонаи компютерӣ муҷаҳҳаз бо 65 компютер, 3 адад тахтаи электронӣ ва 1 адад графапроектор барои пешбурди таълим фароҳам оварда шудааст. Тамоми синфхонаҳои бино, гирду атроф ва роҳравҳои он тариқи 40 камераи мушоҳидавӣ назорат мешаванд. Масоҳати замини Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ дорои 2,0 гектар буда, масоҳати замини хоҷагии таълимӣ – таҷрибавӣ бошад 17, 58 гектарро ташкил медиҳад.

Муассиса дорои китобхона бо хазинаи бештар аз даҳ ҳазор китоб ва толори хониш мебошад. Ҳамчунин, дар хобгоҳи донишҷӯён низ як китобхона амал мекунад, ки бо 1000 нусха китобҳои таълимию бадеӣ дар ихтиёри донишҷӯён гузошта шудааст. Китобхонаи электронии муассиса дар ҳоли коркард ва такмил гардидан қарор дорад.

Дар муассисаи таълимӣ ҳуҷраи ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаҳои забони англисӣ, забони русӣ, забони тоҷикӣ, математика, педагогика, психология, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, трактор ва автомобил, дӯзанда, барқчӣ ва лабораторияҳои химияву биология мавҷуд аст.

СОХТОРИ МУАССИСА

Муассиса аз замони таъсиси худ вобаста ба рушди заминаҳои модию маънавӣ, зарурати эҷоди тахассусҳои нав ва зиёд шудани теъдоди донишҷӯён сохтори худро тағйир дода, сол то сол мукаммал шуда истодааст. Аз таърихи 18.01.2018 бо фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таҳти №163 сохтори нави муассиса тасдиқ шудааст. Айни замон дар муассиса шӯрои олимон, шӯрои методӣ, шуъбаи таълим, шуъбаи тарбия, шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷӣ, китобхона, парки технологӣ, хобгоҳ, 2 факултет: факултети умумӣ-гуманитарӣ, факултети техникӣ-табиӣ, риёзӣ, 4 кафедра: кафедраи филология, кафедраи педагогика-психология ва фанҳои ҷамъиятшиносӣ, кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ, кафедраи техникӣ-технологӣ амал мекунанд.

ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОН

Айни замон дар муассиса 112 нафар омӯзгоророну кормандон ба таълиму тарбия донишҷӯён машғул мебошад. Ҳайати омӯзгорон муассиса кадрҳои баландихтисос буда, 8 нафари онҳо устодони унвондор ва 30 нафари дигар омӯзгарони калон мебошанд. Аз ин теъдод 44 нафарашон зан мебошад. Директории муассисаро номзади илмҳои филологӣ Ширинзода Наҷмуддин Асомадин бар уҳда дорад.

НОМГӮИ ИХТИСОСҲО

Дар муассиса раванди таълим аз рӯи 15 ихтисос ба роҳ монда шудааст:

Гурӯҳи ихтисосҳои кластери 1

2-02 04 03 Математика- информатика

2-370107 Автосервис (хизматрасонии мошинҳо)

2-400101 Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ

2-740601-01 Таъмини истифодабарии техникаи кишоварзӣ

2-080101-42 Таълими касбӣ (таъминоти техникии корҳои кишоварзӣ)

2-70101.33 Хизматрасонии техникӣ ва таъмири муҳаррикони дарунсӯз

2-500135 Технологияи истеҳсолоти дӯзандагӣ

Гурӯҳи ихтисосҳои кластери 3

2-020301 Забон ва адабиёти тоҷик

2-010201 Таҳсилоти ибтидоӣ

2-010101 Таҳсилоти томактабӣ

2-020134 Забон ва адабиёти рус

2-010135 Забони хориҷӣ (англисӣ)

2-490101 Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди хӯрокаи набототӣ, меваю сабзавот

Гурӯҳи ихтисосҳои кластери 4

2-020201 Таърих

Гурӯҳи ихтисосҳои кластери 5

2-020401 Биология

ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

3-500155 Дӯзанда, шуъбаи рӯзона (баъди хатми синфи 9);

3-015101 Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, шуъбаи рӯзона.

Дар муассисаи таълимӣ барои шаҳрвандони бекасб курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯи касбҳои коргарии «Системаи компютерӣ ва Интернет -технология», «Дӯзандаи либосҳои миллӣ», ронандагӣ, “Монтёри барқӣ” ва “Кафшергари барқӣ” фаъолият дошта, ба онҳо омӯзгорони соҳибкасбу собиқадор ва пуртаҷриба дарс мегӯянд. Таъкиди ин нукта зарур аст, ки соли таҳсили 2018-2019 бори аввал дар коллеҷ бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани шахсони имконияташон маҳдуд (ношунаво) ва соҳибкасб намудани онҳо гурӯҳи наве таъсис дода шуд, ки айни замон дувоздаҳ нафар ношунаво дар он тариқи шартномавӣ таҳсил карда истодаанд.

ДАСТОВАРДҲОИ МУАССИСА

Муассиса дар як соли ахир ба чандин дастовардҳои илмию методӣ ноил шудааст. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2018-2019 маҷмӯаи мақолаҳои “Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ” (2018, 108 саҳ.), “Арзишҳои миллӣ ва байналмилалии Наврӯз” (2019, 187 саҳ.), “Ададҳои компексӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ (2019, 64 саҳ.), “Дастурамали роҳбари гурӯҳ” (2018, 38 саҳ.), “Раҳнамои донишҷӯ” (2019, 46 саҳ.) ва “Нақшаи инфиродии омӯзгор” ва тамоми нақшаҳои таълимӣ аз ҷониби ҳайати омӯзгорони муассиса ба нашр расидаанд.

Дар баробари ин, устодони коллеҷ борҳо дар конференсияҳои байналмилалӣ иштирок кардаанд. Аз ҷумла, Ширинзода Наҷмиддин (дар Қирғизистон), Саидзода А., Авғонов А., Тураева С. ва Каримова С. дар конференсияҳои гуногун иштирок намуда, cуханронӣ намуданд, ки аз ҷониби ширкатдорон баҳои мусбат гирифт.

ИШТИРОК ДАР ОЛИМПИАДАҲО

Донишҷӯёни муассиса дар тамоми олимпиадаву спартакиадаҳо, озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштирок карда, мақомҳои ифтихориро касб кардаанд. Аз ҷумла, дар соли таҳсили ҷорӣ донишҷӯёни мо дар озмуни “Рафиқона” миёнаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва хонандагони МТМУ ноҳияи Фирдавсӣ ширкат варзида, донишҷӯёни мо як ҷойи аввал, се ҷойи дуюм ва як мақоми ифтихори касб карданд. Ҳамчунин, дар даври ниҳоии озмуни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ Фахриддини Аҳлиддин аз фанни таърихи халқи тоҷик ва Ибодзода Меҳрафзуни Рустам аз фанни забони тоҷикӣ мақомҳои дуюми ифтихорӣ ва Қурбонова Гулбаҳор ифтихорномаи ВМИ-ро касб карданд. Дар маҷмӯъ, аз ҳисоби холҳои умумӣ муассисаи мо дар миёни 72 коллеҷ мақоми ҳафтумро ишғол кард. Яке аз муваффақиятҳои асосии муассиса дар ин замина ин аст, ки дар таърихи 26-27-уми апрели соли равон бори аввал даври ниҳоии озмуни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Колеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.

ШАРОИТИ МАНЗИЛИЮ ОМӮЗИШӢ

Хобгоҳи муассисаи таълимӣ аз се ошиёна иборат буда, дар ошиёнаи дуюм духтарон ва дар ошиёнаи сеюм писарон истиқомат менамоянд. Шумораи донишҷӯёни хобгоҳ 127 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 57 нафар духтар ва 70 нафар писар мебошад. Дар ошёнаи якум бошад омӯзгорони ҷавон истиқомат мекунанд. Хобгоҳ 24 хонаи истиқоматӣ дошта, бо тамоми шароит таъмин мебошад. Хобгоҳи муассисаи таълимиро се навбатдор, мураббӣ ва ҳамшираи тиббӣ давоми рӯз назорат мекунанд. Дар маҷмӯъ, 37 синфохонаи таълимии муҷаҳҳаз бо ашёи таълим дар муассиса мавҷуд мебошад.

ПАРКИ ТЕХНИКӢ

Бо таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои мавҷуда ва имкониятҳои доштаи худ муассиса дорои парки техникӣ мебошад. Дар парки техникии муассиса як лаборатория ва се синфхонаи тахассусӣ барои ихтисосҳои мантёри барқ, автосервис, хизматрасонии техникӣ ва таъминоти техникии кишоварзӣ бо таҷҳизоти лозим таъминшуда амал мекунанд.

Дар соли таҳсили 2017-2018 як қатор таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт ба хотири дуруст ба роҳ мондани истеҳсолот дар парки техникӣ таъмир карда шуд.

Донишҷӯёни ихтисосҳои таъминоти техникаи корҳои кишоварзӣ, хизматрасонии техникӣ ва автосервис таҷрибаҳои таълимӣ ва истеҳсолии худро дар парки техникӣ ва замини хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии муассиса мегузаронанд.

Дар парки техникии муассиса омӯзгорони унвондор ва соҳибтаҷриба фаъолият менамоянд, ки дастурҳои методӣ ва маводи таълимӣ чопӣ низ доранд.

Мутахассисони парки техникӣ барои такмили дониш худ ва шинос шудан бо дастовардҳои навини техникӣ, технологӣ ва кишоварзӣ дар семинарҳои илмии ноҳия иштирок менамоянд.

КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ

Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ фаъолияти тарбиявии худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботи мавҷудаи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишу роҳнамоиҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба роҳ монда, донишҷӯёнро дар рӯҳияи миллию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва инсондӯстию ахлоқи ҳамида тарбия менамояд.

Дар давоми соли хониши 2018-2019 дар муассиса аз рӯи нақшаи солона машғулиятҳои тарбиявӣ чорабиниҳои фарҳангию тарбиявӣ ва конфронсҳои илмӣ-бадеӣ, мизҳои мудаввар, дарсҳои кушоди тарбиявӣ, вохӯриҳо бо ходимони илм, намояндагони адабиёт ва санъат ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шуд.

БАХШИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ

Ба хотири таҳкими дониши амалӣ ва омодагии хуби касбии донишҷӯён Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ бо як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва корхонаву ширкатҳо муносибати хуб ба роҳ монда, бар асоси нақшаи таълимӣ ва қарордодҳои чандҷониба бо Раёсати маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ донишҷӯёни мо давраи таҷрибаомӯзии худро дар Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С. Пушкин, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дорои парваришгоҳи ятиму бепарастор №1, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2, 3, 4, 6, 8, 10, 15, 175, ҶСШК “Авто -29”-и ш. Душанбе, ҶДММ “Меҳрдод”-и н. Хуросон, филиали ҶСК Соҳибкорбонки н. Рӯдакӣ, ҷ/д Даҳанаи н.Ёвон доир мекунанд.

ГУРӮҲҲОИ МАҚСАДНОК

Дар муассиса бо ҳадафи қабули шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки бе таҳсилоти касбӣ дар соҳаи омӯзгорӣ фъолият менамоянд, дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи таъсиси гурӯҳҳои мақсаднок дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гурӯҳҳои мақсаднок ба роҳ монда шуд. Муассисаи мо дар ноҳияи Ёвон аз рӯи ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва математика (як гурӯҳӣ) донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифт. Дар соли таҳсили 2018-2019 аз гурӯҳҳои мақсаднок 95 нафар донишҷӯи муассисаро хатм карданд, ки аз миён 7 нафари онҳо дипломи аъло гирифтанд. Айни замон 188 донишҷӯ дар гурӯҳҳои мақсадноки муассиса таҳсил намуда истодаанд.

Директори муассисаи мазкур Ширинзода Н. А. дар охир ин нуқтаро низ қайд намуд, ки кормандони Коллеҷи техникию омӯзгориии ноҳияи Рӯдакӣ минбаъд ҳам бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати кишвар тамоми имконият ва донишу қобилияти худро барои ривоҷи бештар бахшидан ба ислоҳоти соҳа, таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи саводи донишҷӯён ва ба ин васила, таъмин намудани соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти миллии мамлакат бо мутахассисони варзида равона месозанд.

ТАМАННИЁТ

Дар охир аз довталабоне, ки майли донишҷӯ шудан доранд ва мехоҳанд дар оянда ба унвони як мутахассиси хуб ба камол бирасанд, техникаю технологияи муосирро хуб донанд, донандаи илмҳои дақиқу забонҳои хориҷӣ гарданд ва аз таъриху фарҳанги миллати худ бохабар шаванд, даъват мекунем, ки Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакиро интихоб намоянд. Ҳайати омӯзгорони муассиса дар навбати худ тамоми саъйу талоши худро барои омӯзиши ҳаматарафаву соҳибкасб гардидани донишҷӯёне, ки муассисаи таълимии мазкурро интихоб менамоянд, сарф менамоянд.

Рамзи коллеҷ дар Маркази миллии тестӣ таҳти № 514 мушаххас шудааст.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here