Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат соли 1959 бо қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон дар заминаи Техникуми омор ва молия-кредитии шаҳри Сталинобод ҳамчун Техникуми омори шаҳри Орҷоникидзеобод таъсис ёфтааст.

Коллеҷ барои пешбурди фаъолият аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо иҷозатномаи (литсензияи) хадамоти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб аст.

Дар баробари аз техникум ба коллеҷ табдил ёфтани муассиса дар асоси сохтори тасдиқшуда ду факултет ба фаъолият оғоз намуд. Инҳо факултаҳои «Молия, бонк ва ташкили истеҳсолот дар иқтисодиёт» ва «Омор, ҳисобдорӣ ва низоми иттилоотӣ» мебошанд, ки соли шашум аст амал мекунанд. 

Ҳамзамон, дар коллеҷ дар баробари факултетҳо шаш кафедраи тахассусӣ низ ташкил карда шуда, номгӯи ихтисосҳо аз 4 ба 14 адад расидааст, ки инҳоянд: Кафедраи «Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт», кафедраи «Омор ва ҳисобдорӣ», кафедраи «Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо ва КАС», кафедраи «Молия, андоз ва кори бонкӣ», кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ», кафедраи «Табиӣ-риёзӣ».

Роҳбарияти коллеҷ дар мавриди интихоби ихтисосҳои нави номбурда, кӯшиш намудааст, ки ихтисосҳои макотиби олиро низ ба инобат гирад.

Дар ин росто, коллеҷ бо 9 муассисаи олии касбии ҷумҳурӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст, ки баъд аз хатми коллеҷ тариқи суҳбат донишҷӯён метавонанд ба шуъбаи рӯзона аз бахши 2-юм ва ба шуъбаи ғоибона аз бахши 3-юм ба макотибҳои олӣ дохил шаванд. Инҳо Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Бохтар ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мебошанд.

Иҷрои дастуру тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳолӣ ва ҷавонони шаҳри Ваҳдат «Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, назорати доимии раванди таълим, баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳу сифати дониши донишҷӯён дар маркази диққати маъмурият ва омӯзгорон қарор дорад.

Таъмини истифодаи сифатноки технологияи муосир, андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот, кушодани ихтисосҳои нави ба бозори меҳнат ҷавобгӯ, ташкил намудани курсҳои кӯтоҳмуддат, зиёд намудани гуруҳҳои шартномавӣ ва аз ҳисоби таълимгоҳ зиёд намудани ҷойҳои нишаст барои донишҷӯён, вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарият ба ҳисоб меравад. Маъмурият ва коллективи кормандону омӯзгорони коллеҷи омор оид ба сиёсати дохилию берунии кишвар, сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, қонунҳои мусоидат ба шуғли ҷавонон, инкишофи соҳаи маориф, фарҳанг ва иқтисодиёт диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ҷашнҳои бузурги таърихии кишвар ба монанди 21- солагии Ваҳдати миллӣ, 27 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, ҷавононро ба созандагиву бунёдкорӣ ва амалӣ намудани асосҳои сиёсати давлат, даъват менамоянд.

Заминаи моддӣ-техникӣ, таълимӣ ва лабораторӣ

Коллеҷи омор дорои ду бинои 4 ва 2 ошёна ва майдончаи варзишӣ буда, давомот ва рафти дарсҳо тавассути 24 адад камераҳои замонавии мушоҳидавӣ бо формати HD мушоҳида мегардад, ки дар синфхонаҳо, роҳравҳо, даҳлезҳои ошёнаҳо ва саҳни коллеҷ насб шуда, ба талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошанд.

Илова бар ин, сомонаи коллеҷ низ бо номи www.kov.tj фаъолият дорад. Айни замон дар ду лабораторияи компютерӣ, китобхонаи электронӣ ва 15 нуқтаи маъмурӣ хати интернет ва почтаи электронӣ дар муассиса пурра мавриди истифода қарор дорад.

Айни ҳол, дар коллеҷ 2 адад лабораторияи компютерӣ, 1 адад китобхонаи электронӣ ба донишҷӯён хизмат мерасонад. Дар соли 2018   18 адад компютер харидорӣ карда шудааст, ки дар умум, 99 адад  компютер, 7 адад проектор, 1 адад тахтаи электронӣ ва 22 адад принтер дар коллеҷ мавриди истифода қарор доранд.

Дар соли 2018 22 адад гармкунакҳои барқӣ харидорӣ карда шуд. Дар умум, 72 адад гармкунакҳои барқӣ (радиатор) дар синфхонаҳо ва кабинетҳои корӣ таъмин карда шудаанд.

Ободонӣ

Дар соли 2018 як қисмати боми таълимгоҳ иваз карда шуд. Тамоми синфхонаҳо ва утоқҳои корӣ, хобгоҳи донишҷӯён аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Бинои коллеҷ ба тарзи замонавӣ рангу бор карда шуда,   диданбобу зебо гардидааст.

Коллеҷ дар шоҳроҳи асосии шаҳр қарор дорад, аз ин лиҳоз, зебоӣ ва азнавсозӣ аз саҳни он оғоз гардидааст. Дар роҳравҳои назди коллеҷ  гулҳои рангоранг ва буттву гиёҳҳои ороишӣ шинонида шудаанд, ки ба ҳусни шаҳр ва назди бинои коллеҷ ҳусну таровати дигар мебахшад. Инчунин, дар коллеҷ ҳавзи об сохта ба истифода дода шуд, ки ба талаботҳои сӯхторхомӯшкунӣ ҷавобгӯ мебошад.

Шароити манзилию маишии донишҷӯён

Маъмурият нисбат ба донишҷӯёни хобгоҳ таваҷҷуҳи зиёд дорад. Кӯшиш менамояд, ки ҳар мушкилоти онҳоро тибқи имкониятҳо ҳал намояд. Муассисаи мазкур, ки яке аз муассисаҳои шинохтаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, аз ҳамин сабаб ба таълимгоҳ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурии азизамон донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар ин замина, дар коллеҷ тӯли панҷ сол мешавад, ки хобгоҳ арзи вуҷуд дорад ва ҳамзамон, тамоми ҳуҷраҳо ва ошхонаю даҳлезҳои хобгоҳи донишҷӯён аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, бо таҷҳизотҳои наву замонавӣ барои зист муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Он дорои 20 ҳуҷра буда, барои 120 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Ҳар як ошёнаи хобгоҳ дорои нуқтаи хӯрокпазӣ, ҳуҷраҳои шустушӯӣ (ҳаммом), ки бо асбобҳои гармкунии об таъминанд, иборат мебошанд. Аз рӯи имкониятҳо роҳбари коллеҷ ба донишҷӯёни хобгоҳ ёрии моддӣ расонида, кӯшиш менамояд, ки камбудиву норасоиҳои онҳоро бартараф намояд.

Ҳамзамон дар коллеҷ барои беҳтар гардидани шароити манзилию маишии донишҷӯён шароитҳои мусоид муҳайё карда шудааст. Аз он ҷумла: бунгоҳи тиббӣ, ошхона, майдончаи варзишӣ, китобхонаи электронӣ бо қироатхона, ки аз 8 адад компютер иборат буда, дар онҳо тамоми матни лексияҳои омӯзгорон ҷой дода шудаанд ва донишҷӯён баъд аз дарс метавонанд аз онҳо истифода баранд. Илова бар ин, барои  дарсҳои варзиш то оғози соли нави таҳсили 2018-2019 ду адад кабинаи дастурӯйшӯӣ бо оби гарму хунук ва ду адад ҳуҷраҳои либосивазкунӣ барои донишҷӯдухтарон ва донишҷӯписарон бо ҳама шароитҳои  ҳозиразамон муҳайё мебошад.

Китобхонаи коллеҷ

Ин даргоҳи маърифат баҳри баланд бардоштани саводнокии донишҷӯён, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо хизмати арзанда менамояд. Барои донишҷӯён китобхонаи электронӣ бо 10 адад компютер ва як адад  қироатхона бо 30 ҷои нишаст омода карда шудааст, ки он ба Интернет пайваст аст ва донишҷӯён бо завқи зиёд ба ин макони илм ҷалб карда шуда, аз технологияи муосир бархӯрдор мегарданд.

Мавриди қайд аст, ки соли 2017 350 адад ва соли 2018 640 адад китобҳои дарсӣ-тахассусӣ харидорӣ карда шудаанд. Дар умум, миқдори китобҳо дар китобхона 15512 ададро ташкил медиҳанд. Роҳбарият ба қадри имкон ба китобхонаи муассиса китобҳои тозанашри тахассусӣ ва бадеӣ ворид карда истодааст. Рӯз аз рӯз теъдоди аъзоёни китобхона аз ҳисоби донишҷӯён меафзояд. Аъзоёни китобхона то имрӯз 900 нафарро ташкил медиҳанд.

Таъминоти кадрӣ

Мувофиқи ҷадвали штатӣ дар оғози соли таҳсили 2018 — 2019 дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат 93 нафар устодон кору фаъолият менамоянд, ки аз ин 4 нафар ҳамкор буда, илова бар ин, 3 нафар номзади илм, 1 нафар доктор, 22 нафари бо тахассуси олӣ, 30 нафар бо тахассуси якум, 16 нафар бо тахассуси дуюм ва 17 нафар бе тахассус дарс мегӯянд.  24 нафар омӯзгорони коллеҷро занҳо ташкил медиҳанд.

Таъмини воҳидҳои кории холӣ (вакансия) бо мутахассисони соҳибмаълумот сари вақт иҷро мешаванд. Бо вуҷуди зиёд шудани шумораи донишҷӯён ва гуруҳҳо талабот ба устодони соҳибтаҷриба ва соҳибмаълумот низ афзуд ва ин мушкилот дар як муддати кутоҳ ҳалли худро ёфт. Бо мақсади таъминоти кадрӣ бо Кумитаи шуғли аҳолии шаҳри Ваҳдат низ ҳамеша ҳамкорӣ карда мешавад.

Робитаҳои беруна

Бо мақсади такмил додани сатҳи донишу малакаи омӯзгорон маъмурияти коллеҷ робитаҳои берунаи коллеҷ бо муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корхонаҳои дохилию ватанӣ ҳамкории зич намуда, бо онҳо шартномаҳои тарафайн ба имзо мерасонад.

Қайд намудан зарур аст, ки дар санаи 13.03.2018 намояндаи Донишгоҳи техникии Кузбасси ба номи Т.Ф.Горбачёв-и ФР, профессор Семикина Ирина Юревна ба коллеҷи мо ташриф оварда, байни муассисаи мо ва донишгоҳи мазкур шартнома ба имзо расонида шуд. Вобаста ба ташрифи ректори Академияи миллии омор, баҳисобгирӣ ва аудити Ҷумҳурии Украина, профессор Олександр Григорович Осауленко, ки дар санаи 9.05.2018 ба муассисаи мо ҳузур оварда буданд, бастани шартнома дар назар аст.

Ҳимояҳои диссертатсионӣ

Хушбахтона дар соли равон омӯзгори муассиса декани факултети МБТИИ Ҳайдарзода М.И. аз ҳимояи пешакии кори диссертатсионӣ гузашта, ба ҳимояи асосӣ роҳ ёфт. То охири соли 2019 боз 2 нафар дар Шӯроҳои дисертатсионии ДМТ, ДАТ, ДДБ рисолаҳои худро ҳимоя мекунанд.

Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон мунтазам дар раванди таълим дар коллеҷ татбиқ гардида, барои омода намудани маводҳои лексионӣ, омодасозии монографияҳо, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва таълимӣ-методӣ истифода мешаванд.

Ин аст, ки аз тарафи аспирантону магистрантон ва унвонҷӯён дар мавзуҳои мухталиф мақолаю тезисҳо ба чоп дода шуда истодаанд. Соли  2017 чопи мақолаҳо 80 адад ва соли 2018 бошад, то аввали моҳи декабр 50 ададро ташкил дода, чопи маҷмуаи маводҳои дигар низ то охири сол дар назар аст.

Таҷриба нишон медиҳад, ки рӯз аз рӯз талоши устодон, аз ҷумла устодони ҷавон ба оғоз намудани корҳои илмӣ-таълимӣ зиёд шуда, ба нақша гирифтаанд, ки ба аспирантура, докторантура (PHD) ё ин ки ба ҳайси унвонҷӯ ба корҳои илмӣ машғул шаванд.

Айни ҳол дар коллеҷ 19 нафар омӯзгорон ба корҳои илмӣ-татқиқотӣ машғул буда, дар мавзуҳои мубрам таҳти роҳбарии олимони соҳа фаъолият намуда истодаанд.

Мушкилоти ҳалталаб

Дар коллеҷ баъзе аз  норасоиҳо ҷой доранд, аз ҷумла, сохта ба истифода додани толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ, аз таъмири асосӣ баровардани бинои дуюми таълимӣ, ки дар суроғаи Сомониён – 8 ҷойгир аст.

«МТЖТ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here