Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров, яке аз куҳантарин, бонуфузтарин ва машҳуртарин муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, нахустин маротиба соли 1932 ҳамчун Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд таъсис ёфта, соли 1938 номи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Кировро гирифт. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.07.1991 донишкадаи мазкур ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд табдили ном кард ва аз 26-уми апрели соли 1997 ба он номи академик Бобоҷон Ғафуров гузошта шуд.

Дар тӯли 86 соли фаъолияти худ, ин махзани муқаддаси илму маърифат ҳазорон дастпарварони болаёқатро парвариш намуда, ба яке аз нерӯмандтарин муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии мамлакат табдил ёфт. Тӯли ин солҳо донишгоҳ на танҳо ҳамчун маркази асосии парвариши мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ва мактабу маориф, балки чун тарбиятгари мутахассисони риштаҳои гуногуни хоҷагии халқ, иқтисодиёт ва илму техника маъруфу машҳур гардид.

Донишгоҳ айни замон дорои пойгоҳи бойи моддӣ-техникӣ буда, дар он 8 бинои таълимӣ, 6 хобгоҳ, 356 синфхонаҳои таълимӣ, 101 лабараторияҳои таълимӣ, 130 кабинети махсус, 76 кабинети таълимӣ, 47 синфхонаи таълимӣ, 70 кабинети лингофонӣ, 154 тахтаҳои электронӣ, 304 проекторҳо, 1200 компутерҳои фардӣ, 16 адад серверӣ ва лабараторияҳои биологӣ, химиявӣ, электротехникӣ мавҷуд буда, шабакаи ягонаи интернет тариқи нахи оптикӣ амал мекунад, ки дар Тоҷикистон назир надорад. Китобхонаҳои марказӣ, рақамӣ ва электронӣ бо фарогирии беш аз 500 ҳазор адабиёт фаъоланд.

Донишгоҳ дорои хобгоҳи замонавӣ буда, дар он 1484 нафар донишҷӯён зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо 1157 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Шумораи ятимоне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, 26 нафарро ташкил медиҳад ва онҳо ба таври ройгон ба хобгоҳ таъмин карда шудаанд.

Феълан донишгоҳ барои ба меъёрҳои ҷаҳонии таълиму тадрис мутобиқ сохтани тарбияи мутахассисон, таҳсил ва маълумоти бисёрзинагӣ, аз ҷумла, бакалавр, магистр, мутахассис кӯшиш ба харҷ медиҳад. Вусъати таълиму тарбия, илм дар донишгоҳ, афзудани самту равияи ихтисосҳо ва васеъ гардидани доираи фаъолияти факултетҳоро метавон натиҷаи амали самарабахш ва анҷоми муваффақонаи рисолати мактаби олӣ муаррифӣ намуд.

 

Шумораи умумии устодон ва донишҷӯён

Имрӯзҳо 790 нафар ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ба донишҷӯён таълим медиҳанд, ки 43 нафарашон докторони илм ва профессорон, 350 нафар номзадҳои илм ва дотсентон, 193 нафар муаллимони калон ва 318 нафар муаллимон мебошанд. Шумораи устодон аз ҳисоби бонувон зиёда аз 541 нафарро ташкил медиҳад. Донишгоҳ дорои 20628 нафар донишҷӯ мебошад, ки аз ин 4338 нафар тариқи буҷавӣ ва 16290 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 212 нафарашонро донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳанд.

 

Факултетҳо ва ихтисосҳо

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил аз рӯи 73 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 29 ихтисос дар шуъбаи ғоибона сурат мегирад. Муассиса дорои 17 факултет ва 77 кафедраҳо буда, раванди таълим тибқи низоми кредитии таҳсил ба роҳ монда шудааст. 

Ихтисосҳое, ки дар донишгоҳ омӯхта мешаванд:

Факултети МАТЕМАТИКА

1. Математика1-02 05 01

2. Математикаи амалӣ 1-31 03 03-02

3. Математика-физика 1-02 05 03-01

4. Информатика1-02 05 05

Факултети ФИЗИКАЮ ТЕХНИКА

5. Физикаю математика1-02 05 03-01

6. Физика1-02 05 02

7. Мошинҳои ҳисоббарор, низомҳо ва шабакаҳо 1-40 02 01

8. Радиофизика1-31 04 02

9. Дастгоҳи электронӣ1-38 01 03

10. Электроникаи тиббӣ1-31 04 03-09

Факултети БИОЛОГИЯ ВА ХИМИЯ

11. Биология1-02 04 01

12. Химия1-02 04 03

13. Кори тиббии биологӣ1-80 02 01

Факултети ГЕОЭКОЛОГИЯ

14. География1-02 04 02

15. География-демография1-02 04 05

16. Геоэкология1-33 01 02

17. Экология1-33 01 01 01

18. Агроэкология 1-33 01 06

19. Метереология ва климатология1-31 02 01-02 09

20. География ва ҳифзи табиат1-02 04 05-04

21. Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат 1-31 02 01-02 03

Факултети ПЕДАГОГӢ

22. Психология1-23 01 04

23. Олигофренопедагогика1-03 03 04

24. Таҳсилоти томактабӣ1-01 01 02-06

25. Тахсилоти ибтидоӣ. Забони хориҷӣ 1-010202-05

26. Таҳсилоти ибтидоӣ 1-01 02 01

Факултети ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ

27. Тарбияи ҷисмонӣ1-03 02 01

28. Тарбияи ҷисмонӣ. Омодагии дифои ҳарбӣ 1-03 02 02

Факултети ФИЛОЛОГИЯИ РУС

29. Забон ва адабиёти рус1-21 05 01

30. Забони тарҷумони русӣ1-21 06 01 02

31. Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ1-02 03 02

Факултети САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯ

32. Санъати тасвирӣ ва нақшаи техникӣ 1-03 01 06-02

33. Дизайни графикӣ1-19 01 01

34. Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ 1-02 06 02-08

35. Технология1-02 06 01

Факултети ТАЪРИХ ВА ҲУҚУҚ

36. Таърих1-02 01 01

37. Таърих — бостоншинос1-21 03 01-02

38. Таърих ва ҳуқуқ1-02 01 02

Факултети ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК

39. Забон ва адабиёти тоҷик 1-02 03 01

40. Фарханги ҷаҳонӣ ва ватанӣ 1-02 02 04

41. Рӯзноманигорӣ1-23 01 08

42. Забони тоҷикӣ дар мактабҳои ӯзбекӣ1-21 05 02-07

Факултети ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

43. Забони англисӣ1-21 05 02-08

44. Назария ва амалияи тарҷума (забони англисӣ) 1-21 05 06-04

45. Забони олмонӣ1-21 05 02-08 01

46. Назария ва амалияи тарҷума (забони олмонӣ) 1-21.05.06.04.01

Факултети ЗАБОНҲОИ ШАРҚ

47. Забони арабӣ — англисӣ1-21 05 07

48. Форсӣ — англисӣ1-21 05 04

49. Забони чинӣ1-21 06 01-01 02

50. Забони арабӣ — тоҷикӣ1-21 06 01-01 06 -02

Факултети ФИЛОЛОГИЯИ ӮЗБЕК

51. Забон ва адабиёти ӯзбек 1-21 05 01-08

52. Забон ва адабиёти тоҷик ва забон ва адабиёти ӯзбек 1-0203070102

Факултети ТЕЛЕКОММУНИКАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ

53. Таъмин. Математикӣ ва технонлогияи ҳисоббарор ва низом.1-31 03 03-01 08

54. Системаи бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ1-45 01 01

55. Системаи телекоммуникатсионӣ — истифодабарӣ1-95 02 04-01

56. Автоматонии системаҳои ҷамъоварӣ ва коркарди иттилооти молиявӣ ва тиҷоратӣ  1-53.01.02.04

57. Информатикаи иқтисодӣ 1-25 01-12

58. Амнияти компютерӣ1-98010101

59. Кибернетикаи иқтисодӣ1-31 03 06-02

60. Таъминоти барномавии технологияи итилоотӣ 1-40.01.01

Факултети МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИЁТИ БОЗОР

61. Молия ва назарияи фаъолияти соҳаи гумрук1-25 01 04-09

62. Маркетинг 1-26 02 03

63. Аудит ва ревизия 1-25 01 11

64. Баҳисобгирии бухгалтерӣ 1-25 01 08

65. Менеҷменти иҷтимоӣ1-26 02 02-06

66. Кори бонкӣ1-25 01 04-02

67. Иқтисодиёти ҷаҳонӣ1-25 01 03

Факултети САНЪАТ

68. Эҷодиёти халқӣ 1-18 01 01-02

69. Санъати мусиқӣ1-03 01 02-02

70. Сурудхонии халқӣ1-16 01 10-02

71. Манзаранависӣ — дастгоҳӣ1-15 01 01 01

72. Ҳайкалтарошӣ1-15 01 03

73. Санъати актёрӣ1-17.01.01

74. Китобхонашиносӣ1-23 01 11 01

Факултети таҳсилоти ғоибона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

75. Забон ва адабиёти тоҷик, н. Ҷ. Расулов 1-02.03.01

76. Педагогика ва МТИ, н. Ҷ. Расулов1-01.02.02

77. Педагогика ва психологияи томактабӣ, н. Ҷ. Расулов 1-01.01.02.06

 

Ҳамкориҳо бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ

Дар донишгоҳ шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ мавҷуд аст, ки бо масъалаҳои ба роҳ мондан ва густариш додани шаклҳои гуногуни ҳамкории Донишгоҳ бо марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олии кишварҳои мухталифи ҷаҳон, сафоратхонаҳо ва муассисаҳои байналмилалӣ, ҳамчунин мусоидат намудан барои таҳсил ва бақайдгирии донишҷӯёне, ки аз хориҷаи дуру наздик дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, машғул аст. Донишгоҳ алҳол бо 45 донишгоҳҳои олии мамлакатҳои дуру наздик ҳамкорӣ дорад. Соли 2018 — 12 (дувоздаҳ) шартномаҳои ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии педагогии Москва, Донишгоҳи давлатии Оренбург, Донишгоҳи давлатии педагогии Оренбург, Донишгоҳи Латвия, донишгоҳҳои давлатии Самарқанд, Фарғона, ва Андиҷони ба номи М. Бабури Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи қирғизӣ-ӯзбекии Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расонида шудааст.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд робитаҳои хеле ҷиддиро бо донишгоҳҳову донишкадаҳои машҳури хориҷӣ ба роҳ монда, инчунин бо Донишгоҳи давлатии иқтисодиёт, статистика ва информатикаи Москва (Русия), Донишгоҳи давлатии Ош (Ҷумҳурии Қирғизистон), Донишгоҳи давлатии Боткент (Ҷумҳурии Қирғизистон), Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ, Маркази илмӣ — таҳқиқотии Юлих (Олмон), Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи Исоқ Раззоқов (Қирғизистон), Донишгоҳи Даугавпилси Латвия (Латвия) ва ғайра шартномаҳо дорад.

Дар давраи нави эълони барномаи байналмилалии Эрасмус+, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои беҳтар намудани сифати таҳсилот равона карда шудааст, 5 мандат ба имзо расонида шудааст.

Дар донишгоҳ 13 лоиҳаи байналмилалии барномаи Иттиҳоди Аврупо дар амал татбиқ гардидааст. Алҳол 4 лоиҳаи ин барномаи ERASMUS+ амалӣ карда мешавад. 

 

Номи барномаУнвони лоиҳаМуҳлати иҷроиш

RASMUS+ TUTORIALМустҳкам намудани шабакаи таҳсилот, тадқиқот ва инноватсия дар соҳаи тозагӣ ва муҳити зист.2016-2019

ERASMUS+ PAWERФароҳам овардани шароити мубодилавӣ, илмии байниминтақавӣ ва таъмини сифат ва  дастрасии кулл2016-2019

ERASMUS+ EXTENDБеҳдошти таҳсилоти инженерӣ тавассути тайёр кардани омӯзгорон ва методҳои нави педагогӣ  дар Русия ва Тоҷикистон2017-2020

ERASMUS+ DECIDEБеҳтар намудани хизматрасонии таҳсилотӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд2018 — 2021

Дар озмуни сафоратхонаи Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзида, 5 нафари онҳо ғолиби озмун гардиданд ва соҳиби роҳхат ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҳиндустон барои соли таҳсили 2018-2019 гаштанд. Ҳамзамон, 2 нафар омӯзгорони факултети биология — химия барои баланд бардоштани сатҳи ихтисоси худ тариқи таҳсилоти фосилавии кӯтоҳмуддат дар Донишгоҳи давлатии Олтой таҳсил карда истодаанд.

Тибқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ бо мақсади амалӣ намудани бандҳои “Барномаи давлатии омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ барои солҳои 2015-2020” дар донишгоҳ 11 гуруҳи курсҳои омӯзиши забони англисӣ барои устодон ва кормандон ройгон ташкил карда шудааст.

 

Шуъбаи аспирантура ва докторантура

Дар донишгоҳ шуъбаи аспирантура ва докторантура амал мекунад. Аспирантураи донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои математика, физика, химия, таърих, география, филология, педагогика ва иқтисодӣ кадрҳои педагогиро тайёр мекунад. Ҳоло аз рӯи 26 ихтисос дар шуъбаи аспирантура кадрҳои илмии ҷавони соҳибунвон тайёр карда мешаванд. Ба корҳои илмии аспирантон докторони илм, профессорон роҳбарӣ мекунанд. Зиёда аз 50 нафар докторону номзадони илми донишгоҳ роҳбарони илмии аспирантон ва унвонҷӯён мебошанд. Аспирантоне, ки нақшаи инфиродиро дар вақташ иҷро мекунанд ва ба дастовардҳои назаррас ноил мешаванд, соҳиби идрорҳои номии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд мешаванд. Тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми ҶТ дар донишгоҳ аз 13-уми июни соли 2008 докторантура аз рӯи ҳафт номгӯи ихтисос 01.01.01 — Таҳлили математикӣ, 01.04.01 — Физикаи эксперименталӣ, 01.04.07 — Физикаи ҷисмҳои сахт, 10.01.03 — Адабиёти халқҳои кишварҳои хориҷӣ (адабиёти тоҷик), 10.02.22 — Забонҳои давлатҳои хориҷаи Аврупо, Осиё, Африқо ва мардуми бумии Амрико ва Австралия (забони тоҷикӣ), 07.00.02 — Таърихи Ватан, 13.00.02 — Назария ва методикаи таълим ва тарбия (аз рӯи ихтисосҳо) таъсис ёфтааст. Ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.04.2015, №1015 докторантура аз рӯи ихтисос таъсис ёфтааст. Ба докторантураи донишгоҳ аз рӯи 20 номгӯи ихтисос шаҳрвандоне, ки дорои дараҷаи академикии «магистр» мебошанд, қабул карда мешаванд. Докторантура аз рӯи ихтисос барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ бо додани дараҷаи илмии «доктори фалсафа (РhD)», «доктор аз рӯи ихтисос» мусоидат менамояд. 

 

Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва сатҳи ба кор таъминшавӣ

Дар донишгоҳ ташкил ва гузаронидани дарсҳои таҷрибавӣ дар самти ихтисосҳои педагогӣ дар 15 мактаби пойгоҳии донишгоҳ мунтазам идома дорад. Барои  такмил додан ва баргузор намудани дарсҳои таҷрибавӣ имрӯз аз рӯйи ихтисосҳои ғайри омӯзгорӣ донишгоҳ бо зиёда аз 45 корхона, ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳамкории судманд дорад.

Мутобиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.02.2018, №938 “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2018”, дар асоси “Низомномаи тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон”, моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” барои ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайри омӯзгории шакли таҳсили буҷавӣ комиссияи тақсимоти фардии хатмкунандагони зинаи “бакалавр” ва “мутахассис”-и МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров” таъсис дода шуда,  раванди ба ҷои кор тақсим намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ва ғайри омӯзгории шакли таҳсили буҷавӣ соли таҳсили  2017-2018 дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Кӯмаки донишгоҳ ба донишҷӯёни ятими кулл

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар донишгоҳ ятимону маъюбон ба таври шоён дастгирӣ карда мешаванд. Инро ҳам маъмурияти донишгоҳ ва ҳам ятимону маъюбоне, ки дар он ҷо таҳсил мекунанд, тасдиқ карданд. Дар соли хониши 2017-2018 дар донишгоҳ 54 нафар донишҷӯёни ятиму бепарастор, 59 нафар маъюбони гуруҳҳои 1, 2, 3  ва 428 нафар муҳассилини аз падар ё модар маҳруммонда таҳсил доранд. Ба донишҷӯёни ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд ба ғайр аз стипендияи муқаррарии ҳармоҳа иловатан ба маблағи 130 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад. Донишгоҳ соли равон инчунин як нафар донишҷӯйи соли 2-и факултети таърих ва ҳуқуқро, ки ятиму бепарастор мебошад, барои табобат ва истироҳат ба осоишгоҳи “Шифо” фиристода, ӯро бо стипендияи ҳармоҳинаи КМИК дар ҳаҷми 130 сомонӣ таъмин намуд. Дар соли хониши 2017-2018 ба ин табақаи донишҷӯён дар умум ба маблағи 254762 сомонӣ ёрӣ расонида шудааст.

 

Бахши такмили ихтисос

Бо ташаббуси донишгоҳ ҳар сол устодону омӯзгорони донишгоҳ аз курси сайёри такмили ихтисос гузаронида мешаванд. Мувофиқи шартномаи дутарафа бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2018 бо фармоиши ректори донишгоҳ то 11.01.2018 бо равияи иқтисодӣ 10 нафар омӯзгорони факултети молия ва иқтисодиёти бозор ва телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ, бо равияи гуманитарӣ 30 нафар омӯзгорони факултети таърих ва ҳуқуқ, педагогӣ, кафедраҳои умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ, фалсафа ва психологияи умумӣ, бо равияи гуманитарӣ (забони тоҷикӣ, забони форсӣ ва забони арабӣ) баргузор гашт, ки 44 нафар омӯзгорони факултетҳои забонҳои Шарқ (25 нафар), педагогӣ (12 нафар), филологияи тоҷик (5 нафар) ва кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ (8 нафар) мебошанд.

Дар курси сайёри тахассуси таҳсилоти фосилавӣ, ки аз 05.06.2018 то 22.06.2018 баргузор гардид, 66 нафар омӯзгорони донишгоҳ ширкат варзида, тахассуси худро баланд бардоштанд.

35 нафар омӯзгорони донишгоҳ аз омӯзиши курсҳои тахассусии забони русӣ ва англисӣ аз санаи 22.10.2018 то 08.11.2018 соҳиби диплом гаштанд.

Умуман, дар соли 2018 аз 756 нафар омӯзгорон 192 нафарашон аз такмили ихтисос гузаштанд. Ин нишондиҳанда 25,3%-ро ташкил медиҳад, ки +5,3% аз меъёр зиёд мебошад. 

 

Дастовардҳо ва ихтироот дар 2 соли охир

Дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” раванди навоварӣ ва ихтироъкорӣ дар сатҳи хеле назаррас ҷараён дорад. Бояд таъкид кард, ки донишҷӯён дар «Фестивали ҷумҳуриявии донишҷӯёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ», озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят”, озмуни вилоятии “Барномасози беҳтарин” бахшида ба Соли ҷавонон байни ҷавонон, озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр», ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд.

Роҳбари ихтироъкорони донишгоҳ, профессори кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултети физикаю техника Шерматов М. аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дастовардҳои назарраси навовариву ихтироъкорӣ диплом ба даст овард. 

 

Иштирок дар олимпиадаҳо

Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2017, таҳти №30001/23 доир ба баргузор намудани Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми академияи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” донишгоҳ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин маъракаи муҳими илмӣ чораҳои муҳимеро роҳандозӣ намуд. Бо ин ҳадаф санаи 31-уми январи соли 2017 фармоиши ректори донишгоҳ ҷиҳати ташкили даври якуми Олимпиадаи зинаи бакалавр ва мутахассиси курсҳои якуму панҷуми донишгоҳ аз рӯйи 12 соҳаи илм ба имзо расид, ки тибқи он аз санаи 10-ум то 20-уми феврал озмун дар ҳамаи факултетҳо ва кафедраҳои дахлдори умумидонишгоҳӣ гузаронида шуд ва ғолибон ҷиҳати иштирок ба академия сафарбар гардиданд.

Дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20-21-уми апрели соли равон, шаҳри Кӯлоб) донишҷӯёни зиёде ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, ки ин боиси ифтихори донишгоҳ аст.

Ҳамчунин, 12 нафар донишҷӯёни донишгоҳ соли 2018 дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат варзида, Ҳошимбоев Фаррух — донишҷӯи курси якуми факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ аз рӯи ихтисоси информатика сазовори ҷойи аввал гардид. Аз фанни химия ҳамзамон чор нафар донишҷӯён аз ихтисосҳои дигар бо гирифтани Ифтихорномаи Вазири маориф ва илми ҶТ мушарраф шуданд.

 

Ба ҷои хулоса

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар тӯли фаъолияти дуру дароз ва пурсамари худ дар омодасозии кадрҳо ва тарбияи мутахассисони баландихтисос рисолати хешро ба таври шоиста ва сарбаландона иҷро намуда истодааст. Тавре ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло иброз доштанд, “мутмаин бар онем, ки ҷомеаи устодону донишҷӯёни донишгоҳи мо дар радифи дигар макотиби олии кишвар он рисолати муқаддаси хешро, ки бар дӯш доранд, бо шоистагӣ, сарбаландӣ, азму ғайрат, ҳисси масъулият ва дарку эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба субут мерасонанд”.

Мо низ зимни боздид аз донишгоҳ бар ин гуфтаҳо мутмаин шудем ва бовар дорем, ки донишгоҳи мазкур дар оянда низ ин рисолати хешро ҳаматарафа иҷро мекунад ва дар тайёр намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ ҳамрадифи пешқадамтарин донишгоҳҳои ҷаҳонӣ хоҳад шуд.

 

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here