Ҳайати омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар давоми соли ҷорӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ», Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва қарорҳои Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, қарорҳои Шӯрои олимони коллеҷ ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назарраси таълимӣ, тарбиявӣ ва таҳкими заминаи моддӣ-техникии коллеҷ ноил гардидаанд.

Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аввалин муассисаи таълимӣ ва маърифатӣ дар ҷануби Тоҷикистон буда, бо қарори Комиссариати маорифи халқи РСС Тоҷикистон моҳи октябри соли 1931 дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун курси педагогӣ таъсис дода шудааст. Аз 28-уми ноябри соли 1934 курси педагогӣ ба техникуми педагогӣ муттаҳид карда шуд. Тибқи Фармони вазири маорифи Тоҷикистон, Кумитаи ноҳиявии КП (б)-и шаҳри Кӯлоб аз 05.07.1935, №14 техникуми педагогӣ ба комбинати педагогӣ табдил дода шуд. Соли 1938 комбинати педагогӣ номи омӯзишгоҳи омӯзгориро гирифт. Мувофиқи фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.06.1959, №342 фаъолияти муассиса боздошта шуда, соли 1960 омӯзишгоҳи педагогӣ аз нав барқарор гардид. То соли 1962 омӯзишгоҳи мазкур дар сохтори Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб буда, аз ҳамин сол муассисаи таълимии номбурда мустақил эълон шудааст.

Дар солҳои мавҷудияти худ ин боргоҳи маърифат зиёда аз 17 ҳазор нафар мутахассис тайёр намудааст.

Мувофиқи ҷадвали басти воҳидҳои корӣ дар оғози соли 2020 дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 133 нафар омӯзгорон бо назардошти кадрҳои роҳбарикунанда ба кори таълиму тарбия машғуланд. Аз теъдоди номбурда 113 нафар (85 %) омӯзгори асосӣ (штатӣ) буда, 20 нафар (15%) омӯзгорони ҳамкоранд. Дар маҷмуъ, дар коллеҷ айни ҳол 14 нафар устодони унвондор ба фаъолияти таълимӣ машғуланд, ки ин 10,5%-и умумии устодони коллеҷро ташкил медиҳад. Дар бахши хоҷагидорӣ ҳамагӣ 55 нафар, муҳосибот 4 нафар, кормандони таълимӣ — ёрирасон 16 нафар, комендантон 3 нафар, мудири анбор 1 нафар, мудири  хоҷагӣ 1 нафар, сармутахассис 1 нафар, мураббиён 2 нафар, боғбонон 2 нафар, усто 5 нафар, ронанда 1 нафар, методист 1 нафар, китобхона 1 нафар, посбонон 6 нафар ва 11 нафари дигар фаррошон ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд.

Шӯрои олимон

Аъзои Шӯрои олимон аз 29 нафар иборат буда, дар он ҷонишинони директор, деканҳои факултетҳо, мудирони шуъбаҳо, мудирони кафедраҳо, иттифоқи касаба, бахши идоракунии сифати таҳсилот, маркази тестӣ, маркази бақайдгирӣ, муҳосибот, созмони ҷавонон шомиланд. Нақшаи кории Коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли таҳсили 2020-2021 бо қарори Шӯрои олимони Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 29.08.2020 тасдиқ гардидааст.

Шумораи умумии донишҷӯёни коллеҷи омӯзгорӣ дар соли 2020: ҳамагӣ: 2277 / 2028 духтар — 88 %; ройгон: 997 — 43 % / 897 духтар — 44 %; ғайриройгон: 1280 — 57 % / 1131 духтар — 56 % . Дар шуъбаи рӯзона: ҳамагӣ: 973 / 842 духтар — 86 %; ройгон: 476 — 49 % / 424духтар — 42 %; ғайриройгон: 497 — 51 % / 431 духтар — 43 %.

Фаъолияти кори таълим

Дар соли ҷорӣ фаъолияти кори таълим дар муассисаи зикргардида хело ҳам хуб ба назар мерасад, ки аз рафти санҷиши махсус аз тарафи вазорати соҳавӣ баҳои қаноатбахш гирифтааст. Ихтисоси нави информатика ва кафедраи алоҳида (адабиёти тоҷик) кушода шудааст. Назорат аз болои сифати таълим ҷиддӣ ва пурзӯртар гардидааст. Ду утоқи (кабинети) корӣ таъсис дода шудааст. Ҷиҳати ба талаботҳои муосир ҷавобгӯ кардани раванди таълим давоми сол чор синфхона бо тахтаҳои электронии ҳозиразамон ва чор проектор таъмин карда шудааст. Барои синфхонаҳо 130 адад курсӣ ва 70 адад миз харидорӣ карда шудааст. Барои фароҳам намудани шароити мусоид 88 адад воситаҳои гармидиҳӣ харидорӣ, дастрас ва таъмин карда шудааст.

Ҳоло 14 нафар ҳамкорони беруна, ки дараҷа ва унвонҳои илмӣ доранд, барои таълми донишҷӯён ҷалб карда шудаанд. 8 дарси кушоди намунавии таълимӣ гузаронида шудааст. Зиёда аз 30% дарсу машғулиятҳо ба воситаи доскаҳои электронӣ гузаронида мешаванд. Зиёда аз 14 машғулиятҳои махсуси амалӣ (семинарҳо) бо мақсади аз худ кардани тайёркунии муаррифинома (презентатсияҳо) ташкил ва гузаронида шудаанд.

Сифати таҳсилот

Дар коллеҷ шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот фаъолият менамояд, ки ҳар як нимсола ҷамъбасти мониторинги сифати таҳсилотро гузаронида, сатҳу сифати таълимро дар муассисаи таълимӣ муайян менамояд.

Донишҷӯёне, ки дар сессияи санҷишию имтиҳонотии соли 2020 баҳои аъло, хуб ва ғайриқаноатбахш гирифтанд: Аъло — 20 нафар — 19,9 %, хубу аъло — 291 нафар — 27,2%, хуб — 108 нафар — 10,6 %, қаноатбахш — 675 нафар — 63,1 %, ғайриқаноатбахш — 91 нафар — 8,5 %.

Факултет, шуъба ва ихтисосҳои коллеҷ

Дар соли 2020 дар коллеҷ ду факултет — гуманитарӣ ва табиатшиносӣ, шуъбаи ғоибона аз рӯйи 8 ихтисос фаъолият менамояд. Инҳо ихтисосҳои факултети гуманитарӣ — забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ. Ихтисосоҳои факултети табиатшиносӣ: математика, таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти томактабӣ, таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ. Шумораи умумии донишҷӯён ва ихтисосҳои шуъбаи ғоибона дар соли 2020: ҳамагӣ: 927 / 866 духтар — 93%; ройгон: 486 — 52% / 458 духтар — 53 %; ғайриройгон: 441 — 48 % / 408 духтар — 47 %; забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус (барои мактабҳои миллӣ), математика, таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти томактабӣ, таърих.

Ҳамаи ихтисосҳо ҷавобгӯ ба бозори меҳнат буда, хатмкунандагон баъд аз хатми коллеҷ ба муассисаҳои таълимӣ ба кор фаро гирифта мешаванд ва онҳо метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба сифати омӯзгор фаъолият намоянд. Факултети табиатшиносӣ: ҳамагӣ: 612 / 500 духтар — 82 %; ройгон: 305 — 50 % / 251 духтар — 50 %; ғайриройгон: 307 — 50 % / 249 духтар — 50 %. Факултети гуманитарӣ: ҳамагӣ: 386 / 355 духтар — 92 %; ройгон: 181 — 47 % / 173 духтар — 49 %; ғайриройгон: 205 — 53 % / 182 духтар — 51 %. Гуруҳҳои мақсаднок: ҳамагӣ: 372 / 307 духтар — 83 %; ройгон: 23 — 6 % / 15 духтар — 5 %; ғайриройгон: 349 — 94 % / 292 духтар — 95 %.

Гуруҳҳои мақсаднок тибқи фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таъмин намудани минтақаҳои дурдаст бо мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ дар коллеҷи омӯзгорӣ таъсис дода мешаванд. Айни ҳол дар муассисаи зикргардида гуруҳҳои мақсаднок дар ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Восеъ фаъолият менамоянд.

Хатми коллеҷ дар соли 2020

Шуъбаи ғоибона: ҳамагӣ: 363 / 427 духтар — 85 %; ройгон: 138 — 27 % / 115 духтар — 27 %; ғайриройгон: 225 — 73 % / 312 духтар — 73 %. Шуъбаи рӯзона: ҳамагӣ: 349 / 218 духтар — 74 %; ройгон: 141 — 60 % / 133 духтар — 61 %; ғайриройгон: 208 — 40 % / 85 духтар — 39 %. Дар умум: ҳамагӣ: 712 / 645 духтар — 81 %; ройгон: 267 — 39 % / 248 духтар — 38 %; ғайриройгон: 445 — 61 % / 397 духтар — 62 %. Ба коллеҷ соли 2010-2021 қабул шуданд: ба шуъбаи ғоибона: ҳамагӣ: 258; ройгон: 71 нафар — 64 %; ғайриройгон: 187 нафар -36 %; ба шуъбаи рӯзона: ҳамагӣ: 366; ройгон: 184 — 56 %; ғайриройгон: 182 — 44 %. Дар умум: ҳамагӣ: 624 нафар — 86,3 %; ройгон: 255 нафар — 59 %; ғайриройгон: 369 нафар — 41 %.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

Марҳалаи кунунии инкишофи Тоҷикистон аз устодону омӯзгорон саҳми бештареро дар ҳалли масоили мухталифи иқтисодиву маънавии кишвар тақозо дорад. Барои ҷавобгӯ будан ба талаботи замон зарур аст, ки мактабҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар баробари он ки боргоҳи таълиму тарбия ҳастанд, марказҳои бонуфузи илмӣ низ бошанд.

Дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ барои тавсияи нақшу нуфуз ва пешбурди риштаҳои гуногуни илм замина ва имконоти зарурӣ мавҷуд аст. Дар ин замина тӯли солҳои охир ҷустуҷӯи шаклҳои муфиду самарабахши гузориши тадқиқоти илмӣ дар коллеҷ сурат гирифта истодааст. Омӯзгорон Сабзаалӣ Раҷаб, Мирзоев Ҷумахон, Раҳимов Абулқосим, Мавлонов Нурмамед, Шарифов Шуҳрат дар арафаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ қарор доранд.

Аз шумораи умумӣ 113 нафар омӯзгорон давоми ҳамин сол бо мусоидати маъмурият тавонисатанд, ки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ (рисолаҳои номзадӣ)-и худро ҷамъбаст намуда, барои пешдифоъ ва ҳимоя намуданд. Худи ҳамин сол бо мусоидати роҳбарияти нави муассиса 32 нафар омӯзгорони ҷавон тавонистанд мавзуҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва роҳбарони илмии худро интихоб намуда, ҳуҷҷатнигорӣ намуданд. 30 нафар омӯзгорону устодони коллеҷ дар конференсияҳои шаҳрӣ, минтақавӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. 61 мақола ва фишурдаи маърӯзаҳои илмии колективи коллеҷ дар соли ҳисоботӣ нашр гардиданд. Аз ҷониби устодон, омӯзгорон ва унвонҷӯёни коллеҷ 6 адад монографияҳои илмӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ ба нашр расонида шудааст. Семинарҳои оид ба тарзи таълифи мақолаҳои илмӣ ва пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ (дисертатсия) бо иштироки омӯзгорони ҷавон ва унвонҷӯён ташкил ва гузарони шудаанд.

Унвонҷӯён ва докторантони Ph.D

Доктори илм — 2 нафар / 1 нафар зан; номзади илм — 11 нафар / 6 нафар зан; унвонҷӯ — 42 нафар, докторанти Ph.D — 4 нафар / 1 нафар зан. Теъдоди чопи мақолаҳо \ китоб — 2 адад; мақолаҳои илмӣ — 30 адад; дастури методӣ — 8 адад; мақолаҳои публитсистӣ — 40 адад. Омӯзгорони коллеҷ донишу малакаи худро ҳарчи бештар барои такмили вазъи таълиму тарбия харҷ намуда, кӯшиш намуда истодаанд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари маҳбубамон ба дастовардҳои нав ба нави илмиву таълимӣ ноил шаванд.

Фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ

Бояд қайд намуд, ки дар назди кафедраҳо аз тарафи мудирони кафедраҳо фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ аз рӯи ихтисосҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Аъзогӣ ба ҳар маҳфил аз тарафи донишҷӯён ихтиёрӣ мебошад. Роҳбарони маҳфилҳо мувофиқи нақшаи кории маҳфил дар ду ҳафта як маротиба ҷамъ омада, масъалаҳои ба миён омадаро ҳаллу фасл менамоянд. Дар маҷмуъ, дар коллеҷ 14 маҳфил фаъолият менамояд. Аз ҷумла, «Забоншинос» — кафедари забон ва адабиёти тоҷик; «Ҷавҳари таърих» — кафедраи ҷамъиятшиносӣ.

Аз такмили ихтисос соли 2017-ум 110 нафар гузаштаанд ва худи ҳамон сол 28 нафар аз курс гузаштаанд, ки 25 %-ро ташкил мекард. Соли 2018 аз такмили ихтисос ҳамагӣ 110 нафар гузаштаанд ва 39 нафар аз курс гузаштаанд, ки 33 %-ро ташкил мекард. Соли 2019 бошад, ҳамагӣ 133 нафар такмили ихтисос гузашта, 21 нафар аз курс гузаштаанд, ки 16,8 %-ро ташкил мекунад.

Технологияи иттилоотӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён

Муассиса дорои 103 адад компютер, 24 адад принтер, 9 адад воситаи нусхабардорӣ, 7 адад проектор, 4 адад тахтаи электронӣ, 1 адад крайнштейн мебошад. Факултетҳо, шуъбаҳо, кафедраҳо пурра бо компютер ва принтер таъминанд. Дар коллеҷ 3 синфхона бо асбобҳои аёнии муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст, 2 синфхонаи компютерӣ бо шумораи 11-ададӣ компютерҳо, 2 синфхона барои қабули имтиҳонҳо (маркази тестӣ), китобхонаи электронӣ, кабинетҳои фаннии расм, таълими меҳнат, физика, мусиқӣ, майдончаи варзишӣ, толори хурди варзишии теннис ва шоҳмот фаъолият менамоянд. Дарсҳои амалӣ дар синфхонаҳо ва кабинетҳои фаннӣ гузаронида мешаванд. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар асоси шартнома бо Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида мешавад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №42-и шаҳри Кӯлоб аз ҷониби коллеҷ кафедраи педагогика ва методикаи таълими фанҳои хусусӣ таъсис дода шудааст, ки ба таҷрибаомӯзон ёрии методӣ мерасонад.

Соли 2020 тибқи роҳхат 138 нафар ба ҷойи кор фиристода шудаанд, ки 110 нафари онҳо ба ҷойи кор ҳозир шудаанд. Танҳо 4 нафари онҳо бесабаб ба ҷои кор нарафтаанд. Ҳамчунин, дар рухсатии таваллуд, нигоҳубини кӯдак, навбати кор — 18 нафар; ба донишгоҳ дохил шуданд — 21 нафар; дар хизмати ҳарбӣ — 6 нафар; бо дипломи сурх коллеҷро хатм карданд — 2 нафар; маблағи таҳсилро баргардониданд — 2 нафар; дар навбати кор бошад, 15 нафар истодаанд.

Корҳои тарбиявӣ

Бо дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва нақшаи чорабиниҳои Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шуъбаи тарбия бо сохторҳои зертобеъ — Шӯрои кураторон, Шӯрои занон ва шуъбаи кор бо ҷавонон нақшаи корӣ тартиб дода, дар доираи он як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва корҳои ободонию созандагиро ба нақша гирифта, дар ин давом ба анҷом расонидааст.

Дар соли ҳисоботӣ 115 чорабинии ҷанбаҳои тарбиявии маърифатидошта бо иштироки васеи донишҷӯёну омӯзгорон ташкил ва гузаронида шудаанд. Бо падару модарони донишҷӯён 12 маротиба вохӯрию мулоқотҳо гузаронида шудааст. Тавассути ВАО-и электронӣ (телевизион) зиёда аз 15 чорабиниҳои ҷанбаи тарбиявӣ, маърифатӣ, сиёсӣ, иҷтимоидошта гузаронида шудааст (бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорон). Якчанд вохӯрию мулоқотҳо бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузарони шудааст. Ҷиҳати назорати интизом ва риояи талаботҳо 34 камераҳои назоратӣ харидорӣ, дастрас ва насбу васл карда шудаанд (аз ҷумла, 8 адад дар хобгоҳи донишҷӯён). Дафтари қайди сабти ворид ва хориҷшавии донишҷӯён ба хобгоҳ ташкил карда шудааст.

Шумораи умумии чорабиниҳо дар соли 2020 аз тарафи шуъбаи тарбия ва шуъбаи кор бо ҷавонон гузаронида шудааст.

Дастовардҳо

Навбаҳор Нимонова — донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси таърих дар озмуни ҷумҳуриявии «Таронаи донишҷӯ», ки аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни 39 муассисаи олии кишвар доир карда шудааст, ҷойи аввалро ишғол намуда, бо мукофотҳои кумитаи тадорукот ва аз тарафи роҳбарияти коллеҷ бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардидааст. Дастаи «Далерон»-и коллеҷи омӯзгорӣ дар озмуни вилоятӣ, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Раёсати телевизион ва радиои вилоят доир гардидааст, иштирок намуда, дастаи «Хатлон»-и Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтарро бо ба даст овардани 55 хол шикаст дода, ба даври дуюм роҳхат гирифтааст. Дар коллеҷ 486 нафар ба таври буҷавӣ таҳсил мекунанд. Аз ин шумора 291 нафари онҳо бо идрорпулӣ таъмин карда мешаванд, ки ин 60,7%-ро ташкил медиҳад.

Китобхона ва хобгоҳ

Дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ китобхона ва қироатхона амал мекунанд, ки талаботи донишҷӯён ва омӯзгоронро то андозае қонеъ мегардонанд. Миқдори умумии китобҳо 20681 ададро ташкил медиҳад. Аз инҳо 1950 адад китобҳои тахассусӣ, 4850 адад китобҳои умумитаълимӣ, 2881 адад китобҳои бадеӣ, 8500 адад китобҳои методӣ, 2500 адад китобҳои сиёсӣ мебошанд. Китобхона дорои 5 адад компютер, 1 адад принтер буда, ба хати интернет пайваст аст ва китобхонаи электронӣ низ фаъолият менамояд. Китобхона дорои 5 адад компютер, 1 адад принтер буда, ба хати интернет пайваст аст ва китобхонаи электронӣ низ фаъолият менамояд.

Хобгоҳи коллеҷ аз 4 ошёна иборат буда, дар назди биноҳои таълимии муассиса воқеъ аст. Шумораи умумии донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда 320 нафарро ташкил медиҳад. Дар хобгоҳ 4 қироатхона, 4 ҷойи хӯрокпазӣ мавҷуд буда, истиқоматкунандагон зери назорати доимии маъмурият ва мураббияҳои хобгоҳ қарор доранд. Дар хобгоҳи донишҷӯён маҳфилҳо ва шабҳои саволу ҷавоб аз тарафи маъмурият гузаронида мешаванд. Инчунин, дар коллеҷ таъмири синфхонаҳо ва биноҳои якуму дуюми таълимӣ, хариди рахти хоб, маводҳои нарм, парда, қолин барои хобгоҳ, маводҳои хоҷагӣ ва конселярӣ амалӣ шуда, шишабандӣ ва равшаннамоии гирду атрофи биноҳои таълимиву хобгоҳ ва хариди китоб ва барномаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Дар нимаи аввали соли 2020 дар муассиса ҳамагӣ 323 адад мактубҳо воридот ва содирот шудаанд, ки 125 адади он аз Вазорати маориф ва илми ҶТ ва 198 адади он бошад, аз вазорату корхонаҳо мебошанд.

— На ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ бо воситаҳои технологияи коммуникатсионӣ таъмин шудаанд. Нарасидани утоқҳои корӣ ва синфхонаҳи таълимӣ ҷой дорад. Набудани толор ва майдончаҳои варзишӣ, нарасидани кадрҳои илмӣ-педагогӣ, нарасидани мутахассисони соҳавӣ дар муассиса мушоҳида мешавад. Таҳияи нақшаҳои рушди коллеҷи омӯзгорӣ, то 20-30 фоизи омӯзгоронро барои дарёфти дараҷа ва унвонҳои илмӣ мусоидат кардан, таъсиси шуъбаи умумӣ мувофиқи мақсад аст. Аз ҳисоби утоқҳои таҳхона зиётар намудани шумораи синфхонаҳо, ҷалби кадрҳои илмӣ — педагогӣ аз дигар муассисаҳо, пурқувваттар кардани базаи моддӣ-техникии коллеҷ, ташкил намудани сомонаи интернетии коллеҷ, ташкил кардани гуруҳҳои фосилавӣ, мувофиқи имконият ва бо дарназардошти шароит тадриҷан мақоми коллеҷро тағёир додан ба Донишкадаи омӯзгорӣ ва забонҳои хориҷӣ муҳим аст,- мегӯяд директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, номзади илмҳои педагогӣ Арафамо Даминова.

С. ХАЛИЛИЁН, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here