Баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар тамоми мамлакат барқароркунии кишвар оғоз ёфт. Ободгардонии нафақат мавзеҳои аз Германияи фашистӣ зарар дидаю валангор шуда сар шуд, балки сохтмонҳои нав ҳам оғоз ёфтанд. Дар Осиёи Миёна низ иншоотҳои нав месохтанд, заминҳои аз гардиши кишоварзӣ мондаро аз худ менамуданд, шодоб мекарданд. Ҳамон вақт кофтани каналҳои калони Фарғона ва Ӯзген оғоз ёфт. Канали Ӯзген, ки  бояд садҳо гектар заминҳои  бекорхобидаи вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистонро шодоб кунад, сохтмони умумииттифоқии комсомолӣ эълон шуд. Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин сохтмон аҳамияти калон медод ва барои бунёди он садҳо нафар ҷавононро аз Осиёи Миёна, ҳамчунин Тоҷикистон сафарбар намуд. Гуруҳи ҷавонони ӯротеппагӣ, аз ҷумла, Шарифи Истаравшанӣ низ ба Ӯзген омаданд.

 

Ин ҷавони ҳушёру ташаббускор бо роҳбарони сохтмон маслиҳат карда, иҷозати бунёди чойхона, ошхона ва меҳмонхонаро гирифт. Зеро барои каналкобон чунин биноҳои таъминоти иҷтимоӣ зарур буданд ва Шарифи Истаравшанӣ дар муддати кӯтоҳ сохтмонҳоро ба анҷом расонида ба истифода дод. Солҳо паси сар мешуданд, иншоотҳои Шарифи Истаравшанӣ васею ободтар мегаштанд ва он ба ҷойи дӯстдоштаи ҷавонон табдил ёфт.

Ниҳоят сохтмони канал анҷом ёфт, ба дашти асрҳо бекор хобида об баромад ва кишоварзон ба он ғаллаю сабзавот коштанд, ба бунёди боғҳо оғоз намуданд. Баъд гуруҳи бинокорон ба зодгоҳашон баргаштанд, вале як иддае бо хоҳиши роҳбарони ноҳия онҷо монданд, аз ҷумла Шарифи Истаравшанӣ дар Ӯзген муқимӣ шуд. Ӯ ҳамин ҷо оила бунёд намуд, падари фарзандон гашт ва онҳо ҳам оилаи худро барпо намуданд. Аз чӣ бошад, ки Шарифи Истаравшанӣ ба набераи худ Солиҷон аз дигар пайвандонаш бештар меҳр пайдо кард ва ба тарбияаш аҳамият дод. Дар синни 18 солагӣ Солиҷон Шарифов мактаби миёнаи ноҳияро бо баҳои аъло ба итмом расонида, соҳиби номаи камол гашт. Баъди адои хизмати ҳарбӣ Солиҷон ба назди бобояш омада гуфт:

— Ба ман фотеҳа диҳед, барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи олии халабонии шаҳри Харков рафтаниам.

— Бисёр хуб, — интихоби ӯро маъқул кард Шарифи Истаравшанӣ.

— Ман фотиҳа медиҳам, вале ту бояд ба ватани бобоият Ӯротеппа равӣ ва он ҷоро зиёрат кунӣ ва аз калонсолони аҷдодамон фотеҳа гирӣ. Ту Ӯротеппаро дар ёд дорӣ? Ман туро дар хурдсолиат ба он ҷо борҳо бурда будам.

— Ҳа, ман он кулбаҳои гилин ва тангкӯчаҳоро аз ёд набаровардаам, хешу таборро ҳам дар хотир дорам, албатта он ҷо меравам, — розӣ шуд Солиҷон Шарифов ва чанд рӯз пас роҳи Ӯротеппаро пеш гирифт.

Солиҷонро дар зодгоҳи аҷдодонаш Ӯротеппа — ҳоло Истаравшан хуш пазируфтанд, ба ҷойҳои таърихӣ, масҷиду осорхона, боғи истироҳат, варзишгоҳ бурданд ва барои хотира сурат гирифтанд. Ҳафтае пас ӯ бо дуои пирони авлодаш ба Украина, барои таҳсил сафар кард ва ба Омӯзишгоҳи олии халабонии шаҳри Харков дохил шуд. Дониши хуб, лаёқат ва саломатиашро ба инобат гирифта, баъди хатми Омӯзишгоҳи олӣ ӯро ба отряди кайҳоннавардии СССР шомил намуданд.

Соли 1998 вай бо гуруҳи кайҳоннавардон ба кайҳон баромад ва муддате пас ба замин баргашт…

Он рӯз тамошобинон тавассути телевизиони ОРТ барномаи «Время»-ро медиданд, мо ҳам дар қатори тамошобинон будем. Навори мухбирон ба Майдони Сурхи Москва нигаронида шуда буд, якбора ба ин майдони хушманзару таърихӣ ҷавони зебои паҳлавонпайкар, ки дар бар либоси ҳарбӣ дошт, қадам зада пеш омад. Китфони ӯро рутбаи полковникӣ ва сари синаашро ситораи тиллоии Қаҳрамони Русия зеб медоданд.

— Шумо кистед, хоҳишмандем худро муаррифӣ кунед, ба ӯ муроҷиат кард мухбири телевизион.

— Ман кайҳоннавард Солиҷон Шарифов мебошам, шаҳрванди Қирғизистон ҳастам, вале миллатам — тоҷик, авлодонам аз шаҳри бостонии Ӯротеппаанд…

— Солиҷон, падару бобоятон тоҷик, модаратон ӯзбек, дар Қирғизистон таваллуд шудаед, дар Украина таҳсил кардаед, дар Русия зиндагӣ мекунед, шумо намунаи шахси байналмилал ҳастед…

— Дар он ҷое, ки оилаи мо истиқомат дошт, одамони гуногунмиллат: тоҷикон, ӯзбекон, уйғурон ва қирғизҳо зиндагӣ мекунанд. Вале дар шиносномаи аксарият аз чӣ бошад, ки «ӯзбек»  навиштаанд, аз он ҷумла ман ҳам истисно нашудаам. Бобои ман дар Тоҷикистон таваллуд шуда ба воя расидааст, дар Ӯзген зиндагӣ кардааст ва ба ӯзбекдухтар оиладор шудааст. Он вақт аксарият ба тиҷорат шуғл меварзиданд. Тиҷорати асосии ӯ дар Ӯзген суръат гирифтааст. Падари ман, хоҳару додаронаш он ҷо таваллуд ёфтаанд. Гарчанде падарамро «ӯзбек» навишта бошанд ҳам, вай — тоҷик аст. Дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин нукта аҳамият намедоданд.

Ман дар Қирғизистон таваллуд шудаам, дар мактаби русӣ таълим гирифта, дар Шарқи Дур хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаам, нозукиҳои касби ҳавонавардиро дар Украина омӯхтам, ҳоло шаҳрванди Русия мебошам. Кайҳоннаварди Русия, Қаҳрамони Русия, Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон ҳастам.

— Дуруст аст, ки шумо ҳамроҳи худ ба кайҳон дирафши Тоҷикистонро баровардед?

— Бале ҳамин тавр аст. Ман ба хотири бобоям ба кайҳон дирафши Тоҷикистонро ҳамроҳ гирифтам, ки онро бароям дӯстони тоҷикам оварданд. Он дар ҳайати экспедитсияи даҳуми байналмилалии кайҳонӣ давоми 193 шабонарӯз ҳамроҳам буд, — чунин буд фишурдаи суҳбати кайҳоннавард Солиҷон Шарифов ба мухбир Юлия Андреева.

Баъди ин мусоҳиба дар Истаравшан бо сардори идораи бойгонии шаҳр, журналисти шинохта, ҳоло сардабири ҳафтаномаи «Корвони умед»  Сайфулло Маҳкамов вохӯрда, аз Солиҷон Шарифов пурсон шудам. Ӯ  шаҳрро хуб медонист ва дар кадом гузар таваллуд шудани Шарифи истаравшаниро шарҳ дод. Бо тезӣ ҳавлии бобои Солиҷон Шарифовро ёфта, бо хешу пайвандони ӯ ҳамсуҳбат шудем. Онҳо нақл карданд, ки Шариф бо наберааш борҳо ба Истаравшан омада буд ва бо фахр чор сурати дар иҳотаи хешовандон будаи Солиҷонро нишон доданд. Чанде пас дар бораи кайҳоннавард очерке эҷод намуда, бо суратҳои дар Истаравшан акс ёфтааш дар ҳафтаномаи Тоҷикистон дарҷ намудем.

Ду карат кашшофи кайҳон Солиҷон Шарифов дар мусоҳибааш бо мухбир гуфтааст, ки ӯ солҳои бачагиаш орзуи ҳавонавард шуданро дошт. Дар начандон дур аз манзилашон тайёраҳои дорупошаки «АН-2» парвоз мекарданд.

— Дертар вақти таҳсил дар Омӯзишгоҳи олии шаҳри Харков вай орзуи ҳавонаварди ҳарбӣ шуданро кард. Мехост, ки ҳавопаймои қиркунандаи ҳарбиро идора намояд, зеро фаҳмид, ки кайҳоннавардонро аз ҳайати чунин ҳавонавардон интихоб мекунанд.

Баъди хатми Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ҳавонавардии шаҳри Харков муддате дар полки дастурдеҳӣ парвоз кардам. Баъд ба сардори Маркази тайёрии кайҳоннавардон Владимир Шаталов мактуб навишта, хоҳиш кардам, ки номзадиамро барои дохил шудан ба сафи кайҳоннавардон ба қайд гирад. Муддате пас маро ба шаҳраки Кайҳоннавардон даъват намуданд. Баъди гузаштани интихоби мураккабу сахт соли 1990 маро ба сафи кайҳоннавардон қабул намуданд. Он вақт ман 27 сола будам.

— Пас аз чанд сол шумо ба кайҳон парвоз кардед?

— Парвози аввалинам кӯтоҳмуддат буд, он дар киштии кайҳонии америкоии «Шаттл» баргузор гашт. Ин боиси тайёрии дурудароз ба сифати фармондеҳи гуруҳ дар истгоҳи кайҳоннавардии «Союз» буд. Ҳамаи имтиҳонҳо ба анҷом расида буданд. Америкоиҳо барои русиягиҳо як ҷой ҷудо карданд. То парвоз шаш моҳ монда буд. Аз байни панҷ нафар довталаб, ки дар байнамон қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ низ буданд, маро беҳтарин ҳисобиданд ва ба Хюстон, ба Маркази тайёрии Ҷонсон фиристоданд. Ҳамин тавр баъди тайёрии ҳаштсола соли 1998 ба ман парвоз ба кайҳон муяссар шуд, ки он ҳамагӣ 10 шабонарӯз давом кард.

Парвози дуюми Солиҷон Шарифов соли 2004 сурат гирифт. Дар ин муддат ӯ 12 маротиба ҳамчун кайҳоннаварди эҳтиётӣ буд. Баъд ӯро ба гуруҳи дигар гузарониданд, имтиҳону санҷишҳо аз нав сар шуданд. Парвози дуюми Солиҷон Шарифов зиёда аз ним сол давом кард. Барнома хеле мураккаб буд. Онҳо ду маротиба ба кайҳони озод баромаданд. Бар дӯши эшон воқеаҳои ғайричашмдошт афтоданд. Вале ҳамаи онро бартараф карда, барномаи бар дӯшашон бударо иҷро намуданд. Ҳар баромади онҳо ба кайҳони озод ба ҷойи 6 соати дар нақша буда, 22-24 соат давом кард.

— Солиҷон агар шуморо бори дигар ба парвози кайҳон таклиф кунанд, розӣ мешавед? — пурсиданд ӯро.

— Барои ба кайҳон парвоз кардан, ҷиддӣ тайёрӣ дидан лозим. Кайҳоннавард бояд донишашро такмил диҳад ва машқ кунад. Ба ин кор беш аз 3 сол муҳлат лозим, — ҷавоб дод ӯ. — Ман беш аз 200 шабонарӯзро дар кайҳон гузаронидам ва худро соҳибкасб мешуморам. Касро кайҳон сӯяш мекашад, вале ба фикри ман ду маротиба парвоз кардан кифоя аст.

Ҳоло Солиҷон Шарифов дар маркази илмӣ-тадқиқотии ба номи Юрий Гагарин, кайҳоннавардони ҷавонро таълим медиҳад.

Ӯ оиладор аст, ҳамсараш Насиба иқтисодчӣ мебошад ва дар шаҳраки кайҳоннавардон фаъолият дорад. Онҳо ду фарзанд доранд. Духтараш Нигора ва писараш Ҷаҳонгир соҳиби маълумоти олӣ шудаанд.

Шарифов Солиҷон Шокирович — кайҳоннавард, 24 августи соли 1964 дар Узген таваллуд шудааст. Парвози умумиаш дар ҳавопаймоҳо қариб 950 соатро ташкил медиҳад, кайҳоннаварди 72-юми Русия, кайҳоннаварди 88-уми ҷаҳон, полковники қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Федератсияи Русия мебошад.

Ӯ ба мукофотҳои гуногун: Медали NASA «Барои парвоз ба кайҳон», мукофоти «Кыргыз Республикасынын батыры» ва нишони махсуси «Ак-Шумкар», Қаҳрамони Қирғизистон, ордени «Амир Темур» ва «Барои хизмати шоён» (Ӯзбекистон), Қаҳрамони Русия сазовор гаштааст.

 

Ғайрат ҲАКИМОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here