Таваҷҷуҳ ва рушд бахшидан ба соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо ба шумор меравад. Бо назардошти ҳамин омил Ҳукумати Тоҷикистон низ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун маҳаки асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад. Зеро ин иқдом дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад. Тибқи омори расмӣ танҳо дар соли 2019 дар шаҳру навоҳии кишвар ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуда, ин раванд дар кулли бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат рӯз то рӯз рӯ ба афзоиш аст. Чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат дар навбати худ роҳбарону масъулони соҳаи маорифи кишварро водор менамояд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагон тадбирҳои иловагии судмандро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, баҳри амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.

 Пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешво

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар пайваста таъкид менамоянд: “…барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон дар пайравӣ аз сиёсати созандаву дурбинонаи Ҳукумати мамлакат, бахусус, аз ҳидояту иқдомҳои наҷибонаву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат талош бар он меварзад, то дар омода кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба Ватан ва миллат боз ҳам бештар саҳмгузор бошад.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Нарсов Исломиддин Шарифхонович  иброз дошт, “бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ва билхосса, Пешвои муаззами миллат мо — аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд”.

Хишти аввали таълиму тарбия

Исломиддин Нарсов дар идомаи суҳбат афзуд, ки Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон фаъолияти худро дар давоми соли 2019 баҳри иҷрои талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳо, дастурҳои ҳидоятии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус, Паёми барномавии ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон равона намуда, корҳои назаррасро ба сомон расонид.

Дар соли 2019 шуъбаи маориф ва сохторҳои зертобеи он дар доираи солҳои 2019- 2021 эълон гардидани “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, «Даҳсолаи байналмилалии амал, «Об барои рушди устувор, 2018-2028», дар баргузории ҷашнҳои умумимиллӣ Сада, Рӯзи модарон, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ваҳдати Миллӣ, Рӯзи Дониш, 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Рӯзи омӯзгорон, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Фалак, Иди Меҳргон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, тибқи нақшаҳои таълимӣ ва корӣ озмунҳо, маҳфилҳои фаннӣ, олимпиадаҳо, аксияҳо, номгӯи бозиҳои варзишӣ ва маҷмӯи зиёди чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, маданӣ — равшаннамоӣ, маърифатию солимгардониро гузарониданд, ки баргузории онҳо хусусиятҳои таълимию тарбиявӣ дошта, дар баланд гардидани сатҳ ва сифати дониши хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва дар тарбияи зеҳнӣ, зебоипарастӣ ва ақлонию фикрронии мактаббачагон нақши  босазо  дорад.

Нишондиҳандаҳои оморӣ

Дар шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон тибқи Низомномаи ва воҳидҳои кории мавҷуда 6 нафар хизматчиёни давлатӣ, мудири кабинети методӣ бо шумораи 15 нафар мушовирон, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо шумораи 11 нафар воҳидҳои корӣ, Маркази иттилоот ва коммуникатсия дар ҳайати 14 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки ба раванди таълиму тарбияи насли наврас кӯмак расонида, сифати таълиму тарбияро дар 85 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 4 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей, 2 гимназия, 1 мактаб — интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва муассисаи таҳсилоти иловагӣ мунтазам назорат менамоянд.

Соли сипаришуда бо назардошти талаботҳои банди 11-и нақшаи чорабиниҳои соҳаҳои иҷтимоӣ Раиси вилояти Хатлон бо қарори раиси ноҳия аз 21-уми январи соли 2019, № 110 ба Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази иттилоот ва коммуникатсияи назди шуъбаи маориф мустақилияти молиявӣ дода шуда, бо қарори раиси ноҳия аз 8-уми январи соли 2019, № 21 Шӯрои шуъбаи маорифи ноҳия дар ҳайати нав иборат аз 11 нафар тасдиқ карда шуд. Инчунин бо қарорҳои раиси ноҳия дар деҳаи Дарагӣ, ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нави рақами 81 таъсис дода шуда, муассисаҳои таҳсилоти  умумии асосии рақамҳои 64-и ҷамоати деҳоти  Норин, 65-и ҷамоати деҳоти  ба ном Г. Юсуфова ва  67-и ҷамоати деҳоти Даҳана ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуданд.

Қобили тазаккур аст, ки айни замон дар ноҳия 7 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо дар 51 гуруҳ 1181 нафар (нисбати соли 2018 95 нафар зиёд) кӯдакони синни томактабӣ, дар назди 51 (+6) муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ- марказҳои инкишофи кӯдакон таъсис дода шудааст, ки айни ҳол дар онҳо 1112 нафар кӯдакон (нисбати соли 2018  211 нафар зиёд) ҷалб гардида, дар  соли равон бобати харидории  асбобҳои аёнии таълимӣ, мизу курсӣ, катҳои хоб, ҷевон барои либос ва намудҳои гуногуни бозичаҳо аз тарафи Раёсати молияи ноҳия 818909 сомонӣ  хароҷот карда шудааст.

Ҷилои истеъдодҳо

Дар асоси муқаррароти «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ ба баргузории даври ноҳиявӣ ва алалхусус ба даври вилоятию ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои фаннӣ, ки омили асосии муқаррароти сатҳ ва сифати дониши хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ мебошанд, аҳамияти ҷиддӣ дода, дар озмунҳои фаннии сатҳи вилоятӣ  37 нафар, дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ 2 нафар, дар озмунҳои байналмилалӣ 7 нафар хонандагони боистеъдоди ноҳия ғолибиятро ба даст овардаанд, ки аз ин шумора соҳиби ҷойҳои якум — 9 нафар, соҳиби ҷойҳои дуюм — 8 нафар, соҳиби ҷойҳои сеюм — 16 нафар ва соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ — 13 нафар мебошанд, ва ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили гузашта 14 нафар зиёд буда, панҷ нафар хонандагони аълохон ва навовару эъҷодкори муассисаҳои таълимии ноҳия ҳамчун гирандагони стипендияи Раиси вилояти Хатлон дар соли 2019 дониста шуданд.

Соли 2019 бо пешниҳоди шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон бо мақсади дастгирӣ ва тарғибу ташвиқи ғолибони ҳаракати олимпии  ҷумҳуриявӣ ва дар асоси мактуби муовини раиси вилояти Хатлон аз 26 июли соли 2019, № 3/ 342 ба ғолибони олимпиадаи фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ Раҷабова Лола -хонандаи синфи 11-и МТМУ № 10 ва Бобоева Саида — хонандаи синфи 11-и МТМУ № 80, ки аз фанҳои биология, забон ва адабиёти тоҷик соҳиби ҷойи якум ва медали тилло гардиданд, ба ҳар яки онҳо 2000 сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо намуда, дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед Ҳамро  супорида шуд.

Дар соли таҳсили 2019- 2020 бошад, бо қарори Шӯрои шуъбаи маориф аз 14 августи соли 2019, №8 мушовирони кабинети методӣ, кормандони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони фаннӣ вазифадор карда шуданд, ки ба баргузории олимпиадаҳои фаннӣ, ки омили асосии муқаррароти сатҳ ва сифати таълим дониста мешаванд, аҳамияти ҷиддӣ дода, иштироки хонандагон ва ғолибони озмунҳои фаннии сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявиро дучанд намоянд.

Аз ин рӯ, дар оғози соли таҳсили равон дар 125 синфҳои ёздаҳум, дар 302  синфҳои 9-10 ум ва дар 428 синфҳои 5 ва 6 даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннӣ гузаронида шуд. Дар олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ зиёда аз 3600 нафар хонандагон, ки ғолиби олимпиадаҳои фаннии муассисавӣ буданд, иштирок намуда, аз ин миқдор 156 нафарашон ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро гирифта, барои иштирок ба даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ роҳхат гирифтанд.

Ҷиҳати дохилшавии хамкунандагон ба донишгоҳ, донишкада ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар соли 2019 аз 2941 нафар хатмкунандагони соли таҳсили равон 1430 нафарашон  (48,6 %) тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 нафар тибқи квотаи Президентӣ, 110 нафар ба муассисаҳои касбии хориҷи кишвар, 20 нафар ба донишгоҳҳои  мақомоти қудратӣ, 174 нафар ба коллеҷи технологӣ — фармасевтӣ, 89 нафар ба омӯзишгоҳи  тиббии ноҳия, 95 нафар ба литсейҳои касбӣ ва 370  нафар ба бахшҳои гуногун муассисаҳои касбӣ дохил шуданд, ки дар маҷмӯъ ҳамагӣ 2308 нафар (78.5 фоиз) -ро ташкил медиҳад. Бе шак, ин нишондиҳанда нисбат ба  соли таҳсили гузашта 2 фоиз зиёд гардидааст.

Ободӣ аз озодагист

Дар соли 2019 бо ҷалби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша, кумитаҳои падару модарон дар деҳаи Дарагӣ, ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумии рақами 81 сохта ба истифода дода шуда, дар назди 11 муассисаҳои таълимӣ сохтмони бинои иловагӣ ва дар 18 муассисаҳои таълимӣ сохтмони 24 синфхонаҳои иловагӣ бомаром идома дорад. Соли равон бошад, сохтмони 15 синфхонаҳои иловагӣ дар назди 9 муассисаҳои таълимӣ пурра ба истифода дода шуд.

Ҷиҳати корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар муассисаҳои таълимӣ, мунтазам  шанбегиҳо ва ҳашарҳо ташкил карда шуда, корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, гулшинонӣ, насби шиору овезаҳо, таъмири биною иншоот ва майдончаҳои варзишӣ, тоза кардани гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ, кӯча ва роҳравҳои атрофи муассисаҳо ба роҳ монда шудааст.

Ҷиҳати таъмири муассисаҳои таълимӣ, бо истифода аз ҳамаи намуди манбаъҳои маблағгузорӣ, алалхусус ҷалби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ, сарпарастону соҳибкорони маҳаллӣ ва падару модарон 84 муассисаҳои таълимӣ давра ба давра аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуда, соли 2019 баҳри ҳамин мақсад аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 653909 сомонӣ, аз ҳисоби падару модарон 489200 сомонӣ, аз ҳисоби сарпарастон 30220 сомонӣ, ҷамъ 1173329  сомонӣ сарф гардидааст, ки он нисбат ба соли таҳсили 2017- 2018  наздикии 129277 сомонӣ зиёд мебошад.

Одам нашавад касе магар аз мактаб

Ғайр аз ин, дар  соли сипаригашта дар асоси супориши протоколии раиси вилояти Хатлон  аз 10 июни соли 2019, № 16  бо ташаббус ва дастгирии директорони муассисаҳои таълимӣ ва ҷалб намудани шахсони саховатпеша, соҳибкорон, собиқ дастпарварон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, муҳоҷирони меҳнатии муваффақу сармоядор, падару модарон ва кумитаҳои маҳалла, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ Аксияи таъмири муассисаҳои таълимӣ зери унвони “Одам нашавад касе магар аз мактаб” гузаронида шуд, ки натиҷаи он дилхушкунанда буда,  аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпешша 3600 сомонӣ пули нақд, 2500 дона хишти сементӣ (семблок), 37 тонна семент, аз ҳисоби кумитаҳои маҳалла масолеҳи сохтмонӣ ва маблағҳо ба миқдори 95350 сомонӣ, аз ҳисоби собиқ хатмкунандагони мактабҳо 2200  сомонӣ, аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ -12000  сомонӣ, аз ҳисоби иттиҳодияҳои динӣ 3700 сомонӣ ва аз ҳисоби дигар манбаҳои хайрхоҳ -7500 сомонӣ маблағи пулӣ,  як адад компютер бо асбоби нусхабордорӣ, диапроектор, се тахтаи синфӣ, миқдори зиёди маводи рангуборкунӣ, қум, шағал, оҳак ба муассисаҳои таълимӣ кумак расонида шуд. Гузаронидани Аксия шакли нави ҳамкории мактаб бо падару модарон ва дигар қишрҳои ҷомеа ба шумор рафта, минбаъд ташаккули он лозим аст.

Номоварони Ёвон

Бобати иҷрои қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 3 апрели соли 2019.№ 716 “ Оид ба  қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 феврали соли 2019, № 68 “Дар бораи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми феврали соли 2019, № АП-1165 “Дар бораи озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» гузаронида шуд. Рафти баргузории озмун дар муассисаҳои таълимӣ онро собит намуд, ки дар  баргузории озмуни номбаршуда асосан хонандагон ва омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёт, омӯзгорони  китобдӯст ва китобдорони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзиданд.

Рӯзҳои  24-26-уми  ноябри  соли  2019  дар  шаҳри  Бохтар  даври  сеюми  (вилоятии) Озмуни  ҷумҳуриявии  “Фурӯғи  субҳи  доноӣ…”  баргузор  гардид, ки  дар  он  13  нафар  иштирокчиёне, ки  ба  даври  вилоятӣ  роҳхат  гирифта  буданд, ширкат  варзиданд. Тибқи натиҷаи ҷамъбасти  Озмун хонандаи  синфи  10  МТМУ  №27  Сафармоҳи  Аҳмадбек  аз  рӯйи  номинатсияи  1-ум  соҳиби  ҷойи  аввал, Шаҳодатномаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти Хатлон, 5000 сомонӣ; хонандаи синфи 7 МТМУ №27  Шоҳмуродзода  Моҳсуман  аз  рӯйи  номинатсияи  2-юм  соҳиби  ҷойи  аввал, Шаҳодатномаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлон,  5000  сомонӣ;  хонандаи  синфи  3 МТМУ  №77 Ятимова  Нурбону  аз  рӯйи  номинатсияи  3-юм  соҳиби  ҷойи  аввал, Шаҳодатномаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлон,  5000  сомонӣ;  хонандаи  синфи  11 МТМУ  №27 Каримов  Султон  аз  рӯйи  номинатсияи  1-ум  соҳиби  ҷойи  дуюм, Шаҳодатномаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлон,  3000  сомонӣ;  омӯзгори  МТМУ №75  Темурова  Фарзона  аз  рӯйи  номинатсияи  2-юм  соҳиби  ҷойи  сеюм, Шаҳодатномаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлон,  2000  сомонӣ, нишони  Аълочии  маориф  ва  илми  Тоҷикистон   гардиданд. Ҳамчунин омӯзгори  МТМУ  №1  Сатторова  Меҳриниссо  аз  рӯйи  номинатсияи  1-ум, хонандаи  синфи  11  МТМУ  № 62  Фаттонаи  Фатҳулло  аз  рӯйи  номинатсияи  2-юм, омӯзгори  коллеҷи  тиббӣ   Ятимова  Муаззама аз  рӯйи  номинатсияи  2-юм, хонандаи  синфи  4  МТМУ  10   Шукронаи  Саломатшоҳ  аз  рӯйи  номинатсияи  3-юм  бо  Ифтихорномаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлон  сарфароз гардида,ҳар кадом ба маблағи 1000 сомонӣ  мукофотонида  шуда, ба даври ҷумҳуриявии Озмун роҳхат  гирифтанд. Омӯзгори  МТМУ  12  Нуров  Салоҳиддин  барои  иштироки  фаъолона  дар  Озмун  соҳиби  Сипосномаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлон  ва  500  сомонӣ  гардид.Омӯзгори  МТМУ  №5  Раҷабова  Ҳанифа  ва  омӯзгори  МТМУ  №80   Муаззамаи  Комилҷон   бо  нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон мушарраф гардиданд. Хонандаи синфи 6-уми мактаб- интернати ноҳия Муҳаммадҷони Мустақим барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи  Вазорати  маориф  ва  илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  сарфароз  гардонида  шуд.

Дар  маҷмӯъ 9 нафар иштирокчиёни Озмуни мазкур ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат  гирифта, дар даври чоруми (ҷумҳуриявии) Озмун, ки аз 11-ум то 14-уми  декабри соли 2019 дар муассисаи давлатии  Китобхонаи  миллӣ  баргузор  гардид, ки дар он ду нафар довталабон — хонандаи синфи 10-уми МТМУ № 27 Сафармоҳи  Аҳмадбек аз рӯйи  номинатсияи  якум (хондану аз ёд кардани осори  адибони  классикии тоҷик) соҳиби ҷойи дуюм ва хонандаи синфи 7-уми ҳамин муассиса Шоҳмуродзода Моҳсуман аз рӯйи номинатсияи дуюм (хондану азёд кардани осори адибони муосири тоҷик) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд, ки ин нишондиҳанда дар сатҳи вилояти Хатлон аз ҳама  баланд мебошад.

Фарҳанг- бақои миллат

Ҷиҳати риояи фарҳанги либоспӯшӣ аз ҷониби омӯзгорон, риояи эстетикаи либоспӯшии омӯзгорону хонандагон, риояи фарҳангӣ миллӣ,  ва тақлид накардан ба фарҳангу тарзи либоспӯшии бегона, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти рӯзи 6 сентябри соли 2018 ҳангоми мавриди истифода қарор додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80 махсус таъкид намуда буданд, дар ҷаласаҳои назоратии назди мудири шуъбаи маориф, Шӯрои шуъбаи маориф, ҷамъомад ва вохӯриҳои сатҳи гуногун, ки тибқи нақшаҳои корӣ доир мегарданд дар бораи риояи одоби либоспӯшӣ, беҳтар намудани шаклу усул ва воситаҳои тарбия, таъмини робитаҳои доимӣ миёни падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа, ташаккули андешаву шуури миллӣ, гиромидошти анъанаҳои умумибашарӣ, ҳисси ватанпарастӣ, зеҳни солиму ақли расо, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ,аз ҷумла рафтор, пиндор ва гуфтори нек, ташвиқ ва тарғиби пандномаи ахлоқии ниёгон, таҳаммулпазирӣ, муомилаву муошират ва фазилатҳои писандидаи инсонӣ, ки тавлидгари шуури миллӣ, баланд гардидани ҳисси ватандӯстӣ, хушиносӣ ва худогоҳии насли наврас мебошад, пайваста суҳбатҳо гузаронида мешаванд.

Тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз  3-юми августи соли 2019,№ 167  рӯзи 21-уми августи соли 2019, дар кохи фарҳанги ноҳия машварати васеи кормандони соҳаи маорифи ноҳия бо иштироки 390 нафар омӯзгорони собиқадору варзида, сарварон ва муавинони сарварони муассисаҳои таълимӣ, мураббиён ва мудирони муассисаҳои томактабӣ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, намояндагони васоити ахбори омма  гузаронида шуд. Вобаста ба рӯзномаи машварат “Муваффақият ва дастовардҳои аҳли маориф дар асоси дастуру нишондоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон Нарсов И. Ш. баромад  намуд. Дар машварат раиси ноҳияи Ёвон ва сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон иштирок ва баромад намуда, самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи маориф барои соли хониши 2019- 2020 муайян карда шуд. Дар машварат 44 нафар омӯзгорони фаъол, бо ифтихорномаҳои раиси ноҳия, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Ғайр аз ин, дар соли таҳсили равон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба 651 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат нимятим ва ятимони кулл либоси мактабӣ тариқи ройгон тақсим карда шуд.

Истиқбол аз истиқлол

Дар фароварди суҳбат мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Исломиддин Нарсов бо ризоиятмандӣ аз самтҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва бо қаноатмандӣ аз иҷроиши марҳила ба марҳилаи дастуру супоришҳо ва ҳидояту паёмҳои раҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки “дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Паёми ба тозагӣ ироанамудаи Президенти мамлакат мо — кормандони соҳаи маорифро вазифадор кард, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта, ба тарбияи насли наврас диққати бештар диҳем. Дар баробари ин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро вусъат бахшида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намуда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Дар ин раванд мо маҳз роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзодаро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунем ва фаъолиятамонро идома дода, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем”.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here