Гарчанде истиқоматкунандаи ноҳияи Деваштич бошам ҳам, натанҳо ман, балки аксари сокинони ноҳияҳои гирду атроф барои хариди маҳсулоти зарурии рӯзгор ҳамарӯза аз бозори шаҳри Истаравшан истифода мебаранд.

Чун чанд рӯз пеш барои хабаргирии волидайн ба деҳа омада будам ва имрӯз мебоист боз баргардам ҷониби пойтахт, маро зарур аст барои ба пойтахт рафтан ба шаҳри Истаравшан расам, зеро таксиҳои самти Душанбе дар ҳаминҷо қарор мегиранд. Ҳавои сарду бебарфи зимистон, соати 8-и субҳ ба Истаравшан омада расидам. Баробари аз нақлиёт фаромадан, бо дидани ҳолати истгоҳи нақлиёт таъби нозуку тираи ман боз ҳам тиратар гардид. Заминро аз сабаби набудани асфалт бо лой «мумфарш» кардаанд. Мошинҳо бо як бетартибие дар бари роҳ гузошта шудаанд. Аз тарси шашликпазҳои «моҳир» нахостам ба бозор дохил шавам, чун аз дарвозаи бозор қадам ҷониби дохил гузоштан баробар, аз як тараф савдогарон, аз тарафи дигар фурӯшандагони шашлики «гӯштӣ» (дар асл 80%-ашро нонпора ташкил менамояд) намегузоранд аз пайи корат шавӣ. Сари ҳар қадам «о биё, ако»,- гӯён, гӯшу майнаатро мехӯранд. Худо накунад, ки лаҳзае дар ягон тарафи роҳ таваққуф намоӣ, даррав савдогаре дод мезанад:

— Аз пеши борам дур исто, харидора нагурезон!!!

Ҳол он ки, худ дар рӯи роҳ савдо дорад.

Дохили бозорро низ бо лой «мумфарш» кардаанд. Бар замми ин, бо роҳравҳои чиркину аз қоидаҳои экологӣ фарсахҳо дур, бозор ҳоли табоҳе дорад.

Вақте аз канори бозор (чун он ҷоро нуқтаи камодам пиндоштам) сӯи таксиҳои Душанбе меомадам, манзараеро дидам, ки бо ин ҳама бетартибиву дар роҳ бор гузошта савдо кардани мардум, ба ғайр аз нафрат дигар чизеро наметавонист ба одам диҳад. Ба назди таксиҳо наздик мешудаму бо худ мегуфтам: «Хайрият, пас аз дақиқаҳое аз ин ҳама нороҳатиҳо халос мешавам».

Аммо садҳо афсӯс, чун ба назди таксиҳои Душанбе омадам, якбора чанд нафар гирд карда, беист гап мезаданд:

— Душанбе мерӣ-мӣ уко? Биё бурафтим, сразу ҳай мекунам (дар асл ягон мизоҷ надоранд ҳоло).

Ҳатто якеаш чанг зада хост аз болои ароба борамро гирад. Инро дида, дигараш бо ӯ ба ҷанг даромад, ки «чаро ту клиенти маро мегирӣ!?».

Билохира косаи сабрам лабрез шуду ҷонибашон фарёд кардам:

— Э бас аст, чӣ ҷанг доред!? Намеравам бо мошини ягон нафарат!

Пас аз ин, хайрият, ки онҳо аз пайи ёфтани дигар мизоҷ шуданду барои лаҳзае ин ҳама манзараро аз пеши назар гузаронидан фурсат фароҳам омад.

Хуб, чӣ гуфтаниям? Масъулини шаҳри Истаравшан, ба ҳама маълум аст, ки аз ин бозор шумо даромади калоне ба даст меоред. Пас, чаро дар пайи таъмиру тозакориаш камар намебандед? Умед дорем, ки ин масъала ба зудӣ роҳи ҳалли худро меёбаду дигар мардум дар дохили лой қадам намезананд. Шояд ин ҳама навиштаҷоти маро дурӯғи маҳз бишморед, ҳатто аксҳоро низ шояд қабул надоред. Як рӯз бе огоҳӣ ба бозор ташриф оред, худ мебинед, ки вазъ дар инҷо чӣ тавр аст. Аммо пеш аз ба онҷо рафтан хуб мешуд ҳамроҳи худ мӯза гиред. Чун дар он лойзор гаштугузор каме мушкил аст.

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ

 P.S. Аксҳо санаи 21.12.2020 бардошта шудаанд. Суроға: шаҳри Истаравшан.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here