Ноҳияи Истаравшан дар шимоли Тоҷикистон ҷойгир шуда, бо табиати зебо ва мардуми шарифаш вирди забон гардидааст. Дар ноҳия корҳои созандагӣ ва ободкорӣ хело ба дараҷаи аъло сурат гирифта, шаҳр симои худро дигаргун сохтааст. Қасрҳои бошукуҳ, майдонҳои варзишӣ, нуқтаҳои зиёди дамгирӣ, мактабҳои замонавӣ ва биноҳои маъмурӣ, Парчами Тоҷикистон симои шаҳрро боз ҳам зебо гардонидаанд. Дар ҳама нуқтаҳои шаҳр аз ободкориҳои Тоҷикистон, меҳнати шоёни хирадманди бузург, Сарвари давлат, Қаҳрамони халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, дар ҳақашон дуои нек мекунанд ва иҷроиши дастуру супоришҳои Ҳукуматро дар Истаравшан дида, дар васфи раиси шаҳр суханҳои нек мегӯянд. Дар ҳақиқат Истаравшани бостонӣ имрӯзҳо хело обод гардидааст. Аҳсант ба роҳбарони қобили ноҳия. Аммо…
Вақте ки ба бозори марказии шаҳр дохил шудам, ҳолатҳоеро дидам, ки оромам нагузошт. Дар бозори “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе ва дигар бозорҳои пойтахт танзими нарх ба пуррагӣ ҷой дорад, ҳамаи маҳсулоти бозор нархномаи худро доранд ва зери назорати масъулон мебошанд. Масалан нархи гӯшт дар бозори “Деҳқон”-и пойтахт доимӣ аз 28 то 38 сомонӣ навишта шудааст ва фурӯхта мешавад. Гӯштҳои сифати баланд аз 38 сомонӣ зиёд фурӯхта намешаванд. Дар бозори Истаравшан ба тамоми нуқтаҳои гӯштфурӯшӣ рафта, аз нарх пурсон шудам, аз 45 сомонӣ то 50 сомонӣ нарх мондаанд. Амали онҳо “харидор зиёд шавад, нархро бардор” аст. Оё масъулони бозор аз ин огоҳ нестанд? Медонанд, аммо бо онҳо муросо мекунанд. Бозор ниҳоят ифлос буда, рӯзҳои боронӣ дар он гаштан душвор аст. Маҳсулоти хӯрокиро касе чи хеле хоҳад, мефурӯшад. Умуман, ҳолати сантарии бозор дар ҳолати ногувор аст.
Хостам бо масъулони бозор дар ин бора суҳбат кунам, вале танҳо хазиначиро ёфтам. Аз куҷо будани масъулон пурсидам. “Имрӯз шанбе аст, онҳо истироҳат доранд” гуфта ҷавоб дод.
Умуман, дар бозор танзими нарх вуҷуд надорад ва онро касе назорат намебарад. Шояд раиси шаҳр аз ин ҳолати бозорҳо бехабар бошад.
Дилам ба хизматчиёни давлатӣ, коргарон, деҳқонон месӯзад, ки чи тавр бо чунин нархҳои гарон маҳсулоти ниёзи мардумро харидорӣ менамоянд!?

Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here