Соли 1953 Хонаи маданияти шаҳраки Обигарми шаҳри Роғун сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Имрӯз бино фарсуда асту дару девораш кафида, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Хонаи маданият дар хизматрасонии мардум қарор дорад. Мардум ба ин ҷо омада, рӯзнома, маҷаллаву китоб хонда, ба бозиҳои шавқовари шашкаю шоҳмот машғул мешаванду баҳри хотири болидаи онҳо дастаи ҳунарии Хонаи маданият бо суруду таронаҳои дилошӯб баромад мекунанд.

Мегӯянд, ки фарҳанг ҳастии миллат аст. Модоме, ки ин тавр бошад, пас чаро шуъбаи фарҳанги шаҳр нисбати ин бинои садамавӣ бепарвоӣ зоҳир мекунад? Дар ҳоле, ки дар ҷараёни солҳои 2019-2021 — «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин пеш аз ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, барои чӣ ин бинои садамавиро, ки муҳлаташ гузаштааст, аз нав таъмиру навсозӣ намекунанд!? Рафту меҳмонону сайёҳон ба ин бинои садамавӣ қадам гузоранд, ин ҳолатро дида чӣ мегуфта бошанд? Албатта, онҳо эрод мегиранд…

 

Ҳокими САФАР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here