Фаъолияти кории шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳияи Айнӣ ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф,  Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи маориф», дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш ва таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, созандагӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу умумибашарӣ равона карда шудааст.

Самтҳои фаъолият

Зимни суҳбат бо хабарнигори МТЖТ мудири шуъбаи маорифи МИҲД ноҳияи Айнӣ Абдушукур Хокирозода иброз дошт: Дастгоҳи шуъбаи маориф ба гузаронидани масъалаҳои ҳалталаб, аз ҷумла, шӯроҳои шуъба, олимпиадаҳои минтақавӣ, ноҳиявӣ, аттестатсия, аккредитатсия, таъмини сифати таҳсилот, гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот, таъмини аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон, санҷиши рафти иҷрои қарор ва барномаҳои давлативу таълимӣ эътибори ҷиддӣ дода, баҳри бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои мушаххас андешид. Ин аст, ки нақшаҳои кории шуъбаи маориф ҷиҳати амалӣ гардонидани нақшаи кории Вазорати маориф ва илми ҶТ, Раёсати маорифи вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таълими фанҳои дақиқ, донишандӯзии хонандагон, сифати гузаронидани шӯроҳо, маҷлисҳои назоратии назди мудири шуъба, кабинети методӣ, ҳисоботи нозирону мушовирон, бахши хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, ҳисоботи фаъолияти директорон ва ҷонишинон, гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия, ҷобаҷогузории мутахассисони ҷавон, ҷалби омӯзгорон ба курсу семинарҳо, олимпиадаҳои мактаббачагон, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои минтақавӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, дарёфти хонандагони болаёқату соҳибистеъдод, амалӣ гардидани Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ, таъмини китобҳои дарсӣ, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, омӯхтан ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, чопи мақолаҳои методӣ, гузаронидани семинару вохӯриҳо, конфронсҳо, мизҳои мудаввар бо омӯзгорони ҷавон ва навовару эҷодкор, гузаронидани рӯзҳои шуъбаи маориф дар ҷамоатҳо ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, муайян намудани дараҷаи донишазхудкунии хонандагон аз фанҳои алоҳида нақши басо муҳим бозид.

Натиҷагирии кори шӯро

Тавре дар идома Абдушукур Хокирозода афзуд, ки масъалаҳое, ки шуъбаи маориф мавриди санҷиш қарор дод, дар шӯроҳои шуъбаи маориф, ҷомеаи омӯзгорон, иттифоқи касаба, ҷамъомадҳои АВО-ҳо ҳаллу фасл гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд, ки барои беҳтар шудани сифати таълиму тарбия ва дараҷаи дониши хонандагон таъсири мусбат расонид. Дар ин давра фаъолияти 25 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, фаъолияти кории 15 директорон, 15 ҷонишинони таълимӣ ва кори алоҳидаи 8 нафар омӯзгорон дида баромада, масъалаҳои санҷидашуда дар шӯрои шуъба ва ҷаласаҳои назоратии назди мудир натиҷагирӣ шуда, оиди бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта дастурҳои судбахш дода шуд, ки ба пешрафти кори соҳа мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ дар шӯроҳои Шуъба 71 масъала ва дар  ҷаласаҳои назди мудири шуъбаи маориф 34 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, вохӯриҳо (бо мутахассисони ҷавон, раисони созмонҳои хонандагон),  чорабиниҳо (23 феврал — Рӯзи Артиши миллӣ, 8 март — Рӯзи модарон, 21 март — Иди Наврӯзи байналмилалӣ), баргузор ва натиҷаи онҳо мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Дар фаъолияти шуъбаи маориф татбиқи қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Раёсати маорифи вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва амалишавии Барномаҳои давлатӣ дар мадди аввал гузошта шудааст. Сохтмони МТМУ №52 деҳаи Хайробод, ҷамоати деҳоти Дар-Дар аз ҷониби соҳибкор Исрофилов Зинҳор ва сохтмони бинои Интернати наздимактабии МТМУ №22 дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд.

Сиёсати дурусти кадрӣ ва имтиёз ба ҷавонон

Бояд гуфт, айни замон дар ноҳия 66 мактаб (55 мактаби миёна, 11 мактаби асосӣ) пурра фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо 18791 нафар хонандагон, аз он ҷумла, 9375 нафар духтарон ба таълим фаро гирифта шуда, онҳо дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007 ба маблағгузории сарикасӣ гузаронида шудаанд. 4 муассисаи томактабӣ низ аз 1 январи соли 2017 ба маблағгузории сарикасӣ гузаштаанд. Дар ин самт мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд надорад. Феълан дар ноҳия ягон мактаби хусусӣ  мавҷуд нест.

Қобили тазаккур аст, ки дар ноҳия мактабҳои типии нав, аз қабили гимназия, литсейи хусусӣ, синфҳои тиҷоратӣ, мактабҳои хусусӣ фаъолият намекунанд. Перомуни таъсиси мактабҳои типи нав корҳои омӯзишӣ идома дорад ва умед ҳаст дар солҳои наздик амалӣ хоҳад гардид. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №51, 57, 58, 61, 64, 65, 66 синфҳои камнуфус таъсис дода шудаанд. Таълими равияҳо дар 17 муассисаи таълимӣ роҳандозӣ гардидааст. Зикри ин нукта низ бамаврид аст, ки ҳамаи муасисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ бо кадрҳои роҳбарикунанда таъмин буда, ҳамзамон, ҷараёни интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин намудани кадрҳои ҷавони ташкилотчӣ мақсаднок ба роҳ монда шудааст.

Мусаллам аст, ки тибқи квотаи Президентӣ дар соли хониши 2019-2020 19 нафар (аз он ҷумла, 10 нафар духтарон) ба мактабҳои олӣ дохил шуданд.

Номоварони наврас

Дар давоми таътили зимистона дар ҳамкорӣ бо кабинети методӣ ва Маркази таҳсилоти иловагӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмуни “Китобхони беҳтарин” гузаронида шуд. Аз байни 48 нафар хонандаи синфҳои 4-11-и иштирокчии озмун хонандаи МТМУ №19 Ашӯрова Гулғунча- ҳамчун беҳтарин китобхони хурдсол ғолиб омад. Ҳамзамон, хонандаи синфи 9 -и МТМУ №23 Мӯсоева А. ва хонандаи синфи 10 — и МТМУ №34 Ғафурова Забиҳа ғолиб дониста шуданд. Дар баробари ин, дар минтақаҳо, ҷамоатҳо бозиҳои варзишии  волейбол ва шашка гузаронида шуда, ғолибон қадрдонӣ ёфтанд.

Мувофиқи нақшаи фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» -и назди Раёсати маорифи вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2020 рӯзҳои сеюм ва шашуми январ олимпиадаи фаннии хонандагони  синфҳои 5-6 ва 7-8 гузаронида шуд, ки 13 нафар хонандагони синфҳои 5 — 6 ва 22 нафар хонандагони синфҳои 7-8 ғолиб гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Рӯзи 8 январ бошад, олимпиадаи “Шоҳмот“ гузаронида шуд, ки хонандаи синфи 4 Халифазода Фаридун аз МТМУ№ 23 ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт.

Ҳамчунин, рӯзҳои 30 январ — 2 феврал, 16,17 ва 22-23 феврал даври вилоятии олимпиадаи фаннии хонандагон гузаронида шуд, ки дар он 30 нафар хонандагони синфҳои 9-10 ва 28 нафар хонандагони синфҳои 11 ширкат варзиданд. Бо ғолибоне, ки дар даври вилоятӣ иштирок карданд, машғулиятҳои иловагӣ ташкил карда шуд.

Дар озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Ватанамро азиз медорам!» хонандаи синфи 11-и МТМУ №19  Ғафурова Лайло ва дар мавзӯи “Меҳри модар”хонандаи синфи 10-и МТМУ №7 Раҳматова Рамзия  ғолибият ба даст оварданд.

Дар озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Наврӯз ҷаҳонӣ шуд” 93 нафар ширкат варзида, аз миёни онҳо Азизова Гулҷон аз МТМУ №19 ва Бобоева Шаҳмира аз МТМУ №27 ғолиб дониста шуданд.

Рузҳои 7 — 8 апрел дар МТМУ №1 аз рӯи фанҳои математика ва физика бахшида ба 20- солаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040 байни хонандагони синфҳои 11олимпиада гузаронида шуд, ки 143 нафар хонандагон ширкат варзида, 6 нафар — Маҷидова Ситора аз МТМУ №2.  Амонуллоева Таманно аз МТМУ № 8, Аҳадзода Теҳроншоҳ аз МТМУ № 2, Ботуров Наҷибулло аз МТМУ № 24, Шоев Қобил аз МТМУ№ 21 ва Ҷумъаев Беҳзод аз МТМУ № 13 бо гирифтани ҷойҳои 1, 2 ва 3 ғолиб ва бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Рӯзи 18 апрел дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагони синфҳои 11 аз рӯи 11 фанни таълимӣ, ки дар Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон баргузор шуд, Ҷобирзода Табрезшоҳ (МТМУ №53, д. Пете) аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷойи 2- юм ва Ҳомидова Муқаддам (МТМУ №19, д. Сангистон) аз фанни ҳуқуқи инсон ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ҳамаи ғолибони олипиадаҳо ва хонандагони боистеъдоду фаъол аз ҷониби Ҳукумати ноҳия ва Шуъбаи маориф қадрдонӣ гардиданд.

Маркази таҳсилоти иловагӣ

Дар давоми соли гузашта Маркази таҳсилоти иловагӣ 30 маҳфил ташкил намудааст. Шумораи аъзои маҳфил 890 нафар буда, 628 нафарашон духтарон мебошанд. Маҳфилҳои Марказ бо тавсияи шуъбаи маориф дар базаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ҷой гирифтааст. Роҳбарони маҳфил вобаста ба базаи моддӣ-техникии муассисаҳо дар ҳар маҳфил аз 24 то 48 нафар хонандагонро ҷалб намуда, аз рӯи шавқу завқ касб меомӯзанд.

Маҳфилҳо бо мизу курсӣ ва қисман бо мошинаҳои дӯзандагӣ ва дастгоҳи хурди қолинбофӣ таъмин мебошанд. Барои гузаронидани машғулиятҳо ба маҳфилҳо синфхонаҳои алоҳида ҷудо карда шудааст.

Маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагӣ аз рӯи самтҳои илмию техникӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, таҷрибавию амалӣ (ихтироъкорӣ), ҷамъиятию гуманитарӣ, китобдорию китобшиносӣ, экологию табиатшиносӣ (гулпарварӣ, боғдорӣ, ҷангалпарварӣ, замбӯри асалпарварӣ), сайёҳию кишваршиносӣ, бадеию эстетикӣ, тарбияи ҷисмонию варзишӣ, ҳарбию ватандӯстӣ, солимгардонию гигиенӣ (тарзи ҳаёти солим) гузаронда мешаванд.

Бо вуҷуди ин, ҳолати моддӣ-техникии Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия барои дар Марказ ташкил намудани маҳфилҳо имконият намедиҳад. Бо ба ҳисоб гирифтани шароити техникии муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони соҳибихтисос маҳфилҳо дар базаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил шудаанд.

Сатҳу сифати забономӯзӣ

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 03-07-2014 таҳти № 427 «Дар бораи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» нақшаи чорабинии Шуъбаи маориф  аз 14 банд дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати маорифи вилоят таҳия гардидааст.

Дар соли хониши 2019-2020 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» аз тамоми имкониятҳои мусоид самаранок истифода бурда, баҳри беҳтар намудани таълими забони русӣ ва англисӣ чорабиниҳои таълими ва тарбиявӣ гузаронида шуд. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия 139 нафар омӯзгори забони русӣ ва 113 нафар омӯзгори забони англисӣ фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар синфҳое, ки шумораи хонандагон аз 20 нафар зиёданд, таълими фанҳои русӣ ва англисӣ бо ташкили зергуруҳҳо амалӣ мегарданд.

Фурӯғи субҳи доноӣ…

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки 7- 8 декабри соли 2020 баргузор гардид, 3 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия — Афзалзода Рухшона аз МТМУ №16, Шералиева Гулзода аз МТМУ №37, Ҳусейнова Нушина аз МТМУ №24 ва 1 нафар омӯзгор Шафиев Саидшоҳ аз МТМУ №7 роҳ ёфтанд, ки аз миёни эшон Афзалзода Рухшона ва Шералиева Гулзода сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо мукофотҳои моддӣ ва молиявӣ қадрдонӣ гардиданд. Иштирокчиёни даври ҷумҳуриявӣ, инчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мукофотҳои хотиравӣ ва молиявӣ сарафроз гардонида шуданд. Шуъбаи маориф муваззаф гардидааст, ки соли хониши 2021 дар ин самт корбариро пурзӯр намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани даврҳои якум ва дуюми озмун аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода бубарад.

Кор бо кӯдакони имконияташон маҳдуд

Дар ҳудуди муассисаҳои таълимии ноҳия 186 нафар кӯдакони маъюб, ки ба касалиҳои нуқсондор гирифтор ҳастанд, ба рӯйхат гирифта шудаанд, ки 0,9 %-ро ташкил медиҳанд ва ҳамроҳи ҳамсолонашон таҳсил менамоянд. Дар шароити муассисаҳои таълимии ноҳияи Айнӣ барои ба таълим фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд (инклюзивӣ) шароит мусоид нест. Инчунин, мутахассисони соҳавӣ: логопедҳо, равоншиносон, сурдопедагогҳо ва ҳамшираҳои тиббӣ намерасанд. Хушбахтона, дар чор кӯдакистони ҳудуди ноҳия аз ҳисоби тарбиятгирандагон шахсони дорои имконияти маҳдуд буда нестанд.

Бояд зикр намуд, ки дар арафаи ҷашну маросимҳо ба кӯдакони дорои имконияти махдуд ва ятимон аз тарафи сарпарастон ва кумитаҳои маҳалли зисти кӯдак ёрии моддӣ расонида мешавад. Шуъбаи маориф тасмим гирифтааст, ки дар соли 2022 баъзе мушкилотҳои вобаста ба кӯдакони имконияташон маҳдуд мавҷудбударо ба воситаи роҳбарони идораҳои маъмурии ҳудуди ноҳия ҳал намояд. Ҳамчунин, мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ дар соли хониши 2020-2021 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 727 (344 духтар) нафар ятимон таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 18 (12 духтар) нафар ятими кулл, 710 (332 духтар) нафар нимятим мебошанд, ки 167 нафарашон бемодар (84 духтар)  ва 543 нафарашон бепадар (249 духтар) мебошанд.

Истиқбол аз истиқлол

Дар фароварди суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ Абдушукур Хокирозода бо ризоиятмандӣ аз самтҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва бо қаноатмандӣ аз иҷроиши марҳила ба марҳилаи дастуру супоришҳо ва ҳидояту паёмҳои раҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки “дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Паёми ба тозагӣ ироанамудаи Президенти мамлакат мо — кормандони соҳаи маорифро вазифадор кард, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта, ба тарбияи насли наврас диққати бештар диҳем. Дар баробари ин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро вусъат бахшида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намуда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Дар ин раванд мо маҳз роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Раиси ноҳияи Айниро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунем ва фаъолиятамонро идома дода, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем”.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here