Дар вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 1 ҳазору 230 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113 ҳолат кам аст.

Оилаҳо бештар бо ҳалномаи суд ҷудо мешаванд

Сармутахассиси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳуронбӣ Мирсайидзода дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки омили асосии кам шудани ҷудошавии оилаҳо дар вилоят — ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон мебошад.

Тавре манбаъ гуфт, дар шаш моҳи соли 2020 дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1 ҳазору 230 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки аз ин шумора 975 ҳолаташ бо ҳалномаи суд, 262 ҳолат бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди ноболиғ надоранд ва се ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор карда шудааст.

Ҳамсуҳбати мо изҳори хушнудӣ аз он кард, ки ҷудошавии оилаҳо дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113 ҳолат кам ба қайд гирифта шудааст.

Дар се шаҳру чор ноҳия ҷудошавии оилаҳо зиёд аст

Агар дар чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷудошавии оилаҳо зиёд шуда бошад, мутаассифона, дар ин шаҳру ноҳияҳо пошхӯрии оилаҳо афзоиш ёфтааст.

Дар Бохтар 23 ҳолат зиёд, Ҷайҳун — 11 ҳолат, Ҳамадонӣ — 7, Норак — 5 ва дар Қубодиён, Леваканд, Хуросону Фархор дуҳолатии ҷудошавии оилаҳо зиёд ба қайд гирифта шудааст.

1180 кӯдак аз тарбияи падар маҳрум мондаанд

Баъди аз ҳам ҷудо шудани 1 ҳазору 230 оила дар Хатлон 1 ҳазору 187 нафар кӯдакони ноболиғ аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гаштаанд, ки аз ин шумора 7 нафараш дар тарбияи падар ва боқӣ зери парастории модарони худ боқӣ мондаанд.

Яъне тақдири тифлоне, ки имрӯз бо кӯчактарин айбу иллат аз падар ё модар бо бекор кардани ақди никоҳи волидонашон зиндаятим мемонанд ва дар шебу фарози зиндагӣ сарсону саргардон, чӣ мешуда бошад? Моро зарур аст нисабти ин паҳлуи ҳаётан муҳим амиқтар андеша намоем. Фаромӯш набояд кард, ки вайроншавии як оила пайомади ногуворе барои тамоми ҷомеа метавонад дошта бошад. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеаро мебояд, ки худро канор нагирифта, барои мустаҳкамию пойдории оилаҳо саҳмгузор бошад.

Коршиносони маҳаллӣ бар ин фикранд, ки дар ҷудошавии оилаҳои ҷавон бештар падару модар ва хусуру хушдоман гунаҳгоранд. Хушдоманҳое, ки барои баъзе корҳо келинҳоро таъна мекунанд, дар бисёр ҳолат ноҳақанд. Онҳо бояд донанд, ки ҳеҷ инсон дар зиндагӣ бехато буда наметавонад. Ҳама одам камбудӣ дорад, келин ҳам фарзанди одам аст, кори ӯ низ бенуқс нест. Вале келини ҷавонро, ки ҳоло роҳу равиши зиндагии оилавиро намедонад, набояд таънаю маломат зад, балки ба ӯ нозукиҳои зиндагиро бояд омӯзонд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

“ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here