Дар вилояти Хатлон фаъолияти 57 адад корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва 140 иншооти хусусиро, ки ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набуданд, то бартараф кардани камбудиҳояшон баста шуданд
Шодӣ Шоимардонов, корманди Маркази назорати давлатии санитариву эпидимиологии вилояти Хатлон зимни суҳбат иброз дошт, ки аз ҷониби мутахассисони марказҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар се моҳи аввали соли равон 2695 санҷиш дар иншоотҳои коммуналӣ, хӯрока, саноат ва мактабию томактабӣ гузаронида шуд.
«Бинобар сабаби риоя накардан ба қоида ва меъёрҳои санитарӣ ва сари вақт ислоҳ накардани камбудиҳои ошкоргардида 277 нафар кормандони корхонаю муассисаҳои давлатӣ ба маблағи 24 ҳазору 655 сомонӣ ва 619 нафар соҳибкорон ва кормандони корхонаҳои хусусӣ ба маблағи 69 ҳазору 550 сомонӣ, дар маҷмуъ нисбати 896 нафар ба маблағи 108 ҳазору 210 сомонӣ ҷарима баста шуд», — илова кард ҳамсуҳбати мо.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳангоми гузаронидани санҷишҳо аз ҷониби мутахассисони марказҳои назорати давлатии санитариву эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз дӯкону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳои вилоят 6173, 3 кг маҳсулоти ғизоии бесифату муҳлати истифодабариашон гузашта, ки маблағи онҳо беш аз 48 ҳазору 480 сомониро ташкил медиҳад, аз муомилот гирифта шуданд.
— Ҳамчунин 946 адад бозичаҳои пастсифат, ки ба саломатии кӯдакон зараровар буданд, мусодира гардиданд, ки маблағи онҳо 3818 сомониро ташкил медиҳад, — қайд намуд Шодӣ Шоимардонов.
Леваканд: Ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳимоя мекунем
Дар ҳамин ҳол, Зуҳро Ибрагимова, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Леваканд афзуд, ки дар се моҳи соли равон аз тарафи мутахассисони марказ 115 санҷиш гузаронида шуда, 16 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки маблағи он беш аз 1500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки аз тарафи мутахассисони марказ дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи шаҳр дар мағозаҳои дохили бозори марказии ҶДММ “Муҳаббати Беғам” санҷиши санитарию гигиенӣ гузаронида шуда, як қатор камбудиҳо ошкор гардиданд. Бо сабаби ба қоидаю меъёрҳои санитарӣ ҷавобгӯ набудан масъулони 16 иншоот ба маблағи 1520 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Зуҳро Ибрагимова қайд намуд, ки дар ин давра дари 3 шуъбаи беморхонаи марказии ноҳия, шуъбаи занона, таҳлилгоҳ ва як шуъбаи дигар, ки ба талаботҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгу набуданд, то ислоҳи камбудиҳояшон баста шуданд. Дар ин баробар фаъолияти чор сартарошхона ва як ҳуҷраи стоматологӣ низ муваққатан қатъ гардид.
Директори маркази мазкур гуфт, ки “Аз тарафи мутахассисони марказ давоми соли 2018 дар бозору мағозаҳо ва дигар нуқтаҳои фурӯш 561 санҷиш гузаронида шуда буд, ки дар натиҷа, нисбати 52 фурӯшанда мавод омода карда шуда, 9 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд”.
Зимни гузаронидани ин санҷишҳо наздики 400 килограмм маҳсулоти қаннодии пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шуд, ки маблағи беш аз 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зуҳро Ибрагимова хабар дод, ки дар ин муддат 450 бозичаи кӯдаконаи бе сертификати мутобиқат ва бе навиштаҷоти забони тоҷикӣ аз фурӯшгоҳои шаҳр мусодира гардид, ки маблағи 1500 сомониро ташкил медиҳад.
10 иншооти дигар соли гузашта барои ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудан фаъолияташон то бартараф кардани камбудиҳояшон манъ карда шуда буданд. Дар ин баробар 15 маводи дигар барои чораҷӯӣ ба мақомоти қудратӣ пешниҳод гардидааст, илова кард директори марказ.
Масъулини Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии шаҳри Левакандро сиҳатии сокинон ва пешгирӣ аз гирифтор шудан ба ҳар гуна бемориҳо водор кардааст, то корро дар ин самт боз ҳам пурзӯр карда, дар ин баробар ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳимоя намоянд.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, “Фараж”