Ё бунёди 7,6 ҳазор бинову иншоот то ҷашни 30-солагии Истиқлолият

 Дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар бунёду навсозии 7 ҳазору 654 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз он то якуми июли соли 2020-ум 4 ҳазору 378 ададаш сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.

 Бунёди 112 корхона

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода гуфт, ки бо мақсади таҷлили бошукуҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамин замина муҳайё кардани шароити нисбатан беҳтар барои кору зиндагии шаҳрвандон бунёди 112 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шудааст, ки аз он то инҷониб 46 корхонаю коргоҳи дорои беш аз 800 ҷойи кори нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Раиси вилоят ҳамчунин қайд кард, ки “ҳамаи талошҳои МИҲД-и вилояти Хатлон баҳри таъмини зиндагии шоистаи аҳолии вилоят равона карда шуда, умед дорем то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар кулли мушкилиҳое, ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳо ҷой доранд, бартарф гардида, зиндагии мардум беҳтар хоҳад шуд”.

Саломзода: мушкилиҳоро бартараф мекунем

— Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар дар доираи омодагиҳо ба таҷлили шоистаи 30-юмин солҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 307 адад бинову иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то шашмоҳаи соли ҷорӣ 96 адади он сохта ба истифода дода шудааст,- гуфт Саломзода Сиҷовудин — раиси шаҳри Бохтар.

Ба иттилои раис, то ин санаи фархунда дар шаҳр бунёди 18 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз панҷ корхонааш сохта мавриди истифода қарор дода шуда, аз ин ҳисоб садҳо нафар сокинон бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар Левакант то соли 2021 чӣ бунёд мешавад?

— Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар якҷогӣ бо соҳибкорону шахсони саховатманди шаҳр ният дорад то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар 98 иншооти таъиноташ гуногунро сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад,- гуфт Зарина Давалтзода — раиси шаҳр.

— Тибқи ҳисоботҳои пешакӣ, харҷи умумии иншоотҳ мазкур 61,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз онҳо дар соли 2018 ҳашт адад сохта шуда, соли 2019-ум 19 адад бунёд гардида, соли 2020-ум 43 иншоот бояд бунёд шавад, ки то имрӯз қисми зиёдаш сохта шудааст. Дар соли 2021 бошад, иншооти бунёдшаванда 25 ададро ташкил медиҳанд, ки аз иншооти мазкур 9 адад вобаста ба соҳаи маориф, 8 адад марбут ба соҳаи тандурустӣ, 54 иншоот вобаста ба соҳаи иҷтимоӣ, 6 адад истеҳсолӣ ва 18 иншооти дигар мебошад,- гуфт раиси шаҳр.

Вализода: ҳадафи мо зиндагии шоистаи мардум аст

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ба тадбирҳои ободонию тозагии маҳали зист, кӯчаву роҳҳо, хонаҳои истиқоматӣ, корхонаю ташкилотҳо, таъмиру рангубори истгоҳҳо ва насб кардани шиору навиштаҷоти мухталиф ва ҷалби шаҳрвандон ба корҳои созандагӣ дар ҳама ҷамоатҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.

Раиси ноҳияи мазкур Вализода Икромиддин иттилоъ дод, ки “бахшида ба ин санаи таърихӣ мо дар якҷоягӣ бо соҳибкорону шахсони саховатманди ноҳия ният дорем 337 адад бинову иншоти таъиноташон гуногунро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бунёд кунем, ки аз ин теъдод 196 адади онҳо бо ташкили садҳо ҷойи нави корӣ бунёд карда шудаасту дар дигар иншооти ҷашнӣ корҳо бомаром идома доранд”.

Юсупов симои Вахшро дигар кард

Ноҳияи Вахш дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар натиҷаи заҳматҳои мақомоти маҳаллӣ ва сокинони ноҳия аз марказ то дурдасттарин деҳот симои худро дигар карда, ба яке аз ноҳияҳои пешрафтаи кишвар табдил ёфтааст.

Бино ба иттилои раиси ноҳия Қурбон Юсупов, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқолояти давалтии кишвар бунёди 342 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз онҳо дар солҳои 2018 то инҷониб беш аз 130 ададаш сохта шуда, дар назар аст, ки то соли 2021-ум 209 иншооти дигар бунёд хоҳад гардид.

— Дар ноҳия маҷмааи Парчам ва Нишони давлатӣ, корхонаҳои хурду бузарги саноатӣ, бунёди дарвозаи зебо дар марзи ноҳияи Кӯшониён ва Вахш, бинои истиқоматии баландошёна, муассисаҳои таълимию томактабӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, таъмири роҳҳои мошингард, навсозии боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, марказҳои замонавии хидматрасонӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн бунёд шуда истодааст,- илова кард раис.

Убайдуллои Файзулло: бунёди иншооти ҷашнӣ дар авҷ аст

Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло зикр кард, ки дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар ноҳия бунёду навсозии 275 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 118 адади он сохта шуда, дар 21 иншооти дигар корҳо ба охир расида, рӯзҳои наздик онҳо низ ба истифода дода мешаванд.

— Айни замон дар 76 иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома дорад,- гуфт раиси ноҳия.

Бунёди 191 иншоот то соли 2021 дар Дӯстӣ

— Бунёди корхона, варзишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ дар ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар рафта истодааст. То ин ҷашн дар ноҳия 191 адад иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз он то имрӯз 80 ададаш бо харҷи 15 миллиону 664 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар дигар иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад,- қайд кард Саидзода Нурмуҳаммад.

Дар Панҷ корҳо панҷ аст

Бо мақсади омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва Нақша-чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Тибқи Нақша-чорабиниҳо дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 110  иншоот ба маблағи зиёда аз 96,4 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, аз он то имрӯз 125 иншоот ё 59,5 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шудаанд ва дар ин самт корҳо идома дорад. Дар ин бора раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхуҷа иттилоъ дод.

Садриддинзода: Таъмини зиндагии шоистаи сокинон вазифаи мост

Садриддинзода Бадриддин — раиси ноҳия Қубодиён гуфт, ки “мо вазифадорем боз ҳам бештар заҳмат кашида, ноҳияро боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯз дида бештар баланд бардорем”.

— Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар доираи омодагӣ ба ҷашни фархудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳия бунёду навсозии 163 адад бинову иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шудааст, ки аз он то ба имрӯз 96 ададаш сохта шуда, дар 30 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд,- зикр кард раис.

Ҷаббори Ғаффор: ҷашни 30-солагии Истиқлолиятро бо дастоварди назаррас пешвоз мегирем

— Дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон бунёди корхонаҳои саноатӣ, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, таъмири роҳ, майдончаҳои варзишӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим, ки дар боло бурдани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунанд, идома дорад,- гуфт Ҷаббори Ғаффор — раиси ноҳия.

— Ба хотири истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар ноҳия сохтмони 365 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 260 адад иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуда, аз ин ҳисоб садҳо нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин гардидаанд,-қайд кард ӯ.

Сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хуросон, Ҷомӣ ва Ёвон

Дар ноҳияи Хуросон аз 189 иншооте, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба нақша гирифа шудааст, 130 ададаш сохта ба истифода дода шудааст.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ бунёди иншооти ҷашнӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дошта, бояд то соли 2021-ум 195 иншооти таъиноташон гуногун сохта шавад, ки аз он то шашмоҳаи соли ҷорӣ 136 адад бунёд шудаанд.

Ҳамзамон, дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шуда, то ин ҷашн аз ҳисоби ҳама сарчамшмаҳои даромад 341 иншооти гуногун сохта мешавад, ки аз ин теъдод то ба имрӯз 230 ададаш сохта шуда, аз ин ҳисоб 924 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.

Мушкилии сокинон бартараф мешавад

Бо бунёди бинову иншооти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шумораи бекорӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, сатҳи зиндагии мардум дар шаҳру ноҳияҳои вилоят боло хоҳад рафт. Ва ҳама он дастуру супоришҳоеро, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода мешаванд, МИҲД-и вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо сари вақт иҷро намуда, вилояти Хатлонро ба яке аз вилоятҳои зебои кишвар табдил медиҳанд. Бовар ҳаст, ки дар фазои сулҳу субот дар ҳошияи ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат мардуми вилояти Хатлон ба музаффариятҳои меҳнатии боз ҳам зиёд комёб шуда, саҳми назарраси худро дар ҷодаи татбиқи кулли аҳдофи стратегии миллӣ ба таври беҳтар мегузоранд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

“ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here