Аз 1-уми феврали  соли ҷорӣ дар ташкилоту идораҳои вилояти  Хатлон ва мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо нишастҳои матбуотӣ оғоз гардид, ки чанд хабари ҷолиб, аз ҷумла изофанависӣ дар кишти картошка, тӯл кашидани сохтмони 28 иншоот, афзоиши худкушии хонандагон, порагии пизишкҳо, таҳдиди офатҳои табиӣ ба 119 мактаб,  ҷарима шудани 14 соҳибкор, дақиқсанҷ будани суръатсанҷҳои БДА-и Хатлон, бесоҳибии 3 ҳазор километр роҳҳо, иҷро​ нашудани андоз дар ду шаҳру се ноҳия​, фаъолияти чор мардикорбозор дар Хатлон, 10 миллион сомонӣ қарзи маош дар корхонаҳои саноатӣ, бастани ақди никоҳ бо хириҷиҳо, ташкил шудани паҷн ихтисоси нав дар донишгоҳи Бохтар, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ  кашидани 112 мансабдор, набудани осорхона дар 9 ноҳия ва дигар мавзуъҳои ҷолиб матраҳ гардиданд.

Раиси вилоят гуфт, изофанависӣ дар кишти картошка аз 187 га низ зиёд аст

Дар вилояти Хатлон аз ҷониби масъулони шаҳру ноҳияҳо  дар кишти картошка изофанависӣ  шудаст, ки онро  кормандони Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон зимини гузаронидани ченаки замин ошкор  кардаанд.

Сармутахассиси Кумитаи идораи замини вилоят Мирзо Менглиқулов дар нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод, ки тибқи маълумоти оморӣ то якуми январи соли ҷорӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят 1 ҳазору 370 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, аммо, мутаассифона, ҳангоми санҷише, ки аз ҷониби ин ниҳод гузаронида шуд, ошкор гардид, ки кишти картошка дар  1 ҳазору 183 гектар замин гузаронида шудаасту халос.

— Мутаассифона, масъулони шаҳру ноҳияҳо дар кишти картошка изофанависӣ карда, 187 гектар замине, ки кишт нашудаст, киштшуда нишон додаанд. Изованависӣ дар кишти картошка дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷой дорад, ки мо онҳоро ошкор кардем, — илова кард ин шахси масъул.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар нишасти матбуотии хеш, ки 10-феврали соли равон баргузор гардид, гуфт, изофанависӣ на дар 187 гектар, балки аз ин ҳам зиёд аст. Ӯ афзуд,  чунин ҳолатҳо ҳаст, ки дар як ноҳияи Муъминобод наздики 900 гектар дар кишти картошка изофанависӣ шуда буд. Соли гузашта нафароне, ки ба ҳамин кор роҳ доданд, нисбаташон чораҳои қатъӣ андешида шуд.

Раиси вилоят илова кард, ки бо изофанависӣ шиками мардумро сер кардан намешавад.

— Имрӯз картошка нони дуюм шудааст. Ба масъулин гуфтам, кишти картошка ин мусобиқа нест. Чизе, ки ҳаст ҳамонро бояд нишон диҳанд, на изофанависӣ кунанд, — гуфт раиси вилоят.

Худкушии 33 хонандаи мактаб дар як сол

Дар вилояти Хатлон дар соли хониши 2020-ум 33 хонандаи мактаб даст ба худкушӣ задаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2019-ум 9 ҳолат зиёд аст, гуфт Малика Шукурзода, як масъули Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар нишасти хабарии ин ниҳод.

— Аз шумораи худкушии хонандагон 18 нафарашонро писарон ва 15 нафари дигарашонро духтарон  ташкил медиҳанд. Худкушӣ бештар  дар ноҳияҳои Вахш, Левакант, Хуросон, Қубодиён ва  Шаҳритус ба қайд гирифта шудааст, — илова кард ӯ.

 Даст ба амалҳои  коррупсионӣ задани 41 кормандони тиб

— Соли 2020-ум 41 нафар корманди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон даст ба амалҳои коррупсионӣ задаанд, — зикр кард сардори Раёсати тандурусти вилояти Хатлон Раҷабзода Мирзоалӣ дар нишасти хабарӣ.

Ӯ гуфт,  шояд ин шумора зиёд бошад, аммо ҳамин қадар маълумот дастрас аст. Аз ин кормандоне, ки даст ба амали ғайриқонунӣ задаанд, қисме аз кор ронда шудаанду қисми дигар духтуроне буданд, ки бо далели нарасидани кормандони  табиб ҷарима ва муҷозот шудаву дубора ба корашон баргаштанд.

Ҳамчунин, ин шахси масъул афзуд, ки соли гузашта дар вилояти Хатлон 18 нафар зан ҳангоми таваллуди фарзанд фавтиданд, ки ин шумора нисбат ба соли пешин 3 ҳолат кам аст. Фавти модарон бештар дар шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Данғара,   Кӯлоб, Ҷалолиддини Балхӣ ба қайд гирифта шудааст.

Сардори Раёсат илова кард, ки дар вилояти Хатлон айни замон 41 муассисаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ дар  хонаҳои шахсӣ, вагон, мактаб, бошишгоҳҳои саҳроӣ, хирманҷой, масҷидҳо ҷойгир мебошанд.

— Чунин муассисаҳо  дар шаҳру ноҳияҳои  Мӯъминобод 2 адад, Кӯшониён, Балҷувон, Ховалинг, Дустӣ, Восеъ  3-ададӣ, Қубодиён, Панҷ, Ҳамадонӣ 5-ададӣ, Кӯлоб, Балхӣ 4-ададӣ ва Шамсиддин Шоҳин 1 адад мебошанд, ки онҳо ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббю санитарӣ ба аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд, — қайд кард Раҷабзода Мирзоалӣ ва гуфт, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон бунёди 566 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуданд, ки то охири соли 2020-ум 481 адади он сохта ба истифода дода шудааст.

Қисми даромади буҷет беш аз 100 дарсад иҷро шуд

— Соли 2020-ум қисми даромади буҷети вилояти Хатлон 103 дарсад таъмин гардида, ба буҷети вилоят 1256,2 миллион сомонӣ ворид карда шудаст, ки нисбат ба нақша 37,7 миллион сомонӣ зиёд аст, — гуфт сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода.

— Дар баробари ин нишондиҳанда, соли гузашта даромадҳои худии буҷети маҳалро панҷ шаҳру ноҳия, аз ҷумла Панҷ 3,9 млн., Вахш 1,8 млн., Ҷомӣ 3,3 млн., Кӯшониён 1,5 млн., Хуросон 1,5 млн. сомонӣ иҷро накарданд. Шаҳрҳои  Бохтар, Левакант, Норак ва ноҳияи Ёвон маблағҳои ҳисаҷудокуниро ба буҷети вилоят  беш аз 20 миллион сомонӣ пардохт накарданд. Дар умум, аз ҳисоби иҷро нашудани кисми даромади буҷети панҷ шаҳру ноҳия ва маблағҳои ҳисаҷудокунӣ ба буҷети вилоят 32,6 миллион сомонӣ ворид нагардидааст, — гуфт сардори сарраёсат дар нишасти хабарӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки барои пешгирии бемории коронавирус ва дастгирии оилаҳои ниёзманд 14,1 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 7,7 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

112 мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд

Соли 2020-ум дар вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилоят 272 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда шудааст, ки бештараш ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Кӯлоб рост меояд. Инчунин, нисбати 112 мансабдор ва хизматчии давлатӣ барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаст. Дар ин бора зимни нишасти хабарии Прокуратураи вилояти Хатлон итилоъ дода шуд.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки соли гузашта дар самти назорати замин дар бораи бартарафсозии қонунвайронкуниҳо 116 санҷиш гузаронидаву 3 ҳазору 711 санади прокурорӣ бароварда шуддаст. Бо баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ  2 ҳазору 92 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ, ва маъмурӣ кашида шуда, ба 445 санади ғайриқонунии шахсони мансабдор эътироз оварда шуда, онҳо қонеъ карда шуданд.

Дар нишаст зикр шуд, ки барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол кардани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо 391 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нисбати 112 мансабдор ва хизматчии давлатӣ оғоз карда шудаст. Дар давраи ҷамъбастӣ шумораи умумии санадҳои эътиноӣ нисбати соли 2019-ум 1 ҳазору 155 адад, парвандаҳои ҷиноятӣ 81 адад зиёд гардидаст.

— Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ масоҳати 4120 га қитъаи замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ тақсимгашта ба ҳолати аввала баргардонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 925 га зиёдаст, — қайд шуд дар нишаст.

Итилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи як санҷиши гуруҳи кории Прокуратураи вилоят дар ноҳияи Ёвон зиёда аз 300 лаҳзаи ғайриқонунӣ ҷудо кардани замин, сохтакории хизматӣ, аз як гуруҳ ба гуруҳи  дигар гузаронидани заминҳо ва суистифода  аз ваколатҳои мансабӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатӣ ва Кумитаи замин ошкор карда шуда, нисбати 12 мансабдор парвандаҳои ҷиноятӣ  ба суд ирсол карда шуда, боқимонда парвандаҳои ҷиноятӣ дар арафаи анҷомёбии тафтиши пешакӣ қарор доранд. Дар нишасти хабари қайд гардид, ки дар ноҳияи Ёвон аз як замини мактаб ғайриқонунӣ ба 40 нафар қитъаи замин дода шудаст.

 Даҳ сокини Хатлон бо хориҷиҳо ақди никоҳ бастаанд

Дар вилояти Хатлон соли 2020-ум 446 кӯдак аз ҷониби дигар оилаҳо ба фарзандхонӣ гирифта шуданд, ки ин рақам нисбат ба соли 2019-ум 69 ҳолат кам аст. Дар ин бора аз Шуъбаи раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Масъулони ниҳоди мазкур гуфтанд, дар ин сол 2 ҳазору 414 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудаст, ки ин рақам нисбат ба соли 2019-ум 226 ҳолат кам аст. Дар вилоят дар соли 2020-ум 10 ҳолати бастани ақди никоҳи сокинони  вилоят бо хориҷиҳо сабт гардидаст.

Бастани ақди никоҳ дар умум 24 ҳазору 782 ҳолатро ташкил медиҳад ва ин шумора низ нисбати соли гузашта наздики 5 ҳазор кам аст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари кам шудани дигар сабтҳо, мутассифона, сабти вафот дар вилоят зиёд шудаст. Дар соли 2020 дар сатҳи вилоят 14 ҳазору 244 сабти вафот ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 2 ҳазору 827 ҳолат зиёд аст.

10 миллион сомонӣ қарзи маош дар корхонаҳои саноатӣ

Дар вилояти Хатлон қарзи маош дар соҳаи саноат ба 10 миллиону 309 ҳазор сомонӣ баробар шудааст. Дар ин бора роҳбари Шурои итифоқи касабаи вилояти Хатлон Ризозода Абдурозиқ дар нишасти хабарии ниҳодаш итттилоъ дод. Ба гуфти ин шахси масъул,  бештари қарзҳо дар корхонаи «Нуриҳи осиёӣ»-и шаҳри Левакант, заводи кимиёвии Ёвон «Тоҷиккемекал»,  Тоҷиктелеком ва дар бахши хизмати коммуналиву Идораи беҳдошти замин ва обёрии вилоят мебошанд. Зикр шуд, ки қарздорӣ дар соҳаи коммуналии ноҳияҳои Панҷ, Кӯшониён, Хуросон, Ховалинг, Балхӣ ва Ҷайҳун бештар мебошад.

Гуфта шуд, ки тибқи моддаи 158 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама ташкилоту идора, корхона ва дигар корфармоҳо,  навобаста аз шакли моликияташо,н бояд дар як моҳ як ё ду маротиба музди меҳнати кормандонро диҳанд, вале агар маош то панҷуми моҳ пардохт карда нашвад, он қарздорӣ ҳисобида мешавад.

— Аммо масъулони ташкилоту идораҳо, ки ба пардохти музди меҳнат вобаста шудаанд, онро на қарздорӣ, балки таъхир мегӯянд, ки ин дуруст нест, — афзуд номбурда.

Пули обро диҳанд, то қарзи барқу андоз пардохт шавад

Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон аз андоз 19 миллиону 365 ҳазор сомонӣ ва аз барқ 59 миллиону 849 ҳазор сомонӣ  қарздор мебошад. Дар ин бора сардори Раёсати мазкур Собирозода Мирзоалӣ иттилоъ дод.

Ӯ афзуд, ки Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо, ассотсиатсияҳо дар назди ин Раёсат 79 миллиону 868 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.

— Агар ин қарзҳо саривақт пардохт шаванд, мо низ имкон супоридани маблағи андозу барқро пайдо хоҳем кард, — илова кард ӯ. — Дар ин росто, бақияи қарзи музди меҳнат дар идораҳои зертоби мо дар соли 2020-ум 672 ҳазорро ташкил медод.

Иттилоъ дода шуд, ки барои маҷбуран баргардонидани қарзҳои об 39 адад ҳалномаи судӣ ба маблағи 4 миллиону 720 ҳазор сомонӣ пешниҳод карда шудаанд, ки аз он 1 миллиону 865 ҳазораш пардохт карда шуда, боқимонда дар истеҳсолоти иҷро қарор доранд.

 28,2 млн доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид шудаст

— Соли 2020-ум ба вилояти Хатлон 28,2 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ  ворид гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2019-ум 6,9 миллион доллар зиёд аст, — гуфт роҳбари Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбоналӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ин маблағҳо 14,7 миллион долларашро сармояҳои мустақим ва 13,5 млн долари дигарашро дигар сармояҳо ташкил медиҳанд.

— Ба вилояти Хатлон аз 31 кишвари хориҷӣ сармоя ворид гардидааст, ки бештари маблағҳо ба Русия (37,8 дарсад), Чин (30,7 дарсад), Эрон (16,9 дарсад) ва  Аморати Муттаҳидаи Араб (5 дарсад) рост меоянд, — афзуд номбурда.

Хатлон чор мардикорбозор дорад

Дар ҳудуди вилояти Хатлон чор бозори ғайрирасмии мардикорон амал мекунад. Ин бозорҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Панҷу Фархоранд. Дар ин бора  сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон Қобилҷон Файзализода иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, барои таъмини корталабҳо бо ҷойи кори доимӣ ҳама тадбирҳо андешида шуда, то имрӯз аз бозори мардикорзанони шаҳри Бохтар беш аз 20 нафар зану марди корҷӯ ба касбомузӣ фаро гирифта шуданд.

Ин шахси масъул гуфт, барои таъмини занону мардони корҷӯ дар ин бозорҳо ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод мегузаронанд, аммо корҷӯён намехоҳанд ба касбомузӣ ҷалб шаванд, ё бо 400-800 сомонӣ маош кор кунанд.

— Мақсади ягонаи корҷуён ҳар рӯз ба даст овардани маблағ аст, — илова кард Ф. Қобилҷон.

Фавти 6 нафаро дар ҳодисаҳои нохуши истеҳсолот

Соли 2020-ум дар ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон 14 ҳодисаи нохуши истеҳсолот ба қайд гирифта шуда, аз ин 8 ҳолат ҷароҳатбардорӣ ва 6 ҳолати фавт мебошад. Дар ин бора роҳбари Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Бобозода Ҳамза хабар дод.

Иттилоъ дода шуд, ки маблағи умумии кӯмакпулии яквақта таъйин ва пардохт шуда, дар маҷмуъ 294 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.

Дар нишаст гуфта шуд, ки барои ба камбудӣ роҳ додан ва саривақт пардохт накардани музди меҳнати кормандон нисбати масъулони идораҳои  давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои  Хуросон, Кӯшониён ва Фархор, Сарраёсати “Тоҷикобдеҳот” дар вилояти Хатлон ва Маркази алоқаи почтаи ноҳияи Хуросон 5 маводи санҷишӣ ба Прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод карда шуд.

— Барои пайдошавии қарзи музди меҳнат нисбати шаш нафар роҳбари ташкилоту идораҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба ҳар яке ба андозаи 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ҳамагӣ 8120 сомонӣ ҷарима таъйин карда шуд, — гуфта шуд дар нишаст.

Банкоматҳо зиёд, аммо пул надоранд

Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 201 банкомат фаъолият доранд, ки аксар вақт маблағ надоранд. Далели ба ин ҳол омадани банкоматҳоро масъулони Шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар ва “Амонатбонк”-и минтақа,  дар набудани пули нақд, хомӯш шудани барқ, вайроншавии банкоматҳо ва дигар сабабҳо арзёбӣ карданд.

Гуфта шуд, ки соли гузашта бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҳудуди минтақаи Бохтар дар мағозаҳо, тарабхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар субъектҳои фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар маҷмӯъ 195 терминали пардохтӣ ва 267 адад QR-рамз насб карда шудааст.

Дар нишаст аз ҷониби намояндагони ВАО низ бештар дар масъалаи набудани маблағ дар банкоматҳо, набудани маблағ дар баъзе бонкҳо дар арафаи иду ҷашнҳо ва дигар масъалаҳои соҳа суолҳо пешниҳод карда шуд ва масъулони бонк дар посух гуфтанд, вақти он расидааст, ки шаҳрвандон ба амалиётҳои ғайринақдӣ гузаранд ва ин мушкилҳо аз байн хоҳанд рафт.

Донишгоҳи Бохтар соҳиби 5 ихтисоси нав шудаст

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соли таҳсили 2020-2021-ум 5 ихтисоси нав ташкил карда шудаст.

Ректори Донишгоҳи мазкур Давлатзода Сайфиддин иттилоъ дод, ки ихтисосҳои нав дар донишгоҳ дар бахши иқтисодӣ, омузгорӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ, фалсафа ва иқтисодиёти ҷаҳон мебошанд.

Гуфта шуд, ки ҳоло Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо 66 ихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мутахасисонро тайёр мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли хониши гузашта 5 донишҷӯ аз сафи донишҷуёни донишгоҳ хориҷ шуданд, ки сабаби хориҷ шудани се нафар фавт  мебошад.

Мушкилии асосии донишгоҳи мазкур барои донишҷуёнаш ин камбуди хобгоҳ мебошад, ки ректори донишгоҳ гуфт, барои рафъи ин мушкил талош доранд.

 Ду шаҳру се ноҳия​ аз иҷрои​ нақшаи андоз набаромаданд

Соли 2020-ум дар вилояти Хатлон​ ду шаҳру се ноҳия нақшаи қисми даромади буҷетро иҷро карда натавонистанд, ки аз ин ҳисоб ба буҷети вилоят 29,2 миллион сомонӣ ворид карда нашуд. Дар ин бора сардори Раёсати  андози вилояти Хатлон Соҳиб Раҷабов иттилоъ дод. Ӯ гуфт Бохтар , Хуросон,​ Панҷ, Ҷомӣ​ ва Левакант шаҳру ноҳияҳое ҳастанд, ки натавонистанд нақшаи андозро соли гузашта иҷро кунанд. Иттилоъ дода шуд, ки бақияи қарзи андоз дар вилояти Хатлон 189,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.

— Дар соли гузашта бақияи қарзи андоз дар 15 шаҳру ноҳия 6,1 миллион сомонӣ кам карда шудаст, аммо, мутаассифона,​ дар 10 шаҳру ноҳияи дигар бақияи қарз 27,1 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст, — илова кард ӯ.

Минтақаи Бохтар 3 ҳазор километр роҳи бесоҳиб дорад

Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 3 ҳазор километр роҳҳои бесоҳиб мавҷуданд, ки онҳо дар тавозуни ҳеҷ ниҳоде нестанд. Дар ин бора муовини сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар Набиҷон Ёқубов иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки  роҳҳои бесоҳиб аз ҳисоби колхозу совхозҳои собиқ пайдо шудаанд.

— То имрӯз роҳҳои бесоҳибро касе таъмир намекард, ҳоло мо бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ ният дорем чунин роҳҳоро, ки ҳоли хароб доранд, таъмир кунем, — илова кард Ёқубов.

Роҳбари ин идора гуфт, ки дар соли гузашта ду ноҳия — Панҷ ва Вахш барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ҳатто як сомонӣ маблағ ҷудо накарданд, ду ноҳияи дигар — Кӯшониён 3 ҳазор сомонӣ ва Ҷомӣ 7 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ ҷудо кардаанд, ки бо ин маблағ ҳеҷ кори чашмрасе анҷом додан намешавад.

 Суръатсанҷҳои БДА-и Хатлон дақиқсанҷ будаанд

Соли 2020-ум аз ҷониби кормандони Тоҷикстандарти вилояти Хатлон 38 суръатсанҷ (радари)-и кормандони БДА-и вилояти Хатлон аз санҷиши сифат гузаронида шудаанд. Дар ин бора дар нишасти матбуотии ниҳоди мазкур иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки дастгоҳҳои суръатсанҷи кормандони БДА-и вилоят суръати воситаҳои нақлиётро дақиқ муайян мекунанд ва ягон иллат надоштаанд.

Аз ниҳоди мазкур, ҳамчунин, гуфтанд, ки соли 2017-ум 30 суръатсанҷи кормандони БДА-и вилояти Хатлон бо сабаби иллат доштанашан аз муомилот гирифта шуда буданд.

Аммо,  ҳанӯз ҳам,  аксар ронандагони воситаҳои нақлиёти ин вилоят аз дақиқ нишон надодани суръатсанҷи кормандони БДА-и вилояти Хатлон шикоят мекунанд.

28 иншооти нотамом

Айни замон дар вилояти Хатлон 28 иншооте мавҷуданд, ки сохтмонашон солҳои дароз  нотамом боқӣ мондаанд.

Сардори  Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Саъдуллозода Абдулвоҳид иттилоъ дод, ки 28 иншоот асосан дар соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзиш мебошанд, ки сохтмонҳояшон аз солҳои 2007-ум  оғоз шудаву то ҳол ба анҷом нарасидаанд.

— Иншооти мазкур дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Хуросон, Кӯшониён ва ба ин монанд дар дигар шаҳру ноҳияҳо  ҳастанд, — илова кард ӯ.

Зикр шуд, ки омилҳои ба таъхир афтодани иншооти мазкур саривақт маблағгузорӣ нашудан аст.

Ҷаримаи 14 соҳибкоре, ки худсарона нархҳоро боло бурданд

Соли 2020-ум 14 соҳибкори хатлонӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории вилояти Хатлон барои  беасос баланд бардоштани нархи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимои зарурӣ, ки нархоҳяшон  таҳти танзими давлат қарор доранд, парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 25 ҳазору 520 сомонӣ ҷарима шуданд. Дар ин бора роҳбари Раёсати мазкур Фирӯз Юсуфзода иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, чор нафар масъули дорухонаҳо, ки худсарона нархи доруҳоро баланд бардошта буданд,  ҷарима шуданд

Намояндагони ВАО оид ба баланд шудани нархи маҳсулот аз ҷумла орд, равған, шакар, сузишворӣ ва дигар намуди маҳсулот суол кардаанд. Намояндагони ниҳоди мазкур дар посух омили баланд шудани нархҳоро болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи воридотӣ, маҳдудияти интиқоли он бо сабаби паҳншавии бемории коронавирус, болоравии қурби асъори хориҷӣ, аз ҷумла додари ИМА ва дигар омилҳо арзёбӣ карданд.

Аммо сокинон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар баробари баланд шудани нархи маҳсулоте, ки аз хориҷа ворид мешаванд, арзиши маҳсулоти дохилӣ низ бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Таҳдиди офатҳои табиӣ ба 119 мактаб

Сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Вафо Ашӯров гуфт, ки ҳоло дар вилоят 119 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 56 ҳазору 326 хонанда дар минтақаҳои хавфнок ҷойгиранд, ки ба онҳо офатҳои таббиӣ, аз ҷумла омадани сел, фаромадани ярч ва обхезӣ таҳдид мекунад. Иттилоъ дода шуд, ки чунин мактабҳо дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Панҷ, Хуросон, Шаҳритус, Қубодиён, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин ва дигар ноҳияҳо ҷойгиранд.

— Барои баровардани ин мактабҳо аз мавзеъҳои хавфнок ба раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо муроҷиат кардаем, — гуфт номбурда.

Гуфта шуд, ки дар умум дар вилояти Хатлон 401 мавзеи хавфнок вуҷуд дорад, ки дар онҳо 45 ҳазору 41 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд.

9  ноҳия осорхона надоранд

Айни замон дар нӯҳ ноҳияи вилояти Хатлон осорхонаҳои таърихиву кишваршиносӣ фаъолият надоранд. Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловиддин Абдулозода гуфт, ки ҳоло дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Вахш, Кӯшониён, Панҷ, Восеъ, Муъминобод, Шоҳин ва Данғара осрхонаҳои таърихиву кишваршиносӣ фаъолият надоранд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,

“Фараж”

PS: Нишастҳои матбуотӣ идома доранд ва аз рафти дигар нишастҳо низ барои хонандагон маълумоти ҷолибро пешниҳод хоҳем кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here