Волидони ман Кенҷа ва Нуринисо солҳои 30-юм аз вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба водии Вахш муҳоҷир шуданд, одамони меҳнатӣ буданд. Модарам зани пешқадаму фаъол соли 1941 дар НКХХ (Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ) СССР иштирок намудаанд. Ман соли 1944 дар хоҷагии ба номи Карл Маркси ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира ноҳияи Кушониён) ба дунё омадам, яъне зодаи Тоҷикистон ҳастам, чашм кушодаму ин диёрро дидам, бо обу нонаш ва ҳавои софаш, ба дарду шодиву нишоташ олуда ба воя расидаам. Падарам бригадири хоҷагӣ буд, соли 1943 ба ҷанг рафту барнагашт, дар набардҳои Украина фавтид, мо се фарзандаш ятим мондем.

Вақте ки дар синфи шашум мехондам ба фермаи хоҷагӣ ҳамроҳи модарам ба кор рафтам. Мактаби миёнаро хатм намуда, ба кори саҳро машғул гаштам, ҷуворимакка парвариш мекардам. Солҳои 1964-1966 номи ҷуворимаккапарвари номии ӯзбекистонӣ Лубалӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур гашт, ҳар ҷавондухтар орзуи мисли ӯ деҳқони номдор шуданро дошт. Ҳамон сол Котиби аввали ҲК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов маро наздаш даъват намуда, таъкид ба пайравии Лубалиро карданд. Ман хушҳол гаштам, ки пуштибонам шуданд, дар 40 га ҷуворимакка кишт кардам. Чун сарвари бригада аз тамоми воситаҳои пешқадами агротехникӣ истифода мебурдам, аз 40 гектар зиёда аз 1600 сентнерӣ ҳосил гирифтем. Кору бори аъзои бригадаи мо ба мактаби омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷумҳурӣ табдил ёфт. Дар бораи фаъолияти мо аз тариқи “Тоҷикфилм” киножурнал таҳия гашту аз тариқи ТВ нишон медоданд. Ҳамон солҳо ман ба ҷавони зебову ҷасури балҷувонӣ, муҳандиси хоҷагӣ Абдухалил Мирзоалиев ба шавҳар баромадам. Аввалин тӯйи комсомолиро мо ташкил кардем. Сонӣ ба пахтакорӣ машғул шудем, бригадаи мо ғолиб омад ва ба ман автомашинаи сабукрави “Москвич-412” туҳфа карданд. Дертар маро раиси ҷамоати “Авангард”(ҳозира Ориён) интихоб намуданд, ҳамон сол таҳсилро дар факултаи таърихи УДТ ба номи В.И.Ленин (ДМТ) ғоибона идома додам, шавҳарам дар факултаи механикии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ДАТ) дохил шуд, соли 1969 соҳиби диплом  гаштем, боз ман Институти хоҷагии қишлоқро ғоибона хатм кардам. Маро раиси ҷамоати деҳоти “Бӯстонқалъа” интихоб карданд. Он замон совхози “Сабзавот”-и ноҳия хеле қафомонда буд. Маро директори совхози мазкур таъйин намуданд, корро аз дарави алафҳои анбуҳи киштзор сар кардам, онро силос хобонида, ба хоҷагиҳои ноҳияи Куйбишев (ҳозира ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ) ба маблағи 17000 рубл фурӯхтем, дар заминҳои совхоз карам, помидор кишт кардем, бо азми коргарони меҳнатдӯст хоҷагӣ солҳои баъдӣ аз қафомондагӣ баромад, соле 1600 тонна сабзавот ҷамъ меовардем. Дар роҳи самти Қӯрғонтеппа-Сарбанд ниҳолҳои сӯзанбарг шинондем, заводи асфалтбарорӣ сохтем, меҳмонхона бунёд кардем, хуллас корҳо хеле пешрав буданд.

Аввалҳои солҳои 90-ум ба ҳамаи ин тифоқию ваҳдат, комёбиҳомон гӯё чашми бад расид. Бо дасисаи бегонагон мардуми гулу гумроҳ бо ҳамдигар бегона мешуданд, на қадри ҳамсоя монд, на эҳтироми мардуми меҳнатӣ ва на хешу табор, шуру шарр авҷ мегирифт. Ҳама медонистанд, ки мо зодаи Тоҷикистонем, аммо дар як лаҳза ба чашми бадхоҳон бегона, ба тоҷику ӯзбек, кӯлобиву ғармӣ, хуҷандию бадахшонӣ ҷудо гаштем. Ҳамаи ин нохушиҳоро медидаму аммо ба дил бовар намекардам, ки ин ҳақиқат аст.

Тирамоҳи соли 1991 як гуруҳ мӯйсафедон, ришдорҳо ба ҷойи кори ман омада, қотеъона талаб карданд, ки муҳри идораро ба онҳо бидиҳаму аз вазифа биравам. Ман иброз доштам, ки ин муҳру ин мансабро ба ман сокинони деҳот бовар карда супоридаанд, онро танҳо ба роҳбарони ҳукумат месупорам, кор то дастгиребон расид. Баъд фурсат ёфта ба пеши қозӣ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода рафтам, гуфтам, ки пеши роҳи мардуми ба шӯр омадаро бигиранд. Охир мо ӯзбек ҳам бошем, то ҳол Ӯзбекистонро надидаем, умри мо сарфи ободии Тоҷикистон шудааст. Ҳамаи хешу табори мо дар гӯристони ҳамин кишвар хок шудаанд, акнун мо ба куҷо равем? Ман барои намозхонҳо чойхона, масҷид сохтам, телевизор туҳфа кардам, то ҳама ба ибодат машғул бошанд, то васвасаи шайтон аз дили онҳо берун гашта, ба сиёсат ҳамроҳ нашаванд. Баъд митингҳо сар шуд ва аз вазифа рафтам, сардори идораи пиллатайёркунии ноҳия таъйин гаштам, ба майдони Озодӣ ба шаҳри Душанбе  рафтам, баромад карда, мардумро ба оромӣ, якдигарфаҳмӣ даъват менамудам. Мегуфтам, ки ҳамаамон одамем, Худову пайғомбарамон як, ҳамаамон мусалмонем, баъди фавт як-ду метр ҷойро мегирем.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа (алҳол Бохтар) низ митингҳо идома доштанд. Ман дар ҳамон ҷо бо сардори Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сафаралӣ Гулов шинос шудам. Ӯ нотарсона ба байни издиҳом мебаромад, моҷароҷӯёнро мазаммат менамуд. Мегуфт, ки ин ҳама дасисаҳо миёни ҳамсояҳо, ҳамдиёрон кори душманон аст. Тоҷикистонро намояндагони ҳама халқу миллатҳо обод кардаанд. Ҳеҷ кас ҳаққи таҳкири миллату халқият, намояндагони маҳаллоти гуногунро надорад. Ман ҳам аз суханронии ин марди ҷасур руҳбаланд шуда, бо се забон ҷамъомадагонро ба сабру тамкин, сулҳу оромӣ даъват менамудам. Дар он солҳо чунин рӯйрост, ҳақ гапзаданҳо ба ҷони кас хатари бузург дошт. Ман симои Сафаралӣ Гуловро, ки ӯ ба рӯи силоҳдорони хашмгин, бадқаҳр, кинахоҳ ҷасурона сухан мегуфт, медидаму ба қаҳрамонони асарҳои бадеӣ монанд мекардам, шукр мегуфтам, ки дар кишвар чунин ҷавонмардони бебок, ватандӯст ҳастанд. Дар он рӯзҳо роҳбарони вилояти Қӯрғонтеппа аксар фирор карда буданд, танҳо сохтори корҳои дохилӣ ва кормандони Раёсати БДА тартибу низомро назорат мекарданд. Онҳоро эҳсоси ватандӯстӣ, масъулияти вазифадорӣ ба ин водор месохт ва онҳо ҷон ба хатар гузошта миёни гуруҳҳои ҷангҷӯй истода, онҳоро ба оромӣ мехонданд. Мардуми ба ғазаб омада ба сӯи майдон давида, муҷассамаи Ленинро чаппагардон карданд. Силоҳдорон ба сӯи занхо тир кушоданд, чанд нафар шаҳид гашт, мо мардуми ба талвоса афтодаро тавассути Ургутмаҳалла гурезондем. Ман ба пеши фармондеҳи қисмҳои Русия дар Қӯрғонтеппа Мелкумов рафта ҳолатро шаҳр додам, зорӣ кардам, ки халқи маро қир карда истодаанд, ба ёрӣ бихезанд. Ӯ марди некдил будааст, зуд чанд техникаи ҷангӣ дод, издиҳом пароканда гашт. Аксари сардорону қумандонҳои Раёсати корҳои дохилӣ ба тарафи мухолифин гузашта буд, онҳо маро асир гирифтан мехостанд, боз Мелкумов мадад расонд. Баъди чанде ҷангиёни роҳгумзада аз тарафи ноҳияи Вахш ба тарафи ноҳияи мо ҳуҷум карданд.

Онҳо духтарони дар саҳро машғули корро таҷовуз карда, бо корд ба ҳалокат мерасониданд. Ман раиси хоҷагии бо номи С.Тӯрдиев будам, ба ман сардори ШКД занг зад. Ӯ гуфт, ки тез бигурез, ки ҷангиён ноҳияи Вахшро забт карда, ба тарафи ноҳияи шумо меоянд, ҷанг сар шуд. Ман чи тавр аз ноҳия баромаданро намедонистам, мо бояд барои ҳимоя ба Кӯлоб мерафтем, ба пеши Сангак Сафаров. Ман ин шӯрӯ валвала, лабаву зориро мушоҳида намудам, ашк мерехтам, аз Худо зорӣ доштам, ки боре ҳам шавад, оромиву осудагӣ, сари як пиёла чой бо ҳамроҳи фарзандон, хешу табор нишастанро бубинам. Раҳми Парвардигор омад, ки мо фирориён ҷон ба каф афтону хезон ба Кӯлоб расидем. Ба назди роҳбарони вилояти Кӯлоб рафтам. Он замон Қурбон Мирзоалиев раиси вилояти Кӯлоб буданд, маро дида бо хушҳолӣ “апам омад!” гуфтанд, баъд Сангак Сафаров, Рустами Абдураҳим, Лангарӣ Лангариев омаданд, ман гиря карда ҳодисаи гузаштаро ба онҳо шарҳ додам. Ман сар ба синаи Сангак монда оҳу нола доштам. Гуфтам, ки ҳозир силоҳдорон шаҳри Кӯрғонтеппаро ишғол мекунанд.

Нақл кардам, ки ҷангиёни мухолифин ин лаҳзаҳо ноҳияи моро ишғол намуда, хонаи маро оташ зада ҳамсояҳоямонро парронданд, роҳу рӯ пури мурда аст, гову молро пешандоз карда ба Афғонистон бурда мефурӯшанд, тиру камон мехаранд, аэропортро ишғол карданд.

— Хоҳари қиёматӣ, ҷанг сар шудааст, мо ҳамшаҳриёнамонро танҳо намегузорем. Ба Рустами Абдураҳим нигоҳ карда, фармон дод, ки ҷавононро ҷамъ оварда, барои ёрӣ бираванд.

Баъди се рӯз мо ба Қӯрғонтеппа расидем. Хуллас, як илоҷ карда ҷангиёнро қафо гардонидем. Баъд хабар расид, ки беморхонаи Қараболои Қӯрғонтеппаро ҷангиён ишғол намуданд. Роҳи мо боз банд шуд. Куртаи як духтаракро гирифта пӯшидам, ба аэропорт рафтам. Ҳар рӯз бо самолёт аз Хуҷанд барои мардуми гурусна орду гандум, соляркаву бензин меовардем. Дар яке аз ҳамин рӯзҳо зери тирборон мондам, онҳо маро мекофтанд, бо сад азоб аз чанги силоҳдорони бадмаст наҷот ёфтам. Аз ёдам намеравад, боре аз майдони Озодӣ ба Қӯрғонтеппа  бармегаштам, дар гардиши мавзеи Кӯйбишев чор нафар силоҳдорони мухолифин бо мошинхои калон пеши роҳи моро гирифтанд. Ман аз корвони мошинҳо барои он дер монда будам, ки мардуми аз майдон баргаштаро ба манзилҳои зисташон тавассути мошинҳои боркаш гусел кардам, аксари онҳо мардуми ноҳияи Ёвон буданд. Хулоса, силоҳдорон ману як ҳамроҳамро дастгир карда, ба Душанбе барои муҷозот бурдан хостанд. Мо чор нафар, яъне ман ва се нафар ҷавонмарди дигар автомати “Калашников” доштем. Онҳо сабаби силоҳдории моро мепурсиданд. Ман фаҳмонидам, ки ин силоҳҳои ҳукуматӣ аст, барои ҳифзи мардум ба мо доданд. Касе ба гуфтаҳои мо эътибор намедод, дашном мекарданд, мезаданд. Оқибат моро ба мошин бор карданд. Ман ҷаҳд доштам, ба ҳар роҳе бошад, худамонро ва ҳам ҷанговарони мухолифинро тарконему ба пеши Қозӣ набаранд. Ҳама дар фикри мурдан будем. Ҳамин вақт ба Сафаралӣ Гулов аз бобати асорати ман хабар расида будааст. Ӯ бо афсаронаш дар постгоҳи дигар меистоданд, нотарсона зуд ба ёрии ман мешитобанд. Моро як ҷавонмарди қадбаланд ҳамроҳӣ мекард. Гулов пеши роҳи моро гирифт, бо он ҷавонмард гуфтгӯ намуд. Силоҳдор гуфт, ки ман медонам, апаи Муҳаррама бегуноҳ аст, тарафдори халқ мебошад, аммо чи илоҷ? Майлаш ба хотири Шумо Сафаралӣ Гулов ман ӯро раҳо мекунам, бо вуҷуди он ки маро қумандонҳоямон пӯст аз тан мекананд. Оре, ин марди бузург маро ва чанд нафари дигарро аз марги яқин раҳонд.

Ҳоло ки сулҳу ваҳдат ҳукмфармост, дар бораи он рӯзҳои пурбим, пурхатар, рӯзгори сангин, гуруснагиву танҳоиҳо гап задан осон аст, барои шикастани руҳ ва мутеъ сохтан душманони миллат роҳи ноҷавонмардонаро пеш гирифтанд. Бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ дар ағбаи Сарбанд роҳҳои вилояти Кӯлобро банд карда, сокинони онро дар муҳосираи иқтисодӣ нигоҳ медоштанд, касони муқобилашонро нест мекарданд. Аммо дар ҳамин рӯзҳои сангин бо кӯшиши сардори БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти собиқ Қӯрғонтеппа полковник Сафаралӣ Гулов 5000 тонна ғаллаи барои ёрӣ омада ба вилояти Кӯлоб расонида шуд. Мо шоҳиди ҷонбозиҳои ӯ будем, танҳо ӯ ҷуръат кард бо чанд кормандон бо сад машаққат бо роҳбари мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гуфтушунид кунад, ӯро барои кашондани ғалла ризо намуд, мошин меёфт, бо сарбозонаш мошинҳои пурборро то Кӯлоб расонд.

Дар Қӯрғонтеппа ҳукумат набуд, ҳамаи масъулияти халқдориро ӯ ва афсаронаш ба зимма гирифта буданд. Чанд бор асир афтод, ростӣ мо умедамонро аз зинда монданаш кандем, аммо ӯ ба марг, азобу шиканҷаи бадхоҳон тан надод, дар яке аз муҳорибаҳо фарзанди ӯ Масрурро низ ба асорат гирифтанд, зада маъюб карданд, аммо иродаи акаи Сафаралиро шикаста натавонистанд. Ӯ ба тантанаи адолату ҳақиқат эътимод дошт. Баъди баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ин марди шуҷоъ хеле руҳбаланд гардид. Мо дар тамоми ин давраҳо бо ин афсари ҷасури миллат робитаи дӯстӣ дорем. Соли 1992 ӯ ба Душанбе омад, директори генералии Иттиҳодияи нақлиёти Вазорати нақлиёт ва раиси ҶСК “Пассажиртранс” (Корпоратсияи “Мусофирбар”) таъйин гашт, аз ҳамон ҷо низ маро дилбардорӣ мекард. Солҳои 1992-1993 ман барои овардани ғалла ба вилояти Талуи Қӯрғони Қазоқистон рафтам ва бо мадади Сангак Сафаров 14 вагон ғалла овардам. Соҳилҳои дарёҳо, туқайзорҳо, раҳу рӯ пури мурда буд, сагҳои дайду ҷасадҳоро пора мекарданд, мехӯрданд, хонаҳои сӯхта, валангор, ниҳолҳо сархам гаштаву гумон мерафт, ки табиат гиря дорад. Дар ҷанг бародарамро куштанд, ба пеши модарам, ки дар назъи равон буд, рафта натавонистам.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо соҳиби Пешво шудем, пешвое, ки тавассути хиради азалиаш мо роҳи даҳсоларо дар як сол тай мекунем, ин шахси муаззам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, бо ҷасорату дарёдилӣ, дурандешии ӯ ана ҳамон рӯзҳои мудҳиш чун хоби ваҳшатнок дар ёдҳо монд.

Ҳар нафари солрафта, донишманд, зиёиро зарур аст, ки саҳифаҳои ибратомӯзи ҳаёти ин шахси обрӯманду арҷманд, роҳи қадам ба қадам ба сулҳу оштии миллӣ расидан, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳро дар Маскав омӯзад ба насли наврас шарҳ бидиҳад, намунаи ибрат нишон диҳад, дастури роҳи ҳаёт намоянд. Моро зарур аст, ки дар ҳоли рушди таассуби динӣ, ифротгароӣ, ҷаҳонишавӣ, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Амри тақдир, меҳри Худованд, талошҳои Сарвари давлат, ҳамсафони ӯ буд, ки имрӯзҳо мардум дар боғу гулгаштҳо бароҳат сайру гашту тамошо доранд, ҷавонон таҳсил менамоянд, модарон бо хотири ҷамъ дар пайи кору бори зиндагианд. Мӯйсафедон давлати пирӣ меронанду дар ҳаққи Сарвари давлат дуо мекунанд.

Рӯзҳо, моҳҳо, солҳо мегузаранд, чун аз сари сидқ, инсоф менигарам, меандешам, ки дар бунёди бинои муҳташами сулҳу оштии миллӣ бешак хидмату саҳми акаи Сафаралӣ низ муҷаллову чашмгир мебошад.

Муҳаррама Мирзоалиева, раиси Ҷамъияти ӯзбекҳои Тоҷикистон,

Узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here