Кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Гулистон дар давраи ҳисоботӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ баҳри сазовор дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Барномаҳои милливу соҳавӣ, Стратегияҳо, Нақшаҳои миллӣ, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои тандурустӣ, тарғиби доимии ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ бештар фаъолият намудаанд.

Аҳолии шаҳри Гулистон ҳамагӣ 44 ҳазору 700 нафар буда, аз ин теъдод 21900 нафар мардҳо, 22800 нафар занҳо мебошанд. Дар шаҳр 7 адад маркази саломатӣ, 3 адад бунгоҳи саломатӣ ва Маркази ташхисию табобатии ба номи Закариёи Розӣ ба шаҳрвандон хизмати тиббӣ мерасонанд.
Бо ибтикори раиси вилояти Суғд соли 2016 «Соли фарди солим» эълон гардидааст. Вобаста ба ин қарори раиси вилояти Суғд №553 аз санаи 23-юми декабри соли 2015 дар бораи Барномаи вилоятии «Соли 2016 — Соли фарди солим», қарори раиси шаҳри Гулистон таҳти №08 аз санаи 18-уми январи соли 2016 дар бораи Барномаи шаҳрии «Соли 2016 — Соли фарди солим» ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои амалигардонии ин барнома таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
Давоми соли гузашта ва нуҳмоҳаи соли ҷорӣ баҳри таъмир ва таҷдиди марказҳои саломатӣ (КАТС) корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, маркази саломатии шаҳр пурра аз таъмири косметикӣ бароварда шуда, ҳудудҳои он аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи ҳукумати маҳаллӣ пурра сафолпӯш карда шудаанд. Таъмири маркази саломатии шаҳраки Навгарзан пурра ба итмом расонида шудааст. Бо ин мақсад аз буҷаи шаҳр беш аз 300 ҳазор сомонӣ харҷ карда шудааст. Дар Маркази саломатии шаҳраки Консой бо хароҷоти беш аз 120 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру таҷдид ва ободонӣ оғоз карда шудааст.
Давоми соли 2016 барои муассисаҳои КАТС-и шаҳри Гулистон ба маблағи беш аз 148 ҳазору 775 сомонӣ таҷҳизоти табобатӣ ва профилактикӣ харидорӣ карда шудааст, ки аз он аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 52 ҳазору 512 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карда шудааст. Дар нуҳмоҳаи соли 2017 бошад, ба маблағи 11 ҳазору 770 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карда шудааст. Аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бошад, ба маблағи 33 ҳазору 150 сомонӣ дастгоҳи портативии ташхиси рентгенӣ, тамғаи DLх120 харидорӣ карда шуда, иловатан боз ба маблағи 8 ҳазору 85 сомонӣ се адад яхдонҳои махсус харидорӣ карда шудааст. Аз ҳисоби ҶСП «Апреловка» ба маблағи 4240 сомонӣ барои Маркази саломатии Консой таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карда шудааст. Инчунин, аз тарафи ҶДММ «Равшан» ҳамаи кормандони Маркази саломатии Консой бо сарулибоси махсуси тиббӣ таъмин карда шудаанд.
Ҳоло дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Гулистон 47 нафар табиб ва 124 нафар кормандони миёнаи тиб барои аҳолии 45 ҳазору 600-нафараи шаҳри Гулистон хизмати тиббӣ мерасонанд. Барои навхонадорон, ки барои ташхиси тиббӣ ба марказҳои саломатӣ муроҷиат менамоянд, хизмати тиббии ройгон расонида мешавад.
Сол аз сол малака ва дараҷанокии кормандони соҳаи тандурустӣ дар муассисаҳои тахассусӣ баланд бардошта мешавад. Ҳоло нишондиҳандаи тахассусии табибон беш аз 75% ва кормандони миёнаи тиб зиёда аз 72%-ро ташкил медиҳад. Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 3 нафар табиб ва 11 нафар кормандони миёнаи тиб аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштаанд.
Дар асоси қарори раиси вилояти Суғд таҳти №4 аз санаи 09.01.2017 ва раиси шаҳри Гулистон №38 аз санаи 14.02.2017 «Дар бораи таъмини кӯдакони синни то 3-сола ва кӯдакони маъюби синни то 18-сола» қарори махсус ба тасвиб расонида шудааст, ки тибқи ин қарор барои ҳар як кӯдаки то 3-сола ва маъюбон маблағи 70 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.
Тибқи қарори раиси вилояти Суғд таҳти №3 аз санаи 09.01.2017 ва қарори дахлдори раиси шаҳри Гулистон №39 аз санаи 14.02.2017 тамоми иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Гулистон пурра ройгон табобат карда мешаванд. Ҳоло дар шаҳри Гулистон 41 нафар чунин шахсон зиндагонӣ менамоянд, ки онҳо пурра таҳти назорати табибон қарор доранд.
Ҳифзи саломатии модару кӯдак самти афзалиятноки фаъолияти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз роҳҳои паст намудани беморшавӣ ва фавти кӯдакон — ин пешгирии бемориҳо бо роҳи эмкунӣ мебошад, ки тамоми кӯдакони навзод мувофиқ ба тақвими эмкунӣ эм карда шудаанд.
Дар давоми нуҳмоҳаи соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистон 622 нафар навзодон зинда таваллуд шудаанд, ки дар байни онҳо ягон кӯдаки нуқсонҳои модарзодӣ дошта ба қайд гирифта нашудааст. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳр 871 нафар занҳои ҳомила ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо таҳти назорати комили табибон то давраи таваллуд фаро гирифта шудаанд.
Аз рӯи суханони Бибиҷон ном сокини шаҳри Гулистон, «соҳаи тандурустии шаҳри Гулистон дар даврони соҳибистиқлолӣ басо рушду нумуъ намуда, махсусан дар ду соли охир, баъди таъини Матлубахон Аминзода ба вазифаи раиси шаҳри Гулистон корҳои ободониву таъмиру таҷдиди соҳаи тандурустии шаҳр дар асоси супоришу дастурҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ҷоннок карда шуд. Имрӯз муассисаҳои тандурустии шаҳр дар асоси дастгирии бевоситаи раиси шаҳр ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа бо дастгоҳу таҷҳизоти сатҳи пешқадами ҷаҳонӣ таъмин карда шуда, баҳри пешрафти соҳа махсусан хизмати мененҷери КАТС Мадаминова Гулшан Кимовна, ки худ дастпарвари соҳаи тандурустии шаҳри Қайроққуманд, басо калон мебошад. Ҳоло ҳудудҳои кулли муассисаҳои тандурустии шаҳри Гулистон ба як гулистони афсонавӣ табдил дода шуда, дар тамоми муассисаҳо, ҳатто дар ҳар як ошёна гӯшаҳои гиёҳдармонии ройгон бо супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ташкил карда шудааст, ки ин боиси миннатдории мардум гардидааст».
Мадаминова Гулшан Кимовна, мененҷери КАТС-и шаҳри Гулистон мегӯяд, ки «ман фикр мекунам, дар таърихи миллати тоҷику давлатдории тоҷикон касе ба мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллату давлат хизмат накардааст. Як худи дар муддати босо кӯтоҳ сохта ба истифода додани маҷмааи табобатии «Истиқлол», пурра таъмиру таҷдид намудан ва азнавсозии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон дар шаҳраки Шифокорон, ба истифода додани беморхонаи клиникии ноҳияи Данғара, сохта ба истифода додани Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт, сохта ба истифода додани Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ, таъмир ва таҷдиди Осоишгоҳи Зумрад дар шаҳри Исфара, пурра ба истифода дода шудани осоишгоҳи Баҳористон, кушода шудани Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Душанбе ва боз чандин иншооти хурду калони соҳаи тандурурстӣ аз хизматҳои арзандаи Пешвои миллат ва доҳии тоҷикони ҷаҳонанд, ки бояд ҳар яки мо аз ин ифтихор кунем. Имрӯз барои мардуми шаҳри Гулистон ва соҳаи тандурустии шаҳри Гулистон раиси шаҳр Матлубахон Аминзода низ хизматҳои худро арзонӣ доштаанд. Мо, кормандони соҳа низ дар ин раванд барои халқу Ватан хизмат хоҳем намуд».

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ,
Душанбе-Суғд-Душанбе

ШАРҲИ МО:
Мадаминова Гулшан Кимовна соли 1964 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1982 мактаби миёнаи №52-и шаҳри Душанберо хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино дохил шуда, онро соли 1989 бо ихтисоси духтури кӯдакона хатм намудааст. Солҳои 1989-1994 дар поликлиникаи №10-и шаҳри Душанбе ҳамчун духтури кӯдакона фаъолияти корӣ намудааст. Солҳои 1994-2010 дар Маркази саломатии шаҳри Гулистон духтури бемориҳои кӯдакона буд. Солҳои 2010-2012 табиби оилавии Маркази саломатии шаҳри Гулистон, солҳои 2012-2016 муовини мененҷер оид ба табобат, аз моҳи ноябри соли 2016 ин ҷониб мененҷери КАТС-и шаҳри Гулистон мебошад. Духтури дараҷаи олӣ, модари ду фарзанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here