Деҳа Айвоҷ яке аз деҳаҳои зебоманзари ноҳияи Шаҳритус мебошад, ки дар водии Қубодиён ҷойгир аст. Деҳаи мазкур яке аз деҳаҳои қадимтарини ноҳия буда, асосан сокинонаш тоҷикон ба ҳисоб мераванд. Маврид ба ёдоварист, ки дар деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус шахсони баруманду кордон зиёд ба дунё омада, барои ободии сарзамини бобоӣ, яъне Тоҷикистони азиз хизматҳои шоён намудаанд. Яке аз ин абармардони накуноми деҳаи Аёвоҷ Аҳмад Атовуллоев мебошад, ки барои ободон кардани як гӯшаи сарзамини аҷдодӣ, яъне   деҳаи худ хизматҳои шоён намудааст.

Аҳмад Атовуллоев замоне ба дунё омад, ки дар он замон дар ҳудуди собиқ Ҷамоҳири Шуравӣ раванди бозсозӣ  дар ҷараён буд. Аҳмад Атовуллоев соли 1954 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Номбурда замони тифлияшро бо азобу машаққати зиёд пушти сар намуда, шикасту рехт, уфтодану хестан сабру таҳаммулро аз зиндагӣ омӯхта, барои ояндаи дурахшон камари ҳиммат бастааст.

Фаъолияти фермерии худро Аҳмад Атовуллоев соли 1985 оғоз намудааст. Он замон дар зодгоҳаш як фермаи говпарвариеро, ки бо сабабҳои номаълум ба коми оташрафта буд, аз нав барқарор намудааст. Дар солҳои аввали кориаш дар ферма ҳудуди 80 сар чорвои калони шохдор буд. Дар замоне, ки Итиҳоди Шӯравӣ барҳам мехураду давлатҳои ин кишвари абарқудрат барҳам мехӯранд, ҳар давлат Истиқлоли худро ба даст меорад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон низ барои истиқлолро ба даст овардан талош намуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки барои истиқлолро ба даст овардан ҳар кишварро зарур аст, ки муқаддасоти миллию рукнҳои давлатдории худро дошта бошад, то кишвар  соҳибихтиёр гардад. Дар баробари дигар муқаддасот пул ҳам яке аз рукнҳои асосии давлат ба ҳисоб меравад. Замоне, ки пул иваз ( вайрон) мешавад, мардуми деҳаи Айвоҷ ба як зиндагии вазнин рӯ ба рӯ мешаванд. Аҳмад Атовуллоев, ки марди меҳрубону ҳалим ва бо нангу номус буд, ба мардуми деҳааш дасти мадад дароз менамояд, то ки мардуми деҳа мушкилиҳои басарашон омадаро ба осонӣ пушти сар намоянд. Номбурда аз ҳисоби фирмаи худ  зиёда аз 250 сар чорвои калони шохдорро ба мардум ба унвони  кумак тақдим менамояд, ки ин ҳам яке аз хислатҳои наҷиби Аҳмад Атоввулоевро бозгӯ менамояд.

Ҳиммату кордониҳои Аҳмад Атовуллоевро мардуми деҳаи Айвоҷ дидаву ӯро соли 2007 раиси колхоз интихоб мекунанд, то аз кору пайкори эшон биомӯзанду хоҷагӣ ҳам аз қарзи ҳангуфт, ки милиёнҳо буд раҳо шавад. Пас аз чандин заҳмату машаққати зиёд Аҳмад Атовуллоев бар он мекӯшад, ки як хоҷагии деҳқоние бисозаду баҳри мардуму сарзамини хеш хизмати арзандае ба ҷо гузорад. Баъдан хоҷагии деҳқонии “Сайёра”-ро ташкил медиҳад. Моҳи феврали соли 2010 қисме аз заминҳои хоҷагиашро боғ намуда,  дар он боғ дарахтони мевадиҳанда мешинонад, то ояндагон аз он истифода намояду ба некӣ ёдовараш шаванд. Беҳуда нагуфтаанд “ Аз одами бад доғ мемонад , аз одами нек боғ”. Пас аз ташкил намудани боғ,  санаи 11 сентябри соли 2010 аз сабаби беморӣ риштаи умри ин марди накуному накукор канда мешавад…

Бузургон беҳуда нагуфтаанд:

Фарзанд давоми умри инсон бошад,

Нерӯи дилу ҳаловати ҷон бошад.

Пас аз марги нобаҳонгоми падар писари Ӯ Иброҳим Атовуллоев давомдиҳандаи роҳи падар гаштаасту кӯшиш мекунад, мисли падари худ хизматгори мардуми диёри хеш бошад. Иброҳим Атовуллоев имрӯзҳо роҳбари ассотсиатсияи обкашонии “Айвоҷ” мебошад. Номбурда то имрӯз барои осон кардани мушкилоти меҳнаткашони минтақа кор карда истодааст. Тавре худи ӯ иброз медорад, аз ҳисоби худаш ва бо кӯмаку дастгирии сокинон насоси обкашониро ба кор дароварда, мехоҳад, ки заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ҳамсояро низ бо об таъмин намояд, онҳо низ заминҳои беоби худро обёрӣ кунанд.

— Падарам мегуфтанд, ки ман мемирам, вале шумо хоҳед дид, ки дар оянда Тоҷикистон аз ҷиҳати зебоиву ободӣ аз Швейтсария ҳам пеш мегузарад. Ин гуфтаҳои падарамро имрӯз дар амал татбиқшаванда мебинам, зеро корҳои созандагиву бунёдкорие, ки дар ҷумҳурӣ ҷараён доранд, воқеан ҳам Тоҷикистонро ба яке аз мамлакатҳои аз ҳама ҷиҳат пешрафтаву тараққикарда табдил медиҳад, — падари худро ба хотир оварда мегӯяд Иброҳим Атовуллоев. – Падарам ҳамеша таъкид мекарданд, ки писарам, аввал кори давлатро анҷом деҳ, баъд кори хонаи худатро. Ман ҳам аз рӯи насиҳату маслиҳатҳои падар амал карда, ҳамеша кӯшиш менамоям, ки вазифаҳои ба дӯшдоштаамро зина ба зина ба манфиати мардуми диёр ба иҷро расонам…

Иброҳим Атовуллоев иброз медорад, ки албатта мушкилиҳо ҳоло ҳам ҳастанд, вале мо мардуми деҳаи Айвоҷ аз кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳому ибрат гирифта, ҳамаи мулкилоти хешро давра ба давра ҳал мекунем.

Тавре худи ӯ гуфт, боғи бунёдкардаи падараш Аҳмад Атовуллоев, ки 2 гектарро ташкил медиҳад, имрӯз ба бар даромадаву аз меваҳои он истифода мебаранд. Боқимондаи заминҳоро навъҳои гуногуни сабзавот, аз ҷумла дар 2 гектар гандум ва тарбуз кишт мекунанд. Иброҳим Атовуллоев бо ифтихор мегӯяд, ки хушбахт аз он аст, ки фарзанди шахсе мебошад, ки имрӯз дар деҳаи Айвоҷ рамзи накӯкориву меҳнатдӯстӣ ба ҳисоб меравад ва обрӯву эътибори падараи худро дар назди мардум бо амалу рафтори нек нигоҳ медорад.

 

Шоҳмурод НУРАЛИЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here