Ноҳияи Фархор дар қисми ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, дар он беш аз 160 ҳазор нафар зиндагӣ менамоянд. Ба сокинон 57 муассисаи табобатӣ хизмати тиббӣ мерасонанд, ки аз онҳо 26-тояш марказҳои саломатии деҳот, 26 бунгоҳи тиббии деҳотӣ ва 5 маркази махсусгардонидашудаи табобатию профлактикӣ мебошанд.
Ҳамасола бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо маблағҳои шахсони саховатманду соҳибкорон иловатан дар ноҳия чандин муассисаҳои табобатию профилактикӣ сохта ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла, чунин як бунгоҳи саломатӣ бо маблағи беш аз 45 ҳазор сомонӣ дар деҳаи Меҳровар, ҷамоати деҳоти Ватани ин ноҳияи дурдаст дар соли ҷорӣ сохта ба истифода дода шуд.
Шуруъ аз 1.01.2015 баҳри боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои саломатии деҳот то имрӯз ба муассисаҳои кӯмаки аввалияву санитарии ноҳияи Фархор аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ як миллиону се саду шасту панҷ ҳазору панҷсаду наваду чор сомонӣ маблағҳо хароҷот карда шуда, муассисаҳои табобатии деҳот бо доруҳои ёрии аввалияи тиббӣ, ҳуҷҷатгузориҳо, маводҳои хоҷагидории мизу курсиҳои нав ва сарулибоси тиббии нав таъмин карда шудаанд.
Давоми 10 соли охир тамоми муассисаҳои табобатию профилактикӣ, аз ҷумла, бунгоҳҳои тиббии деҳот аз манзилҳои истиқоматии хусусӣ, мактабҳо ва вагонҳою дигар иншоот пурра бароварда шуда, ҳамаи онҳо бо биноҳои алоҳидаи мутобиқ ба стандартҳои табобатӣ таъмин карда шудаанд.
Нигоҳубини модару кӯдак, кӯдакони камвазн, эмгузаронӣ, нигоҳубини занҳои ҳомиладор то таваллуд ва баъди таваллуд, беморони гирифтори фишорбаландӣ ва диабети қанд дар сатҳи баланд қарор дорад. Дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва дастгирии бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тибқи як қарордод иловатан дар ноҳия 4 маркази саломатии деҳот сохта мешавад. Аллакай корҳои сохтмонӣ дар марказҳои саломатии «Ватан», Навободи ҷамоати деҳоти Дарқа, Арча ва маркази саломатии Ғайрат бо суръати баланд идома дорад.
Бо дастгирии бевоситаи раиси ноҳияи Фархор Вализода Сулаймон корҳои лоиҳакашӣ барои сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи Қизилсӯ ба анҷом расида, сохтмони он рӯзҳои наздик оғоз карда мешавад.
Давоми нимсолаи аввали соли 2017 аз рӯи ҳисоботҳои оморӣ дар ноҳия 38 ҳазор занҳои қобили таваллуд ба қайд гирифта шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 2400 тифлакон таваллуд шудаанд, ки аз он таваллуди хонагӣ 59 кӯдакро ташкил менамояд.
Баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифат ва дониши занон ҷиҳати истифодаи дурусти воситаҳои конрасептивӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва проблемаҳои вобаста ба солимии занони қобили таваллуд аз тарафи маркази саломатии ноҳия дар ҳайати 8 табиби маълумоти олидор дар ҳамаи деҳаҳои дурдасти ноҳия гуруҳи сайёри тиббӣ оид ба муоинаи пурраи занҳои ҳомиладор ва дигар бемориҳо гузаронида. Дар як вақт бо супориши бевоситаи сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон муҳтарам Маллазода Сайдулло Ҳасан корвони саломатӣ бо иштироки 20 нафар мутахассисони гуногуни тиббӣ дар ҷамоати деҳоти Зафар ташхис ва муоинаи 1200 нафар беморон ва ниёзмандонро ташкил намуданд.
Бо дастгирии бевоситаи Раёсати тандурустии вилоят баҳри расидани ёрии саривақтии тиббӣ ба кӯдакони бемори то 5-сола давоми нимсолаи соли ҷорӣ ба маблағи 1123 сомонӣ маводҳои доруӣ дастрас гардида, 52 нуқтаи табобатии регидратсионӣ барои 75 кат ташкил карда шудааст, ки аз он ҳисоб 256 нафар кӯдакон табобати хушсифат гирифтаанд.
Дар назди маркази саломатии ноҳия маркази «Тибби оилавӣ» фаъолият менамояд, ки дар он 5 табиби маълумоти олидор, 16 ҳамшираи тиби оилавӣ, 1 духтури дандонпизишк ва 12 ҳамшираи хурди тиб фаъолияти корӣ доранд.
Дар маркази стоматологии ноҳия давоми нимсолаи авали соли 2017-ум 6200 нафар беморон қабул карда шудаанд, ки аз он 870 нафарашон кӯдакон мебошанд.
Дар ноҳия 525 нафар кӯдакони маъюб дар қайди диспансерӣ мебошанд, ки дар асоси супориши маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши дахлдори вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳти рақами №21 дар ноҳия комиссияи тиббии машваратии ноҳия ташкил карда шудааст, ки давоми нимсолаи авали соли 2017 бо 112 нафар кӯдакони маъюб корҳои табобатию солимгардонӣ гузаронида шудааст.
Бо мақсади омода намудани ҷавонон ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар комиссияи даъватии ҳарбии ноҳия шароити зарурии корию ташхисӣ ба вуҷуд оварда шуда, дар ин ҷо дастгоҳҳои фавқуссадо, сабти барқии дил ва воситаҳои таҳлилию ташхисӣ муҳайё карда шудааст. Аз тарафи маркази саломатии ноҳиявӣ дар ин комиссия 8 духтури маълумоти олидор, 3 корманди миёнаи тиб ва таҳлилгару кормандони техникӣ таъмин карда шудаанд.
Шумораи умумии кормандони муассисаи кӯмаки аввалияи ноҳияи Фархор 697 кормандро ташкил менамояд, ки аз онҳо 104 нафарашон духтурони маълумоти олидор буда, 464 нафари дигарашонро кормандони миёнаи тиб ташкил менамоянд. Боқӣ 130 нафари дигар кормандони техникӣ мебошанд. Давоми нимсолаи аввали соли 2017 аз тарафи муассисаҳои КАТС ба 145 ҳазору 791 нафар хизмати тиббӣ расонида шудааст, ки аз он ба 93 ҳазору 882 нафар дар маркази тиббии ноҳиявӣ хизмати тиббии хушсифат расонида шудааст.
Давоми шашмоҳаи аввали соли 2017 барои бунёди оила 3142 нафар ба маркази саломатии ноҳияи Фархор муроҷиат намудаанд. Давоми нимсолаи аввали соли 2017-ум 4886 дафъа автомашинаҳои ёрии таъҷилии марказҳои саломатии деҳот барои бурдани беморон даъват карда шудаанд.
Ба гуфтаи мененҷери КАТС-и ноҳияи Фархор Исоев Фарҳод, «барои соҳаи тандурустии ноҳияи Фархор, ки яке аз ноҳияҳои дурдасттарин ба шумор меравад, давоми даҳ соли охир имтиёзҳои зиёд аз тарафи ҳукумати кишвар муҳайё карда шудааст. Имрӯз мутахассисони соҳаи тандурустии ноҳияи Фархор дар асоси дастуру пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодаанд ба таври доимӣ ба мардум хизмати тиббӣ расонида, сазовори боварӣ бошанд».

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ


МАЪЛУМОТИ МО:
Исоев Фарҳод Чиллахонович 28.04.1972 дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Соли 1989 мактаби миёнаи №8-и деҳаи Арчаи ҷамоати деҳоти Деҳқонариқро хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба ном А. Сино дохил шуда, онро соли 1996 бо ихтисоси духтури ҷарроҳ хатм намудааст. Аз соли 1996 то соли 1999 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ духтури ҷарроҳ шуда кор кардааст. Солҳои 1999-2001 дар Маркази саломатии №9-и шаҳри Душанбе ҳамчун муовини сардухтур фаъолияти корӣ дошт. Солҳои 2001-2005 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор ҷарроҳи кӯдакона, солҳои 2005-2010 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор муовини сардухтур оид ба табобат, аз соли 2010 инҷониб мененҷери КАТС-и ноҳияи Фархор аст. Ташкилотчӣ ва духтури дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, роҳбар ва оиладори намунавӣ, падари шаш фарзанд, ки ду нафарашон низ табиби касбӣ мебошанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here