Дар маркази деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод бозори кӯчагие барпо шудааст, ки ба шароити имрӯза ҷавобгӯй нест.
Солҳои қаблӣ маркази деҳот аз ҳар ҷиҳат тозаю озода буду сокинонаш нафаси озод мекашиданд. Аммо баъдтар пулдорону «тағодорон» дар инҷо нуқтаи маводи сӯхт — бензину солярка, ҳамчунин ддӯконҳои фурӯши гӯшту ангишт бунёд карданд, ки ба шоҳроҳ наздиканд ва муҳити зистро заҳролуд карда истодаанд. Дар ҳоле, ки бояд нуқтаи фурӯши маводи сӯхт берун аз деҳот бошад.
Боз таассуфовараш ин аст, ки ғарам-ғарам ифлосиву партовҳоро дар дарёчаи Ғозӣ мепартоянд, ки поёноби он ба ҷамоати «Қадиоб» ва шаҳраки Обигарми шаҳри Роғун рафта мерезаду боиси пайдоиши бемориҳои сироятӣ мегардад.
Дар маркази деҳот бозори «Истиқлол» ҷойгир аст. Рӯзҳои якшанбе бозор барпо мегардаду аз гӯшаву канори кишвар тоҷирону соҳибкорон маҳсулоташонро вориди он мекунанд. Чаро мардумфиребони бозори кӯчагӣ маҳсулоташонро вориди бозор намекунанд? Агар онҳо маҳсулоташонро вориди бозор кунанд, бозори «Истиқлол» ба бозори доимӣ табдил меёбад.
Гарчанде бозори кӯчагӣ маркази деҳотро ифлосу бӯйгин мекунад, маълум нест, ки нозири минтақавӣ ба куҷо менигарад! Ё ҳолати ҳузнангези бозори ифлоси кӯчагиро намедида бошанд!?

Ҳокими САФАР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here