Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияташро ба роҳ монда, дар 11 моҳи соли 2019 ба дастовардаҳои назаррас ноил гардидааст. Муҳимтар аз ҳама, ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум зина ба зина ноил гарида истодаанд. Ҳоло аз марказ то ҷамоатҳои деҳоти ноҳия батадриҷ рушд намудааст, ки ин ҳама гувоҳи заҳматҳои шабонарӯзии мақомоти маҳал ва сокинони заҳматкаши ин ноҳия мебошад.

 Бунёди иншооти ҷашнӣ дар авҷ аст

Бахшида ба ҷашни бошукуҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад дар ноҳияи Дӯстӣ бунёду барқарорсозии 191 иншоот, аз қабили корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, муассисаҳои томактабию таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳу марказҳои саломатӣ, сехҳои дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона, дорухона, таъмиру бозсозии роҳҳои маҳаллӣ, пулҳои мошингузар, пиёдароҳаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, кашидани хати обӣ нӯшокӣ, сохтмони сардхонаҳо барои нигохдории махсулоти кишоварзӣ, чойхонаи фароғатӣ, китобхона, меҳмонхона, чароғонкунии маркази ноҳия, деҳаҳо ва бунёди толору майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ин дам 71 аддаи он сохта ба истифода дода шудааст.

Харҷи умумии сохтмонҳо беш аз 16 миллион сомониро ташкил медиҳад. Айни замон дар 41 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад, ки дар онҳо зиёда аз 200 нафар мутахассисони варзидаи маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин карда шудаанд.

Сарвазир дар ноҳияи Дӯстӣ

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни як сафари кориаш ба вилояти Хатлон аз рафти сохтмони варзишгоҳи марказӣ ва боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Дӯстӣ дидан намуд. Варзишгоҳ барои 3000 ҷойи нишаст аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 9 миллиону 781 ҳазор сомонӣ маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд мегардад. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани варзишгоҳ 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ба сарвазир маълумот доданд, ки сохтмони боғи фарҳангӣ-фароғатӣ низ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи шахсони саховатпеша бозсозӣ мегардад. Барои боғи мазкур 2,82 гектар замин ҷудо гардида, корҳои азнавсозӣ босуръат идома доранд. Корҳои азнавсозӣ бо харҷи 3 миллион сомонӣ гузаронида мешаванд. Баъди анҷоми корҳо дар ин ҷо 8 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Мувофиқи нақшаи кулли лоиҳа дарвозаи асосии боғ бо тарҳи миллии меъморӣ рӯ ба шоҳроҳи маркази ноҳия сохта мешавад. Дар дохили боғ ҷойҳои махсус барои бозиҳои кӯдакон, атраксионҳо,фаввора, майдончаи варзишӣ, гӯшаҳои истироҳатгоҳи сокинон, суҳбатҷойҳо, роҳравҳои сафолакпӯшгардида, ки аз ду канор гулу гулбуттаҳо, дарахтони сояафкан бо чароғҳо зинаташон медиҳанд, бунёд мегарданд. Обёрии боғ ба тарзи фавворавӣ сурат мегирад. Боғи фарҳангӣ-истироҳатии ноҳия дар оянда ба яке аз ҷойҳои зебою диданӣ мубаддал гардида, ҳусни ноҳияро боз ҳам зеботар хоҳад кард.

Дар қаламрави ноҳияи Дӯстӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза касб кардаанд.

Андозҳо барзиёд иҷро шуданд

Дар 11 моҳи соли равон дар натиҷаи заҳматҳои бахши иқтисодии ноҳияи Дӯстӣ нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоӣ 102 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 123 миллиону 283 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки он нисбати нақша 500 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 100 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 75,6 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки 105 ҳазор сомонӣ нисбати нақша зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 98 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 6 миллиону 564 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳамаи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ бо музди маош ва нафақа пурра таъмин карда шуда, ҳоло қарздорӣ ва қафомонии музди маош вуҷуд надорад.

Дар самти кам кардани бақияпулиҳои андоз бошад, масъулини ноҳия чораҳои зарурӣ андешида, нақша-чороабиниҳо тартиб дода шудааст, ки дар натиҷа ҳаҷми бақияпулиҳо сол аз сол кам карда шуда истодаааст.

Сармоягузорӣ ва бонкҳо

Рушди соҳаҳои иқтисодию соҳибкорӣ аз фаъолияти пурсамари институтҳои молиявӣ вобастагии зиёд дорад. Зеро амалишавии ҳар як лоиҳа ба манбаҳои сармоягузорӣ алоқамандӣ дорад.

Дар давоми 11 моҳи соли 2019 аз тарафи ташкилотҳои қарздиҳии хурди ноҳия бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти соҳибкорӣ, парвариши чорво ва дигар намудҳои зироаткориву боғдорӣ, ба аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии хурд ба 2 ҳазору 545 нафар 25 миллиону 99 ҳазору 434 сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст. Аз он ҷумла, барои соҳаи моҳидорӣ ба ду нафар 136 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст.

Аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии ноҳия ба воситаи бонкҳо дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми 608 миллиону 553 ҳазору 457 рубли русӣ ва 1 млн 788 ҳазору 75 доллари амрикоӣ интиқол гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 113 млн 153 ҳазору 415 рубли русӣ ва 1 млн 82 ҳазору 428 доллари амрикоӣ зиёд ворид шудааст.

Дар ин давра 5 лоиҳаи тиҷоратӣ барои дарёфти маблағ пешниҳод гардидааст: 1 лоиҳа ба Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 лоиҳа барои дарёфти гранти раиси вилояти Хатлон, 1 адад ба Хазинаи Авруосиёии Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон.

Айни ҳол бо 22 адад истифодабарандагони амволи давлатӣ ба маблағи 41 ҳазору 807 сомонӣ шартномаи тарафайн баста шуда ва аз ин ҳисоб 26 ҳазору 850 сомонӣ ба буҷети ноҳия ворид гаштааст.

Тибқи маълумоти нозироти андози ноҳия, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 869 адад субъектҳои соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст.

Аз он ҷумла, 114 нафар тариқи шаҳодатнома фаъолият намуда, аз ҳисоби онҳо ба буҷети ноҳия 605 ҳазору 452 сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Аз 755 соҳибкорони инфиродие, ки бо патент фаъолият мекунанд, 177 ҳазору 915 сомонӣ ба буҷаи ноҳия ворид гардидааст.

Аз ҳисоби 2 ҳазору 791 адад хоҷагиҳои деҳқонии бо шаҳодатнома фаъолияткунанда ба буҷети ноҳия 3 млн 620 ҳазору 355 сомонӣ ворид гаштааст.

Саноатикунонӣ беҳтар шудааст

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳамагӣ дар ноҳия 130 млн 961 ҳазору 800 сомонӣ буда, нисбати ҳамин давраи соли рафта 513 ҳазор сомонӣ зиёд, ё 100,4 %-и иҷроро ташкил менамояд. Аз он ҷумла, ҳаҷми ҳамаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тибқи тадқиқотҳои оморӣ 34 млн 908 ҳазору 400 сомониро ташкил дода, 110,7 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Истифодаи қувваи барқ 10 млн 703 ҳазору 200 сомонӣ ё 8,11% фоизи истеҳсоли саноатиро ташкил медиҳад. Тақсимоти об 28 ҳазору 800 ё ки  0,02% фоизи истеҳсоли саноатиро ташкил медиҳад. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 85 млн 321 ҳазору 400 ҳазор сомонӣ ё 65,2 фоизи истеҳсоли саноатиро ташкил медиҳад.

Таваҷҷуҳ ба роҳҳо зиёд аст

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмиру тармими роҳҳои автомобилгарди маҳҳалӣ корҳои назарасе дар ноҳия ба анҷом расида истодааст. Баҳритаъмиру тармими роҳҳои маҳаллӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо соҳибкорону саховатмандон корбарӣ намуда, дар натиҷа зина ба зина таъмири ин роҳҳоро ба анҷом расонида истодааст. Дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби ҳама манбаҳои сармоягузорӣ дар ноҳия даҳҳо км роҳҳо аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шудааст.

Аз ҳисоби соҳибкорон соли 2019-ум 10,2 километр роҳҳо ба маблағи 650 ҳазор сомонӣ асфалтпӯш карда шуда, 1 километр ба маблағи 13,1 ҳазор сомонӣ сангфарш карда шуда, инчунин 3 пул ба маблағи 106 ҳазору 220 сомонӣ таъмир карда шудааст.

Соли равон идораи роҳи ноҳия ба маблағи 208097 сомонӣ корҳои таъмир ва нигоҳдории роҳҳоро иҷро намудааст.

Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар ин давра ба маблағи 6000 сомонӣ ҷудо карда шуда, зиёда аз 73 аломати роҳ васл карда шудааст. Барои зимистонгузаронӣ ба маблағи 18035 сомонӣ маводҳои зидди лағжиш, ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Ба маблағи 2122 сомонӣ корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ба анҷом расонида шудааст.

Содироти 3670 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷа

Дар ноҳияи Дӯстӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудаст. Зеро дар ин давра нишондиҳандаҳои соҳаи мазкур дар қиёс ба соли гузашта хело афзоиш ёфтааст.

Деҳқонони ноҳияи мазкур бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот дар ҷумҳурӣ ном баровардаанд. Деҳқонони ноҳия на танҳо бозори дохилии худ, балки бозорҳои маркази вилоят, пойтахти кишвар ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва хориҷ аз онро бо меваю сабзавоти тару тоза таъмин менамоянд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ то ҳолати 1-уми ноябри соли равон 61 миллиону 125 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки он 110,8 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 59 миллиону 788 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Соҳаи растанипарварӣ 482 млн 240 ҳазор сомонӣ буда, 113,2 фисадро ташкил медиҳад, ки ин дар қиёс ба соли гузашта 56,млн 317 ҳазор сомонӣ бештар аст. Соҳаи чорводорӣ бошад, 128 млн 885 ҳазору сомонӣ ё 102,8 фоизро ташкил медиҳад, ки он 3 млн 470 ҳазор соионӣ назар ба соли рафта зиёд аст.

Тибқи нақша бояд ба хориҷи кишвар 3 ҳазору 400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз ноҳия содирот мешуд. Нақша барзиёд иҷро шуд. Яъне, 3 ҳазору 670 тонна маҳсулот содирот шуд, ки аз он 2 ҳазору 890 тонна пиёз, 20 тонна полезӣ, 368 тонна меваҷот ва дигар сабзавотҳо бошад, 152 тоннаро дар бар мегирад, ки 108 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Дастовардҳои назарраси ҷавонон

Ба хотири дастгирии ҷавонон дар ноҳия корҳои зиёде ба анҷом расонида мешавад. Зеро ҷавонон нерӯи созанда ва пешбаранда дар ҷомеа ба шумор мераванд, ки МИҲД-и ноҳия ба ин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодааст. Дар натиҷаи ин ғамхориҳо дар ин давра барои онҳо чандин иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.

Варзишгарони ноҳия дар давраи ҳисоботӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 13 медал гардиданд, аз он ҷумла 3 медали тилло, 3 медали нуқра, 7 медали биринҷӣ. Дар мусобиқаҳои вилоятӣ низ варзишгарон иштирок намуда, соҳиби 20 медал гардиданд, аз ҷумла 4 медали тилло, 5 медали нуқра, 11 медали биринҷӣ. Айни замон дар ноҳия 2 майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуда, сохтмони варзишгоҳи марказӣ, 1 толор ва 2 майдончаи варзишӣ босуръат идома дорад.

Фарҳанг рушд намудааст

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар соҳаи фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ пешравиҳои зиёде рӯи кор омадаст, ки ин ҳама ба хотири пос доштани ниёгон аст.

Дар ноҳия ҳамагӣ 28 муассисаи фарҳангӣ мавҷуд буда, ба аҳолии ноҳия хизмати фарҳангӣ фароҳам меоваранд. Аз ин шумора 1 қасри фарҳанги ноҳиявӣ, 1 қасри фарҳанги ҷамоати шаҳрак, 4 хонаҳои фарҳангии деҳотӣ, 1 клуби (толори) фарҳангии деҳотӣ, 4 клубҳои сайёр, 1 мактаби санъати бачагона, 1 боғи фарҳангӣ — фароғатӣ, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагонаи ноҳиявӣ ва 13 китобхонаҳои оммавӣ фаъолият доранд.

Сохтмони боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Дӯстӣ аз 20.04.2019 оғоз гардида, то ба имрӯз ҷараён дорад. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ роҳравҳои доҳили боғ сафолакпӯш карда шудаанд. 4 адад ҷойҳои арғунчакҳо, 4 адад истироҳатгоҳҳои хурд, 1 адад фаввора, 1 адад майдончаи варзишии хурд барои футбол, 1 адад майдончаи варзишӣ барои волейбол сохта шуда истодааст.

Дар даромадгоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ алҳол дарвоза барои воридшавӣ тибқи нақшаи тасдиқшуда қомат афрохта, рангубор ва часпонидани ҳама гуна ороишот ба анҷом расидааст. Сохтмони боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бомаром идома дорад.

Ҷолибияти ноҳияи Дӯстӣ барои сайёҳон

Дар партави эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ноҳияи Дӯстӣ таваҷҷуҳ бахусус ба соҳаи туризм рӯ ба афзоиш аст. Самараи ҳамин тадбирҳои судманд буд, ки дар 11 моҳи соли 2019 ба ноҳия ҳамагӣ 3019 нафар сайёҳони доҳилӣ ва 1648 нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд. Аз шумораи умумӣ ба зиёратгоҳи Имом Зайналобуддин 2426 нафар сайёҳони дохилӣ ва 1156 нафар сайёҳони хориҷӣ дохил шудаанд.

Бо мақсади амалигардонии тадбирҳои дар бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2020 ҷиҳати тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ, ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангӣ рушди тамоми намудҳои туризм-сайёҳии экологӣ ва дигар намудҳои туризм ва дар ин замина муҳайё намудани шароити муносиб барои ташрифи сайёҳони хориҷӣ, ташкил ва баргузор намудани озмунҳо байни ҳунармандони ноҳия оид ба истеҳсоли маҳсулоти савғотии сайёҳӣ, гӯшаҳои маводҳои иттилоотию таблиғотии сайёҳӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин корҳои ободонию созандагӣ дар мавзеҳои сайёҳии ноҳия як қатор чорабиниҳо ташкил ва гузаронида шудаанд.

Дар ноҳияи Дӯстӣ мавзеҳои таърихӣ — муассисаи давлатии «Маҷмааи мемориалии осорхона-мақбараи Имом Зайналобуддин», мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон», маконҳои муқаддасу фарҳангии таърихии ноҳия бо тарҳи наву муосир ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии гузаштаи хеш ҳамчун ёдгории таърихӣ мавҷуданд, ки макони дидании сайёҳон ба шумор мераванд.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ноҳия осоишгоҳи замонавии табобатии «Оби Зам-Зам» бо биноҳои навини маъмуриву табобатӣ сохта шуда, фаъолияти доимӣ дорад ва мавзеи сайёҳӣ ба шумор меравад.

Қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ аз 11-уми майи соли 2018, №365 «Дар бораи «Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Дӯстӣ барои солҳои 2018-2020» қабул гардидааст. Бандҳои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Дӯстӣ барои солҳои 2018-2020» давра ба давра амалӣ гардида истодааст.

Ҳамзамон, дар ноҳияи Дӯстӣ харитаи сайёҳӣ дар даромадгоҳи ноҳия насб шуда, 1 адад меҳмонхона, 1 адад мавзеи сайёҳӣ, 1 адад осоишгоҳ, 2 адад тарабхона, 2 адад осорхона, 1 адад ёдгории таърихӣ, 6 адад чойхона, 3 адад банкомат (хизматрасониҳои бонкӣ), 1 адад ҳоҷатхонаи сарироҳӣ, 1 адад мағозаи фурӯши армуғонҳо, 1 адад зиёратгоҳ, 1 адад боғи фарҳангӣ, 1 адад маркази иттилоотии сайёҳӣ, 1 харитаи сайёҳӣ дар даромадгоҳи ноҳия ва 15 адад китобхона барои сайёҳон амал мекунанд.

Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия аз тарафи муассисаи нигоҳдории давлатии роҳҳои автомобилгард 11 адад ва аз тарафи соҳибкорон 3 адад ишораҳои сарироҳӣ ташкил карда, насб карда шудаанд ва гузоштани ишораҳои сарироҳии ҳудуди ноҳия идома дорад.

Айни замон дар қаламрави ноҳия зиёда аз 95 нафар ҳунармандон ба касбу ҳунари кандакорӣ, гулдӯзӣ, курпадӯзӣ, гулкашӣ, тоқидӯзӣ, дӯзандагӣ, кокулбофӣ, ҷуроббофӣ, чакандӯзӣ, муҳрабофӣ, оҳангарӣ, ҷомадӯзӣ, чапотипазӣ, танӯрсозӣ, сандуқсозӣ, гилембофӣ, дуредгарӣ, адрасбофӣ, сабадбофӣ, қолинбофӣ, ҷуроббофӣ, рассомӣ машғул мебошанд.

Инчунин, иҷроиши қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ аз 18-уми майи соли 2019, №560 «Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 10-уми апрели соли 2019, №94 «Оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми марти соли 2019, №АП-1176 «Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар рӯзномаи ноҳиявии «Паёми Дӯстӣ» зиёда аз 11 маводу мақолаҳо ба табъ расонида шуда, дастраси мардум гардидаанд.

Бо мақсади иҷро ва амалигардонии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми майи соли 2019, №270 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2019-2022» қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ аз 23-юми октябри соли 2019, №1082 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Дӯстӣ барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2019-2022 ба тасвиб расонида ва дастраси масъулини соҳаҳо гардонида шудааст. Иҷроиши он зери назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

Талошҳо баҳри ободист

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми арзандаи худро гузошта, бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои дарпешистода, алалхусус ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here