Ба ифтихори 90-солагии таъсисёбии ноҳияи Деваштич

Оё боре аз баландиҳои куҳи сарбафалаккашидаи бостонӣ, ки имрӯз бо қаторкуҳи Туркистон маълум аст, ба дараҳои зебоманзару паҳнои сарзабзу хуррами ноҳияи Деваштич, ки деҳаҳои бузургу кӯчаки зиёдеро дар бар гирифтааст, назар намудаед? Оё  аз ҳавои тозаву муаттари ин сарзамин, ки шояд дар ҷаҳон назираш кам бошад, нафас кашидаед? Оё  боре аз обу зулолу шаффофи чашмасорону рӯдҳои пуртуғёнаш нӯши ҷон кардед? 

Ин навишта дар мавриде ба хонандагони сершумори рӯзнома пешкаш мешавад, ки ҳамдиёрон ва тоҷикони ҷаҳон баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикиистон ва 90-солагии таъсисёбии ноҳияи Деваштич ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. 

Таърихи ноҳияи Деваштич (собиқ ноҳияи Ғончӣ) ҳамчун яке аз  музофоти тоҷикон басо шавқангез мебошад. Зеро чун қисми таркибии қаламрави тоҷикон таърихи он тамоми ҷузъ, бурду бохт, роҳи паймудаи халқи бостонии моро инъикос менамояд.

Инак 27 сол аст, ки мо бо роҳи истиқлолият пеш рафта, ба сӯйи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем. Роҳи на он қадар тӯлонӣ, вале дар ин муддат тағйироти куллиро ба даст овардем. 

Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ иқдомҳои ҷасурона амалӣ гардиданд, ки асосаш муттаҳид гардидани ҳалқ, ба вуҷуд омадани ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу ваҳдати пойдору устувор мебошад. 

Имрӯз меваҳои истиқлол бор оварда, коми мардумро ширин месозад, аз баракати сулҳу субот ва оштии миллӣ иқтисодиёт рӯ ба тараққӣ ниҳода, иҷтимоиёт беҳбуд гашта истодааст.

Иқдомҳои бузурги ободонию бунёдкорӣ, ки тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба амал омадаанд, шаҳодат бар он аст, ки ояндаи кишвари мо дурахшону мунаввар аст. 

Таърихи гузаштаю муосири ноҳияи Деваштич басо бою ибратомӯз буда, ҳамчун қисми таркибии Истаравшани бостонӣ дар маркази диққати муаррихону коромӯзон қарор дорад. Агар ба мавқеи ҷуғрофии ноҳия, урфу одати аҳолии он, осори шифоҳиву хаттӣ, маданӣ назар андозем, ба пуррагӣ маълум мегардад, ки ин сарзамин дар садаҳои қадиму миёна ва нав ба сифати як қисми хеле наздики Истаравшани бостонӣ ба ҳисоб мерафт. 

Гуфтан ба маврид аст, ки моҳи декабри соли 2019 ноҳияи Деваштич 90-сола мешавад. Ноҳияи Деваштич таърихи беш аз 2500-сола дорад. Ноҳия 5-уми декабри соли 1929 дар Тоҷикистони Шӯравӣ ҳамчун худуди марзиву маъмурӣ ташкил ёфт. Тақсими худудии маъмурие, ки ҳоло вуҷуд дорад, асосан дар охири солҳои 20-уми асри ХХ шакл гирифта, ташаккул ёфта омадааст. Таи солҳои 1924-1929, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор ба ҳайати РСС Ӯзбекистон доҳил мешуд, ҳудуди ноҳияи Деваштич аз волостигариҳои ноҳияи Fончӣ, Басманда ва Далён иборат буда, он ба вилояти Ӯротеппа дохил мегардид. Солҳои 1929-1930 вилояти Ӯротеппа ба округи Ӯротеппа табдил ёфт. Ба ҳайати он се ноҳия: Масчоҳ, Шаҳристон ва собиқ волостигариҳои Басманда, Далён ва Шаҳристон дохил гардиданд.  

Ҳамин тариқ, охири соли 1929 ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) ташкил шуд. 

Соли 1939 бо баробари ташкил ёфтани вилояти Ленинобод Ғончӣ ҳамчун ноҳияи мустақил ба ин вилоят дохил гардид. Аз соли 1944 то соли 1958 ноҳияи Fончӣ ба ҳайати ноҳияи Ӯротеппа дохил мешуд.

Соли 1963 ба қаламрави ноҳияи Fончӣ ҷамоатҳои деҳоти Овчӣ, Далён, Fончӣ, Fазантарак, Яхтан, Росровут, Калининобод марбут буданд, ки 57 деҳотро дар ҳайати худ муттаҳид намуда буданд.

Ноҳияи Деваштич дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ҷанубу ғарбии вилояти Суғд ҷойгир буда, аз шимол бо ноҳияи Спитамен, аз ҷанубу ғарб бо ноҳияҳои Куҳистони Масчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон, аз тарафи ғарб бо шаҳри Истаравшан ва аз тарафи шарқ бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад. 

Масоҳати умумии ноҳия 1588,7 км2 буда мутаносибан 6,3 дарсади масоҳати вилояти Суғдро ташкил медиҳад. Масофа аз пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе то маркази ноҳия-шаҳраки Fончӣ 280 км ва то маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд 70 км-ро ташкил медиҳад.   

Дар ҳудуди ноҳия як ҷамоати шаҳрак-шаҳраки Fончӣ ва 7 ҷамоати деҳот — Яхтан, Fазантарак, Муҷун, Исмоили Сомонӣ, Росровут, Ваҳдат ва Далёни Боло мавҷуд аст, ки ҳамаи онҳо дар худ 55 деҳаро дар бар мегиранд. 

Аҳолии Деваштич то 01.10.2018 167 ҳазору 602 нафарро ташкил медиҳад. Дар ноҳия 67 дарсад тоҷикон, 13 дарсад ӯзбекон ва дигар халқу миллатҳо аҳлона зиндагӣ мекунанд. Зичии аҳолӣ дар ноҳия ба ҳисоби миёна дар 1 километри мураббаъ 99,5 нафарро ташкил медиҳад. 

3-юми феврали соли 2016 бо Қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №204 ноҳияи Ғончӣ ба номи яке аз фарзандони ҳалқи тоҷик-Деваштич гузошта шуд. 

Деваштич-яке аз шоҳони (ихшиди) охирини Суғди Самарқанд, ҳокими Панҷакент, қаҳрамони муборизаи озодихоҳии суғдиён бар зидди истилогарони араб мебошад. Деваштич соли 720 ҳамроҳи шоҳи Суғд Ғурак дар шӯриши озодихоҳии суғдиён бар зидди истилогарони араб мубориза бурдааст. Деваштич баъди ихшиди Суғд шуданаш ба вилоятҳои гуногуни Мовароуннаҳр, Хатлон, Чоч, Уструшана, Фарғона ва Ҳоқони Турк мактубҳои имдодӣ навишта, онҳоро барои мубориза бар зидди арабҳо даъват намуд. Ғурак аслан дар ноҳияҳои марказии Суғди Самарқанд ва Деваштич бошад, дар куҳистони Суғд, асосан дар водии Зарафшон ба муқобили арабҳо мубориза мебурданд.  

Мардуми меҳнатқарину ватандӯсти ноҳияи Деваштич дар ҳар давру замон аз як гиребон сар бароварда, мекӯшиданд баҳри ободии диёр ҳиссагузор бошанд. 

Маратҷон ҶАББОРОВ, сокини ноҳияи Деваштич

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here