Дар сарчашмаҳои таърихӣ аз ҷумла “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров омадааст, ки солҳои 300-уми пеш аз милод Искандар бо лашкари 30 ҳазор нафараи мақдунию юнониаш ба Хуҷанд ҳуҷум кард ва ба муқобилияти сахти мардуми маҳал дучор шуда, талафоти калон ёфт. Лашкари ҷангдида дарёи Танаисро (ҳоло Сир) убур намуда, шаҳри ободу мардуми озодро дучори сӯхтор, куштор ва ғорат кард.

Искандари Мақдунӣ баъди истироҳату фароғат ба тамошои Хуҷанд баромад ва мавзееро маъқул карда фармуд, ки ин ҷо дар соҳили дарё қалъае бунёд намуда онро (Александрия- Эсхата), яъне Александрияи Канорӣ ном гузоранд, то дигарон донанд, ки қаламрави вай аз Александрия то ин ҷо доман паҳн кардааст…

Қалъаро сохта, атрофашро бо девори мазбути қариб 9 километра печонданд…

Солҳо, асрҳо сипарӣ шуданд, қалъа аз даст ба даст гузашт. Алалхусус онро муғулон хеле хароб карданд.

Дар давраи шӯравӣ он ба қисми ҳарбӣ мубаддал гашт, баъди истиқлолияти давлатӣ гирифтани Тоҷикистон дар қалъа қисми ҳарбии 3501-и ВКД-и Тоҷикистонро ҷой карданд. Ҳоло қалъаи Хуҷанд чӣ ҳол дорад? Нақли мо дар ин бора меравад.

“Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки дорои осорхонаҳои таърихӣ —  муассисаи илмию тадқиқотӣ, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Қалъаи Хуҷанд мавзеи аҳамияти баланди таърихию фарҳангиро доро буда, барои рушди илм, фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат менамояд. 

«Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад» — қайд кардааст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳар кишвар бо таъриху фарҳанг ва бозёфтҳояш дар олам машҳур аст. Масалан, Туркия бо чаҳор баҳри атрофашро иҳота карда, ба оламиён машҳур шудааст, ин манзараҳо диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд. Кишвари Шветсария бо куҳҳои сабзи Алп, Миср бо аҳромҳои таърихиаш ба кишварҳои сайёҳӣ табдил ёфтаанд. 

 

Тоҷикистон бошад, бо таъриху фарҳанги қадима, мардуми меҳмондӯст, куҳҳои сарбаланди Помир, табиати афсунгари афсонавӣ, манзараҳои дилфиреб ва чашмаҳои оби нуқрафонаш, дарёҳои куҳиаш диққати сайёҳонро ба худ мекашад.

Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ташкил ва гузаронидани конфронси илмӣ, вохӯрию намоишҳо дар “Қалъаи Хуҷанд” ба ҳукми  анъана даромадааст. Аз ҷумла дар мавзуҳои “Кишвари биҳиштосои мо”, “Ҳифзи асолати осори миллӣ”, “Осорхонаҳо макони таъриху тамаддун”,  “Рисолати ватандорӣ”, “Модар сарчашмаи меҳру вафо”, “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст”, “Ҳунарҳои модарони мо”, “Либоси миллӣ ва замони муосир”, “Аз қаъри таърих” суҳабату конфронсҳо баргузор гаштанд…

Яке аз роҳҳои асосии ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ ва ба осорхонаҳо ҷой додани онҳо мебошад. Зеро дар осорхонаҳо барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ шароит фароҳам оварда шудааст. Нигораҳо баъди таҳқиқу таҳлил дар намоишгоҳҳо ҷои худро меёбанд. Масъулини “Қалъаи Хуҷанд” баҳри ғанӣ гардондани хазинаи осорхона намунаҳои беҳтарини осори таърихию фарҳангиро ҷустуҷӯ ва ҷамъоварӣ менамоянд.

Барои ба амал татбиқ намудани барномаи давлатии «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар солҳои 2012-2020» ва оиди ҷамъоварии нигораҳо аз мардум, ғанӣ гардондани осорхона дар соли 2018 як миқдор ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ ҷамъоварӣ ва харидорӣ шуданд. Барои хазинаи осорхона сандуқ, чархдег, чархи ресмонресӣ, зарфҳои сафолин, лавҳаҳо, сӯзаниҳо, сиккаҳо, гӯшвора ва дигар ашёҳои гуногуни таърихиро харидорӣ намуданд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Литсейҳои касбӣ-техникӣ борҳо ба тамошои осорхона омада бо фарҳанг ва осорҳои гузаштаи аҷдодон шинос мешаванд. Донишҷӯёни ин донишгоҳҳо дар осорхонаҳои “Қалъаи Хуҷанд” таҷрибаи таълимӣ ва истеҳсолиро мегузаронанд.

Бо мақсади ҷалби сайёҳони дохили кишвар ва бо дастгирии Раёсати маорифи вилояти Суғд барои ташаккул додани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна, шиносоӣ бо осори ниёгон, инчунин ба ифтихори эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносии ш.Хуҷанд ба номи академик Нуъмон Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ сайри илмии мавзӯӣ ва дарсҳои кушод оид ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик баргузор мегардад. 

Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” чун дурдонаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб мекунад ва ҳар бинанда аз тамошои ин макон ба ҳунари волои наққошону кандакорон, кулолгарону сангтарошон, адрасу атласбофон ва дӯзандагону бофандагони тоҷик аҳсан мехонанд.

Дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 49 ҳазору 631 нафар сайёҳон аз Қалъаи Хуҷанд дидан намуданд.

Ромиши Фирдавс

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here