Дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе дараи Варзоб ҷойгир шудааст, ки бо табиати зебо, куҳҳои осмонбӯс, обҳои мусаффо ва шифобахшаш диққати сокинони оламро ба худ ҷалб намудааст. Дараи Варзоб тобеи ноҳияи Варзоб буда, ба ноҳияҳои тобеи марказ дохил мешавад. Азбаски шоҳроҳи умумиҷаҳонӣ аз ин дара мегузарад, ҳар соату дақиқа мусофиронро зарурати бо табибони ин ноҳия рӯ ба рӯ шудан пеш меояд. Аз ин ҷост, ки роҳбарони ноҳия тартиби кори табибон, мавзеъҳои табобатӣ ва бемористонҳоро ҳамеша зери назорат гирифта, баҳри боз ҳам хубтару беҳтар хизмат расонидан корҳои шоёнро амалӣ намуда истодаанд.

Хизмати холисона, муомилаи нек, муносибати хуб, рафтори дилсӯзонаи табибони Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб, ки дар шафати шоҳроҳ ҷойгир аст, қобили қайд мебошад. Сарварии беморхонаро табиби ҳозиқ, роҳбари дилсӯз, ҳамрози табибони ҷавон ва ба аҳли назар мушфиқу ғамхор Шамъигул Раҷабова ба уҳда дорад. Номбурда соли панҷум аст, ки сарварии бемористонро ба уҳда дорад ва дар байни кормандони табобатгоҳ бо муомилаи хубу дониши расо, инчунин фаъолияти хуб дар корҳои ҷамъиятӣ ном баровардааст. Бемористон барои қабули беморон ҳамеша омода буда, шабонарӯзӣ бригадаи махсус бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ навбатдорӣ мекунанд. Азбаски дар шоҳроҳ садамаҳои нақлиётӣ хеле зиёд аст, мудом табибони ин мавзеъ омодаи хизматанд.
Чанде қабл пас аз садамаи нақлиётие, ки мусофирони аз он зарардида дар бемористон бистарӣ буданд, ба ин даргоҳ рӯй овардем. Муносибати дилсӯзонаи табибон, чолокиву кордонии онҳоро дида, дар ҳайрат афтодем. Вақте муносибати кормандони беморхона Ашӯрова Муслима ва Назаралиева Бибираҷабро нисбати шахси дар садама ҳалокшуда мушоҳида намудем, ба онҳо садҳо аҳсант хондем. Чунки бо як ҷасуриву чолокӣ ва дилсӯзӣ нисбат ба касби худ дар як муддати кӯтоҳ шахси ҳалокгардидаро барои фиристодан ба манзилаш омода карданд. Онҳо беозорона ҷойҳои дар садама осебдидаи бадани ҷасадро бо об тоза мекарданд. Дар ин шаби мудҳиш табибони ҷавони беморхона Бобоев Дӯстмурод (осебшинос), Усмонов Нурулло (мудири шуъба) ва Юсупов Элназар (бародари шафқат) шабонарӯзӣ беморонро нигоҳубин намуданд.
Меҳнати шоиста ва дасти шифокори кормандони беҳтарини беморхона, аз ҷумла табиби ҷарроҳ, муовини сардухтур Солиҳов Амриддин қобили қайд мебошад. Номбурда бо дониши пухта ва ақли расояш аксар корҳои ҷарроҳиро дар бемористон иҷро карда, дар дилу дидаи беморон ҷой гирифтааст. Хизмати шоёни бародарони шафқат Ҳалимов Абдуҷаббор, Шарипов Фарҳод, Гулов Муҳаммадюсуф низ шоистаи таҳсин мебошад. Дар бемористон ҳама аҳлона аз пайи коранд. Табибон Ҳабибов Олимҷон, Қаландаров Эргаш, Нозимова Нуқра ва мудири дорухона Раҳмонов саъю кӯшиш доранд, ки баҳри табобати беморон боз ҳам беҳтару хубтар хизматрасонӣ намоянд.
Вохӯрии навбатии мо бо сардухтури беморхона Раҷабова Шамъигул ба рӯзи табибон мувофиқ омада буд, ки дар ин рӯз табибони беморхона ва кулли табибони оламро табрик гуфта, ба табибони беморхонаи Варзоб тани сиҳат, хотири ҷамъ ва дасти шифокорро аз Худованд умед кардем. Ҳикмати халқии “Сухани нарми шифокор — беҳтрин дору барои бемор” дар инҷо пурра риоя карда мешавад, чунки беморони аз беморхона баромада ҳамеша шифокорони худро ёд мекунанд ва ба дидорбинӣ меоянд. Хушбахтона, дар ин рӯз муовини раиси ноҳия Қосимзода Моҳтоб низ ба суҳбати мо ҳамроҳ буданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб таҳти сарварии Раҷабова Шамъигул дар тамоми чорабиниҳои ноҳиявӣ иштирок намуда, ҷойи аввалро ишғол мекунад. Ҳукумати ноҳия аз корбарии он кас розӣ буда, баҳри боз ҳам дар сатҳи баланд хизмат расонидан ва бемористонро дар ҷумҳурӣ машҳур гардонидан умеди калон доранд.
Ягона орзуи табибон ин аст, ки баҳри ба истифода додани ҳуҷраҳои таъмиршудаи бемористон ҳукумати ноҳия таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Ҷамолиддин ҶАЛОЛЗОДА,
Душанбе — Варзоб — Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here