Вақте аз дарвозаи шаҳри Кӯлоб ворид мегардед, аз тарафи шимол рӯ ба рӯятон куҳҳои баланди сарбафалаккашида, ки қариб ҳар чор фасл барфпӯшанд, ба назар мерасад ва бинандаро водор месозад, ки ҳарчи бештару бештар ба он наздиктар шавад. Албатта, инҳо куҳҳои осмонбӯси Помиранд, аммо ин ҷо мо на аз Помир, балки аз дигар мавзеъ дидан кардан мехоҳем ва ба ин мавзеъ моро мебарад шоҳроҳи Кӯлоб-Бадахшон. Бале, бо ҳамин роҳ пеш меравем ва тақрибан 7 км дуртар аз шаҳри Кӯлоб як пули оҳанин роҳи моро иваз мекунад…

Ҳавои форами деҳот, насими тоза, садои тракторҳое, ки дар заминҳо кишт карда истодаанд, мардуми меҳнаткаше, ки ҳар яке барои ризқу рӯзии фарзандон талош мекунанд, садои бузу гӯсфандҳое, ки дар бари куҳҳо чарида истодаанд… умуман, ҳама дар пайи ризқу рӯзии ҳалоли хеш. Бале ин деҳаи ман аст. Деҳае дар қалби куҳҳо.Ҷое, ки ман ба дунё омадаам, калон шудаам, таҳсил кардаам.

Дар як тарафи роҳ куҳи баланде бо номи “Шакарбаланд” аст ва табиати хело зебо дорад. Манзилгоҳи ин деҳа низ дар як тарафи ҳамин куҳи ҳамешасабз ҷойгир аст. Вақте вориди ин деҳа мешавед, аввал ба гӯшатон садои зангӯлаи мактаб ва хандаю бозии кӯдакон мерасад, зеро дар даромадгоҳ бинои муассисаи ин деҳа сохта шудааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 39.

Растаи болопӯшидае ҳаст, ки моро дарун ба даруни деҳа мебарад. Аз ду тараф мағозаҳои хӯрокворӣ, ҳаммому сартарошхонаҳо, дорухонаю бунгоҳҳои тиббӣ, варзишгоҳу майдончаҳои варзишӣ, шуъбаи милитсия ва ҷамоати деҳот, хонаҳои истиқоматӣ ва боғҳои пур аз дарахтони мевадиҳанда, меҳмонхонаю ошхонаҳои замонавӣ… умуман, ҳама чӣ афсонавӣ.

Тавре гуфтам ва боз мегӯям, ин ҳамон деҳаест, ки ман калон шудаам, орзу кардаам. Ин ҳамон деҳаест, ки мардумаш ба ман меҳнати ҳалолро омӯзониданд, некӯ бадро ба ман нишон доданд. Ин ҳамон деҳаест, ки устодонаш ба ман хондану навиштанро нишон доданд, ба ман илм доданд. Ин деҳаи ман аст! Деҳаи Туто, ҷамоати Балхобии ноҳияи Муъминобод. Ин деҳа аз маркази ноҳия дар масофаи 50 км дурӣ дорад. Ман духтари ҳамин деҳа ҳастам. Ҳар қадар дур шавам, ҳар куҷое, ки равам, боз ман зодаи инҷо ҳастам ва бо ифтихор ба ҳар касе, ки аз куҷо будани маро мепурсад, мегӯям: “Ман аз ноҳияи Муъминобод, деҳаи Туто ҳастам”.

Гулбаҳори АЛАМХОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here