Ҷелондеҳ охирин деҳаи ноҳияи Шуғнон аст дар самти ноҳияи Мурғоб. Ба гуфтаи сокинонаш вожаи «ҷелон» вожаи қирғизӣ буда, маънояш «морон» мебошад. Яъне деҳаи морон. Чаро ин макон чунин ном гирифтааст? Пайдоиши номи он сабаби табиӣ-воқеъӣ дорад.

Табиати диёри мо

Деҳа дар баландии зиёда аз се ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар ҷониби чапи шохоби дарёи Ғунд ҷойгир буда, дар ҳудуди он ба тӯли қариб се километр дар ҳарду соҳили рӯд чашмаҳои оби ҷӯшон аз қаъри замин фаввора зада мебароянд. Гармии оби баъзе аз онҳо беш аз 95 дараҷа сӯзон мебошад, дар ҳоле ки об дар муҳити ин макони ба осмон наздик дар ҳарорати ҳамагӣ 70 дараҷа ба ҷӯш меояд. Яъне оби фавворазанандаи ин чашмаҳо аз оби дар дегҷӯшанда хеле гармтар мебошад. Тухм, картошка ва сабзавоти гуногунро бидуни оташ дар гармии ин об пухтан мумкин аст ва мепазанд ҳам. Ифлостарин ва сиёҳшудатарин дегу табақ, карсонҳои нонпазиву зарфҳои дигарро як соат зери фаввораи ин об нигоҳ доранд, ба ҷиллои сифати аввалааш бар мегарданд. Солҳои ҳафтодум бо дархости ҳукумати ВМКБ мутахассисони заминкан омада, ҳар яке аз манбаъҳои оби ҷӯшони ин ҷоро парма карда ҷоҳ канданд ва рӯи онҳоро бо дегҳои ба лӯлаҳои ҷумакдор пайваст пӯшонида маҳкам карданд. Бо вуҷуди он, фақат ду адад чашма чун истироҳатгоҳ истифода мешуд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ боз чанде дигаре аз ин чашмаҳоро соҳибкорон иморат карда, обод сохтанду ба табобатгоҳ ва осоишгоҳ табдил доданд. Оби чашмаҳо асосан аз маъдани радоний ва намакҳои нодири кимёвӣ иборат буда, дар муолиҷаи касалиҳои бисёре муфид мебошад. Ҳар сол ҳазорон ниёзмандон аз дохилу хориҷ ба ин ҷо омада, истироҳат кардаву табобат гирифта мераванд. Дафтари ёддоштҳои табобатгоҳҳо пур аз сатрҳои миннатдорӣ мебошанд.
Аммо морон чаро ин маҳалро макони зисти худ қарор додаанд? Чун дар тӯли беш аз се километр аз ду соҳили рӯдхона оби гарму ҷӯшон заҳида ба оби дарё меомезад, онро низ гарм медорад ва ҳатто дар сардтарин рӯзҳои зимистон низ оби шохоб ба масофаи чандин километр ях намебандад. Оби аз чашмаҳои ҷӯшон заҳида баромада, аз ҷуйборҳо гузашта зери харсангҳои соҳили дарёро гарм нигоҳ медорад. Чунин ҳолат барои зисти хазандаҳову моҳиёну обхокиҳои зиёд шароити мувофиқи зиндагӣ омода месозад. Барои зимистонгузаронии морону қурбоқаҳо ва ҳар гуна кирму ҳашарот низ хеле мусоид аст. Беҳтарин хонаи гарму ғизову ризқи фаровон барои морҳо ин ҷо муҳайё аст.

Дар ҳалқаи морон

Тобистони соли 2009, дар яке аз ин гармчашмаҳо табобат мегирифтам ва ният кардам, ки ба лаби дарё рафта моҳидорӣ кунам. Соҳиби чашма шодравон акаи Сайид маро таъкид намуд, ки ба ягон ҷойи дуртар равам, зеро резишгоҳи ин ҷӯйборҳо бо оби рӯд пур аз мор аст. Суханашро чандон ҷиддӣ нагирифтам ва лаб-лаби оби ҷӯй, раҳораҳ малах дошта ба резишгоҳ расидам. Атрофамро нигоҳ кардаму мореро надидам. Ба нӯги шаст малах гузаронида, ба об мепартофтам аммо, моҳие ба чанг намеомад. Болотарак рафта боз шаст партофтам. Дар пасам садои аҷиби фиш-фиш баланд шуд, чун ба қафо нигаристам, боло ва зери харсанге даҳҳо мори рангоранг бо ҳам печидаву хазида талоши ҳаракат мекарданд. Дар умрам ин миқдор мори зиндаро аз наздик надида будам. Мӯйи баданам рост хест. Аз тарс шастамро ба як сӯ ҳаво дода, болои санги бузургтаре ҷаҳидам, аммо ҳамин ки поям ба рӯи санг расид, якчанд мори сафеду сиёҳранги хеле бузургтареро дидам, ки рӯи он офтоб хӯрда мехобиданд. Ман аз морон сахт ҳаросида, лағжида ба оби рӯд афтодам ва чанде аз морони нороҳатшуда низ худро баробари ман ба об афканданд. Бо аҷалаи зиёд афтону хезон аз об баромада сӯи пуштаи соҳили рӯд давидам, дар аснои давиданам боз се-чор мори дигарро сари роҳам дучор омадам. Аз оринҷу зону ва панҷаи дастам хун мешорид.
Вақте ба табобатгоҳ расидам, аз давидану ҳаяҷон нафасам мегирифт. Соҳиби чашма акаи Сайид ҳолат ва ранги паридаамро дида зуд пай бурд, ки бо морҳо «мулоқот кардаам». Маслиҳат дод, ки даррав як пиёла оби сард нӯшам, то бемор нашавам. Нӯшидам, вале хеле хаставу беҳол будам. Субҳи дигар лабону рӯямро табхол пӯшида ҳарорати баданам баланд шуд. Баробари чашмонамро пӯшондан боз он манзараи мудҳиш ба назарам меомад, ки мори зиёде гирди ман мехазид. Ва баъд ҳам чунин шумори зиёди ба ҳам печидаи моронро надида будам. Ба қавли акаи Сайид он ҷо кӯли морҳо будааст ва толеъам тофтаву муфт аз неши онҳо раҳо ёфта будаам. Боварии комил ҳосил намудам, ки Ҷелондеҳ воқеан деҳаи морон будааст.

Меҳмонони пухта

Қиссаи дигаре, ки аз забони сокини солхӯрдаи ин деҳа шунида будам, хеле аҷиб, аммо ҳузнангез буд. Солҳои 50-ум ҳанӯз дар атрофи чашмаҳои ҷӯшон бинову ҳавзҳои пӯшида мавҷуд набуданд ва ронандагону мусофирон, мардуми раҳгузар ҳарҷо-ҳарҷо сари роҳи оби гармро бо сангу шағал баста ба кӯл табдил доданд ва ба он оби хунук давонида баҳузур оббозӣ мекарданд.
Боре аз Маскав як ҳайати намояндагони соҳаи нақлиёт барои тафтиши кори Раёсати роҳи Помир (УПД), тариқи масири шаҳри Ӯши Қирғизистон омада дар Ҷелондеҳ барои истироҳат меистанд. Баъди сарфи ғизову кабобу шароб ба калонтарин ҳавзи сари роҳ даромада, бо ҳаловат оббозӣ кардаву ба ҷойи хобашон бармегарданд. Дар ҳайати муфаттишон се нафар бонувон аз миллатҳои ғайр низ будаанд, ки дар ҳавз хеле роҳат оббозӣ мекунанд, онҳо ният мекунанд, ки субҳ пеш аз мардон боз барои оббозӣ бираванд. Аммо онҳо огоҳ набуданд, ки пеш аз оббозӣ ба ин ҳавзҳо аз ҷӯйбори калони дарра оби сард ҳамроҳ мекунанд. Ва субҳидам пеш аз мардон сари ҳавз омада, гармии онро даст нокарда худро ба оби ҷӯшон меандозанд… Соҳибхона хеле мунтазир мешавад, аммо аз меҳмонзанон дараке нест. Пас аз якуним-ду соат сари ҳавз мераванд ва манзараеро, балки ҳолати мудҳишеро мебинанд боварнокарданӣ. Чӣ даҳшате… Ҷасадҳои ду меҳмонзани даруни об ғӯтида беҷон рӯи об шино доранд ва саввумӣ берун аз ҳавз бе ёду бе ҳуш афтода будааст. Бо ходаи чангакдор ҷасадҳоро ба канори ҳавз кашида мебароранд, вале ба онҳо даст расонида намешуд, зеро гӯшти нимпухтаашон аз баданҳояшон ҷудо мегардид. Ҷасадҳоро дар чодарҳо печонда ба шаҳри Ӯш ва сӯхтаи зиндамондаро ба беморхонаи Хоруғ равон мекунанд…
Маҳалли Ҷелондеҳро дар оянда метавон ба гармхонаи калонтарини вилоят табдил дода, дар чиллаи зимистон низ сабзавоти фаровоне ба даст овард. Ҳатто мешавад аз ҳисоби оби гарм паррандахонаҳои муносиб сохта, парвариши мурғи хонагиву мурғи марҷон, мурғобӣ ва моҳӣ ё морпарвариро ба роҳ монд. Аммо …

Сардор РАҲДОРОВ 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here