Дар марҳилаи тараққиёти пурвусъати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 яке аз марҳалаҳои муҳими сиёсиву таърихӣ маҳсуб ёфта, дар ин давра кишвари азизамон ба пешрафту музаффариятҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву маданӣ ва фарҳангиву илмӣ расид, ки дар тараққиёти минбаъдаи самтҳои мухталифи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. Бахусус, дар сатҳи матлуб баргузор гардидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз падидаҳои назарраси сиёсиву иҷтимоӣ дар давлатдории навини мо мебошад, ки бевосита барои ташаккули минбаъдаи пешрафтҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат заминаи мусоид меоварад. Дар партави сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар радифи дигар муассисаҳои олии кишвар дар тайёр намудани мутахассисони омӯзгориву ғайриомӯзгорӣ бо назардошти талаботи бозори муосири меҳнат омода аст, ки дар ҷомеа нақши сазовор гузорад.

Дар раванди таълим — соли таҳсили 2020-2021 ба курси якуми донишгоҳ 3730 нафар донишҷӯ дохил шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 445 нафар зиёд мебошад. Фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факултет ва 80 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад.

Айни замон дар донишгоҳ 800 нафар омӯзгори штатӣ, аз ҷумла 47 нафар доктори илм, профессор, 354 нафар номзади илм, дотсент, 200 нафар сармуаллим, 199 нафар муаллим фаъолият менамоянд, ки 50% теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 22600 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 10052 нафар (3642 буҷавӣ) дар шуъбаи рӯзона ва 12548 нафар (1173 буҷавӣ) дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Тибқи Квотаи президентӣ 877 нафар, аз онҳо 518 нафар духтарон дар шуъбаи рӯзона ва 8 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд.

Дар нимсолаи аввали соли хониши 2020-2021 ба 970 фан бастаҳои таълимӣ ва муаррифиҳо таҳия карда шудаанд, ки ба 100% баробар мебошад. Назорати мунтазами раванди таълим, интизоми меҳнат ва давомоти донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ тавассути беш аз 600 камераи назоратӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон нақшаҳои таълимии 80 ихтисоси мавҷудаи донишгоҳ дар мувофиқа бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ таҳия гардида, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

Дар донишгоҳ Шӯрои марказии таълимӣ-методӣ мунтазам ҷиҳати пешбурди вазъи таълим ва сифати таҳсилот фаъолият менамояд, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои марказии таълимӣ-методӣ 48 масъала мавриди муҳокима қарор дода шудааст.

Давоми давраи ҳисоботӣ теъдоди хатмкардагони шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ 4623 нафарро ташкил дода, аттестатсияи давлатии хатмкунандагон, ҳимояи корҳои дипломӣ, рисолаи хатм дар сатҳи зарурӣ ҷараён гирифта, нусхаи рисолаҳои хатми хатмкунандагони дараҷаи бакалавр ба китобхонаи донишгоҳ пешниҳод карда шудааст.

Дар соли таҳсили 2020-2021 аз ҷониби гуруҳҳои корӣ барномаҳои таълимӣ, силлабус, дастури таълимӣ, равиши дарсҳои амалӣ, муаррифии фанҳо, мавзӯи корҳои мустақилона (бо роҳбарии омӯзгор ва фориғ аз дарс) ва лаборатории устодон мавриди санҷиш қарор гирифта, ҷиҳати ислоҳи камбудиву норасоиҳо тадбирҳои муҳим ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби мудирони кафедраҳо  феҳрасти фанҳо дар нимсолаи якум бо муаррифии фанҳо ва дигар воситаҳои таълимӣ пешниҳод гардидаанд, ки ба аксари фанҳои тадрисӣ, вобаста ба ҳар як мавзуъ муаррифӣ, таҳия ва танзим гардидааст, ки миқдори умумии он 873 ададро ташкил медиҳад.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тадрис, густариши маҳорати касбии омӯзгорон, шиносоӣ, омӯзишу паҳн намудани таҷрибаи фаъол ташкили дарсҳои кушод дар се сатҳ: кафедра, факултет ва донишгоҳ ба роҳ монда шудааст, ки ин анъана ҳамасола идома ёфта истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар сатҳи кафедраҳо, факултет ва донишгоҳ 495 дарси кушод, аз он ҷумла: 241 дар сатҳи кафедра, 134 дар сатҳи факултет, 120 дар сатҳи донишгоҳ ташкил карда шудаанд, ки дар 114 машғулияти омӯзгорон ректори донишгоҳ бевосита иштирок намудааст. Дар маҷмуъ, таҳлилҳо нишон доданд, ки миқдори дарсҳои кушод дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 ҳам аз ҷиҳати миқдор ва ҳам сифат беҳтар гардидаанд.

Бо мақсади таҳким бахшидан ба сифати дарс, такмили ҷанбаъҳои илмӣ — методии машғулиятҳои назарӣ, амалӣ, лабораторӣ, корбасти шаклҳои нави дарс, истифодаи усулҳои фаъолу навгаро ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ тасмим гирифта шудааст, ки дарсҳои намунавии собиқадорони меҳнат сабт гардида, таҷрибаи устодони варзида ва усулҳои ҷадиди таълими устодони навовар дар факултетҳо паҳн карда шаванд. Барои роҳандозӣ шудани ин иқдом 46 дарси намунавӣ сабт ва ба кафедраҳои донишгоҳ ирсол гардидааст. Дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2020-2021 барои муҳассилини шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва донишҷӯёни хориҷӣ сабти дарсҳои видеоӣ ҷараён дорад, ки ин ташаббус аз ҷониби устодон ва студияи таълимии “Фурӯғ” амалӣ гардида истодааст. Дарсҳои устодони собиқадор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, мутахассисон барои боз ҳам такмил ёфтани дарсҳои назариву амалӣ, лабораториву мустақилона, сайқали маҳорати омӯзгорон ва таъмини салоҳиятнокии донишҷӯён пешниҳодҳои онҳоро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Дар донишгоҳ ҷиҳати таҳким бахшидан ба сифати раванди таълим гузаронидани мониторинги сифати таълим дар се сатҳ — кафедра, садорати факултет ва раёсат ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин барои муайян кардани сатҳу сифати дониши донишҷӯён дар факултетҳо мунтазам санҷишҳои махсус гузаронида мешаваад.

Дар самти таҳсилоти фосилавии донишгоҳ аз рӯи 35 ихтисос дар 16 факултет фаъолият ба роҳ монда шудааст. Аз рӯйи ихтисосҳои ғайриомӯзгорӣ донишгоҳ бо беш аз 64 корхона, ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳамкории судманд дорад. Таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда, соли 2020 дар 106 муассисаи таълимӣ бо миқдори 3395 нафар сафарбар шуда буданд. Ҳамзамон, 1065 нафар донишҷӯи шуъбаи ғоибона, аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мебаранд. Дар давоми соли таҳсил донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҷрибаи омӯзгории худро дар мактабҳои миёнаи умумӣ, кӯдакистон ва гимназияҳо ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар шуъбаи рӯзона 2330 донишҷӯ (194 зергуруҳ) ва дар шуъбаи ғоибона 1065 донишҷӯ (88 зергуруҳ) ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар гардидаанд, ки ҳамаи онҳо бомуваффақият ҷамъбаст намудаанд. Мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназия, литсейҳо ва 16 кафедраи пойгоҳӣ бо адабиёти таълимӣ, маводи лаборатории амалӣ, инчунин, бо мизу курсиҳо дар навбати аввал таъмин карда шудаанд.

Таъсиси гуруҳҳои русиву англисӣ ва ӯзбекӣ бо назардошти фаъолияти ихтисосҳои нав дар донишгоҳ рӯз то рӯз вусъат пайдо кардааст. Соли таҳсили 2020-2021 дар факултетҳои донишгоҳ 25 гуруҳи таҳсилашон бо забони русӣ, як гуруҳи таҳсилашон бо забони англисӣ ва зиёда аз 20 гуруҳи таҳсилашон бо забони ӯзбекӣ фаъолият доранд.

Гузаронидани ихтисосҳои амалкунанда аз аккредитатсияи байналмилалӣ яке аз муҳимтарин тадбирҳое мебошад, ки нуфузи донишгоҳро дар миёни  муассисаҳои олии байналмилалӣ баланд мебардорад. Дар ин самт раёсати донишгоҳ ҷиҳати гузаронидани ихтисосҳои географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат (31021-0203); химия (02043-0000); санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технология (030106-0200); таҳсилоти ибтидоӣ (010201-0000); физика (020502-0000) ва таҳсилоти томактабӣ; равоншиносии амалӣ (010102-0600) ба унвони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол кардааст.

Таъсиси ихтисосҳои наву замонавӣ дар донишгоҳ мувофиқи талаботи замон аз тадбирҳои муҳим мебошад. Яке аз навгониҳои муҳими дигаре, ки дар самти таълим ба амал омад, гирифтани иҷозамнома барои ихтисосҳои 1-23 01 08- 02 01 — рӯзноманигори телевизион, 1-23 0108-0201 WЕВ-рӯзноманигорӣ, 1-23 01 07- 01- иттилоот ва робита (технологияҳои робита), 1-21 04 02 -05 04 — танқиди бадеӣ, 1-21 06 01-01 забонҳои муосири хориҷӣ (тадрис (забонҳои арабӣ-хитойӣ), 1- 23 01 02-03 — таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ-фаронсавӣ), 1-23 0102-03 таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (форсӣ-фаронсавӣ), 1-03 0102 — санъати мусиқӣ ва 1-01 0102-03 — таҳсилоти томактабӣ.

Ҷиҳати пурра азхуд намудани барномаҳои таълимӣ аз ҷониби донишҷӯён татбиқи “Тартиби назорати давомоти донишҷӯёни МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи чунин тасмимҳо дар раванди таълим буд, ки давомоти донишҷӯён ба ҳисоби миёна 96,5%-ро ташкил медиҳад.

Таъсиси 10 ихтисоси нав яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо маҳсуб мешавад, ки дар тарбияи кадрҳои тахассусманд заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. Ҷиҳати таъсиси ихтисосҳои наву замонавӣ раёсати донишгоҳ боз ҳам корбариро вусъат дода, тасмим гирифтааст, ки дар соли таҳсили 2020-2021 таъсиси 22 ихтисоси наву замонавии дигарро ба роҳ монад. Аз ин рӯ, барои ворид намудани онҳо ба замимаи пешбурди фаъолияти таълимии муассисаи таълимӣ ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол кардааст.

Ба фаъолият шуруъ намудани гербарияи ботаникӣ, баргузории таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар мавзеи таърихии Саразм ва Қалъаи Хуҷанд, Шаҳристон ва дигар минтақаҳои сайёҳии кишвар, таҳияи стандарт ва нақшаи таълимӣ барои ихтисосҳои шакли таҳсилашон рӯзона ва фосилавӣ низ аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар самти таълим мебошанд, ки бевосита аз сиёсати ояндабинонаи Пешвои миллат сарчашма мегирад.

Дар самти рушди сатҳу сифати таълим ва татбиқи усулҳои замонавии таҳсилот, ҳамчунин, таҳким бахшидани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ Комиссияи сифати таҳсилот дар донишгоҳ фаъолият дорад, ки барои таъмини сифатмандии машғулиятҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҷиҳати вусъат додани раванди истифодаи васоити техникии таълим дар донишгоҳ ва ворид гардидан ба китобхонаи электронӣ аз 2000 компютер 1650 адади он ба шабакаи интернет пайваст мебошад.

Ташкил ва баргузории семинарҳои омӯзишиву таълимӣ дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҷиҳати пешбурди раванди таълим заминаи мусоид фароҳам хоҳанд гузошт.

Баргузор намудани курсҳои кӯтоҳмуддат ва аз такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорони донишгоҳ яке аз тадбирҳои муҳим мебошад, ки раёсати донишгоҳ бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкории муштаракро ба роҳ мондааст. Ин буд, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (аз 28.09.2020 то 14.10.2020) курси кӯтоҳмуддат аз рӯи равияи “Танзими ҳуқуқӣ-сиёсии рушди давлатдории Тоҷикистон” баргузор карда шуд, ки дар он 28 нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ иштирок намуда, соҳиби диплом гардиданд. Ҳамчунин 12 нафар устодони донишгоҳ аз рӯи равияи иқтисодӣ ва телекоммуникатсия ба такмили ихтисос сафарбар гардиданд.

Таҳия ва нашри маҷаллаи таълимӣ-методии “Раҳнамои омӯзгор” мунтазам ба роҳ монда шудааст, ки фарогири мақолаҳои таълимиву методии устодон мебошад. Айни ҳол шумораи 3-юми маҷаллаи мазкур дар арафаи чоп қарор дорад.

Яке аз самтҳои дигари раванди илм дар донишгоҳ фаъолияти нашрӣ ба шумор меравад. Тибқи нақшаи осори нашршавандаи устодон ва кормандони донишгоҳ дар соли 2020 беш аз 125 номгӯи асарҳо аз чоп баромаданд. Аз ҷумла, китоби дарсӣ 31, дастурҳои таълимӣ ва таълимӣ-методӣ 39, монография 31, таҳияи матн 6, маҷмӯаи мақолаҳо 18 ададро ташкил медиҳанд. Миқдори мақолаҳои илмии устодони донишгоҳ дар соли 2020 ба 1923 адад расидааст, ки аз ин миқдор 432 номгӯ мақолаҳо танҳо дар маҷаллаҳои аз ҷониби Комиссияи олии атеттатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба қайд гирифташуда ба нашр расидаанд. Ногуфта намонад, ки соли ҷорӣ раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст ҳарчи бештар китобҳои дарсии устодони донишгоҳро бо тавсияи Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонад. Дар ин давра ба миқдори 11 китоб бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидааст.

Дар донишгоҳ 539 нафар магистрант аз рӯи 23 ихтисос таҳсил намуда, онҳо ба 46 кафедраи тахассусии донишгоҳ вобаста карда шудаанд. Дар соли ҷорӣ аз рӯйи низоми магистрӣ 2 ихтисоси нав таъсис ёфта, аз рӯйи ин ихтисосҳо довталабон қабул карда шудаанд.

Дар шуъбаи аспирантураи донишгоҳ бошад, айни ҳол 4 нафар докторанти низоми анъанавӣ, 18 нафар аспирант, 118 нафар докторант (РhD) ва 175 нафар унвонҷӯ аз рӯи ихтисосҳои мухталиф бо корҳои илмӣ — тадқиқотӣ машғуланд.

Дар донишгоҳ дар соли 2020-ум 7 Шӯрои диссертатсионӣ — се Шӯрои муштараки диссертатсионӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия (филологӣ ва педагогӣ) ва чор Шӯрои диссертатсионии аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон (PHD — Педагогика, филологияи тоҷик, санъати тасвирӣ ва технология ва иқтисодиёт) фаъолият намуданд ва дар ин Шӯроҳои донишгоҳӣ дар соли 2020 5 нафар унвонҷӯёни донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро дифоъ намудаанд. Дар маҷмуъ, дар нуҳ моҳи соли 2020-ум 22 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ ҳимоя шудаааст.

Яке аз самтҳои афзалиятноки донишгоҳ дар самти илм ташкили конференсияҳо, симпозиюмҳо, анҷуманҳо ва семинарҳои илмӣ ба шумор меравад. Дар давоми соли ҷорӣ 1 конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 1 конференсияи ҷумҳуриявӣ дар доираи 20-солаи омӯзиши рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф, 76 конференсияи вилоятӣ ва умумидонишгоҳӣ ташкил ва гузаронида шудаанд. Бахшида ба ҷашни 700-солагии Камоли Хуҷандӣ китобҳои “Ёдкарди Камоли Хуҷандӣ (Маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ)”, “Туҳфаи ҷон (Шарҳу тафсири 40 ғазали ашъори Камоли Хуҷандӣ)”, “Камол Худжанди в России: исследования и переводы” (Маҷмӯаи тарҷумаҳои ашъори Камоли Хуҷандӣ) ва инчунин бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ китоби “Саразм — ганҷинаи тиллоии тамаддуни тоҷикон” ба нашр расидаанд.

Дар раванди робитаҳои байналмилалӣ самтҳои фаъолият мувофиқи нақша ба роҳ монда шуда, диққати асосӣ барои ташкилу амалӣ намудани чорабиниҳои байналмилалӣ, таҳияи лоиҳаҳои гуногун ва таъмини таҳсил ва будубоши донишҷӯёни хориҷӣ равона карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 30 барномаи гуногуни таҳсилотӣ, илмӣ-тадқиқотӣ барои донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва омӯзгорон тавассути шабакаи интернетӣ ва ҳам бо тарзи гузаронидани семинарҳои амалӣ ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷа, беш аз 100 нафар иштирок ва 10 нафар муваффақ шудаанд, ки соҳиби грантҳои таҳсилотии Сафоратхонаи Чин, донишгоҳҳои ҷудогонаи кишвари мазкур ва Фонди Конфутсий гарданд. Зимни ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ омӯзгорони ихтисосҳои гуногуни донишгоҳ онлайн-курсҳои бозомӯзии интерактивиро азхуд намуда, соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ гардидаанд. Донишгоҳ боз бо 4 муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонида, дар маҷмуъ, бо 70 донишгоҳ ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотии хориҷӣ дар асоси шартномаҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Дар самти иҷрои барномаҳои ERASMUS + соли 2020 — 4 лоиҳаи барномаҳои байналмилалии барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ERASMUS+ дар донишгоҳ амал менамояд, ки лоиҳаҳои амалкунандаи ин барномаи байналмилалӣ аз мониторинги Агентии аудиовезуалии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо гузаштанд ва аз ҷониби экспертони агентии номбурда қайд карда шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд байни донишгоҳҳои Тоҷикистон дар пешниҳод ва амалӣ намудани лоиҳои барномаҳои ERASMUS+ ҷои дуюмро ишғол менамояд. Ҳамзамон, донишгоҳ ду лоиҳаи муҳимро дар самти ҷорӣ намудани тафаккури интиқодӣ ва ташкили аккредитатсияи байналмилалии Барномаҳои таълимӣ дар факултетҳои донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Бунёди Мадад” дар Тоҷикистон таҳия намуд, ки онҳо соли 2021 амалӣ мегарданд. Инчунин донишгоҳ 9 лоиҳаи байналмилалии барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ERASMUS+-ро пешниҳод намуд.

Сол ба сол шумораи гирандагони стипендия дар донишгоҳ афзуда истодааст. Айни ҳол 7 гирандаи стипендияи президентӣ, 22 стипендияи раиси вилоят, 6 нафар стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд ва 3054 стипендияи донишгоҳӣ, дар маҷмуъ, 3089 стипендия ба қайд гирифта шудааст. Тазаккур бояд дод, ки баҳри дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани донишҷӯёни болаёқат ҳар сол беш аз 5,5 (панҷуним) миллион сомонӣ барои таъмини иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳо, конференсияҳо, мусобиқоти варзишӣ ва стипендияи донишгоҳӣ равона карда мешавад.

Дар таъмини раванди таълим воситаҳои техникӣ: таҷҳизоти мултимедӣ дар ҳамаи аудиторияҳои таълимӣ, 196 тахтаи электронӣ, 439 проектор, 356 экран барои проектор, 305 принтер, 42 сервер, 215 гармусардди-ҳанда, 222 ноутбук ва 2421 компутер бо пайвастшавии хати шабакаи ягонаи интернет мавҷуд мебошанд, ки устодону донишҷӯён аз он васеъ истифода менамоянд. Ба ҳисоби миёна дар донишгоҳ барои 4 нафар донишҷӯи шуъбаи рӯзона 1 компутер рост меояд.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти корҳои сохтмонӣ, ободониву созандагӣ ва таъмиру барқарорсозии иншооти донишгоҳ тибқи нақшаи амал ташкили 2 лабораторияи таълимӣ-илмӣ дар факултети физика ва техника муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир бо харҷи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағгузории донишгоҳ ва бо харҷи 230 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағгузории грантҳои хориҷӣ, инчунин 1 лабораторияи таълимӣ-илмӣ дар факултети геоэкология бо харҷи зиёда аз 250 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағгузории грантҳои хориҷӣ ва маблағгузории донишгоҳ мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар давоми сол ҷиҳозонидани утоқҳои кории бинои раёсат, 18 факултет ва беш аз 70 кафедра бо ҷевон ва мизу курсиҳо, таъмири куллии ҳуҷраҳои бинои китобхонаи марказии донишгоҳ ва бинои таълимии №3, таъмири ҷории роҳравҳои биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои №1, 2, 3 ва иншооти ёрирасони беруна, роҳравҳои пиёдагарди бинои таълимии №3, таъмири намои бинои асосии раёсати донишгоҳ, гирду атрофи майдончаи варзишӣ ва роҳравҳои пиёдагарди назди хобгоҳи №9, роҳравҳои дохилии ошёнаҳои 1, 2 ва 3, намои бино, таъмири факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, филологияи тоҷик, геоэкология, тарбияи ҷисмонӣ ва дигар биноҳои таълимию хобгоҳҳо корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ ба сомон расонида шудаанд. Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар донишгоҳ бомаром идома дошта, беш аз 60 маротиба шанбегиҳо бо иштироки кормандону устодон ва донишҷӯён гузаронида шудаанд.

Раёсати донишгоҳ ва сохторҳои он бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус дар байни устодону донишҷӯёни донишгоҳ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намудаанд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ бо иштироки ҳайати роҳбарият мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолият дар ҳамаи сохторҳои донишгоҳ, инчунин байни кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ қарори дахлдор “Оид ба таъсиси ситоди махсус” аз 16.03.2020 №221 ва “Оид ба ҳифзи вазъи солимии омӯзгорону донишҷӯён” ба тасвиб расидааст. Тибқи фармоишҳои ректори донишгоҳ ташкил ва гузаронидани фанҳои таълимӣ тариқи низоми сиклӣ, гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ дар ҳаҷми сесоатӣ дар як рӯз ва се баст, барои риоя намудани қоидаҳои зиддиэпидемиявӣ ба тариқи онлайн гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ ва санҷишҳои ҷориву фосилавӣ барои курси 5-уми шуъбаи ғоибона, гузаронидани таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ (курси 5) дар муассисаҳои таълимии маҳалли зист ба роҳ монда шудааст. Бо раёсати дизенфексияи профилактикӣ дар вилояти Суғд ва шуъбаи санитарию эпидемиологӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба безараргардонии ҳамаи биноҳои таълимӣ ва бо корхонаи “Нассоҷии Хуҷанд” ҷиҳати харидории ниқобҳо шартномаҳо баста шудааст.

Ба гуфтаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, муҳтарам Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, “донишгоҳ баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳои дар ҷараёни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, хусусан, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир, сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ, баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон саъю талош намуда, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона намуда, бо ин роҳ баҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи муассир мегузорад”.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here