Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд яке аз литсейҳои соҳибнуфузи вилояти Суғд буда, нахустин маротиба 26 августи соли 1974 ҳамчун омӯзишгоҳи касбии № 56 таъсис ёфта, аз оғози таъсисёбӣ якчанд маротиба тағйири ном намудааст.
Муассиси муассиса Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва мақоми ваколатдори он дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Роҳбарии литсейро устоди соҳибтаҷриба Хайрулло Нурматов ба уҳда доранд.

Ихтисосҳо
Ихтисосҳое, ки феълан дар Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд омӯзонида мешаванд, ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ ва рақобатпазир мебошанд. Зеро тибқи нақшаи таълимӣ муассиса фаъолияти таълимиро аз рӯи номгӯи ихтисосҳое ба роҳ мондааст, ки хоҷагии халқро бе он тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Бо таҳсили муҳлаташ 2-сола дар заминаи синфи 9:
Дӯзанда, дӯзанда-зардӯз, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, челонгар оид ба таъмири муҳарики автомобил, ҳисобдор бо омӯзиши компютер, ошпаз-қаннод, санъати сартарошӣ ва косметикаи ороишӣ.

Бо таҳсили муҳлаташ 1-сола дар заминаи синфи 11:
Дӯзанда, дӯзанда-зардӯз, санъати сартарошӣ ва косметикаи ороишӣ,
ҳисобдор бо омӯзиши асосҳои кор бо компютер, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, технологияи нонпазӣ (қаннодӣ), ошпаз-қаннод, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил.
Ҳамзамон миёни ихтисосҳои омӯзонидашаванда дар литсей гуруҳҳои шартномавии «ҳисобдор бо омӯзиши компютер», «Ошпаз-қаннод» бо муҳлати таҳсили 2-сола дар заминаи синфи 9 ва «Ҳисобдор бо омӯзиши асосҳои кор бо компютер», «Ошпаз-қаннод» ва «Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил» бо таҳсили муҳлаташ 1-сола дар заминаи синфи 11 ба роҳ монда шудаанд.

Гуруҳҳои таълимӣ
Дар доираи ихтисосҳои номбурда, айни замон дар Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд 21 гуруҳи таълимӣ мавҷуд буда, теъдоди умумии хонандагон 497 нафарро ташкил медиҳад. Дар литсей ҳар чанд вақт бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони литсей ба омӯзишӣ фанҳои таълимӣ, шиносоии бештари хонандагон бо кашфиёти нави илмҳои дақиқ, ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ, бедор намудани завқи онҳо дар байни хонандагони курсҳои 1 ва 2 олимпиадаи фаннии хонандагон ташкил ва гузаронида мешавад.

Потенсиали кадрӣ
Барои амалӣ намудани раванди пешбурди таълим ва тарбияи насли наврас дар муассисаи таълимӣ 38 нафар омӯзгорон фаъолият намуда истодаанд, ки аз онҳо дорои дараҷаи олӣ 12 нафар, дараҷаи якум 7 нафар, дараҷаи дуюм 1 нафар, маълумоти олии бедараҷа 18 нафар, миёнаи махсуси бедараҷа 1 нафарро ташкил медиҳад.
Шумораи умумии устоҳои таълими истеҳсолӣ 23 нафар мебошанд, ки аз онҳо дорои таҳсилоти олии касбӣ 15 нафар, дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ 4 нафар, дараҷаи якум 6 нафар, дараҷаи дуюм 7 нафар, бедараҷа 9 нафарро ташкил медиҳад. Литсей бо омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ пурра таъмин буда, ҳамаи омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ мувофиқи нақша аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштаанд.
Дар литсей 5 нафар омӯзгорони фанҳои умумитаълимӣ ва тахассусӣ бо нишони “Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” , “Аълочии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 8 нафар омӯзгорон бо Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Шакли нави таълим
Аз суҳбат бо директори муассиса Х.Нурматов дарёфтем, ки ба омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ дастур дода шудааст, ки ба масъалаи таълиму тарбия, сатҳу сифати таълим барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконият истифода бурда, самарабахшии фаъолияти хонандагонро таъмин намоянд.
Раёсати муассиса барои баланд бардоштани малакаву маҳорати касбӣ, ба таври мунтазам курсу семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ бо ҷалби мутахассисон ташкил намуда, барои таҷрибаомӯзию коромӯзӣ ба корхонаву ташкилотҳои ватанию хориҷӣ онҳоро сафарбар менамояд.

Дастовардҳои литсей
Ҷиҳати иҷроиши фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сайқал додани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқ ба касбҳои коргарӣ, тақвияти кӯшиш ба фаъолияти ихтирокорӣ, тадқиқотӣ, инкишофи майлу хоҳиш ба корҳои эҷодӣ санаи 27 апрели соли 2018 давраи минтақавии озмуни ҷумҳуриявии «Дӯхти либоси беҳтарини пешхизмат» дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он хонандагони литсей-гуруҳи №04 ихтисоси «Дӯзанда-зардӯз»: Каримова Муҳиба ва Қосимова Қумриҷон ва устои таълими истеҳсолӣ Зоидова Мадина сазовори ҷои якум гардида, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи вазорат сазовор гардиданд.
Инчунин дар озмуни «Кабинети тахассусии беҳтарин» дар байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2018 кабинети тахассусии ихтисоси «Монтёр оид ба таъмири таҷҳизоти барқӣ»-и литсей сазовори ҷои сеюм гардид.
Маъмурияти литсей тасмим гирифтааст, ки дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина эҳёи суннатҳои асили мардумӣ ҳамчун арзишҳои фарҳанги миллӣ байни ҷавонон саҳми худро гузорад.
Бо ин мақсад, бахшида ба соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» моҳҳои июл ва сентябр дастранҷи хонандагони литсей дар намоишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд ва Исфара ба намоиш гузошта шуданд, ки меҳмонони хориҷӣ ба ҳунарҳои миллии хонандагони ихтисоси дӯзанда, ошпаз-қаннод ва нонпаз-қаннод баҳои баланд доданд.
Маъмурияти муассиса инчунин бо мақсади баланд бардоштани дониши шифоҳӣ ва хаттии хонандагон тибқи нақшаи чорабиниҳо, вобаста ба ҷашнҳои миллӣ-таърихӣ дар литсей озмуни «Иншои беҳтарин» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони “Забони мо — ҷаҳони мо”, «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст» доир намуда, онҳое, ки ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд бо ифтихонромаҳо сазовор гардонид.

Таҷрибаи истеҳсолӣ
Дар барномаи омӯзишӣ 2 давраи таълими истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст, ки давраи аввал дар устохонаҳои таълимӣ ва давраи дуюм дар корхонаҳои истеҳсолӣ гузаронида мешавад. Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд бо якчанд корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ҷиҳати ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолии хонандагон ва ҳамзамон бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагон шартномаҳо ба имзо расонидааст.
Чунин шартномаҳо аз рӯи ихтисосҳои «Челонгари таъмири автомобил» бо ҶСП МТТ «Автосервис», ҶСК «АРЗ — 4», ҶС «Сорбон»; ихтисоси «Монтёр оид ба таъмири таҷҳизоти барқӣ» бо Хоҷагии манзилию коммуналии ш. Хуҷанд, Шабакаҳои барқии ш. Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, ҶС «Ҷавонӣ», ихтисоси «Ҳисобдор бо омӯзиши компютер» бо «Амонатбонк», «Эсхата», Ҷамоати ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Ашт, Конибодом, ихтисоси «Нонпаз-қаннод» бо сехҳои қаннодии «Як лаҳза», «Амид», «Ангубин», «Наврӯз», «Шириниҳои Тоҷикистон», «Нонпази нав», «Шаҳди Суғд», ихтисоси «Дӯзанда» бо ҶДММ «Профил», ҶС муштараки «Ҷавонӣ», ҶДММ «Азиз-Ко», ихтисоси «Санъати сартарошӣ» бо кошонаи ороишии «Сабрина», «Элегант», «Муҳайё», «Нозанин», «Шабнам», ихтисоси «Ошпаз-қаннод» бо қаҳвахонаҳои «Хушбахтӣ», «Кавсар», «Зайтун», «Баҳори аҷам», «Адибон», «Сирдарё», «Баҳористон» баста шудаанд ва таҷрибаи истеҳсолии худро донишҷӯён дар корхонаҳои номбурда гузаронида истодаанд.
Дар литсей чор устохонаи дӯзандагӣ мавҷуд буда, дар онҳо дӯхти либоси ягона барои хонандагони литсей ба роҳ монда шудааст, ки хонандагони ихтисоси «Дӯзанда» метавонанд таҷрибаи истеҳсолии худро низ дар сехҳои дӯзандагии литсей гузаронанд.

Дастгирӣ ва ғамхории ятимон
Литсей бо Мактаб-интернат барои бачагони ятим, бачагони маҳрум аз парастории волидайн ва аз оилаҳои камбизоат дар шаҳри Бӯстон ҳамкорӣ намуда, барои омӯзонидан ва соҳибкасб намудани дастпарварон ҷидду ҷаҳд менамояд.
Дастгирӣ ва ғамхорӣ ба ятимон амали хайру савоб аст. Бо ин мақсад тибқи супориши директори литсей ва иттифоқи касаба ба 3 нафар ятимони кулл ва 21 нафар бепарастор (аз онҳо 11 нафар духтарон), ки дар литсей таҳсил доранд, ба ҳар нафар ашёҳои хониш туҳфа карда шуд.

Ба ҷои охирсухан
Аз суҳбат бо маъмурияти Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд маълум шуд, ки дар литсейи мазкур на танҳо ба дараҷаи касбомӯзии муҳассилин, балки ба таъмини онҳо бо ҷои кор низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Соли 2018 муассисаи мазкурро 291 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 243 нафар аз рӯи ихтисос бо ҷои кор таъмин шуда, 28 нафар ба донишгоҳҳои олии Тоҷикистон дохил шудаанд. Ин нишондод басо баланд буда, боиси ифтихори муассиса низ ҳаст. Зеро дар кишвар масъалаи таъминоти хаткунандагон бо ҷои кор басо ҳалталаб буда, чунин сатҳи ба кор таъминшавӣ рейтинги муассисаро на танҳо дар вилоят, балки дар тамоми ҷумҳурӣ боло мебардорад.
Бояд гуфт, ки касбу ҳунар дар ҳаёти инсон нақши ниҳоят муҳим мебозад. Бинобар ин, интихоби дурусти касб, ки дар он ҳунар афзалият дорад, шахсро метавонад соҳиби зиндагии хушу бофароғат гардонад. Ба назари мо, барои ҳар нафаре, ки мехоҳад соҳиби касбҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯй гардад, Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд беҳтарин интихоб хоҳад буд.

“МТЖТ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here