“Агар дипломатия намебуд, ҷанги панҷуми ҷаҳонӣ Сайёраи Заминро комилан нобуд мекард”.

Генри Киссинджер

Ҳар боре, ки бо ин марди шариф дучор оям, суханони Арбоби намоёни давлати ИМА Уилям Ҳенри Севард — “Ба ҳайси сафир ба хориҷа дар ду ҳолат фиристода мешаванд. Ҳолати аввал ба онҳо дар хориҷа ниёз доранд. Дар ҳолати дуюм, онҳо ба Ватан даркор нестанд” ба ёд меояд.

Бешак, дипломат ва олим Зафар Саидзода бо ҳадафи ниёз ба хориҷа фиристонда шуд. Қариб 10 миллион мардуми вилояти Свердловск дар симои ӯ маънавиёт, фарҳанг, одбоу нангу номуси миллати тоҷикро эҳсос мекунанд. Садои фарёди тоҷикони муҳоҷир акнун шунида мешавад. Ва инак дар ҷавоби ин садо Зафар Саидзода дасти имдод дароз мекунад.

Муҳоҷири меҳнатӣ қариб дар тамоми кишварҳо қишри заъфпазир ва бесаробон маҳсуб мешавад. Имрӯз ин қишр дар хориҷи кишвар дар муқобили сохторҳои қудратии полис, идораҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии дохилӣ, созмонҳои ватандорон, рақибони бозори меҳнатӣ ва тоссароҳои миллатгаро истодагрӣ намуда, далерона заҳмат мекашад. Дар вилояти Свердлови Русия беш аз 200 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷир ҳастанд. Фишор, таъқиб, шиканҷҳои шадид аз соли 2004 бо иқдоми миллатгароён муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро ба танг оварда буд. Ҳатто соли 2004 мардуми бумӣ бо ҳидояти миллатгароён дар як гирдиҳамоӣ аз мақомоти кишвари худ хостори берун кашидани тоҷикон аз вилоят ва роҳандозии режими виза байни Русия ва Тоҷикистон шуданд. Вале ибтидо аз соли 2016 вазъ муътадил гардид. Намояндагони Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва хориҷӣ, фаъолони ҲХДТ барои амният, таъмини шароити кори муҳоҷирон корҳои шоёнро анҷом доданд. Аммо аз хизмату заҳмати шабонарӯзии консули генералӣ Зафар Саидзода чашм пӯшидан гуноҳ аст.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода пайваста бо роҳбарияти вилояту шаҳр доир ба шароити кор ва зисти муҳоҷирони меҳнатӣ ва тоҷикони муқимӣ мулоқот доир менамояд. Чанде пеш ӯ бо директори Бюрои Оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳоҷират — Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Москва Абдусаттор Эсоев мулоқоти расмӣ намуд. Зафар Шералиевич дар ҷараёни мулоқот ба намояндаи Оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи лоиҳаҳои он оид ба расонидани кумаки иҷтимоӣ ба иттиҳодияҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва мадад ба мақомоти давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия дар ҳаллу фасли масъалаҳои соҳаи идораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити пандемияи коронавирус ва давраи баъди анҷоми ин бемории ҳамагир иттилои муфассал дод. Дар атрофи ин мавзуъ мубодилаи афкори озоду муфид сурат гирифт. Роҷеъ ба мушкилоту вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Россия, аз ҷумла ба вилояти Свердловск ва умуман ба минтақаи Урал ва роҳу василаҳои бартараф кардани онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Дар пасманзари раванди муҳоҷирати меҳнатии муташаккилонаи тоҷикистониён ба минтақаи Урал аҳамияти амалии ба кор гирифтани чунин имконот, ба мисли таҳсили қаблӣ дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии россиягӣ ва иқомат дар хобгоҳҳои модулӣ махсус таъкид гардид. Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории мунтазами судманд изҳори омодагӣ намуданд. Дар мулоқот намояндаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, раиси ташкилоти ҷамъиятии вилояти Свердловск «Уральский дом» Леонид Гришин бо ҳамкораш Рафаэл Серажидинов иштирок карданд. Чунин чорабиниҳои оммавӣ-амалӣ тайи 10 моҳ 129 маротиба доир гардиданд. Зафар Саидзода шабу рӯз барои муҳоҷирон дастрас мебошад.

Басо ҷолиб аст, ки Зафар Саидзода таърихи Федератсияи Русияро на кам аз муаррихони рус медонад. Ин дар баробари намоиши хирадмандии дипломатияи тоҷик меҳру садоқати мардуми вилоятро ба мардуми тоҷик бедор мекунад. Эҳтиром ва эътиқод ба таъриху фарҳанги Русия дайни ҳар муҳоҷир аст. Пешвои миллат дар ин бора хирдамандона қайд карда буданд: “Шумо имрӯз дар кишваре иқомат доред, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ шарики табиӣ ва стратегии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ва дар минтақаи АвруОсиё давлати хеле фаъолу бонуфуз аст. Густариши муносибатҳои гуногунарсаи дӯстиву ҳамкории судманд бо Россия ва субъектҳои алоҳидаи он дар стратегияи сиёсии хориҷии мо мақоми хос дорад”.

Тарҷумаи ҳоли Зафар Саидзода дар шакли мукаммал як рисолаи алоҳидаро фаро мегирад. 18-уми декабри соли 1961 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи рақами 66-и пойтахт гирифта, соли 1983 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кардааст. Ба ҳайси олими ҷавон дар кафедраи атеизми илмӣ ва фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ташаккул ёфт. Ҳамон вақт соли 1983 ӯро ба кори дипломатӣ даъват карда буданд. Аммо Зафар Шералиевич аз фаъолияти илмӣ ва педагогӣ даст накашид. Ҳимояи рисолаи илмӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ осон набуд. Аз 5 як ҳисса довталабон ба унвони илмӣ мушарраф мешуданд. Соли 1989 рисолаи номзадии бахши фалсафаи иҷтимоӣ барои унвони номзади илми фалсафаро дифоъ кард. Олими ҷавон ҳанӯз дар даврони шӯравӣ равандҳо, тамоил ва ҷунбиши иҷтимоӣ-сиёсии ҷавононро бо далалеҳои илмӣ собит намуд, ки ин нерӯи инқилобии созанда аст. Дар рисолаҳои илмии “Идҳо, маросимҳо ва маросимҳои нави шаҳрвандӣ” (Душанбе: Дониш, 1987), “Ҷавонон дар бораи атеизм ва дин” тамаддуни исломӣ ва таърихии миллати тоҷикро шарҳ дода буд. Ҳамон давра ин пажуҳиш дар ҷомеа баҳси тӯлонӣ ба амал овард. Баъдан аз сали 1995 ба ҳайси инструктор, мудири сектори маорифи сиёсӣ ва иттилоот, мудири шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Комсомоли Тоҷикистон, сармутахассиси Кумитаи кор бо ҷавонони Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон талош варзид.

Соли 1995 аксари кадрҳои баландихтисос ва мутахассисони варзида ба хориҷа фирор карданд. Ҳар рӯз аз ҳамсабақҳо ва ҳамкронаш дар бораи “Биҳишти амрикоӣ”, сармояи хориҷӣ қиссаҳо мешунид. Аммо барояш хоки Ватан ва нони ҳалоли бо машаққат пайдокардааш авлотар аз биҳишт буд.

Ӯро ба котиботи Президенти Тоҷикистон даъват карданд. Одатан дар ин ҳолатҳо аз шароит ва маош мепурсанд. Зафар Саидзода котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъин шуд. Воқеан, Зафар Саидзода яке аз бунёдгузорони марказҳои матбуотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ котиби матбуотӣ ва маркази матбуотӣ вуҷуд надошт. Соли 1995 бо ҳамдастии журналист ва димпломати маъруф Игор Сатторов, ходими намоёни давлатӣ Давлаталӣ Давлатов маркази матбуотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷиро таъсис доданд.

Мухолифин ва фирориёни зархарид, аъзои ҲНИТ зидди Истиқлоияти давлатӣ “ҷанги сард” эълон намуданд. Зафар Саидзода “равзанаи ягона”-и итилоотии давлатиро ташкил намуда, қариб 24 соат итилооти воқеиро паҳну пахш мекард. Ҳоло як далелро хотиррасон мекунем: “Октябри соли 1995 силоҳбадастон дар минтиқаи Тавилдара гуруҳи сарбозони Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро рабуданд. Сипас тавассути шабакаҳои итилоотии тундрави хориҷӣ эълон намуданд, ки урдуи Вазорати мудофиа куллан ба тарафи мухолифин гузштаанд”. Ин хабари дурӯғро ҳатто хабаргузории “Рейтер” пахш намуда буд. Сипас баъи 1 соати пахши хабар Зафар Саидзода изҳороти Вазорати корҳои хорҷиро ба шакли раддия пахш намуд. Баъди як рӯз шахсан бо иштироки Зафар Саидзода аз ноҳияи Тавилдара хабари телевизионӣ намоиш дод шуда, аз қаҳрамонии сарбозони ватандӯст дар амалиёти раҳоии сарбозон аз асорат барнома омода гардид. Дар муддати се соли то имзои сулҳи тоҷикон Зафар Саидзода 2240 сафари журналистони хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дод. Аз ҷумла сафари журналистони ИТАР ТАСС, “Асошейтед пресс”, НТВ Русия ба ноҳияҳои водии Рашт ва ВМКБ ҷаҳониёнро аз ҳақиқати ҳол огоҳ намуд. Собиқ сардори Раёсати иттилоот ва таҳлили Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дипломат ва журналисти маъруф Игор Сатторов дар ин бора чунин менависад: “Зафар бо се забон озод суҳбат мекард. Тафаккури таҳлилии Зафар хориҷиёнро ба ҳайрат меовард. Ҳамзамон Зафар хеле зуд ҳадафи ҳар иттилоотро дарк карда, дар ҳолатҳои зарурӣ онро истифода мебурд”.

Дар муддати кӯтоҳ чун директори Агентии иттилоотии миллии «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал сомонаро бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба бузургтарин оҷонсии хабарӣ табдил дод.

Ба ҳайси ҷомеашинос ва пажуҳишгар ҳанӯз соли 1993 Зафар Саидзода феномени сиёсии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро кашф карда буд. Ӯ яке аз нахустин эҷодкор ва олимоне буд, ки чеҳраи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дар китобҳои “Ҳоми сулҳу ваҳдат. Сулҳ ва ҳамбастагии азиз” ( Душанбе: “Шарқи озод”, 1997), “Президент Раҳмонов: мард ва сиёсатмадор. Президент Раҳмонов шахс ва сиёсатмадор” (Алмаато: Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон, 1997), “Тоҷикистон: Сиёсати хориҷӣ ва иттилооти омма” (Душанбе: “Шарки озод”, 1997), “Президент Раҳмонов: мард ва сиёсатмадор” (Пекин: Нашриёти Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин, 1998), “Як соли Президент Раҳмонов” (Душанбе: “Шарқи озод”, 1998) саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар истиқрори сулҳ, ташаккули давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори байналмилалии Тоҷикистон, рушди иқтисоди кишвар бо омор ва далелҳои муътамад нигорандагӣ намуд. Дар китобҳои пурарзиши “Сиёсати хориҷии Президент Раҳмонов” (Душанбе: Авасто, 2000), “Сиёсати хориҷии Президент Раҳмонов” (Душанбе: Сарпараст, 2001), “Тоҷикистон шарики боэътимод дар муносибатҳои байналмилалӣ мебошад” (Душанбе: Авасто, 2003), “Сиёсати дарҳои кушод” (Душанбе: Авасто — Шарқи озод, 2003) ташаккул ва тавсеаи димломатияи тоҷикро тасвир кардааст.

Борҳо аз забони русиягиҳо шунидаем: “Консули тоҷик босаводу дипломати фозил аст”. Ва мо бо ин марди дардошно ифтихор мекунем

Фарҳод МИРҶАМОЛОВ,

шаҳри Екатеринбург

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here