Ҷамоати деҳоти Далёни Боло фаъолияти худро дар асоси Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, Низомномаи ҷамоат ва дигар қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуии давлатӣ бо мақсади амалигардонии нишондодҳо аз Паём ва дастуру супоришҳои Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда меояд. Сокинони ҷамоати деҳот бо руҳбаландӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ кору фаъолият намуда истодаанд.

 Солҳои 2019-2021 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардиданд ва ин ибтикори наҷиб масъулини ҷамоати деҳоти мазкурро водор намудааст, ки дар ин самт бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва бо ташаббуси аҳолии деҳаҳо аз ҳарвақта бештар бикӯшанду заҳмат кашанд.

Маҳз бо шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, ки ҳадафи асосии давлат пеш аз ҳама таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад, ҷамоати деҳоти Далёни Боло бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.20, таҳти №АП-1059 “Оид ба омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Далёни Боло қарорҳои раиси ҷамоат оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси гуруҳи корӣ ба тасвиб расида, дар асоси он масъулини ҷамоат ба деҳаҳо вобаста карда шуда, ҷиҳати анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳамаи деҳаҳои ҳудуди ҷамоат бо истифода аз имкониятҳои бахши хусусӣ, соҳибкорон, фаъолону аҳли зиё корҳои назаррас анҷом дода шуда истодаанд. Мувофиқи барномаи ҷамоат 35 адад иншооти хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мувофиқи барномаи ҷамоат то имрӯз 14 адад иншоот ба истифода дода шуда, дар 14 адад иншоот корҳои сохтмонӣ аз 35 фоиз то 90 фоиз ба иҷро расонида шудааст. Дар 7 адад иншооти дигар корҳо оғоз нагардидаанд, аз ҷумла сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи Файзобод, дар деҳаи Обиборик, 3 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №9 аз сабаби маблағгузорӣ нагардидан аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъхир афтодааст.

Бинобар муайян набудани қитъаи замин, аз сабаби шароити иқтисодӣ ва молиявӣ 3 адад иншооти хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкорон ба нақша гирифта шуда, оғоз нагардидааст.

Имрӯзҳо дар деҳаи Обиборик аз ҷониби хоҷагии деҳқонии “Зарифиён” як адад чоҳи амудӣ кофта шуда истодааст ва дар рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Инчунин, дар деҳаи номбурда 2 адад чоҳи амудии хурд бо ташаббуси сокинони деҳа Зуҳуров Раҳмонқул ва Орипов Абдувосит аз ҷониби якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ кофта шуда истодааст.

Инчунин, барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тоза ва озода нигоҳ доштани маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат ва аз нав таъмир намудани хонаҳои нообод, аз ҷониби шӯроҳои маҳалла ва фаъолон корбарӣ рафта истодааст.

Таъминоти амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳимтарини иқтисодиёти ҷамоат ба ҳисоб рафта, таъмини босуботи озуқаворӣ дар ҷамоат ба сатҳи рушди ин соҳа вобастагии зич дорад. Кишти картошка мувофиқи хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳоло ба 838,70 га расидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст. Дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ намудани майдони боғот, токзор ба рушду такомул ёфтани боғдорӣ, токпарварӣ такони ҷиддӣ бахшида истодааст.

Ҷамоати деҳоти Далёни Боло фаъолияти худро баҳри амалӣ намудани барномаҳои ҳукуматӣ дар самти илм ва маориф ба роҳ монда, корҳои назаррасро ба сомон расонидааст. Дар ҳудуди ҷамоат шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ 10 адад буда, аз он 8 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ду гимназия мебошанд ва дар ин муассисаҳо 6026 нафар хонандагон таҳсил менамоянд. Дар муассисаҳои таълимии ҷамоат 345 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. Дар тамоми таълимгоҳҳои ҷамоат ҳуҷраҳои компютерӣ мавҷуд буда, бо компютерҳои навтарин муҷаҳҳаз мебошанд.

Дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангии дар ҳудуди ҷамоат мавҷудбуда як қатор корҳо анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, дар таҷлили ҷашнҳои Наврӯз, Ваҳдати миллӣ ва ғайра масъулони хонаи фарҳанг ва клубу китобхонаҳои ҷамоат фаъолона ширкат варзидаанд. Дар ҷамоат 3 адад китобхона амал менамояд. Фонди умумии китобҳо 16914 ададро ташкил медиҳад.

Дигар соҳаи асосии ҷамоат ин соҳаи тандурустии ҷамоат маҳсуб меёбад. Дар давраи ҳисоботӣ баҳри амалишавии барномаҳои давлатии қабулгардида ва хубтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шудааст. Дар муассисаҳои тандурустӣ 72 нафар духтурон фаъолият мекунанд, ки аз инҳо 14 нафар дорои маълумоти олӣ мебошанд. Инчунин, дар ҷамоат 2 маркази саломатии ноҳиявӣ ва 5 бунгоҳи саломатии деҳот фаъолият мебаранд.

Дар ҷамоат бо мақсади иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷиҳати амалишавии барномаҳои давлатии қабулгардида корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд. Дар қатори ташкили озмун-вохӯриҳо аз ҷониби ҷамоат дар якҷоягӣ бо муассисаҳои таълимии ҷамоат дар арафаи санаҳои таърихӣ ва ҷашнвораҳо ташкили мусобиқаҳои варзишӣ низ ба роҳ монда мешавад.

Бо мақсади ба танзим даровардани муҳоҷирати меҳнатии сокинони ҷамоат мунтазам чораҷӯӣ шуда истодааст. Дар ин ҷода ҳамкорӣ бо деҳаҳои ҷамоат баҳри муайян намудани миқдори аниқи муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои муайяне ба сомон расонида шуда истодааст. Оид ба иҷрои қарори раиси вилоят, ки аз санаи 4-уми декабри соли 2014, таҳти №471 “Дар бораи муайян намудани теъдоди умумии муҳоҷирони меҳнатии вилояти Суғд” ба тасвиб расидааст, дар рафти пурсиши ҳавлӣ ба ҳавлии ҳудуди ҷамоат маълум гардидааст, ки 1623 нафар шаҳрвандон дар хориҷи кишвар қарор доранд.

Ҷамоати деҳоти Далёни Боло “Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ”-ро асоси фаъолияти худ қарор дода, вобаста ба дастгирии тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ корбарӣ намуда истодааст.

Назорати пардохти ҷубронпулию кумакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҷамоати деҳот ба ҳисоб меравад. Баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2008, таҳти №379 “Дар бораи тақвияти кумакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” як қатор корҳои муайян ба иҷро расонида шудааст.

Баҳри иҷрои қарорҳои дар боло зикргардида аз тарафи комиссияи махсуси ҷамоат рӯйхати оилаҳои камбизоат дар асоси қоидаҳо тартиб дода шуда, аз ҷониби раисони комиссияҳои деҳаҳои ҳудуди ҷамоат ба комиссияи ҷамоатӣ пешниҳод карда шудааст. Дар натиҷа маълум гардидааст, ки дар ҷамоат 768 адад оилаҳои камбизоат муайян карда шудаанд.

Дастгирии оилаҳои камбизоат ҳамеша дар мадди назари ҷамоати деҳот қарор дошта, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ташкилот, идора, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сарпарастони саховатпеша дар арафаи ҷашнҳои таърихӣ ба пиронсолону маъюбон, ятимон, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои бе сарпараст, табақаҳои камбизоти аҳолӣ ва барои хизматчиёни ҳарбӣ ёрии пуливу молӣ расонида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таъмини иҷроиши талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар самти ҳаллу фасли муроҷиатҳои шаҳрвандон, дастгирии шахсони камбизоат ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон корҳои муайян ба сомон расонида шудааст.

Дар давраи ҳисобтӣ ба унвони ҷамоати деҳоти Далёни Боло ҳамагӣ 40 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ворид гардида, ба қайд гирифта шудааст. Аризаҳо барои баррасӣ ба маълумоти роҳбарият расонида шуда, аз рӯи моҳият ба кормандони ҷамоат ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор ирсол карда шудаанд.

Дар ҷамоати деҳоти Далёни Боло ҳар ҳафта рӯзи шанбе рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ҷамоат гузаронида мешавад.

Дар ҷамоати деҳот бо мақсади таъмини иҷроиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” дар асоси нақша-чорабинӣ фаъолият намуда, дар давоми соли ҷорӣ корҳои муайянро ба сомон расонидаанд.

Мувофиқи иттилои ҷамоати деҳот, ду адад тӯйхона фаъолият дошта, бо гӯшаҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ ороиш дода шуда, барои 295 адад ҷои нишаст мутобиқ гардонида шудаанд. Айни ҳол дар ҷамоат 2 адад масҷидҳои ҷомеъ ва 7 адад масҷидҳои панҷвақта амал менамоянд, ки ҳамаи онҳо бо ҳуҷҷатгузорӣ таъмин мебошанд.

Ҷамоати деҳоти Далёни Боло дар асоси дастуру супориши Президенти кишвар нақшаи чорабиниҳои махсус мураттаб сохта, баҳри амалӣ гардонидани он чораю тадбирҳои зарурӣ андешида, минбаъд низ самти асосии фаъолияти худро барои таъмини иҷрои саривақтии талаботҳои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия ва баҳри таъмини амалии барномаҳои қабулгардида дар ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ равона намуда, бо ин мақсад аз ҳамаи имкониятҳои мавҷудаи дохилӣ истифода намуда, саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Мувофиқи иттиллои раиси ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич муҳтарам Насрулло Файзуллозода, дар ҷамоати деҳоти Далёни Боло 27 000 нафар кор ва зиндагонӣ менамоянд. Самти асосии фаъолияти мардум кишоварзӣ буда, онҳо ба парвариши чорвои калону майда ва занбӯри асалу боғдорӣ низ машғул мебошанд. Имрӯз дар ҳудудҳои ҷамоати деҳоти Далёни Боло 456 хоҷагиҳои деҳқонӣ амал намуда, ба мардум 10 марказҳои калони савдою хизматрасонӣ хизмат мерасонанд. Дар ҳудудҳои ҷамоати деҳот 82 нуқтаҳои хурди тиҷоратӣ, 7-то нонвойхона, 7 осиёби ордкашӣ, 3-то нуқтаи таъмири автомобилҳо, 2-то сехи дӯзандагӣ, 11-то нуқтаи фурӯши гӯшт, дуредгарӣ, 4-то сехҳои оҳангарӣ, 2-то сехҳои кулолгарӣ, 11 нуқтаҳои фурӯши доруворӣ, 3 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 5-то фермаҳои чорвофарбеҳкунӣ фаъолият менамоянд, ки ҳамагӣ баҳри хизмат ба мардум равона карда шудаанд.

Ҷамъи умумии заминҳои ҳудуди ҷамоат 15 000 га-ро ташкил менамояд, ки ҳамагӣ 1500 га-аш замини корами обӣ ва боқӣ заминҳои чарогоҳ мебошанд. Баҳри самаранок истифодабарии ҳар ваҷаб замин чораҳои басо ҷиддӣ андешида мешаванд. Соли ҷорӣ дар майдони 839 га картошка, 69 га полезиҳо, 7 га ғалладонагиҳо асосан дар заминҳои лалмӣ ва 2000 га алафҳои гуногун кишт карда шудааст. Баҳри самаранок истифода бурдани заминҳои лалмию обӣ аз тарафи соҳибкорону фаъолон 89 чоҳҳои амудӣ кофта шудаанд, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши арзанда доранд.

— Саҳми соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзии мо Мирзоев Ҷӯрабек, Сидиқов Соҳибҷон, Сидиқов Собирҷон, Қодиров Мавлуддин, Холов Рустам, Ҷумаев Умурқул, Ҷӯраев Муҳиддин, Додоев Даврон, Фозилов Қосимҷон, Шарипов Ҳокимҷон, Мунаваров Шуҳрат, Разоқов Разоқ, Раҳимбердиев Ғафор, Файзиев Садрӣ (марҳум), Раҳматов Неъматулло ва Боқозиев Тӯйчибой дар дилхоҳ масъалаҳои ободкории ҷамоати деҳот басо калон мебошад. Ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, қарорҳои Ҳукумати кишвар ва раиси вилоятро пирони барнодили мо, аз қабили Каримов Бӯрибой, Мирраҳимов Аюббой ва Авлиёҷонов Отахон байни мардум тарғибу ташвиқ намуда, тараннумгари ободкориҳои кишвар мебошанд. Дар самти ободкориҳо хизмати раисони маҳаллаҳо

Усмонов Маҳмадқул (Далёни Поён), Муртазоев Ҳазратқул (Далёни Боло), Ҳамдамов Ҷумъабой (Қалъаи Арбоб) ва Илҳомов Асланбой (Оби борик) басо калон мебошад. Ногуфта намонад, ки ҳар ташрифи Пешвои миллат ба дилхоҳ маҳали кишвар файзу баракати зиёдеро ба мардум меорад. Агар дар ташрифи аввал, ки 18-уми июни соли 2013 ба Далён сурат гирифта буд, чанд км роҳҳо, НФС, нуқтаҳои хизматрасонию табобатӣ ифтитоҳ гардида бошанд, дар сафари охири Пешво ба Далён, ки аз 1.07.2020 сурат гирифт, аз Далёни Поён то деҳаи навбунёд 2600 метр роҳ бунёд гардида, 1260 метр хати нави барқ бо симчӯбҳои оҳану бетонӣ ва 1 трансформатори шиддатнокиаш 400 васл карда шуда, қасри фарҳанг ва лавҳаи ёдгории шаҳидони ҶБВ дар солҳои 1941-1945 расман кушода шуда, ба фаъолияти маркази хизматрасонии “Ҳоҷӣ Қурбон” дар доираи ин сафар аз тарафи раиси вилояти Суғд Р. Аҳмадзода ва ёрдамчии Президенти кишвар А. Раҳмонзода ифтитоҳ карда шуд. Аз тарафи Пешвои муаззам расман беморхонаи минтақавии №5, ки бо харҷи беш аз 8 млн сомонӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ гардида, Пешвои муаззам аз картошказори хоҷагии деҳқонии “Шердил” ва гандумзори хоҷагии деҳқонии “Муҳаммад” дидан намуда, бо мардум суҳбатҳои самимию дӯстона доштанд. Мардум аз сиёсати Пешвои муаззами худ содиқона дастгирӣ менамоянд. Ягона мушкил дар Деваштич — ин набудани оби полезию ошомиданист, ки ин мушкилро мо солҳо боз бо кандани чоҳҳои амудӣ то як дараҷа ҳал карда меоем. Барои мардумони мо як худи амнияти кулл, ки дар кишварамон ҳукмфармо мебошад, басанда аст, ки аз Пешвои муаззами худ ҳамеша шукргузор бошем,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here