Як ҳамлаву як ҳамла омад шаби торикӣ,

Чусти куну туркӣ кун, на нармии Тоҷикӣ.

Мавлонои Балхӣ

Муноқишаи сарҳадие, ки имрӯзҳо миёни қирғизҳои кӯчиву тоҷикони бумӣ сар задааст, ҳеҷ як фарди ба ору номусу донандаи таърихи Ватанро бетараф намемонад. Таърих гувоҳ аст, ки аз қадими дуродур, яъне аз даврони пеш аз Куруши Кабир, ки бештар аз 2700 -солро дарбар мегирад, ин сарзамин, яъне Суғду Чоч мамлакати Порсоёни қадима мебошад. Аз рӯи ҷадвали мураттаб намудаи Абурайҳони Берунӣ Шоҳаншоҳ Суғд ҳам аз сулолаи Каёниёд буда, Суғд бинни Хусрави дуввум, бинни Мақрӯш бинни Ардашер… мебошад, ки сулолаи шоҳигариаш ба Фаридуни Бузург мекашад.  Пойгоҳи Фаридуни Бузург Балхи бостон аст, ки калъаи бунёднамудааш то имрӯз ҳамчун Куҳан-Диж ёдоварӣ мешавад ва бо коҳишёбии фарҳанг имрӯз Қундуз ном гирифтааст. Ва Куруши Кабиру Суғди Ноюс бинни Хусрав, қирғиз набуданд ва дар он давр номи қирғиз вуҷуд надошт. (Осор-ул-Боқия. саҳ.133.).

Баъди истилои Искандар (соли 227 то мелод), ки подшоҳони Хуросони бостон 3354 сол шоҳигарӣ доштанд, баъди мулукуттавоифи Искандарӣ Ардашер ибни Бобаки Сосонӣ шоҳигарии қадимаро барқарор намуд ва Ҳинду Руму Чин, ки як гӯшаи Чин қирғизи имрӯза мебошад, ҳамчун пештара ба Порс хироҷ медоданд. Аз истилои Араб (соли 634-700)  оғоз намуда, мардумони Порсои қадимаро Форс меноманд. Зеро дар алифбои арабӣ ҳарфи “П” вуҷуд надорад. Азбаски ниёгонамон дини исломро ба осонӣ қабул накардаанд, барои  ҳамин ҳам ба ин сарзамин номи таҳқиромези “Осиё”-ро ниҳодаанд, ки гӯё дар назди мардумони Араб, Осӣ шуда бошанд.

Лашкаркашии Хусрави 1-ро  (соли 550 м.) ба Рум ҳамагон медонанд. Сабаби ин аздастравиҳои замини бо ҷон ба даст омада надонистани таърихи ниёгон мебошад. Ногуфта намонад, ки Хусрави-1, Анӯшервони Одил писари Кай-Қубод зодаи Балхи бостон аз нажоди Фаридуни Бузург аст. (Шоҳномаи Фирдавсӣ, ҷилди 8, саҳ. 51)

Ба китоби таърихи  умумии синфҳои 9 ва 10-и МТМУ-и низ назар андозед, ҳамин аст. Дар ин ду китоби дарсӣ, ки теъдоди зиёда аз 100 000 (сад ҳазор!) нусха нашр шудааст, як ҷумлае дар бораи тоҷикону Тоҷикистон дарҷ нагардидааст. Дар мавриде, ки хатмкунандагони макотиби миёнаи ватанӣ падарону модарони ояндаи ҷамъиятанд.

Бигузарем. Даъвои имрӯзаи қирғиз асоси таърихӣ надорад. Қаламрави Ворухи имрӯза бо фармони котиби якуми ҲК-и онвақта Турсун Ӯлҷабоев, ки бо котиби ПК-и қирғиз Усмон Раззоқов дар мактаб-интернати ш.Хуҷанд ҳамдарс буданд, аз соли 1958 аз ҳудуди Хуҷанд, 56-ҳазор га, аз Конибодом 10, 80 ҳазор га ва аз ҳудуди Исфара 32,780  ҳазор га ва аз ҳисоби ҷамоати Чоркӯҳи колхози Калинин 144 ҳазор га замини қаламрави тоҷикон ба қирғизҳо барои истифодаи дарозмуддат ба муддати 25 сол дода мешавад. Ман шахсан бо Турсун Ӯлҷабоев шиносоӣ дорам. Шахси маишатпараст ва ё ба лафзи дигар гӯем “улфатӣ” буд. Вале аз рӯи қавонини давлату давлатдорӣ ҳаққи чунин худсарона ба ихтиёри республикаву миллати дигар додани 243, 58 ҳазор га надошт. Агар дар шараёни Турсун Ӯлҷабоев хуни тоҷикӣ гардиш менамуд, нисбати халқу миллати тоҷик ин рафтори ношоистаро раво намедид. Ба қавли Абӯрайҳони Берунӣ аз мавзеи кӯҳи Хоҷа-Ғоиби н. Исфараи имрӯза Кай-Хусрав дар рӯзи Наврӯз ба ҳаво ҳурӯҷ кардааст, ки ин санади таърихӣ бо қаҳрамонони Шоҳнома амсоли Зол, Рустам, Гударз, Гев, Бежан, Фарибурз, Тӯс, ки Кай-Хусравро ҳамроҳӣ мекарданд, дарҷ гардидааст (достони Қайсарон. саҳ.53).  Гарчанде мувофиқи созишнома ин заминҳо ба мӯҳлати 25 сол барои истифодо дода шуда бошанд ҳам, дар даврони Шӯравӣ гӯё ҳамаи республикаҳо бародару баробар буданд ва давлати ягона Иттиҳоди Шуравӣ буд. Заминҳои Тоҷикистонро ҳамчун Аляска ба Амрико нафурӯхтаанд, ки имрӯз баргардониданаш имкон надошта бошад. Балки мебояд давлати Қирғизистон ҷуброни 40-солаи ғайриқонунии истифодаи ин заминро ба нафъи давлати мустақили тоҷикон барқарор кунад.

Ниёгонамон барои ҳар як ваҷаби замини муқаддас чи ҷонбозиҳое накардаанд. Ҳукуматдорони воломақоми ҷумҳурии азизамонро мебояд бо уламои асили донандаи таърих машварат намуда, ҳақро ба ҳақдор расонанд. Агар қирғизҳо хоҳони он набошанд, ки ин мавзеъ ба монанди баҳси Қарабоғи Кӯҳӣ шавад, дар назди факту рақамҳои таърихӣ сар фуруд меоранд ва ҳақро ба ҳақдор месупоранд. Аҳли зиёву муаррихони Тоҷикистонро мебояд бо чунин Пешвои созанда бастаҷамона, бо далелу бурҳон аз бойгониҳои Бухорову Самарқанд санадҳои таърихиро пайдо намоему ба Суди ҷаҳонӣ пешниҳод намоем, то ки бе ҷангу куштор замини ба мӯҳлати 25 сол додаро ба соҳибони аслиаш баргардонанд. Ба харитаи ҷойгиршавии ин мавзеъ таваҷҷӯҳ намоед, ки қаламрави ин мавзеъ гӯё дар муҳосираи Тоҷикистон аст. Гумон мекунам Турсун Ӯлҷабоев боре ҳам ба харитаи давлатӣ таваҷҷӯҳ накардааст ва харитаро боре ҳам надидааст. Фақат месазад як роҳи даромадро бубандему халос. Пойтахти Қиргизистон дар сарҳади давлати Қазоқ ҷойгир аст ва мардумони қирғизтабор ин мавзеъро барои он тасарруф намудаанд, ки бисёр замини ҳосилхез дорад.

Раҳмат Шералиев,

омӯзгор, узви ИЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here