МИҲД-и шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд бозичаи дасти судя Эраҷ Ализодаанд?

Дар Суди шаҳри Хуҷанд аризаи даъвогии Зокирова Д. Ҷ., сокини шаҳри Хуҷанд, оид ба бекор кардани қарори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №409 аз 05.06.2015 “Дар бораи дигар намудани мақсади истифодаи замин ва вобаста намудан” ба масоҳати умумии 1109,8 м.м. ба шаҳрванд Яқубов Х. Ф. ба имзо расида, бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз 27.08.2015 №2565 таъмин шудааст, ба баррасӣ гузошта шуд. Талаби даъвогар аз он иборат буд, ки гӯё ин қарори раиси шаҳр, ки ба шаҳрванд Яқубов Х. Ф. соҳибмулки замини собиқ қаҳвахонаи “Равшан” ва “Гармхона” мебошад, иҷозаи сохтмони 9-ошёна додааст, ки он ба рафти корҳои сохтмонии ӯву ҶДММ “Диёри Хуҷанд”, ки шартномаи ҳамкорӣ бастаанд, монеъ мешавад. Ҳамчунин, онҳо ба суд даъво пеш овардаанд, ки ин қарори раиси шаҳр барои даъвати сармоягузор барои сохтмони маҷмааи тасдиқшуда монеа эҷод карда, ба онҳо зарар мерасонад ва он бояд бекор карда шавад.
Ин даъвои ӯву ҶДММ “Диёри Хуҷанд”-ро судя Ализода Эраҷ амиқ ва ҳаматарафа наомӯхта, санаи 27.09.2017 қарор баровард, ки аз чанд ҷиҳат хилофи қонуну хилофи мантиқ мебошад.
Судя Эраҷ Ализода бояд ҳама ваҷҳҳои дар парванда ҳамроҳшударо дуруст меомӯхт, ки наомӯхт. Судя ҳатто маълум накард, ки тибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз 19.06.2015 таҳти №440 ба ҶДММ “Диёри Хуҷанд” барои сохтмони бинои истиқоматии 12-ошёна бо маркази савдо дар хиёбони И. Сомонии шаҳри Хуҷанд танҳо ба масоҳати умумии 656,0 м.м. иҷоза дода шудаасту халос. Ва ҶДММ ”Диёри Хуҷанд” барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо дар ҳудуди собиқ қаҳвахонаи “Равшан” ва “Гармхона” ягон ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунандаи соҳибмулкӣ надорад. Ҳол он ки, дар атрофи ин кӯчаҳо иншооти давлатии Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Идораи палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва бонки “Имон интернешнл”, меҳмонхонаҳои “Ваҳдат”, “Хуҷанд”, қаҳвахонаи “Хони Хуҷанд” ва хонаҳои истиқоматии сокинон воқеанд ва чи гуна мешавад ба ҷои 656,0 м.м. масоҳати барои сохтмон иҷозашуда дар кӯчаи И. Сомонӣ, замини ин идораҳои давлатиро, ки дар кӯчаи дигар воқеанд, гирифту бинои истиқоматии ошёнадор сохт?
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун иҷрои сохтмон танҳо бо иҷозаи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва идораҳои дахлдори он ба сохтмон сурат мегирад.
ҶДММ “Диёри Хуҷанд” барои иҷрои сохтмон дар кӯчаҳои Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳои Хуҷанд ягон ҳуҷҷати расмӣ аз мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд надорад.
Чизе, ки ба Шӯрои шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶДММ “Диёри Хуҷанд” ба баррасӣ гузоштааст, ангораи шаҳрсозӣ аст, ки он маънои дақиқи иҷозат ба сохтмонро доро буда наметавонад. Ҳатто дар посухи расмӣ доир ба додани хулосаи мусбат барои сохтмони шаҳрванд Яқуб Х. Ф. №2 / 17 12 аз 31.07.2017 Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶДММ “Диёри Хуҷанд” расонидааст, ки “бояд қайд намуд, ки лоиҳаи ангоравии Нақшаи муфассали маҳали аҳолинишин ва нақшаи иморатсозии як қисми кӯчаҳои И. Сомонӣ, Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо, Мавлонбек ва Фирдавсии шаҳри Хуҷанд дар Шӯрои шаҳрсозии Кумита санаи 11-уми марти соли 2015 №3 қобили қабул ҳисобида шуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда шудааст. Нақшаи тасдиқшуда ҳуҷҷати асосии шаҳрсозӣ ба ҳисоб рафта, сохтмони бинову иншоот бояд дар асоси нақшаи мазкур ва талаботҳои меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ (МҚШ ҶТ 30.01.2015 Шаҳрсозӣ, банақшагирӣ ва бунёди маҳалҳои аҳолинишин) ба роҳ монда шавад. Аз ин рӯ, Кумита бунёди бинову иншоотро танҳо дар доираи нақшаи тасдиқшуда ба мақсад мувофиқ меҳисобад”.
Заминистифодабаранда Яқубов Х. Ф. дорои Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба масоҳати 1109, 8 м.м. барои сохтмони бинои 9-ошёна ва маркази хизматрасонӣ бо таваққуфгоҳи нақлиёти сабукрав мебошад, ки санаи 27.07. 2015 аз тарафи Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд таҳти №2565 дода шудааст.
Аз тарафи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравӣ ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи кории фармоишгар Яқубов Х. Ф. санаи 28.12.2016 хулосаи мусбат дода шудааст.
Санаи 29.05.2017 аз ҷониби шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд ва ҳам вилояти Суғд ба Яқубов Х. Ф. барои пешбурди корҳои сохтмонӣ иҷозат дода шудааст.
Ализода Эраҷ, судяи Суди шаҳри Хуҷанд ҳангоми баррасии аризаи даъвогии Зокирова Д. Ҷ. ва ҶДММ “Диёри Хуҷанд” натанҳо ба дурусту қонунӣ будани кори сохтмонӣ аҳамият надодааст, балки пешниҳоди ҳама идораҳои давлатӣ, сар аз шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд, то пешниҳоди муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ ва пешниҳоди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сифр баробар донист?! Агар не, яке аз пешниҳоди чунин ниҳодҳоро меомӯхт ва хулосаи мантиқан дуруст мебаровард.

“ФАРАЖ”

P. S. Дар маркази шаҳри Хуҷанд ба мушкил печидани иҷрои кори сохтмонӣ аҷиб аст. Бинобар ин, “Фараж” барои таҳқиқи ин мавзуи судӣ дар оянда низ талош хоҳад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here