Шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин) — маркази маъмурии вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш, баландии 428 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Шаҳри Бохтар дар тарафи чапи дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Иқлимаш хушку форам буда, ҳарорати миёнааш дар январ тақрибан 0,9 ва моҳи июн 28,09 градус селсия мебошад. Масофаи байни Бохтару Душанбе 99 км-ро ташкил медиҳад.

Бо баракати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоҳати шаҳри Бохтар зиёда ба 1000 гектар расида, аҳолиаш бештар аз 110 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Бохтар сеюмин шаҳри бузургтарини Тоҷикистон аст. Шаҳри Бохтар маркази муҳими саноатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Хатлон мебошад.

Дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ ва 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиикстон шаҳри Бохтар хеле ободу зебо гашта, дар он бинову иншоотҳои боҳашамати серошёна, меҳмонхонаву марказҳои муосири тафреҳӣ, майдону гулгаштҳои нав ва бозору марказҳои хизматрасонии замонавӣ қомат афрохтанд.

Тайи солҳои охир дар шаҳри Бохтар барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ имконияту шароитҳои нав фароҳам оварда шуда, меҳмонхонаҳои нав, марказҳои тафреҳӣ, толору иншоотҳои фарҳангии нав ва дигар иншоотҳои зарурӣ бунёд шуданд, ки ҳамаи ин табъи боздидкунандагони шаҳрро болида мегардонад.

Аз моҳи сентябри соли 2017 Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз дар вазифаи раиси шаҳри Бохтар кор мекунад.

 

БОХТАР ДАР ЗАМОНИ ШӮРАВӢ

Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1937) Бохтари имрӯза расман ҳамчун шаҳр ва инчунин, ба маркази вилояти Хатлон табдил меёбад. Пеш аз ин ҳам, мардуми Водии Вахш ин шаҳрро марказ мешумориданд. Инчунин, дар оғози асри XX Бохтар таҳти хатари босмачиёну дуздони бегонаи гирду атроф қарор гирифта буд. Ин мавзеъ ба харобазор мубаддал гашта буд ва ҳайвоноту ҳашарот дар он ҳукмрон буданд. 

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бунёди рустову шаҳрҳо ривоҷ ёфтанд, ба ҷои хаймаҳо, ки пеш мавҷуд буданд, биноҳои нав сохта шуданд. Инҷо ба мавзеи бехатар табдил дода шуд.

Дар даврони шӯравӣ шаҳри Бохтар нашъу намо меёбад. Бо мақсади рушди пахтакорӣ Ҳукумати ИҶШС лозим мешуморад, ки дар водии Вахш шабакаи обёрикунии бузург сохта шавад. Солҳои 1931-1938 канали Вахш бо маблағи иттифоқ сохта шуд. Роҳи оҳани камбари 105 километраи Панҷи Поён — Қӯрғонтеппа дар солҳои 1931-1934 сохта шуд. Ҳазорон гектар заминҳо обёрӣ карда шуданд ва хоҷагию ноҳияҳои нави кишоварзӣ дар атрофи шаҳри Бохтар ташкил ёфтанд. Ноябри соли 1992, пас аз муттаҳид шудани ду вилоят Қӯрғонтеппаю Кӯлоб ва таъсис ёфтани вилояти Хатлон маркази маъмурии он шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) эълон гардид. 

Дар замони ҳокимияти шӯравӣ дар шаҳри Бохтар заводҳои трансформатор, таъмири механикӣ, пахта, консерв, шир, пиво, комбинатҳои гӯшт, маҳсулоти ғалладона, комбинати хизмати маишӣ, фабрикаҳои «Тоҷикатлас», «Дилором» ва ғайра ба фаъолият оғоз карданд.

 

БОХТАР ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Бо баракати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоҳати шаҳри Бохтар зиёда ба 1000 гектар расонида мешавад.

Ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён ва шаҳри Леваканд бо Бохтар ҳамсарҳаданд. Дар шаҳр асосан биноҳои 4-5, 9 ва 14-15-16 ошёнадор мавҷуданд. 

Дар шаҳри Бохтар марказҳои зиёди таълимӣ арзи вучуд доранд аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав, Коллеҷи аграрии махсусгардонидашуда, коллеҷҳои тиббӣ ва педагогӣ, омӯзишгоҳи касби-техникӣ, 4 литсей, мактаб, парваришгоҳ ва 14 муассисаи таҳсилоти миёна ва муассисаҳои томактабӣ. 

Дар ҳудуди шаҳр Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар, вокзали роҳи оҳан ва терминали мусофиркашонӣ фаъолият мекунанд, ки ҳамарӯза аз хизматрасонии он мусофирони зиёде истифода мебаранд.

Шаҳри Бохтар яке аз шаҳрҳои рӯ ба рушд ва ояндадори Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дигаргуниҳои ҷиддие ӯро дар оянда интизор аст. 

 

БОХТАР ДАР АҲДИ ПЕШИН

Дар асри I Кӯшон Вахшонзаминро забт мекунаду Левакандро маркази давлат эълон мекунад. Амалдорони давлати Кӯшониён то асри IV ҳукумронӣ мекунанд. Дар асри XIII Леваканд ба монанди дигар шаҳрҳои  Мовароуннаҳр таҳти зарбаи аҷнабиён (бегонагон) қарор мегирад. Шаҳр хароб мегашту аҳолияш торафт кам мегардид. Онҳое, ки зинда мемонданд, ин водиро тарк мекарданд. Аз сабаби офатҳои табии ба монанди обхезӣ ин мавзеъ ба ботлоқзору шӯразор мубаддал мегардад.

Новобаста аз тағйирёбии ҳокимону роҳбарони ин шаҳр, меҳри сокинон ба ин мавзеъ, ки дар дили онҳо ҷой гирифта буд, намегузошт, ки номи шаҳр аз байн равад.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва археологӣ Бохтар дар аҳди Кӯшониён (асрҳои 1-4) ба вуҷуд омада, Леваканд ном доштааст. То истилои араб шаҳр хеле обод буд ва дар он пул сикка мезаданд. Охирҳои асри 7 ибтидои асри 8 шаҳр ба тасарруфи арабҳо гузашт. Асри 13 шаҳрро муғулҳо забт карда, ба хароба табдил доданд. Танҳо аз асри 16 сар карда он аз нав рӯ ба тараққӣ ниҳод. Номи пешини шаҳр (Қӯрғонтеппа дар назар аст) дар маъхазҳои таърихии асри 17 дучор меояд. Ҳоло дар маркази шаҳр теппае ҳаст, ки аз ду тарафи он наҳрҳои «Ҷӯйбор» ва «Ҷӯи Хонум» ҷорӣ мешаванд. Ба ақидаи олимон ин теппа ҳанӯз замони ҳукмронии Кӯшониён вуҷуд доштааст. 

 

ТАЪРИХИ ТЕППАИ ШАҲРИ БОХТАР

Таърихи Теппаи шаҳри Бохтар ба асрҳои I-II мансуб дониста мешавад. Ба ривояти дигар, ин Теппаро табиат ба вуҷуд наовардааст, балки тавассути дастони муъҷизаофари мардум сохта шудааст. Вақте ки теппа сохта шуд, дар давоми асрҳои XIX ва XX дар болои ин Теппа- Қалъаи Беки Қӯрғон ҷой гирифта буд.

Хоки теппа аз заминҳои гирду атроф оварда шудааст. Мақсади асосии сохтани ин теппа он аст, ки посбонон шаҳр ва қалъаро аз душманон нигоҳбину ҳифзаш кунанд. Ҳокими Леваканд (номи қадимаи Бохтар шаҳр, ки таърихи дуҳазорсола дорад) «андози хок» ҷорӣ карда буд. Дар баъзе аз ривоятҳо омадааст, ки дар ин ҷо бозоре ҷойгир буд, ки одамон аз давлатҳои гирду атроф ба ин ҷо омада хариду фурӯш мекарданд. Ҳар як шахс вазифадор буд, ки як халта хок оварда дар болои теппа резад, баъди рехтани як халта хок ба онҳо иҷозат медоданд, ки дар бозор ба савдо машғул шаванд. Ҳамин тавр, ҳар як одами ба ин мавзеъ омада як халта хок рехта-рехта баландии теппаро ба 40 метр расониданд. Гирди теппа бо девори махсус маҳкам карда шуда буд, ки 12 метр паҳноӣ дошт.

Аз ду тарафи теппа, ки дар болои он қалъаи Бек сохта шуда буд, ду наҳр дида мешавад. Наҳре, ки дар самти шарқии теппа аст ба он «Ҷӯйбор» ва наҳре, ки дар самти шимоли теппа ҷойгир шудааст «Ҷӯйхонум» ном ниҳода шудааст. Доир ба наҳри «Ҷуйхонум» чунин ривояте ҳаст, ки он дар қисми шимоли теппа бо фармони Бек канда шуда ва зани дӯстдоштаи Беки Левканд Бибихонум бо ҳамроҳии хизматгоронаш дар наҳр шинову истироҳат мекардааст, аз ҳамин хотир он номи «Ҷӯйхонум»-ро ба худ гирифтааст.

 

ДАСТОНИ ЭЪҶОЗОФАРИ МАРДУМИ ШАҲРИ БОХТАР

 Мардуми тоҷик таърихан бо ҳунару малакаи хеш маъруфу машҳур мебошанд. Онҳо бо маҳсули зебои дасти худ ҳамарӯза дар зиндагӣ харидоронро шод мегардонанд. Оҳангарӣ аз қадим то замони мо яке аз ҳунарҳои машҳури мардуми тоҷик ба шумор меравад. Аз сабаби кори вазнину мушкил буданаш, ба ин кор анъанавӣ танҳо мардҳо шуғл меварзанд. Ҳокимону сиёсатмадорон дар гузашта пешрафту тараққиёт ва амнияти кишварашонро дар ривоҷу равнақи касби оҳангарӣ марбут медонистанд.

Бар замми ин, дуредгарӣ низ яке аз ҳунарҳои аҷдодӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Васоилҳои чубӣ анъанавианд, ба монанди лавозимоти  зебои кандакоришудаи хонаҳо: дар, тиреза, чамбарак, гаҳвора ва кат.  Дуредгарӣ тахаюлоти бою рангини мардуми тоҷикро инъикос менамояд.

Чанде пеш бахшида ба соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар назди Кохи Лоҳутии шаҳри Бохтар чорабинӣ-намоишгоҳи хос баргузор гардид. Дар он ҳамаи ҳунармандони шаҳр ширкат карданд.  Дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 намуди ҳунарҳои мардумиро сокинони шаҳр пешкаш намуданд, ки писанди тамошобинон гардид.  

Дар чорабинии фарҳангиву фароғатии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар ва раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз ва дигар меҳмонон ширкат намуданд.

Дар ҳар як гӯша маҳсули дастранҷи ҳунармандон — хусусан ҳунарҳои мардумӣ гузошта шуда буд. Ғайр аз ин дастандаркорони чорабинӣ гӯшаи сайёҳии шаҳрро ташкил намуда буданд, ки ҷойҳои диданӣ, таърихӣ, фароғатӣ, маконҳои тамошобоб ва истироҳатии Бохтарро муаррифӣ мекард. Инчунин, дар намоишгоҳ маҳсули дасти заргарон, кандакорон, қуроқдӯзон, гулдузон ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

 

ШАҲРИ БОХТАР ДАР АҲДИ МУОСИР

Гуфтан ба маврид аст, ки бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ намудани номҳои шаҳру ноҳияҳо бо бузургону шаҳрҳои қадимаи худ як василаи амалӣ намудани талаботҳои қонуни мазкур, беҳбудӣ бахшидан ба рушди забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни пурғановати худ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ буда, воқеан ҳам рисолати имрӯзаи мо ватандорон ҳамин аст. Пас месазад, ки маконе, ки дар гузашта ин қадар шуҳратёру мардумонашон шуҷоъю ватандӯст буданд, маконе, ки ба ҷаҳониён тамаддун додаю замони худ яке аз марказҳои баландтарини рушди фарҳангу илм, махзани илму адаб буд, аз нав номи аслии хешро гирад.

Дар асоси таърихи гузаштаи Бохтаршаҳр бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, аз 20 январи соли 2018, таҳти №29 бо Қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 16 феврали соли 2018, таҳти №511 номи шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён ва шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар иваз карда шуд.

Ивази ном намудани Қӯрғонтеппа ба Бохтар ин эҳтиром ба таърихи пурғановатамон буда, воқеан ҳам зиндаву ҷовидон нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ мебошад.

 

Бахтиёр АЛИМОВ

Добавить комментарий