Ташкилоту муассисаҳои шаҳрию вилоятӣ ва аҳолӣ аз ҳақи хизматрасонии барқу об ва андоз 110 миллион сомонӣ қарздор шудаанд. Ба қавли Изатулло Мансурзода — сардори Нозироти андози шаҳри Бохтар қарзи 16 ташкилоту муассисаҳои шаҳрию вилоятӣ ба 31-уми августи соли равон аз ҳисоби андоз 14 миллион 875 ҳазору 467 сомониро ташкил медиҳад, ки ин боиси иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр мегардад.

Кӣ андоз намесупорад?

Корхонаи фаръии байниноҳиявии “Бохтаргаз”, ки айни замон фаъолият надорад, дар назди буҷет 9 миллиону 954 ҳазору 490 сомонӣ қарздор аст. Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар бошад, 2 миллиону 881 ҳазору 750 сомонӣ, КФД Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр беш аз 295 ҳазор сомонӣ, КФД “Ниҳолпарварӣ” ва кабудизоркунии шаҳр зиёда аз 615 ҳазор сомонӣ, Корхонаи фаръии давлатии таъмиру истифодабарии иншооти манзилии шаҳр 151 ҳазор сомонӣ, Кооперативи тиҷоратии “Нуриддини Абубакр” 49 ҳазору 65 сомонӣ, Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат 234 ҳазору 100 сомонӣ”, КФД бақайдгирии молу мулки ғайриманқул беш аз 55 ҳазор сомонӣ, ҶСК Комбинати шири шаҳри Бохтар 199 ҳазору 657 сомонӣ, ҶДММ “Меҳровари Қӯрғонтеппа” 64 ҳазору 199 сомонӣ”, ҶДММ “Бурс” наздики 28 ҳазор сомонӣ, КДК “Маркази дастгирии кишоварзӣ”-и вилояти Хатлон зиёда аз 94 ҳазор сомонӣ”, Филиали муассисаи давлатии илмии институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 94 ҳазору 407 сомонӣ, Раёсати истифодабарии оби нӯшокии вилояти Хатлон, муассисаи давлатии “Сарраёсати Тоҷикобдеҳот” 83 ҳазору 590 сомонӣ, Муассисаи “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” зиёда аз 28 ҳазору 600 сомонӣ ва Филиали Кооперативи истеҳсолии “Сер Ғайрат” 45 ҳазору 249 сомонӣ қарздор мебошанд,- гуфт роҳбари нозироти андози шаҳри Бохтар.

“Пули обро диҳанд, мо андозро месупорем”

— Ташкилоту идораҳои шаҳри Бохтар, аҳолӣ ва дигар муштариён дар назди Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар 2,5 миллион сомонӣ қарздоранд,- мегӯяд директори корхона Абдукарим Яров. “Бинобар сабабе, ки ҳақи хизматрасонии об аз тарафи муштариён пардохт намешавад, мо низ дар назди андоз қарздор шудаем. Айни замон ба хотири қарздор буданамон нозироти андоз суратҳисоби корхонаро бастааст”,- афзуд ӯ.

Қарзро давоми сол пардохт хоҳем кард”

Давлатзода Тоҷиддин — директори Корхонаи фаръии давлатии ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳри Бохтар низ қарздории корхонаашро дар назди андоз тасдиқ карда, илова намуд, ки ин қарз аз соли 2014 омада истодааст. Қарзи ин корхона аз андоз 615 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

— Моҳи августи соли ҷорӣ 48 ҳазор сомонӣ қарзро супоридем ва кӯшиш мекунем, ки давоми сол боқимонда қарзи андозро супорем. Суратҳисоби корхона аз моҳи апрели соли ҷорӣ аз ҷониби нозироти андози шаҳр баста шудааст,- гуфт ӯ.

Коронавирус сабаб шуд…

Саид Ниёзмаҳмад — директори муассисаи давлатии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бохтар зикр кард, ки ҳоло муассиса дар назди нозироти андоз зиёда аз 234 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад, ки омили он бемории сироятии коронавирус аст.

— Муассисаи мо худмаблағгузор мебошад. Аз сабаби барвақт ба рухсатӣ баромадани хонандагон, мо натавонистем маблағи андозро супорем. Қарздорӣ аз ҳақи таҳсил аз ҷониби хонандагон наздики 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аммо баъди шуруъ шудани дарсҳо мо 25 ҳазор сомонӣ қарзи андозамонро супоридем ва дар оянда низ баъди ворид шудани маблағи ҳақи таҳсил боқимонда қарзро пардохт хоҳем кард,- зикр намуд директор.

Маблағ намедиҳанд?

Бобоалӣ Барфиев — сармуҳосиби Корхонаи фаръии давлатии таъмиру истифодабарии иншооти манзилии шаҳр низ қайд кард, ки “корхона дар назди нозироти андози шаҳр 203 ҳазор сомонӣ қарздор буд, ки 100 ҳазори онро пардохт кардем. Айни ҳол қарзи корхона аз андоз 154 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”.

Омилҳои пайдоиши қарзро ин шахси масъул саривақт ҷамъоварӣ нашудани ҳақи хизматрасонӣ ва саривақт пардохт нашудани маблағ аз буҷети шаҳр медонад.

— Ба 1-уми сентябри соли равон 203 ҳазор сомонӣ маблағамонро аз буҷети шаҳр пардохт накарданд. Мо муроҷиат мекунем, мегӯянд, ки пул нест, танҳо музди меҳнатро пардохт мекунему халос. Дигар суратҳисобҳо ҳама баста шудааст,- илова кард Б. Барфиев.

Аммо сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар Изатуллозода Ҳабибулло гуфт, ки Корхонаи фаръии давлатии таъмиру истифодабарии иншооти манзилии шаҳр дар асоси шартномаи тарафайн бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар баъди пешниҳоди корҳояшон, ки аз ҷониби мақомоти шаҳр қабул карда мешавад, маблағгузорӣ мегардад.

— Соли 2020 дар буҷети шаҳр оид ба хизматарсонии корхона 900 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки аз он баъди иҷрои корҳояшон 387 ҳазор сомонӣ аз ҷониби буҷети шаҳр маблағгузорӣ карда шудааст,- илова намуд сардори Раёсати молия. “Айни замон аз ҷониби ширкати хонаҳо корҳои иҷрошудаашон дар моҳи август ба раёсати молия пешниҳод карда нашудааст. Дар сурати пешниҳод шудан, мо омодаем маблағи корҳои иҷрошударо, ки тариқи шартномаанд, пардохт намоем. Корхонаи фаръии давлатии таъмиру истифодабарии иншооти манзилии шаҳр худмаблағгузор буда, дар доираи хизмтарасониҳо фаъолияти худро пеш мебарад ва қарзи андозро ба уҳдаи буҷети шаҳр вогузор кардан нодуруст аст,- афзуд ӯ.

Барқ истифода мешавад, маблағаш пардохт намешавад

— Ташкилоту идораҳои шаҳриву вилоятӣ аз ҳақи истифодаи қувваи барқ дар назди шабакаҳои барқи шаҳр 89,7 миллион сомонӣ қарздор мебошанд,- гуфт Аҳлиддин Шарифзода — муовини сардори Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар. “Қарзи ҳақи истифодаи қувваи барқ феълан ба 89 миллиону 700 ҳазор сомонӣ расидааст. Аз ҷумла, аз аҳолӣ 31,3 миллион сомонӣ мебошад, ки ин дар муқоиса ба 7 моҳи соли гузашта 6,6 миллион сомонӣ бештар аст”,- илова кард ӯ.

Манбаъ иттилоъ дод, ки бинобар сабаби қарздорӣ қувваи барқи 720 муштарӣ дар ин давра хомӯш карда шудааст, ки маблағи он 412 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва аз ин маблағ 341 ҳазору 60 сомониаш рӯёнида шудааст.

Зикр карда шуд, ки бо мақсади рӯёнидани қарзҳо 58 адад даъво ба маблағи 620 ҳазор сомонӣ ба суд пешниҳод карда шудааст, ки аз ин ҳисоб 348 ҳазор сомониаш пардохт карда шудааст. Ғайр аз ин, 4 мавод ба мақомоти прокуратура ба маблағи 900 ҳазор сомонӣ ирсол карда шудааст, ки айни замон мавриди санҷиш қарор дорад.

Маблағ кам ҷудо мешавад

Қурбон Шодиев — сармуҳосиби ду ниҳод — беморхонаи шаҳрӣ ва кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар иттилоъ дод, ки айни замон беморхонаи шаҳр аз ҳисоби истифодаи барқ 533 ҳазору 740 сомонӣ ва КАТС бошад, 118 ҳазору 698 сомонӣ қарздор мебошанд: “Сабаби пайдо шудани ин қарзҳо дар сметаи хароҷотии муассисаҳо кам пешбинӣ шудани маблағ барои ҳақи қувваи барқ мебошад. Хароҷоти воқъии мо солона 120 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Вақте мо сметаи хароҷотии муассисаро пешниҳод мекунем, Раёсати молия барои ҳақи истифодаи барқ ба мо ҳамагӣ 30-40 ҳазор сомонӣ пешбинӣ мекунад, ки оқибат ба афзоиши қарзи муассисаҳо дар назди шабакаҳои барқ оварда мерасонад”.

— Дар ҳақиқат, қарзи беморхонаи шаҳрӣ ва КАТС-и шаҳр аз солҳои пеш омада истодааст,- гуфт Изатуллозода Ҳабибулло ва афзуд, ки “ҳар сол дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ ҳисоббаробаркунии ташкилоту идораҳои буҷетӣ бо тарафи сеюм сурат мегирад. Мо маблағи қарзи беморхона ва КАТС-и шаҳро ба Вазорати молия пешниҳод кардаем ва ҳоло дар омӯзиш аст. Дар масъалаи дар харҷномаи муассисаҳои мазкур кам нишон додани маблағи истифодаи қуваи барқ ва об ҳаминро гуфтаниам, ки беморхонаи шаҳр ва КАТС-и шаҳр ба тариқи сарикасӣ аз рӯи шумораи аҳолӣ айни ҳол маблағгузорӣ карда мешаванд. Ҳардуи ин муассисаҳо дар асоси қарори 600 фаъолият мекунанд, ки ҳар як намуди хизматрасониашон маблағҳои муайян дорад”.

Ба иттилои манбаъ, масъулони ин ду ниҳод метавонанд ҳам аз ҳисоби маблағҳои қарори 600 ва ҳам аз ҳисоби буҷет ҳақи хизматрасонии барқро муайян кунанд.

— Дар асоси қонунҳои амалкунандаи кишвар мо танҳо музди меҳнатро муайян мекунем. Боқимонда маблағҳоро мо пакет карда медиҳем, онҳо аз рӯйи хароҷоти аслиашон харҷнома тартиб дода, ба Раёсати молия пешниҳод мекунанд. Масъулияти маблағҳоро пешбинӣ кардан ба зиммаи худи роҳбарият ва сармуҳосиби худи муассисаҳо аст,- гуфт Изатуллозода Ҳабибулло.

Об медиҳем, пул намедиҳанд”

Абдукарим Яров — сардори КФБ “Обу канализатсия”- и шаҳри Бохтар зикр кард, ки ҳоло ташкилоту идораҳои шаҳрию вилоятӣ ва аҳолӣ аз ҳақи истифодаи об беш аз 5 миллион сомонӣ қарздор мебошанд. Манбаъ гуфт, ки аз 5 миллион қарзи об се миллионаш аз аҳолӣ буда, боқӣ ду миллиони дигар ба ташкилоту идораҳои шаҳрию вилоятӣ рост меояд.

Роҳбари корхона нигаронӣ кард, ки аз сабаби саривақт пардохт нашудани ҳақи истифодаи об корхонаи онҳо ба мақомоти қудратӣ мактуб кардааст, то қарз баргардонида шаваду онҳо қарзи андози давлатро пардохт намоянд.

Қурбон Шодиев — сармуҳосиби ду ниҳод — беморхонаи шаҳрӣ ва кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар тасдиқ кард, ки ҳардуи ин беморхонаҳо аз ҳақи истифодаи об беш аз 644 ҳазор сомонӣ, яъне беморхонаи шаҳрӣ 213 ҳазору 689 сомонӣ ва кумаки аввалияи тиббию санитарӣ 430 ҳазору 591 сомонӣ қарздор мебошанд. Ин ҳам бо сабаби дуруст ба инобат нагирифтани хароҷоти воқеии муассисаҳо ҳангоми таҳияи буҷет мебошад.

Масъулони ташкилоту идораҳо, корхонаву аҳолиро зарур аст, ки саривақт маблағи андоз, барқ ва обро пардохт намоянд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here