Давоми соли 2020 беш аз 546 муштарии барқ дар шаҳри Бохтар дар истифодаи нерӯи барқ ба қоидавайронкунӣ даст задаанд. Дар натиҷа масъулин онҳоро кам не, беш аз ним миллион сомонӣ ҷарима кардаанд.

 Беш аз 2 миллион киловат барқро дуздидаанд

Сардори Хадамоти фурӯши барқи шаҳри Бохтар Аҳлиддин Шарифзода гуфт, ки аз ҷамъи умумии ҷарима наздики 400 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби идора ворид гардидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки барқи ғайриқонунӣ истифодашуда 2 миллиону 339 ҳазор киловатт/соатро ташкил медиҳад.

— Бештари ҳолат муштариён ҳисобкунакҳои барқии худро бо ҳар роҳу восита аз кор бозмедоранд. Мехоҳанд барқи истифодакардаашонро пинҳон карда, ҳаққи истифодаи барқро пардохт накунанд. Вале ин амали онҳо аз ҷониби нозирони барқ ошкор хоҳад шуд,- афзуд ӯ.

Сарфаи барқ дар Бохтар

— Баъди дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз 15-уми декабри соли 2020 дар масъалаи сарфакории нерӯи барқ дар шаҳри Бохтар ҳашт гуруҳи корӣ бо роҳбарии Қосим Роҳбар — раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саломзода Сиҷоуддин — раиси шаҳр, кормандони шабакаҳои барқ ва дигар масъулони ташкилоту идораҳо ташкил карда шуд, ки ин тадбир дар пешгирӣ аз талафоти нерӯи барқ мусоидат кард,-гуфт Аҳлиддин Шарифзода.

Ин шахси масъул афзуд, ки гуруҳҳои корӣ миёни аҳолӣ, корхонаву ташкилотҳо, бозорҳо, дӯкону мағозаҳо ва дигар мушатриёни барқ оид ба сарфакорона истифода намудани қувваи барқ маслиҳатҳои муфид дода, аз онҳо даъват кардаанд, ки бе зарурат барқро истифода набаранд.

Манбаъ гуфт, ки “пештар дар як шабонарӯз шаҳри Бохтар 1 миллиону 307 ҳазор киловатт/соат нерӯи барқ истифода мекард. Баъди дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва ташкил шудани гуруҳи корӣ аллакай дар шаҳри болозикр онро ба 990 ҳазор киловатт/соат расонидем, ки ҳар шабонарӯз беш аз 300 ҳазор киловатт/соат нерӯи барқ сарфа мешавад. Аз рӯзи 15-уми декабри соли 2020 то санаи 12-уми январи соли 2021 гуруҳҳои кории ташкилшуда нисбати 48 нафар, ки барқро ғайримақсаднок истифода мекарданд, санад тартиб дода, онҳо 36 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд. Мутаассифона, масъулини ташкилоту идораҳои буҷетӣ низ дар қоидавайронкунӣ даст доштанд”.

Муштарӣ, барқро оқилона истифода бар!

— Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар 23 ҳазор истифодабарандаи нерӯи барқ дорад. Ба ин муштариён шабонарӯзӣ хизмат расонида мешавад. Пайваста бо сокинон оид ба истифодаи сарфакоронаи барқ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Муассиртарин роҳ ин аст, ки дастгоҳҳои барқӣ ва фурӯзонакҳоро мақсаднок истифода барем ва дар ҳолатҳои нозарур нерӯи барқро хомӯш кунем. Хуб мешуд, агар дар шароити имрӯза шумораи фурӯзонакҳои канори хиёбонҳо ва саҳни ҳавлиҳоро кам кунанд. Масалан, ҷое, ки се лампа зич ҷойгир шуда бошад, дутоашро истифода накунанд,- А. Шарифзода ва афзуд:

— Омили дигар истифодаи ғайриқонунӣ ва дуздии нерӯи барқ аст. Дар бархе оилаҳо ҳатто се-чор телефони мобилиро бе интернет намонда, ба ҳисоби миёна дусад сомонӣ сарф мекунанд. Аммо, мутаассифона, дар масъалаи пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ баҳона мекобанд ва оқибат ягон роҳи ғайриқонуниро “кашф” мекунанд.

— Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ марҳила ба марҳила иҷро шуд. Вале дар ин вазъияти ғайриинтизор мардуми шарифи мо бояд аз фарҳанги истифодабарии нерӯи барқ хуб огаҳ бошанд ва сарфакориро пеша кунанд, саҳми худро дар мавриди коҳиш додани таъсири мушкилоти пешомада гузоранд,-илова кард Аҳлиддин Шарифзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here