Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон фаъолияти худро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба роҳ монда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, таъмини фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ, ободу зебо гардонидани маҳали зист, беҳтар намудани зисту зиндагии мардум корҳои амалиро ба анҷом расонидааст. Дар ноҳия “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2017-2020” татбиқ гардида истодааст. Дар доираи барномаи мазкур амалишавии 74 лоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 194 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. То ин давра 9 лоиҳа ба маблағи 11 миллиону 762 ҳазор сомонӣ пурра амалӣ гардида, дар 33 лоиҳа корҳо рафта истодааст. Илова бар ин, дар ноҳия зиёда аз 85 барномаҳои соҳавӣ мавриди амал қарор дошта, асосан аз ҳисоби буҷети вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия маблағгузорӣ гардида истодаанд. Роҳбарии ноҳияи Балҷувонро бонуи оқилу фарҳангӣ ва кордон Маърифат Зоирзода бар дӯш доранд.

 

Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ карда шудааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 375 иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1-уми июли соли 2019-ум 19 иншоот сохта ба истифода дода шуда, дар 101 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ рафта истодааст.

Аз ҷумла, шумораи муассисаҳои таълимии банақшагирифташуда 35 адад, кӯдакистонҳо 8 адад, майдончаҳои варзишӣ 23 адад, толорҳои варзишӣ 3 адад, беморхонаҳо 2 адад, бунгоҳҳои тиббӣ 20 адад, марказҳои тиббӣ 2 адад, дорухонаҳо 2 адад, нуқтаҳои хатнакунии кӯдакон 3 адад, меҳмонхонаҳо 13 адад, сартарошхонаҳо 18 адад, кошонаи ҳусн 1 адад, ҳаммомҳо 15 адад, корхонаҳои коркарди шир 1 адад, дӯзандагӣ 6 адад ва дӯконҳои ҳунарҳои мардумӣ 3 ададро ташкил медиҳанд.

 

Иҷроиши барзиёди нақшаи буҷет

Нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Балҷувон бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 222 фоиз иҷро гардидааст, яъне дар ҳолати нақшаи нимсолаи якум 3667250 млн сомонӣ будан, дар асл 8135110 млн сомонӣ ворид шудааст.

Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 6 млн 143 ҳазору 922 сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 93% иҷро гардидааст. Нақшаи нимсолаи якуми соли ҷорӣ 14,2 млн сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 13,2 млн сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 92%, маориф 93%, нигаҳдории тандурустӣ 95%, хоҷагии манзилию коммуналӣ 99%, фарҳанг 100 % ва хоҷагии деҳот 94 % маблағгузорӣ карда шудаанд.

Соли ҷорӣ ташкилотҳои буҷетии ноҳия 14,2 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, аз ин ҳисоб 11,2 миллион сомонӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст, ки он қисми асосии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Дар ин давра шумораи нафақагирон дар ноҳия 2,0 ҳазор нафарро ташкил дода, барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ ҷиҳати пардохти маблағи нафақапулиҳо, ҷубронпулиҳо ва дигар кӯмакпулиҳои молиявӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, пардохти маблағи нафақаи нафақагирон бо пуррагӣ тавассути кортҳои пластикӣ ба маблағи 663,8 ҳазор сомонӣ супурда шудааст.

 

Рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ

Дар шаш моҳи соли равон дар миқёси ноҳия 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, маблағи умумии азхудшуда 9,7 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ба соҳаҳои мухталифи ноҳия, яъне маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, об, энергетика, нақлиёт ва дигар соҳаҳо равона карда шудааст.

Ҳамчунин, сармоягузориҳо дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи маълумотҳои бахши Агентии омори ноҳия ҷалби сармояҳои ватанию хориҷӣ аз ҳисоби сармояи мустақил 4,3 миллион сомонӣ, қарз ва грантҳо бо кафолати давлатӣ ҷалбшуда 9,7 миллион сомонӣ ва сармояҳое, ки дар бахши хусусӣ ворид шудаанд 2,8 миллион сомониро ташкил медиҳанд.

Аз рӯи ҳисоботи Нозироти андози ноҳия, шумораи соҳибкорони бо патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда ба 574 нафар расида, нисбати соли 2018-ум 29 нафар зиёд шудааст. Аз шумораи умумии соҳибкорон 160 нафар бо патент ва 414 нафар дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд.

 

Таъмини амнияти озуқаворӣ

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи оқилона ва самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил, зиёд намудани маҳсулоти содиротию воридотӣ ва бо ин васила таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои муайянро амалӣ намудаанд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 34 миллиону 41 ҳазору 600 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 809,8 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 4 дарсадро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли гӯшт ба 1311 тонна, шир ба 962 тонна ва истеҳсоли тухм ба 433,1 ҳазор дона расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 афзоиш мутаносибан аз 2 то 9 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 23 ҳазору 563 сар, моли майда ба 44 ҳазору 420 сар, асп ба 3243 сар, саршумори паранда ба 40183 сар расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 саршумори чорвои калон 354 сар, моли майда 783 сар, асп 2 сар ва паранда 661 зиёд мебошад.

Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ноҳия зиёда аз 91 ҳазор дарахтони гуногуни ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонда шудааст, ки ин нишондиҳанда 4,9 баробар нисбати нақша зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли 2019 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 58,0 гектар боғҳои нав бунёд гардида, 14,2 гектар боғҳои куҳна аз нав барқарор карда шудаанд. Бунёди боғҳои нав нисбати соли гузашта 24,4 гектар зиёд мебошад.

 

Соҳаи саноат

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба 8 миллиону сесаду сию ҳафт ҳазору 800 сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 1153,6 сомонӣ ё худ 114,1 дарсад зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли орд 102,2%, равғани растанӣ 112,5%, нафт 138,8% зиёд гардидааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2019 дар ноҳия 1 коргоҳи ҷамъиятӣ бо 6 ҷойи кории нав мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Дар ноҳия 5 корхонаи саноатӣ фаъолияти пурсамар доранд.

 

Соҳаи нақлиёт

Дарозии роҳҳои ноҳия 59,3 километрро ташкил медиҳад, ки аз он дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ 44,7 километр ва аҳамияти маҳаллӣ 14,6 километр мебошанд.

Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 79,7 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, он барои таъмири ҷории роҳҳо масраф шудааст.

Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ давоми нимсолаи якуми соли 2019 ба маблағи 100,05 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳо ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҷудо карда шудааст.

Аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ дар ин давра 20,45 километр роҳҳо ба маблағи 154 ҳазору 600 сомонӣ таъмир ва сангфарш карда шудааст.

 

Шуғли аҳолӣ, муҳоҷират ва музди меҳнат

Дар 6 моҳи соли равон ба бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 643 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 176 нафар зан мебошанд. Аз теъдоди умумии муроҷиаткардагон 135 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шудаанд. Бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 384 нафар таъмин шудаанд.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ноҳия 6 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 24 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 11 корхона ва 1103 нафар корҷӯй иштирок намудаанд. Аз ин теъдод 352 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 162 нафар бо кор таъмин шудаанд ва 190 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифта, аз инҳо 58 нафар занон мебошанд. Дар ин давра 64 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар карда шудаанд. Барои рушди соҳибкории шахсони бекор ба 14 нафар ба маблағи 27200 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2019 нақшаи таъсиси ҷойҳои кории нав ба 342 ҷой ё ба 75 дарсад расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 дарсад зиёд мебошад.

Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ноҳия 850 сомонию 56 дирамро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 110 сомонию 57 дирам зиёд ва суръати афзоиш 114,9 %-ро ташкил менамояд.

Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар нимсолаи якуми соли 2019 аз ноҳия 743 шаҳрванд ба хориҷи кишвар сафар карда, аз ин теъдод 743 нафар (мард 638, зан 17) муҳоҷирони меҳнатиро ташкил медиҳанд. Шумораи муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ дар ноҳия 10 нафарро ташкил медиҳанд. Дар нимсолаи якуми соли 2019 муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар тариқи бонкҳо 729 ҳазору 752 рубли русӣ фиристодаанд.

 

Соҳаи маориф ва илм

Дар 47 муассисаи таълимии ноҳия 7 ҳазору 54 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 676 омӯзгор таълим медиҳанд. Аз ин шумора 167 нафар зан, 430 нафар бо маълумоти олӣ, 18 нафар олии нопурра, 161 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 67 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд.

Дар 1 муассисаи томактабӣ 27 кӯдак дар 2 гуруҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар 14 маркази инкишофи кӯдак 18 гуруҳ ташкил карда шуда, 247 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Аз 465 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия 322 нафар дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштаанд, ки 69,24%-и шумораи умумии хатмкунандагони ноҳияро ташкил медиҳад.

Айни замон сохтмони 10 муассисаи таълимӣ ва 6 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 идома дорад, ки дар муҳлатҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

 

Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Дар соҳаи тандурустии ноҳия 25 духтур, аз ин шумора 4 нафар бо категорияи олӣ ва 51 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон 17 нафар дар беморхонаи марказӣ, 2 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ, 1 нафар дар диспансери бемориҳои сил ва 5 нафар дар Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия фаъолият карда истодаанд.

Беморхонаи марказӣ аз 6 шуъбаи бистарикунонӣ, 2 шуъбаи ёрирасон ва 6 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад. Дар ин давра ҳамагӣ 845 бемор бистарӣ карда шудааст, ки аз ин шумора 840 бемор ҷавоб дода шудаанд.

Шумораи нафақагирон дар ноҳия 2044 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 1269 нафар пиронсолӣ, 217 нафар аз рӯи маъюбии меҳнатӣ, 119 нафар аз ҳисоби бесаробонмонда, шумораи нафақагирони нафақаи иҷтимоӣ бошад, 439 нафарро ташкил медиҳанд. Ба ҳисоби миёна ба 1 нафақагир дар як моҳ 324,80 сомонӣ рост меояд.

Шумораи маъюбон 464 нафар буда, аз ин шумора 84 нафарашро кӯдакони то синни 18-сола ташкил менамояд.

Шумораи ятимону бепарасторон 11 нафарро ташкил дода, дар нимсолаи якуми соли 2019 аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба онҳо ба маблағи умумии 15 ҳазору 600 сомонӣ кӯмакҳои молиявӣ ва моддӣ расонида шудааст.

 

Рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ

Дар нимсолаи якуми соли 2019 ҳаҷми маблағгузории асосӣ дар соҳаи сохтмон 39395,3 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 баробар зиёд мебошад. Ҳаҷми маблағгузориҳо аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ 10112,6 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 15213,8 ҳазор сомонӣ, хусусӣ 6417,6 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби муассисаҳо 7651,3 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 38435,9 ҳазор сомонӣ иҷро шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 баробар зиёд мебошад.

Ба маблағи 5267,8 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, аз он 2954,4 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби давлат, 1318,5 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва 994,9 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ мебошад.

 

Соҳаи фарҳанг

Дар ноҳия 22 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 қасри фарҳанг, 4 клуб, 4 осорхона, 1 китобхонаи марказӣ, 7 китобхонаи деҳотӣ ва 1 мактаби ҳунарӣ ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд.

Дар ноҳия 8 китобхона фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 25 ҳазору 732 нусха китоб маҳфуз аст. Аз ин шумора 12 ҳазору 950 нусха китобҳо ба  забони давлатӣ, 9 ҳазору 155 нусха китобҳо ба забонҳои русӣ ва 3627 нусха китобҳо ба дигар забонҳо мебошанд.

Дар ин давра муассисаҳои фарҳангии ноҳия 63 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронидаанд, ки дар онҳо 6443 нафар иштирок кардаанд.

Дар ноҳия фарогирии барномаҳои телевизионии шабакаи аввал (ТВТ) 64 %, «Сафина» (ТВС) 53 %, «Ҷаҳоннамо» 48 % ва «Баҳористон» 48%-ро ташкил медиҳад.

Бо мақсади беҳтар намудани заминаи инфрасохтории соҳаи фарҳанг аз ҷониби соҳибкорон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 0,3 миллион сомонӣ сохтмон ва таъмири муассисаҳои соҳа анҷом дода шуда, ба маблағи 270 ҳазор сомонӣ таҷҳизот, асбобҳои мусиқӣ ва тақвияти овоз харидорӣ шудааст. Инчунин, дар Гулгашт ва Боғи фарҳангии ноҳия корҳои сохтмонӣ босуръат рафта истодааст.

 

Соҳаи варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ

Шумораи ҷавонон дар ноҳия 12245 нафарро ташкил намуда, аз он 2246 нафар хонандагон мебошанд. Дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ноҳия 13 чорабинии варзишиву фарҳангӣ, 17 мулоқоту вохӯриҳо ва 63 мулоқоти фардӣ гузаронида шудааст.

Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ 45 адад ва толорҳои варзишӣ 2 ададро ташкил медиҳад. Солҳои 2016-2018 дар ноҳия 2 майдончаи варзишӣ ва 1 толори варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 5 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо 173 кӯдакону наврасони ноҳия ба тамрини гуногуни варзишӣ фаро гирифта ва ҷалб карда шудаанд.

Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 13 медал, аз ҷумла 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гардидаанд.

Дар ноҳия 2 ширкати сайёҳӣ, 1 меҳмонхонаи замонавӣ ва 8 меҳмонхонаи хурд (ҳомстей) фаъолият доранд.

 

Дастгирию ҳавасмандгардонии занону духтарон

Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 15570 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 56 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 7 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 11 нафар вакилони ҷамоатҳо, 8 нафар хизматчии давлатӣ буда, 31 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Бо мақсади дастгирию ҳавасмандгардонии занону духтарон ва татбиқи босамари барномаҳои вобаста ба соҳаи занон қабулгардида аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 18 ҳазору 400 сомонӣ ҷудо гардида, дар ин доира зиёда аз 14 адад чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ ва маърифатию иттиллоотӣ ташкилу гузаронида шудаанд, ки дар онҳо 3464 нафар занону духтарон фаъолона ширкат варзидаанд.

 

Ба ҷои охирсухан

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия айни замон тамоми нерӯ ва ғайраташро ба он равона кардааст, ки аҳли меҳнати ноҳияи Балҷувон бо масъулияти баланд кор кунанд, самаранокии меҳнатро баланд намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну маросимҳои муҳимро бо дастовардҳои беназир дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гиранд. Бо ин мақсад то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону меҳандӯстон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бунёду таъмири 375 иншооти гуногунро ба нақша гирифта, азм доранд Балҷувонро ба як гулистони зебову афсонавӣ табдил дода, номи неки онро боз ҳам шуҳратёр гардонанд.

Маърифат Зоирзода, раиси ноҳияи Балҷувон мегӯяд, ки гарчанде Балҷувони бостонӣ яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ ба шумор равад ҳам, вале баъди тасарруфи он аз тарафи болшевикон дар соли 1924 ин шаҳри бостонӣ, ки мувофиқи махзанҳои таърихӣ дорои қасру кӯшкҳо ва мадрасаю корвонсаройҳо будааст, пурра несту нобуд карда шудааст ва ҳудудҳои ноҳияро соли 1953-юм ба ноҳияи Совет (имрӯза ноҳияи Темурмалик) ва Ховалинг гузаронида будаанд. Маҳз бо пешниҳод ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2-юми феврали соли 1996 ноҳия дубора арзи ҳастӣ намуда, аллакай аз соли 1999 ҳамчун минтақаи туристии кишвар тасдиқ карда шудааст, ки ояндаи наздик ба яке аз минтақаҳои сайру саёҳатии шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ мубаддал хоҳад гашт дар самти туризми куҳӣ ва экологӣ. Дар доираи нақша-чорабиниҳо оид ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёди 375 иншоот ба назар гирифта шудааст, ки аллакай 19 иншоот пурра мавриди истифода қарор гирифта, дар маросими кушодашавии онҳо Пешвои муаззами миллат иштирок намуда, лентаи рамзии объектҳои ҷашниро бурида ва мавриди истифода қарор додаанд.

— Ман боз илова менамоям, ки касе тӯли таърихи давлатдории ин давлату ин миллат хизмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро накардааст, махсусан барои Балҷувони бостонӣ,- мегӯяд хонум Зоирзода.

Ба гуфтаи сокини шаҳраки Балҷувон Одинаев Мерганшо, “дар баробари хизматҳои арзандаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бояд аз хизматҳои арзандаи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Н. ёдовар шавем. Маҳз он кас бо супориши Роҳбари Ҳукумати кишвар он қадар ободониву бунёдкорӣ ва созандагиро дар ноҳия намуданд, ки онро мо дар хоб ҳам орзу карда наметавонистем. Офарин ба он кас”.

Сокини дигари ноҳияи Балҷувон Сангзода Мирзохон мегӯяд, ки “Давлатзода Н. дар бунёдкориҳои ноҳияи Балҷувон дар самти ободониву созандагӣ бо командааш як таҳаввулоти наву бемислу монанд кардаанд, ки касе то инҷониб онро накарда буд”.

МАЪЛУМОТ

оид ба иншооте, ки аз тарафи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дода шудаанд

 

Хати оби нӯшокӣ

Сохтмони хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Калтачинор дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомот бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва саҳми соҳибкорон амалӣ гардидааст.

 

ҶДММ «Элегант»

Корхонаи коркарди сангҳои маҳаллии ҶДММ «Элегант» дар деҳаи Калтачинори Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон ҷойгир буда, майдони 2,41 га-ро ташкил медиҳад. Дар замини назди корхона боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст.

 

Роҳи «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг»

Сохтмони роҳи мазкур моҳи июни соли 2018 оғоз гардида, маблағгузори он Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Корҳои сохтмониро ширкати «Чайн Роунд»-и Ҷумҳурии мардумии Чин ба уҳда дошта, 80%-и мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони ноҳия мебошанд.

 

Дидбонгоҳ

Бинои Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

 

Гулгашт

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони Гулгашт анҷом дода шуд.

 

Бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази ноҳия бо маблағгузории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

 

Коргоҳи дӯзандагӣ

Коргоҳи дӯзандагӣ аз тарафи ҶДММ «Ганҷи дарё» дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст.

 

Бинои дуошёнаи боғчаи кӯдакона

Бинои дуошёнаи боғчаи кӯдакона дар дохили кӯдакистони амалкунандаи №1-и ноҳия барои 100 кӯдак сохта шудааст.

 

Хобгоҳ барои 450 нафар

Хобгоҳ барои 450 нафар дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази ноҳия бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

 

Толори варзишӣ

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомот бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия сохтмони толори варзишӣ аз тарафи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён анҷом дода шудааст.

 

Бинои тарабхона

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи соҳибкор Неъматов Алихон сохтмони тарабхона дар маркази ноҳия анҷом дода шудааст.

Майдончаи варзишӣ

Сохтмони майдончаи варзишӣ дар деҳаи Шаидони Ҷамоати деҳоти Сари Хосор дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон 27-уми июли соли 2017 баён доштанд, аз тарафи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Маркази савдо ва хизматрасонӣ

Сохтмони маркази савдо ва хизматрасонӣ дар деҳаи Шаидони Ҷамоати деҳоти Сари Хосор дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкор Холзода Исомуддин сохта шудааст.

 

Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш

Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш дар деҳаи Шаидон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи хоҷагии деҳқонии «Хуҷаи сабз» сохта шуда истодааст.

МТМУ №33 дар деҳаи Мулоконӣ

Муассисаи таълимӣ барои 144 хонанда дар як баст дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Меҳмонхона дар Пушти Боғ

Меҳмонхона дар мавзеи Пушти Боғ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкор Иброҳим Парвиз Азим сохта шудааст.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here