Ҳангоми сафари Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Хуросон, дар вақти вохӯрӣ бо сокинони аз офати табиӣ зарардида, дар қатори дигар мушкилоти рӯзгор онҳо бо чунин матлаб ба ӯ муроҷиат кардаанд:

“Баъди рух додани офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон, ки боиси хисороти молӣ гардид, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди фаврӣ ташкил карда шуда, сокинони мавзеи офатзада сари вақт бо хаймаҳои муваққатӣ, ғизо ва лавозимоти муҳими рӯзгордорӣ таъмин карда шуданд. Қитъаҳои замин барои бунёди манзили зист ҷудо гардида, масолеҳи сохтмонӣ пурра дастрас карда шуда, корҳои бунёдсозӣ ҷараён дорад.

Мо — сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон арзи сипос ва миннатдории худро ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ғамхорӣ изҳор менамоем. Мутаассифона, баъзе хабарнигорон ҷойи дастгирии маънавӣ ва нишон додани роҳи ҳалли масъала, аз мусибати ба сари сокинони минтақаҳои офатзада омада истифода карда, мехоҳанд бо ангехтани иғвою дасиса, бедор кардани ҳисси норозигӣ ва дар чашми сокинон бад кардани намояндагони ҳукумат фазои зиндагиро ноором созанд.

Аз ин лиҳоз, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки нисбат ба амалу кирдори хабарнигороне, ки ба ҷойи дастгирӣ ва роҳнамоии мо — сокинони аз офати табиӣ зарардида, баръакс, аз ин ҳангомаҳои сиёсӣ сохта, вазнинии рӯзгори моро ба намоиши умум мегузоранд, чораҳои қатъӣ андешида шавад”.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here