Ноҳияи Ашт дар қисмати шимолии Тоҷикистон воқеъ буда, бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона, ноҳияи Попи вилояти Намангон, ноҳияи Оҳангарони вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад.

Масоҳати имрӯзаи ноҳияи Ашт 2790 км.кв буда, дар ҳудуди он зиёда аз 162 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Халқи таҳҷоии ноҳияро асосан тоҷикон ва ӯзбекон ташкил медиҳанд. Дар ноҳия намояндагони 15 миллату халқҳо, дӯстона ҳаёт ба сар мебаранд. Аз моҳи ноябри соли 2016 вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғдро Зариф Мирдадо бар уҳда дорад.

 

Дар омӯзиши таърихи ноҳияи Ашт, хизматҳои барҷастаи олимони рус Н.И.Васеловский, К.А.Рудановский, М.С.Андреев, М.Н.Массон, Б.А.Литвинский, Е.Д.Салтовская, олимони тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров, Н.Неъматов, Н.Турсунов хело калон аст. Хусусан хизмати олимони даврони шӯравӣ Б.А.Литвинский, Е.Д.Салтовская дар тадқиқу пажуҳиши фарҳанги то исломии Ашт беназир аст. Аз ҷумла, академик Б.А.Литвинский бо як гуруҳ бостоншиносон солҳои 1959-1987 муғхонаҳои силсилакуҳҳои Қурамаю Қарамазорро омӯхта, қабристони одамони асри биринҷиро дар Даҳана, Понғоз, Бободархон, Ашту Долона, Дашти Бодомаку Чорчанаксой дарёфт менамояд. Ё ин, ки таърихшинос Е.Д.Салтовская ҳангоми омӯзиш касабаи қадимии Тӯдаи Хурд, Тӯдаи Калон, Дашти Бодомак, қабристони дашти Ашт, Қалъаи Афросиёб ба хулосаи дақиқи илмӣ омадааст, ки онҳо мутааллиқи қарнҳои VI-IV пеш аз мелод ҳастанд. 

Ба мавзеъҳои таърихӣ дохил мешаванд: Мавзеи “Хуҷистон”, Қалъаи Афросиёб, Тӯдаи хурд, Тӯдаи калон, Меҳроби Ашт.

 

Қалъаи Афросиёб

 

Дар маркази қалъаи Афросиёб боқимондаи осори зиндагии замони қадими асрҳои II – V мелодӣ ба чашм мерасад. Олоти сафолини дар ин ҷо пайдо шуда, аз бисёр ҷиҳат ба олоти сафолине, ки аз оромгоҳи Курушиён ба даст омадааст монандӣ дорад. Дар вайронаҳои қалъаи Афросиёб девораҳое ҳастанд, ки ба хишти сафолин ва сангҳо бардошта шуда, ба асрҳои X — XII тааллуқ доранд.

 

Тӯдаи Калон

 

Яке аз ёдгориҳои археологии ноҳияи Ашт ин Тӯдаи Калон мебошад. Тӯдаи Калон осори нисбатан наздики ноҳия мебошад (масоҳаташ 100-65 м2 аз ғарб ба шарқ тӯл кашидааст). Боқимондаҳои дар ин ҷо пайдошуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Тӯдаи Калон осори аҷдодони ноҳияи Ашт буда, дар асрҳои III – VI-и милодӣ сохта шудааст. Аҳолии Тӯдаи Калон ба чорводорӣ, кишту кор, оҳангарӣ ва ғайра машғул будаанд. 

Ҳангоми тадқиқи Тӯдаи Калон мавҷуд будани истеҳсоли фулузот (асбобҳои оҳанӣ) дар он замонҳо баъзе нишонаҳои ёфташуда масалан, шикастапораҳо, ки баъзеашон шакли чумчаро ба худ гирифтаанд гувоҳӣ медиҳанд. Ҳангоми таҳқиқи ин бозёфтҳои ба даст омада дар лабараторияи Институти Геологии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки ин бозёфтҳо дар таркиби худ бисёр металҳо, аз ҷумла нуқра, мис, қурғошим ва ғайраҳоро доро мебошад, ки элементҳои асосӣ барои ба даст овардани биринҷӣ яъне бронза мебошад.

 

Меҳроби Ашт

 

Меҳроби Ашт, яке аз ёдгориҳои пурарзиши замони Сомониён мебошад, ки ба асрҳои X – XI-и милодӣ мансуб аст. Меҳроб аз мазори Ҳаштсаҳобаи деҳаи Ашт кашф шуда, ҳоло дар Осорхонаи бостоншиносии Пажуҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.

Меҳроб аз гили аълосифат сохта шуда, нақшу нигори ҷолибаш ёдгориро ба қатори шоҳасарҳои санъати кандакории Шарқ мансуб гардонидааст. Намояҳои меҳроб таҳшакл буда, дар рӯяш нақшҳои назаррабо канда шудаанд. Баландии тоқи росткунҷаи меҳроб 202 см, бараш 75 см ва умқаш 30 см аст. Даруни тоқи меҳробро дар вақташ нақшҳои барҷастаи бодомшакл ва шабакаи чорхона зиннат медодаанд. Меҳроб дар аввал ҷузъи масҷид ва дертар қисми таркибии мазори Ҳаштсаҳобаи деҳаи Ашт гардидааст.

 

Бузургони диёр

 

Ноҳияи Ашт фарзандони бузургро ба дунё оварда, ба воя расонидааст, ки онҳо тавассути донишу меҳнати худ соҳиби эътибору эҳтиром ва пайравии наслҳои имрӯза гардидааанд. Шоирон Одинамуҳаммади Маъдан, Ғарибии Аштӣ, муҳофизони давраи Шуравӣ – Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Тӯйчӣ Эрҷйигитов, дорандаи се дараҷаи “Ордени Шараф” Эгамбердӣ Хӯҷамбердиев, зафармандони Ватан — Қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ- Тоҷиддин Имомалиев, Ҷӯрабой Муминов, Худойқул Назаров, Имомназар Хуҷаназаров, ситораҳои санъат, Артистони халқии Тоҷикистон, шодравон Маҳмудҷон Воҳидов, Ахмадҷон Парпиев, Артистони шоистаи Тоҷикистон, ситораи балет Фаррух Рӯзиматов, актёрон Нематҷон Дӯстматов, Рустам Воҳидов, ҳунармандони мумтоз Муҳаммадҷон Шодиев, ҳомии қонун генерали маҳрум Нурулло Ҳувайдуллоев, сиёсатмадору олими маъруф- профессор Иброҳим Усмонов, олимони номвар профессорон Эргаш Муҳаммадиев, Турсунбой Неъматзода, Султон Воҳидов, Анвар Садриддинов, Баҳриддин Камолиддинов, Фарҳод Зикриёев, Нозирҷон Арабзода, Кимё Нематҷонова, Анвар Исомиддинов, Бобокалон Исоматов, Ноим Ҳошимов, Мадиброҳим Норматов, Мақсуд Ҳоҷиматов, Ваҳҳоб Мадумаров, Тошназар Луқмонов, Ҳафиза Маҷидова ва садҳо дигарон зодаву парваридаи ин диёри фарҳангзамир мебошанд.

Ба мавзеъҳои муқаддаси ноҳия дохил мегардад: Масҷиди “Ҳашт саҳоба”, Масҷиди ҷомеи “Шайдон”, Мазори Бобои Чинор.

Масҷиди “Ҳашт саҳоба”. Ин масҷид низ яке аз ёдгориҳои таърихи ноҳияи Ашт ба ҳисоб рафта, дар маркази деҳаи Ашт ҷойгир шудааст. Дар дохили ин масҷид қабри ҳашт нафар саҳобаҳо воқеъ мебошад. Дар болои қабр гунбази аз чӯбу тахта сохта шуда, то ба ҳол намоён аст. Дар кунҷи шимолу шарқии масҷид меҳроби машҳури тоҷик бо кандакориҳояш мавҷуд ҳаст. Нусхаи аслии ин меҳроб ба асрҳои IX — XI тааллуқ дорад. Боз дар берунтари масҷид як қабри дигаре мавҷуд аст. 

Масҷиди ҷомеи Шайдон дар маркази ноҳияи Ашт шаҳраки Шайдон воқеъ буда, яке аз биноҳои боҳашамат ва қадимаи маркази ноҳия ба шумор меравад. Ин масҷид таърихи зиёда аз 200-сола дошта, дар охирҳои асри XIX бино карда шудааст. 

Дар қисмати шимолтари масҷиди ҷомеи шаҳраки Шайдон мазори Бобои Шайдон ҷойгир аст ва дар марказаш мақбараи Бобои Шайдон ҷой дорад, ки дар дохили он се қабр мавҷуд мебошанд.

 

Мазори бобои Чинор

 

Мазори бобои Чинор ё (Толи Чинор) дар маркази деҳаи Ошобаи ноҳияи Ашт ҷойгир шудааст, ки мардум онро «Чинорбово» низ меноманд. Таърихи бунёди ин мазор мутааллиқ ба асри XVIII-и мелодӣ мебошад. Сабаби Бобои Чинор ном гирифтани ин мавзеъ дар он аст, ки дар ин ҷо Чинорҳои бузурги чандинсола мавҷуд мебошанд. Имрӯзҳо мардуми ноҳияи Ашт ва берун аз Тоҷикистон ба ин ҷо барои зиёрат ва истироҳат мераванд. Бисёр табиати тамошобоб дорад. Зеро чинорҳои баландтарин аз ҳар тараф деҳаро иҳота мекунад.

 

Дурнамои рушди иқтисодиёти Ашт

 

Дар шаш моҳи соли равон дар соҳаи саноати ноҳияи Ашт ба маблағи 71 миллиону 412 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2017, 10 миллиону 487 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши истеҳсолот ба 117,2% таъмин шудааст.

Дар нимсолаи сипаришудаи соли 2018 бо истифодаи имконияту захираҳои дохилӣ, дар ноҳия 3 коргоҳҳои саноатӣ ташкил карда шудааст. Дар маркази ноҳия аз тарафи ҶДММ “Хорои Хуҷанд” коргоҳи коркарди санги хоро бо арзиши 1,4 миллион сомонӣ бо таҷҳизоти муосири чинӣ бунёд карда шуд, ки иқтидори истеҳсолиии он 3000 метри мураббаъ санги сохтмонӣ дар як сол буда, 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Дар назди ҶСК “Зардолу ва компания” коргоҳи дӯзандагӣ дар шаҳраки Шайдон ба истифода дода шудааст, ки дар он 10 адад таҷҳизоти дӯзандагии истеҳсоли Ҷумҳурии мардумии Чин васл карда шудааст. Иқтидори истеҳсоли коргоҳи нав дӯхти 8000 адад либосҳо дар як сол буда, 200 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

 

Кишоварзӣ

 

Ҷиҳати таъмини иҷрои “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020” дар ноҳияи Ашт ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ аҳамияти хоса зоҳир карда мешавад. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия аз ҳисоби заминҳои талу теппа ва ғайрикишоварзӣ дар майдони 175 га боғу токзори нав бунёд карда шудааст, ки баробари 584,0%-и нақшаи барномавии солона мебошад.

Дар нимсолаи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия Ашт 137 миллиону 84 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2017 7 миллиону 27 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 105,4% мебошад.

Дар нимсолаи ҳисобии соли равон аз ҳудуди ноҳия ба хориҷи кишвар зиёда аз 1775 тонна меваи тар ба маблағи 493 ҳазор доллар содирот карда шуд ва содироти он ҳанӯз ҳам идома дорад.

 

Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here