Гузаштагони арабҳои тоҷик аз паҳнкунандагони фаъоли ислом дар минтақа буданд. Ҳоло ҳамсояҳои тоҷик аксар вақт аз онҳо мепурсанд, ки онҳо пайрави кадом динанд ва оё воқеан араб ҳастанд?

 

Қабилаи начандон зиёди арабҳо дар ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодинён, дар ҷануби Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Шеваи зиндагӣ, аз куҷо омадан ва кӣ будани ҳуввияти онҳо барои сокинони дигар навоҳӣ норушан аст. Аммо, олимон якдилона тасдиқ мекунанд, ки ин авлоди он арабҳоест, ки дар давраи паҳншавии ислом ба ин минтақа омада буданд.

Аз нигоҳи ҳуввият ва намуди зоҳирӣ арабҳо аз тоҷикҳо ва ӯзбекҳои ин минтақа каме фарқ мекунанд. Ҷомеа равиши нисбатан маҳдуди ҳаётро пеш мебарад ва аз ин рӯ ҳатто ҳамсояҳои онҳо баъзан ҳайрон мешаванд, ки онҳо кадом динро пайравӣ мекунанд.

Фазилат Раҷабова, сокини 58-солаи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон худро араб мегӯяд, вале дар шиноснома миллаташ тоҷик сабт шудааст. Шеваи гуфторашон аз тоҷикон каме тавофут дорад, аммо забони алоҳидаи муошират надоранд.

Раҷабова мегӯяд, ки арабҳо низ мусулмон ҳастанд, пайрави Эмоми Аъзам буда, намоз ва рӯза медоранд. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон таваллуд шуданду бо тоҷикҳо ҳамнишинанд, аммо баъзе расму оини онҳо аз мардуми маҳаллӣ фарқ мекунад. Барои мисол, аз рӯйи гуфтаҳои Раҷабова, духтар додан ё келин гирифтан аз дигар миллатҳо расми арабҳо нест.

— Мо араб ҳастем. Дар ҳамин ноҳияи Шаҳритус таваллуд ва калон шудем. Арабҳо масҷид доранд ва бештари онҳо намоз мехонанд. Қавму қабилаҳои худро намедонем, ки аз кадом давлат ҳастем. Вале худро араб медонем,- гуфт Раҷабова.

Рахиб Тошматови 35-сола, сокини деҳаи Айвоҷи ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ки деҳаи Айвоҷ (нуқтаи ҷанубии Тоҷикистон, ҳаммарз бо Афғонистон маҳсуб меёбад) макони аслии арабҳо дар ҷануби Тоҷикистон мебошад. Ҳамқабилаҳои онҳо дар ноҳияи Қубодиёну Носири Хусрав низ ҳастанд.

Бархе аз сокинони ноҳияҳои наздики арабҳо мегӯянд, ки онҳо ба дини ислом наздик нестанд, бештари онҳо намоз ва рӯза намегузоранд. Вале дар доираи омода кардани ин матлаб ҳангоми сафар ба ноҳияи Шаҳритус дар деҳаи Айвоҷ масҷид ва қабристони онҳоро дидем. Ҳамчунин, як оромгоҳи дигаре бо номи “Тиллоҳалоҷӣ” низ буд, ки дар он арабҳо барои шифо ёфтани дарде ба онҷо меоянд ва дар як гӯшаи он оташ дармегиронанд.

Аз Кумитаи бахши дин ва танзими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус гуфтанд, ки арабҳо дорои шиносномаи тоҷикӣ ҳастанду миллаташон тоҷик аст. Ҳангоми сафар ба хонаи Худо дар алоҳидагӣ ба қайд гирифта намешаванд, зеро дар ҳуҷҷати расмӣ тоҷик гузаштаанд. Дар ҳолати тӯю маъракаҳо иҷозатнома мегиранд ва дар асоси қонунҳои амалкунандаи давлат амал мекунанд.

Ба гуфтаи мусоҳибони CABAR.asia, арабҳо танҳо дар деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус беш аз 8 ҳазор нафар ҳастанд, вале гуфта мешавад, ки дар дигар деҳаҳо хеле каманд. Дар ноҳияи Носири Хусрав низ аз ин қабила зиндагӣ доранд, вале мақомоти ин ноҳия низ омори алоҳида надоранд.

Арабҳои маҳаллӣ мисли мардуми тоҷик, онҳое, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, ба кишоварзӣ машғуланд. Манбаи дигари даромадашон аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Рахиб Тошматов беш аз 6 гектар замини кишоварзӣ дорад, ки дар он пахта ва гандум кишт мекунад. Аз ҳамин ҳисоб зиндагии худ ва се фарзандашро пеш мебарад.

 

Сауидҳо арабҳои Тоҷикистонро ҳамхуни худ намешуморанд?

Диловар Аслонов, муовини раиси ҷамоати деҳоти Талбак Насриддинови ноҳияи Шаритус гуфт, расман ҳамаи намояндагони ин қабилаҳо дар ҳуҷҷат тоҷик сабт шудаанд. Тибқи иттилои Аслонов, чанд сол пеш якчанд намояндаи ин қабилаҳо ба сафоратхонаи Арабистон дар Душанбе мактуб карда буданд, ки бояд аз онҳоро хабар гиранд.

— Сафорат даъвати онҳоро пазируфт ва як гуруҳ намоянда ба ноҳияи Шаҳритус омад ва бо онҳо мулоқот карданд. Баъди вохӯрӣ бо онҳо меҳмонон (саудиҳо) гуфтанд, ки ин афрод араб нестанд,- гуфт Аслонов.

Азизи Фатоҳ, ҷомеашинос дар вилояти Хатлон низ омадани намояндагони сафорати Арабистони Саудиро тасдиқ кард.

— Ба наздикӣ намоянда аз сафорати Арабистон бо онҳо вохӯрданд, бо забони арабӣ суҳбат карданд, вале арабҳои Тоҷикситон забони онҳоро нафаҳмиданд. Барои ҳамин меҳмонон гуфтанд, инҳо чӣ гуна араб ҳастанд, ки забони арабиро намедонанд,- қайд кард Азизи Фатоҳ.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки ин одамон ҳеҷ ҳуҷҷате барои ассоснок кардани гуфтаашон ё сарчашмаҳои таърихӣ надоранд.

 

Нуқтаи назари илмӣ

Сайдаҳмад Қаландаров, диншиноси тоҷик мегӯяд, ки арабҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари Осиёи Миёна қарор доранд. Ин афрод дар замони Умавия, паҳн кардани дини ислом кӯчманчӣ ва вориди дигар кишварҳо шудаанд.

— Арабҳои ҷануби Тоҷикистон аслан аз қабилаҳои бани Тамим ва қисмати ҷанубии Сурияю Ироқ ҳастанд. Дар замони ихтилофе, ки дар собиқ Баҳрайни қисмати Арабистони Саудӣ ошӯбе сар зада буд, бадарға ва ба дигар кишварҳо муҳоҷир шуданд,- мегӯяд Қаландаров.

Ба гуфтаи вай, як қисми аҳолии маҳаллӣ ба решаҳои арабӣ доштани ҳамсояҳои хеш бовар надоранд.

Аммо, Қаландаров мегӯяд, ки дар бораи арабҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар даврони Шӯравӣ бисёр адабиёти илмӣ ба табъ расиданд, ки ҳуввияти арабӣ доштани онҳоро тасдиқ карданд.

— Аз ҷумла, филологи шӯравӣ Георгий Церетели дар бораи лаҳҷаҳои арабҳои Осиёи Марказӣ навиштааст,- қайд кард Қаландаров.

Вай афзуд, ки дар Чилучорчашма, ҷануби Тоҷикистон Арабқишлоқ ҳаст, ки дар он арабҳо зиндагӣ мекунанд ва худро аз пайравони ҳазрати Алӣ медонанд, ки ҷонибдор ва аз хонаводаи паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад мебошад.

— Ҳамин тавр онҳо дар асл аз қабилаҳои нимҷазираи Араб омадаанд. Аммо, албатта, пас аз якчанд садсолаҳо, арабҳои тоҷик забони худро фаромӯш карданд,- гуфт Қаландаров.

Арабҳои тоҷик дар вақташ тоҷирони хуб буданд ва бо қабилаҳои худ то сарҳади Тахори Афғонистон ва Марви Туркманистон робита доштанд.

Қувват Додов, таърихшинос дар ҷануби Тоҷикистон ба Cabar.asia гуфт, ки арабҳои Тоҷикистон аслан қабилаҳои мардуми Сурия ҳастанд, ки дар вақти паҳн шудани дини мубини ислом дар Тоҷикистон тақрибан якуним ҳазор соли пеш тариқи гузаргоҳи Афғонистон вориди Тоҷикистон шудаанд.

Қиёмиддин Сатторӣ, котиби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, тибқи тадқиқотҳои олимону пажуҳишгарон, афроде, ки дар ҷануби Тоҷикистон қарор доранд, аз қабилаҳои мардуми араб ҳастанд, қисме аз онҳо дар густариши дини мубини ислом вориди Осиёи Миёна гардиданд. Чандин асрҳо забону фарҳангашонро ҳифз мекарданд, аз дигар қабилаҳо келин намекарданд ва духтр низ намедоданд. Бо гузашти чандин асрҳо онҳо забони мардуми бумиро пеша карданд, ки ҳоло бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд. Онҳо аслан аз қабилаҳои шаҳрнишини араб нестанд.

— Ҳангоми паҳн кардани ислом, арабҳо ба ҷанг мерафтанд ва ҳамсаронашонро бо худ мебурданд. Ҷангҳои ҳамон давра боис шуд, ки қисме аз арабҳо ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Туркманистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон муҳоҷир шуданд. Қисме аз ин афрод дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо забони ӯзбекӣ ҳарф мезананд, ки онҳоро арабҳои ӯзбекзабон мегӯянд. Дар замони Шӯравӣ онҳо фарҳангу анъанаҳои худро ҳифз мекарданд, аммо ҳозир бо мардуми бумӣ омехта шудаанд, ки аз ҳамдигар келин мекунанд,- қайд кард Сатторӣ.

 

Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here