Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳим ба шумор рафта, барои пешрафт ва рушди он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст. Дар ҳар давру замон маориф аз соҳаҳои аҳамиятдор барои ҷомеаи бомаърифат маҳсуб ёфтааст. Пешрафту инкишофи ҷомеаи мутамаддин маҳз ба соҳаи маориф алоқамандӣ дошта ва ҳамчунин барои муаррифии давлату миллат он нақши муҳимро мебозад.

Хусусан, Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш зарурияти ҳар як тадбиру вазифаи дар ин самт ба миён гузоштаро хуб дарк намуда, пайи иҷрои онҳо тамоми имкониятҳоро амалӣ месозад. Дар ин раванд дастуру супоришҳои ба миён гузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи маориф», барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси ноҳия, фармону дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардида истодаанд.

Пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешво

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш Мирзоев Алимаҳмад Бекмаҳмадович мегӯяд, ки ноҳияи Лахш яке аз ноҳияҳои дурдасти кишварамон маҳсуб гашта, соҳаи маориф баробари дигар шаҳру ноҳияи кишварамон аз аҳамияти аввалиндараҷа бархӯрдор аст.

— Шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш дар пайравӣ аз сиёсати созандаву дурбинонаи Ҳукумати мамлакат, бахусус, аз ҳидояту иқдомҳои наҷибонаву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош бар он меварзад, то дар омода кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба Ватану миллат боз ҳам бештар саҳмгузор бошад. Барои ҳамин мо кадрҳои педагогӣ сараввал бояд худамон бештар биомӯзем, то тавонем ба шогирдон чизе омӯзонда бошем! – мегӯяд Мирзоев.

Алимаҳмад Мирзоев дар идомаи суҳбат афзуд, ки шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш дар соли таҳсили 2020-2021, таваҷҷуҳро баҳри татбиқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар кардани таъминоти онҳо бо ашёи хониш, кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сифати таълим, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон афзун намуда, корҳои назаррасро ба анҷом хоҳад расонид.

Маълумоти мухтасар

Дар ҳудуди ноҳияи Лахш ҳамагӣ 61 муассисаи таълимӣ, аз ин 42 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла муассисаи давлатии таълимии литсей барои хонандагони болаёқат, 6 муассисаи таҳсилоти асосӣ ва 13 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 6 муассисаи томактабӣ, 1 интернати наздимактабӣ, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Муассисаи таҳсилоти иловагӣ (МТИ) фаъолият доранд. Аз ин шумора 22 муассиса таълимашон ба забони тоҷикӣ, 25 муассиса таълимашон ба забони тоҷикию қирғизӣ ва 14 муассиса таълимашон ба забони қирғизӣ мебошад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар умум 758 синф, аз ин дар 411 синф таълим ба забони тоҷикӣ ва дар 347 синф таълим ба забони қирғизӣ ба роҳ монда шудааст.

Шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 12695  нафар буда, аз ин 6152 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1111 нафар омӯзгор, аз ҷумла 418 нафар зан фаъолият намуда, аз инҳо 682 нафар бо таҳсилоти олии касбӣ 47 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 382 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус кор ва фаъолият менамоянд.

Таъмини кадрҳои омӯзгорӣ

Аз шумораи умумии омӯзгорон, ки дар ноҳия 1111 нафарро ташкил медиҳанд, 143 нафарашон бо тахассуси олӣ, 297 нафарашон бо тахассуси якум, 471 нафарашон бо тахассуси дуюм ва 200 нафарашон бо тахассуси умумӣ мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар моҳи июни соли 2020 бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз тарафи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф курси сайёр ташкил карда шуда, 60 нафар омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва 41 нафар омӯзгори фанни математика аз курси такмили ихтисос гузаштанд.

Дар умум дар давоми соли 2020 бо мақсади такмил додани савияи дониши омӯзгорон зиёда аз 308 нафар аз курси такмили ихтисос гузаштанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 128 нафар зиёд мебошад.

Дар айни ҳол ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия пурра бо омӯзгорони фаннӣ таъмин мебошанд.

Пешқадамони соҳа

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия даҳҳо нафар устодони мушфиқу ботаҷриба, омӯзгорони моҳири касб фаъолият дошта, тавассути меҳнати самарабахш байни шогирдону волидон ва аҳли ҷомеа соҳибэҳтиром гардидаанд. Дар ин қатор номи омӯзгорони пешқадам Асилбегим Бахтиева, Тилохон Маҳмадиева, Пӯлод Саидов, Аҳё Абдураҳмонов, Ниёз Қосимов, Саидаброр Абдураҳмонов, Сафаралӣ Давлатов, Қанибек Асанов, Музафар Имаров, Меҳринисо Раҳмонова, Исо Зууров, Гулрухсори Олимдухт, Зулфиқоҳор Партоев, Додарҷон Мирзовалиев, Пӯлод Ҳимаев, Усен Сайфиддинов, Султон Музаффаров, Ҷумабек Ғафуров, Аброр Ҳалимов, Саъдулло Камолов, Шариф Ҳоҷиев, Дилшод Зокиров, Раҳмиддин Маҳмадиев, Убайдулло Адилбеков, Умрон Усмонов, Қосим Мақсудов, Замирбек Қипчаков, Алӣ Ҷеналиев, Исҳоқ Ҳомидов, Муҳаммадовуд Ахмедов, Ҳимай Шомурзаев, Вайсиддин Шамиров, Нисрат Икромов, Абдулҳай Саидов, Абдулманап Сабуров, Музарапшо Маҳмадиев, Абдуҷамил Мирзоев, Назрулло Салиев, Муҳаммадямин Мухадбеков, Ҳабиб Абдуллоев, Ҳусейн Азизов, Саид Аманов, Ҷамшед Салоҳов, Бахтиёр Юнусов, Шабун Эмахмадов, Чинигул Сафарова, Аида Ҷээналиева, Сайрам Ҷумаева, Фаришта Аюбова, Таблиғо Саймудинов, Ҳайдаралӣ Боев, Ҳуснибону Саидова, Орифҷон Шамов, Абдулло Давлатов, Қуватбек Зайнидинов, Рустам Абдуллоев, Муҳиддин Гиясов, Файзалӣ Маллаев, Абдувалӣ Зикиров, Суҳроб Гулов, Хайрулло Султонбеков, Назокат Шамуратова, Ҳакима Абдусатторова, Олуфта Холиқова, Гулрафтор Вахобова, Хайрӣ Саидбекова, Парвиноз Маҳмадиева ва боз чандин нафари дигарро метавон бо ифтихор ба забон овард, ки бо меҳнати шоистаи худ байни мардум эҳтирому иззати хоса доранд.

Таваҷҷуҳи махсус ба кӯдакон

Дар ноҳия 6 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 211 нафар (аз ин 106 духтар) кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар муассисаҳои таълимии мазкур 10 мураббӣ, аз ҷумла бо таҳсилоти олии касбӣ 5 нафар, олии нопурра 1 нафар, миёнаи махсус 4 нафар кору фаъолият доранд.

Ҳамчунин, дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия айни замон 21 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 416 (аз ин 154 духтар) кӯдак дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№1, 2, 4, 5, 6, 7, 9, 12, 14, 16, 18, 19, 20, 22, 23, 24, 25, 27, 30, 50 фаъолият дошта, 22 мураббӣ (аз ин 20 зан) кору фаъолият доранд, ки 3 нафар дорои таҳсилоти олии касбӣ, 19 нафар таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.

Ташкил кардани боз як муассисаи томактабӣ дар деҳаи Ҷаилғани ҷамоати деҳоти Лахш бо дастгирии МИМҲД-и ноҳияи Лахш ва бо саҳмгузории сокинону соҳибкорони деҳаи Ҷаилған барои ба тарбия фаро гирифтани то 120 нафар кӯдак ба нақша гирифта шудааст.

Роҳхат ба донишҷӯӣ

Тавассути Маркази миллии тестӣ 386 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Лахш ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дохил шудаанд.

Зиёда аз 30 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии  ноҳия ба донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ва 24 нафари дигар ба донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Русия дохил шуданд.

Тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 нафар, аз ин шумора 11 духтар ба муассисаҳои олии кишвар дохил гардиданд.

Дар умум тибқи квотаи Президентӣ дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 148 нафар, ки аз ин 77 нафарашон духтаронанд, таҳсил доранд. Шумораи довталабоне, ки ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданд, нисбат ба соли гузашта 71 нафар зиёд мебошад.

 Дастовардҳои омӯзгорону хонандагон

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик МТМУ №25 Ҳасанов Маҳмаддовуд, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик МТМУ№25 Саидов Ислом, хонандаи синфи 8-и литсей барои хонандагони болаёқат Халилова Гесу, хонандаи синфи 8 МТМУ №1 Ҳумоюншоҳи Муҳтоҷиён иштирок карда, соҳиби ифтихорнома гардиданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман аст” хонандаи синфи 11-и литсей Азизов Шоҳрух иштирок карда, соҳиби диплом гардид.

Дар озмуни “Муаллими соли Тоҷикистон” омӯзгори фанни забон адабиёти тоҷик аз МТМУ №32 Муҳаммадисои Нусрат иштирок карда, сазовори ҷойи дуюм гардид.

Дар соли 2020 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуда, 2 медали тилло, 7 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Нуруллоева Меҳрона, хонандаи синфи 10-и МТМУ №6 аз фанни забони давлатӣ ҷойи якум ва медали тилло, Эшонҷонов Фаридун, хонандаи синфи 11-и литсей аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ ҷойи якум ва медали тилло, Акбарова Манижа, хонандаи синфи 11-и МТМУ №5 аз фанни забони давлатӣ ҷойи дуюм ва медали нуқра, Абдулҳамидов Ҷумабек, хонандаи синфи 11-и МТМУ №36 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, Саидов Давлатмурод, хонандаи синфи 11-и литсей аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ ҷойи дуюм ва медали нуқра,

Ахмедов Ҳайдаралӣ, хонандаи синфи 11-и литсей аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, Маҳмадова Тазагул, хонандаи синфи 9-и МТМУ №2 аз фанни забони давлатӣ ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, Таштанова Моҳигул, хонандаи синфи 9-и МТМУ №14 аз фанни забони давлатӣ ҷойи сеюм ва медалли биринҷӣ, Алимаҳмадова Мунира, хонандаи синфи 10-и МТМУ №21 аз фанни забони давлатӣ ҷойи дуюм ва медалли нуқра, Рустамова Меҳринисо хонандаи синфи 10-и МТМУ №4 аз фанни забони давлатӣ ҷойи дуюм ва медали нуқра,

Халилова Сайҳуна, хонандаи синфи 10-и МТМУ №13 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷойи дуюм ва медали нуқра, Саидов Сайёд, хонандаи синфи 9-и МТМУ №16 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, Қосимова Шукрона, хонандаи синфи 10-и МТМУ №3 аз фанни забони русӣ ҷойи дуюм ва медали нуқра, Рустамов Насим хонандаи синфи 10-и литсей аз фанни биология ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, Каримов Сангалӣ, хонандаи синфи 10-и МТМУ №1 аз фанни география сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардиданд.

Муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияи муосир

Бо мақсади васеъ ҷорӣ намудани технологияи муосир дар муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби сметаи хароҷотии МТМУ №4 барои муассисаи мазкур 1 адад проектор, 1 адад тахтаи электронӣ, 4 адад компютер ва 10 адад камераҳои мушоҳидавӣ, МТМУ №16 1 адад проектор, 1 адад тахтаи электронӣ, 1 адад ноутбук, МТМУ №8 4 адад компютер, МТМУ №14 1 адад ноутбук, 1 адад принтер харидорӣ гардида, мавриди истифода қарор доранд.

Илова бар ин, аз ҳисоби сметаи хароҷотии МТМУ №39 барои муассисаи мазкур як адад принтер, 4 адад камераҳои мушоҳидавӣ ва барои МТМУ №60 як адад компютер харидорӣ гардида, мавриди истифода қарор доранд. Маврид ба зикр аст, ки шумораи компютерҳои муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумии ноҳия ба 559 адад, таҷҳизоти чопӣ (принтер) ба 94 адад расида, дар муассисаҳои таълимӣ 49 кабинети технологияи иттилоотӣ фаъолият карда, 50 омӯзгори фанни технологияи  информатсионӣ ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд.

 Корҳои созандагиву ободонӣ

Дар соли 2020-2021 бо дастгирии МИМҲД-и ноҳияи Лахш ва бо саҳмгузории сокинони деҳаи Дувана сохтмони се синфхонаи иловагӣ МТМУ №7, сохтмони 8 синфхона дар МТМУ №13 ва сохтмони толори варзишӣ бо саҳмгузории директору омӯзгорон ва сокинони деҳаи Қаракенҷа дар назди МТМУ №32 оғоз гардида, дар арафаи анҷомёбист.

Инчунин сохтмони бинои сеошёнаи таълимӣ дар МТМУ №9 бо маром идома дорад.

Маврид ба зикри хос аст, ки бо дастгирии фарзандони Сайфиддин Аюбов дар назди МТМУ №21-и деҳаи Қушай толори варзишӣ бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Инчунин бо саҳмгузории сокинони деҳаи Ҷултерак сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №24 ва бо ташаббуси директори МТМУ №15-и деҳаи Қарамиқ ва сокинони ин деҳа як синфхона сохта ба истифода дода шуд. Бо саҳмгузории сокинони деҳаи Яраш гирду атрофи МТМУ №42 маҳкам карда шуд, инчунин аз тарафи шахси саховатманд, ки номаш номаълум аст 20 адад мизу курсӣ барои хонандагон таъмин карда шуд.

Аъзамҷон Мирзоев, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш мегӯяд, ки соҳаи маорифи ноҳия дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Аз ҷумла дар тайи ин солҳо зиёда аз ёздаҳ мактаб сохта ба истифода дода шуд. Агар шумораи умумии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, асосӣ ва ибтидоӣ соли 1991-ум 48 адад бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 61-адад расидааст, ки ин барои бо таълими асосии ҳатмӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасони синни мактабӣ басанда мебошад.

 Муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ

Ташкили кабинетҳои фаннӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо аз талаботи мактаби муосир аст ва аз ин хотир шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш бо мақсади иҷрои “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020”, нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, бо дастгирии МИМҲД-и ноҳияи Лахш чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимии ноҳия бо асбобу айёниятҳои таълимӣ хуб ба роҳ монда шуда, кабинети физика дар муассисаҳои таълимии №№ 9, 5, 21, 12, 50, кабинети химия дар муассисаҳои таълимии №№ 3, 12, 13, кабинети биология дар муассисаҳои таълимии №№ 19, 12, 7, кабинети математика дар муассисаҳои таълимии №№ 10, 3, 12, кабинети технологияи информатсионӣ дар муассисаҳои таълимии №№ 1, 2, 3, 4, 5, 8, 9, 10, 12, 13, 15, 16, 18, 19, 27, 28, 30, 31, 34, 35, 39, 40 ва литсей вобаста ба шароит ташкил карда шуда, фаъолият менамоянд.

Бо мақсади амалӣ намудани талаботҳои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар соли 2020 бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон се кабинети фаннӣ аз фанҳои химия, биология, физика дар назди МТМУ №1ташкил карда шуд ва инчунин аз тарафи МИМҲД-и ноҳияи Лахш зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ барои ташкил ва таҷҳизонидани 10 кабинети фаннӣ пешбинӣ гардидааст. Гуфтан ба маврид аст, ки бо дастгирии МИМҲД-и ноҳияиЛахш дар се соли охир муассисаҳои таълимии ноҳия бо 1050 адад миз ва 2010 адад курсӣ таъмин карда шуданд.

Ба ҷойи охирсухан

Дар фароварди суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш Алимаҳмад Мирзоев изҳор дошт, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯзу имрӯз ва фардои маорифи кишвар аз масоили меҳварӣ ба шумор рафта, таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, идомаи бомароми ислоҳот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва давра ба давра бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, таваҷҷуҳи асосиро ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ равон кардан ва зиёд кардани муассисаҳои томактабӣ, таваҷҷуҳи махсус ба сатҳу сифати таълим, бартараф кардани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, баланд бардоштани касбияти омӯзгорон ва дар ҳар се сол аз аттестатсияи давлатӣ гузаронидани омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф, такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони кишвар яке аз вазифаҳои меҳварии соҳаи маориф мебошад.

— Дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат тамоми нерӯю тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари хонандагону донишҷӯён дар тамоми муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор оварда истодааст. Аз ин лиҳоз, мо маорифчиёни ноҳияро зарур аст, ки дар ҷавоби ин ғамхориҳову пуштибониҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми шоистаи худро гузорем, — илова намуд дар фарҷом Алимаҳмад Мирзоев.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here