Ҳар кишвар бо таъриху фарҳанг ва бозёфтҳояш дар олам машҳур аст. Масалан, Туркия бо чаҳор баҳри атрофашро иҳота карда ба оламиён машҳур шудааст, ин манзараҳо диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд. Кишвари Швейтсария бо куҳҳои сабзи Алп, Миср бо аҳромҳои таърихиаш ба кишварҳои сайёҳӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон бошад, бо таъриху фарҳанги қадима, мардуми меҳмондӯст, куҳҳои сарбаланди Помир, табиати афсунгари афсонавӣ, манзараҳои дилфиреб ва чашмаҳои оби нуқрафом, дарёҳои куҳиаш диққати сайёҳонро ба худ мекашад. Мо имрӯз дар бораи таърихи дирӯзаи яке аз ёдгориҳои кишвар “Қалъаи Хуҷанд” сухан меронем.

Солҳои 300-уми пеш аз милод Искандар бо лашкари 30 ҳазор нафараи мақдунию юнониаш ба Хуҷанд ҳуҷум кард ва ба муқобилияти сахти мардуми маҳал дучор шуда, талафоти калон ёфт. Лашкари ҷангдида дарёи Танаисро (ҳоло Сир) убур намуда, шаҳри ободу мардуми озодро дучори сӯхтор, куштор ва ғорат кард.

Искандари Мақдунӣ баъди ду рӯзи забти шаҳр ба тамошои Хуҷанд баромад ва мавзееро маъқул карда фармуд, ки ин ҷо дар соҳили дарё қалъае бунёд намуда онро (Александрия-Эсхата), яъне Александрияи Канорӣ ном гузоранд, то дигарон донанд, ки қаламрави вай аз Александрия то ин ҷо доман паҳн кардааст…

Қалъаро сохта, атрофашро бо девори мазбути қариб 9  километра печонданд. Солҳо, асрҳо сипарӣ шуданд, қалъа аз даст ба даст гузашт. Алалхусус онро истилогарони муғул хеле хароб  карданд…

Дарвозаи қалъаи Хуҷанд кушода шуд ва ду сарбози муғул аспҳояшонро тозонда берун баромаданду назди роҳи калон истоданд. Сарбозони болои девор истода, ба забони худ чизе гуфта дод заданд ва аз дарвоза фармондеҳи даҳҳазораи муғул Улоқнӯён дар иҳотаи нӯкаронаш аз ҳавлӣ берун шуд. Аспи ҷавмаст гардани товусвор дарози худро пеш кашида ҷаҳидан мехост, вале дасти кӯтоҳу боқуввати фармондеҳ, ки худро ҳокими шаҳри Хуҷанд эълон карда буд, лаҷом мекашид. Атрофи вайро нӯкаронаш ҳалқавор иҳота карданд, аз рафтори онҳо аён мешуд, ки ҳар лаҳза барои ҳифзи саркардаашон тайёранд, нафақат одами бегона, балки пашшаро ба назди вай намегузоранд.

Одамон дар атроф равуо доштанд. Маъмурони муғул медиданд, ки онҳо бо дилшикастагӣ, бе майлу хотир чун мӯрча ҷунбуҷӯл доштанд. Сархам, мушавваш, хотирпарешон буданд, гӯё нав аз ҷанозаи шахси наздикашон омада бошанд. Аз паси ризқу рӯзӣ, аз паси қути лоямуте пасу пеш мерафтанд. Ин қабил асосан мардуми камбизоати шаҳр буданд. Мардуми доро ба ақидаи Улоқнӯён ҳанӯз зиндагии осуда дошт.

Чанд нафар аз назди ҳаммоми маҳаллаи «Чоршанбе» баромада, дастаи муғулонро диданду аз бало ҳазар гӯён ба тарафи чап тоб хӯрда рафтанд.

— Мегӯянд, ки нони хӯрданӣ надоранд, вале ба ҳаммом мераванду шустушӯ мекунанд. Магар ба шиками гурусна оббозӣ карда мешавад, аҷоиб мардуманд ин тоҷикон,- гуфт Улоқнӯён. Бо вуҷуди оқилӣ соддагиашон аён аст. Гармоба чӣ лозим? Магар оббозӣ кардан шарт аст? Ана, сарбозони мо дар умрашон ҳаммомро надидаанд ва чанд сол инҷониб оббозӣ ва ҳатто шустушӯ накардаанд. Ҷин назадааст. Амсоли асп медаванд, чун барзагов солиму боқувватанд. Чунон шамшер мезананд, ки мислу монандашро дар дигар ҷой дидан душвор. Бо як зарба дарахтро ду пора мекунанд. Тири камонро ба масофаи чашмнорас мефиристанд. Агар онҳо ҳар рӯз оббозӣ карда қувваташонро ба об сарф намоянд, магар ин хел паҳлавон шуда метавонанд? Гумон.

Ба ақидаи вай бе ҳаммому китобхона ҳам зиндагӣ карда мешавад. Рӯзҳои аввали ба Хуҷанд даромаданаш чанд ҳаммомро валангор кард, китобхонаҳоро сӯхт. Вале аз куҷое Аҳмади бозоргон омаду илтимос намуд, ки ҳаммоми маҳаллаи «Чоршанбе»-ро ба хок яксон накунанд. Улоқнӯён ноилоҷ розӣ шуд.Зеро Аҳмад ҷосуси Чингизхон буд. Хон вайро эътироф мекард. Чунки дар забти Хуҷанд чанд сол қабл, то ҳуҷуми муғулон ба Мовароуннаҳр Аҳмад ба диёри онҳо мол мебурд. Карбосу шоҳии вайро хеле қимат мехариданд. Баднафс буд Аҳмад. Нархи молашро дучанду сечанд мебардошт, вале Чингизхон онро мехарид. Улоқнӯён ҳамон вақт ҳайрон мешуд. Охир матоъро барои либоси аскарон аз савдогарони Бухорою Самарқанд ҳам харидан мумкин буд. Вай он вақт намедонист, ки хон ба Аҳмад на барои мол, балки барои маълумотҳои ҷосусиаш-аз иқтидори ҳарбӣ, интизоми сарбозон, хулқу хӯи вазиру сарлашкарон, яроқу миқдори аспонашон, пулу чиз медиҳад.

Оре, дар ибтидо Улоқнӯён аз тамошои сӯхтор лаззат мебурд. Алалхусус аз алангаи китобхона. Лаҳзае, ки гулхани варақҳои хушк ба фалак мепечид, атрофро гарму мунаввар мекард. Баробари китобҳо соҳибонашон ҳам месӯхтанд. Мардҳои калон ашк мерехтанд, уллосзанон нолиш мекарданд. Ҳай тамошои бемислу монанде. Вай мехост, ки на фақат китобхона, балки ҳар китобро дар ҷои рост омада оташ зананд, соҳибонашро қамчинборон кунанд, вале  писари Чингизхон Ҷӯҷӣ монеъ шуд. Элчии вай мактубе овард, ки дар он аз ҷумла навиштааст: «…Дар қатори молу чизи пурарзиш китобҳои гаронбаҳоро бо корвонҳо ба Муғулистон фиристонанд…» Фармон фармон аст! Онро иҷро накарда рӯзата бин. Алалхусус амри Чӯҷиро! Вай бераҳмию бадҷаҳлиро аз падараш омӯхтааст. Шахси гапашро ду кардаро бо шамшер пора мекунад. Вале китоббарӣ чӣ зарур? Магар он бори зиёдатӣ нест ба корвон?

— Китоб ганҷ аст! — гуфт элчӣ ба Улоқнӯён вақти вохӯрӣ. — Он амсоли тилло арзиш дорад. Замоне меояд, ки мо ҳукмрони олам мешавем. Мактабҳо мекушоем, бачаҳоро тарбия мекунем. Давлатдориро ёд медиҳем. Ҳамаи гузаштаю ояндаи дунё азони мо мешавад ва онро  идораю уҳда карда тавонистан лозим. Бе илму дониш чунинаш душвор аст. Масалан, модоме, ки Хуҷанд тобеи мост, пас шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ ҳам адиби муғул ҳисоб меёбад. Ҳо, мо инро ба дунё эълон мекунем. Нафақат Камол, балки дигар олимону донишмандон, устою санъаткорон ҳам азони мост. Ана, ин куҳи Мевағул ҳам акнун «Кӯҳи муғул» ном мегирад. Ҳар каси эътирофнакардаро ҷазо медиҳем. Ҳамаи чизи беҳтарини олам аз ману шумост ва онро эҳтиёт кардан лозим. Охир кас либоси худро намедаронад ё ба чоҳаш туф намекунад.

Улоқнӯён аз гуфтахои элчӣ чизе нафаҳмид. Агар тоҷикон ин қадар доною соҳибмаълумот бошанд, пас чаро давлаташонро ба арабҳо, юнониён, туркҳо, баъд ба муғулҳо доданд. Вале хомӯширо авло донист. Беҳуда нагуфтаанд, ки забони сурх сари сабзро барбод додааст. Боз ягон фалокат ба сараш наояд.

Элчии Ҷӯҷӣ чизи дигарро нагуфт, ки ягон  истилогар ҷовидон нест, замоне Искандари Мақдунӣ Хуҷандро забт карда, қатли ом эълон карда буд, ин қалъаро сохта гумон дошт, ки ҷовидон мемонад, аммо шаҳр боз ба тоҷикон монд ва рӯзе мерасад, ки муғулон ҳам Мовароуннаҳрро тарк мекунанд…

Маъмури муғул ба атроф менигарист. Куҷост он нозанини болобаланди камарборик, ки товусвор қадам мезад. Аслан вай ба маҳаллаи «Чоршанбе» барои дидани он моҳлиқо омада буд. Ҷосусонаш хабар доданд, ки Назокат бо ду зану пирамарде сӯи «Панҷшанбе» рафта буд. Кай бармегашта бошад? Ақалан як бори дигар аз дур вайро медид, дилаш андаке ором мешуд. Тоқаташ тоқ шуд. Имрӯз даллазанро аз паси вай мефиристад. Аввал гуфтугӯ кунад, зару зевар ваъда диҳад, розӣ шавад хеле хуб, рафту «не» гӯяд зӯран ба қалъа меорад. Бале, ҳамин рӯз масъаларо ҳал мекунад. Розӣ нашуда ҳам дидааст. Кадом зан дар пеши зару зевар истодагарӣ кардааст. Яке аз онҳо Каромати танноз. Вақте ки ба хонааш оварданд, хеле нозу нуз карда буд. Баъди гирифтани туҳфаҳои  пурарзиш чунон нарм шуд, ки ҳадду ҳисоб надошт. Як ангуштарину чанд тангаи тиллоро дида шукуфт. Ҳоло худаш кашол шуда меояд ва дастони  сапсафедашро ба гардани Улоқнӯён ҳалқа карда, нозу карашма менамояд. Маъмури муғул медонист, ки Каромат вайро дӯст намедорад, зару зевар, туҳфаҳои қимматбаҳояшро нағз мебинад. Мувофиқи гуфтаи элчӣ вай ҳокимиХуҷанд аст. Хоҳад мекушад, хоҳад месӯзад. Касе ба муҳокимаи рафтори вай ҳуқуқ надорад. Охир вай Улоқнӯён аст. Чандин қавмро нест кард, шаҳрҳои ободро ба хокистар табдил дод. Бар  Темурмалики ҷасуру доно ғалаба кард. Куҷост адӯи дигар?

Вақте, ки аз дарё гузашт, ҳуш аз сараш парид. Чӣ сон ободу зебо буд атроф. Ҳама ҷо сабз, дарахтони пурмева, кӯчаҳои ҳамвор, биноҳои хуштарҳ, дӯкону масҷидҳои нақшин. Ва ҳамаи онро барбод дод…

Якбора атроф ба назари Улоқнӯён равшан шуд. Ана, Назокат меояд. Бо вуҷуди сару рӯяшро печонидан маъмури муғул ӯро шинохт. Дилаш ҷиғғос зад. Назокат бо ҳамроҳонаш аз роҳи калон гузашту ба тангкӯча тоб хӯрд. Улоқнӯён сӯи нӯкаре ишорат намуд. Муғули шикамдамидаи ба зин фурӯрафта чашмони тангашро боз ҳам тангтар карда таъзим намуд ва лаҷоми аспро сар дод. Ҷеранаш бошитоб йӯрға кард. Нӯкари шикам дамида чанде пеш рафт ва зани дар кунҷ истодаро наздаш хонду сӯи духтар ишорат намуд.

Чанд рӯз пеш Улоқнӯён бо нӯкараш аз кӯча мегузашт. Вай ба узангу пойҳояшро тиргак карда, аз болои девор сӯи ҳавлие нигарист. Он ҷо духтареро дид, ки амсолашро то ҳол дучор наомада буд. Ӯ ба парӣ шабоҳат дошт. Нигоҳи духтар ҳам ба маъмур афтод, рӯяшро гардонду шитобон вориди хона гашт, вале дер шуда буд. Чеҳраи зебои ӯ аллакай чун тир дили муғулро шикофт. Улоқнӯён аз паси доштани сайд камар баст ва ба гумошта Набӣ фармуд, ки шахсияти духтарро аниқ намояд.

Набӣ дар хабаркашӣ устухон надошт. Бо тезӣ аниқ кард, ки духтар Назокат ном доштааст, падараш Комили заргар будааст.

Бегоҳ Улоқнӯён ба қалъа баргашту далларо наздаш хонд. Лаҳзае пас даллазан ба хона даромаду тамаъҷӯёна таъзим кард.

— Гап зан, чӣ кор кардӣ? «Шер ё рӯбоҳ ?» — пурсид Улоқнӯён.

— Нашуд, зан ба гап нафаромад.- Вале хафа нашавед, духтари бе ноз оши бе пиёз гуфтаанд. Муддате пас мум барин нарм мешавад. Чанд рӯз муҳлат диҳед, — гуфт даллазан.

— Ҳозир чанд нӯкарро гиру рафта вайро зӯран ин ҷо биёр…

Дар хонаи нимторик чор ҷавон нишаста суҳбат мекарданд. Ҷавони паҳлавонпайкари мӯю абрӯсиёҳ чой кашида ба ҳамроҳонаш дароз мекард.

Кушода шудани дар ва ба кулба даромадани ҷавоне тори суҳбатро барканд. Ранги руйи вай пахтасон сафед, мушаввашхотир ва ба обу арақ ғӯтида буд. Бо душворӣ нафас мегирифт.

— Назокат… Назокат… Назокатро бурданд,- гуфт ӯ.

— Чӣ воқеа рӯй дод? Дуруст гап зан, — хавотир шуд Мансур.

— Чӣ?… Кӣ?… Кай?… — пурсиданд ҳозирон.

— Нав ба қалъа назди Улоқнӯён бурданд.

— Ман меравам, вайро наҷот медиҳам,- гуфт Мансур ва аз ҷой хест.

— Не, наметавонӣ,- охир қалъа пур аз сарбоз аст, садди роҳи ӯ шуданд рафиқонаш.

— Мо чӣ хел мард ҳастем, ки зану фарзандонамонро баранд ҳам хомӯш мешинем. Меравам. Охир Назокат номзади ман аст! Қалъа ҳам азони мост.

Назокатро чун ҷувол аз дар дароварданду ба мобайни хона партофтанд. Улоқнӯён аз ҷой хесту пеш омад ва чодир аз сари ӯ бардошт. Ду чашми барқпоши пурнам ҳаросон ба вай менигаристанд. Улоқнӯён хост духтарро бардошта ба рӯи пӯстак шинонад, вале Назокат дасташро тела карду чолокона худро ба кунҷи хона гирифт.

Улоқнӯёни сархуш қоҳ-қоҳ зада хандид ва палангвор сӯи ӯ ҷаст, Назокат худро ба канор гирифт ва чолокона ба роҳрав баромад.

— Дод аз дастат фалак, ин сари сахтамро ба куҷо занам. Ҳаёту мамотам сӯхт. Мансур куҷоӣ, мадад кун, — гуфт ӯ худ ба худ ва поён ҷаст.

Мансур аз девори паси қалъа гузашту ба саисхона даромад. Аз байни аспҳо гузашту ба ҳаммом наздик шуд. Ӯ лаҳзае ба атроф бешуурона нигарист ва ҳамаашро дарк кард. Чӣ тарз аз болои қалъа поён ҷаҳидани Назокатро дид. Фаҳмид, ки номзадаш аллакай пора-пора  шуд. Дер омад, дер!

Улоқнӯён дар долон истода чӣ кор карданашро намедонист. Нӯкаронаш сӯи вай шитофтанд, Мансур ҷаҳида назди Улоқнӯён омаду ба пайкараш корд зад. Муғул даррандавор нолиш карду ба замин афтод. Аз овози ҷонхароши вай қалъа гӯё ларзид. Мансур боз кордро боло бардошт, вале зарбаи шамшери посбон ӯро ба замин афтонд.

Рӯзи дигар аз фоҷиа сокинони шаҳр ва деҳаҳои атроф хабар ёфтанд. Одамони зиёд аз доду вой ва таҳдиду таъзиқи муғулон натарсида, ду ҷавони ғӯрамарг — Назокату Мансурро ба хок супориданд.

Нигоҳи дидагони ашколуд пури ғам буд. Онҳо бо нафрат сӯи муғулон менигаристанд. Нигоҳҳо маънои онро доштанд, ки рӯзе мерасад ва барои ин куштору сӯхторҳо ҷавоб медиҳанд. Соати интиқом дур нест.

Ғайрат Ҳаким

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here