Пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешво

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар пайваста таъкид менамоянд, “… барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён дар пайравӣ аз сиёсати созандаву дурбинонаи Ҳукумати мамлакат, бахусус, аз ҳидояту иқдомҳои наҷибонаву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат талош бар он меварзад, то дар омода кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба Ватан ва миллат боз ҳам бештар саҳмгузор бошад.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён Файзализода Абӯбакри Файзалӣ  иброз дошт, “бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ва билхосса, Пешвои муаззами миллат мо — аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд”.

Хишти аввали таълиму тарбия

Зимнан, мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён зикр намуд, ки айни ҳол муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён дар маҷмуъ 59 ададро ташкил менамояд, ки аз ин миён 51 адад миёнаи умумӣ, 2 адад асосӣ, 4 адад ибтидоӣ 3 гимназияи давлатӣ ва 1 Мактаби Президентӣ мебошад. Дар ин муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2020 — 2021 55650 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 2970 нафар омӯзгор бо маълумоти олӣ (2102 нафар), олии нопурра (209 нафар) ва миёнаи махсус (637 нафар) дарс медиҳанд.

Ҷои ифтихор аст, ки як зумра омӯзгорони собиқадор ва дорои маҳорати касбӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гаштаанд. Аз ҷумла, 173 нафар бо нишонҳои Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар бо Корманди шоистаи ҶТ мукофотонида шуда, ҳамчунин 1 нафар Дорандаи Ҷоизаи Президентӣ ва 2 нафар Дорандаи Ҷоизаи  Раиси  вилоят мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия 9 адад буда, 1 адади он хусусӣ («Садаф») аст, ки дар 59 гуруҳ бо фарогирии 957 нафар булбулакони боғи дониш фаъолият менамоянд. Марказҳои инкишофи кӯдак бошад, дар соли хониши 2020-2021 35 адад бо фарогирии 1114 нафар кӯдакон  фаъол ҳастанд, ки нисбат ба соли гузашта 260 нафар зиёд мебошад.

Дар 1 адад Муассисаи таҳсилоти иловагӣ 8 маҳфил дар 44 гуруҳ амал намуда, 468 нафарро дар бар мегирад. Мутаносибан дар 8 маҳфили Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бошад, 120 нафар хонанда донишу ҷаҳонбинии худро сайқал медиҳанд.

Ҷилои истеъдодҳо

Дар идома Абӯбакри Файзалӣ афзуд, ки аз тарафи масъулини шуъбаи маориф ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён дар соли 2020 як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Чунончи, Маркази мазкур ҷиҳати дарёфт намудани хонандагони қобилиятноку боистеъдод ва рушду инкишоф додани онҳо аз шаклу усулҳои гуногун истифода намуда истодааст. Яке аз вазифаҳои асосие, ки дар назди масъулини Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи маориф меистад, ин гузаронидани даври ноҳиявии олимпиадаи фаннии хонандагон ва сафарбар намудани онҳо ба даврҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад, соли 2020 даври ноҳиявии олимпиадаҳо байни хонандагони синфҳои 5-6, 7-8, 9, 10 ва 11-ум баргузор карда шуданд. Дар маҷмӯъ, аз синфҳои 5 то 11-ум 2203 нафар хонандагон дар олимпиадаҳо иштирок намуданд, ки аз ин 1014 нафарашон духтарон буданд.

Ба даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон хонандагони муассисаҳои таълимии № 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 13, 14, 16, 17, 18, 19, 20, 21, 23, 25, 26, 27, 28, 31, 32, 35, 36, 37, 39, 41, 43, 44, 47, 52, 54, 55, 56, 57, 61, 62, 65, 69, гимназияи давлатии №3 ва Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳия  сафарбар  карда шуданд.

Дар натиҷа хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятӣ байни синфҳои 5-6, 7-8, 9, 10 ва 11-ум иштироки фаъолона намуда, сазовори 91 медал гардиданд, ки аз ин 17 медали тилло, 26 медали нуқра ва 48 медали биринҷӣ буда, нисбат ба соли 2019-ум 5 адад зиёд мебошад.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии соли 2020 байни синфҳои 11-ум муҳассилин 4 адад медал ба даст оварданд, ки аз ин 2 адад медали нуқра ва 2 адад медали биринҷӣ мебошад. Аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Эмомов Бахтовар аз фанни география медали биринҷӣ, омӯзгораш Музаффаров Зафар, аз Гимназияи давлатии №3 Усмонова Назира фанни забони русӣ — медали биринҷӣ, омӯзгораш Насконова Садафмо, аз Гимназияи давлатии №3 фанни таърих Абдуллоев Азамат — медали нуқра ва аз фанни ҳуқуқ Зиёев Хуршед — медали нуқраро соҳиб гардиданд, ки омӯзгори ҳарду хонандагон Сатторов Рустам аст.

Ҳамчунин, хонандагони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳия дар олимпиадаи байналмилалии «ҲИПО» (аз фанни забони англисӣ) иштирок намуда, 3 нафарашон ба гирифтани 3 адад медали биринҷӣ сазовор шуданд.

Дар баробари ин, ду нафар хонандагони синфи 2-юми муассисаи таълимии №70, ки ҳарду бародар мебошанд, дар олимпиадаи ҷумҳуриявии «Арифметикаи зеҳнӣ» иштирок намуда, Шамсиев Абдулло «Шоҳҷоиза» ва Шамсиев Иброҳим медали тиллоро соҳибӣ карданд.

Боиси таассуф аст, ки бинобар сабаби андешидани тадбирҳои беҳдоштӣ оид ба пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси «СOVID-19»  даври ҷумҳуриявии олимпиадаи наврасон байни синфҳои 5-6, 7-8, 9-10 ва байни хонандагони синфҳои 11-ум аз намуди даставӣ баргузор нагардид, ки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар он роҳхат гирифта буданд.

Зикри ин нукта низ муҳим аст, ки бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат ва соҳибистеъдод байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия озмунҳои «Донояк», «Хонандаи сол», «Ҷуғрофидони беҳтарин», «Луғатдони беҳтарин», озмуни “Иншои беҳтарин” ва “Рассоми  беҳтарин” дар мавзӯъҳои «Наврӯзи байналмилалӣ», «Об — барои рушди устувор», «Ваҳдати миллӣ», «Тоҷикистони соҳибистиқлол» баргузор гардида, хонандагони беҳтарин ба даврҳои вилоятӣ сафарбар карда шуданд.

Ҳамзамон, дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 22-юми феврали соли 2019, №62 «Дар бораи таъсис додани стипендияи Раиси вилояти Хатлон ба хонандагони аълохон ва навовару эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят» байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли 2020 хонандагони МТМУ №5 Каримова Фотима, МТМУ №26 Фаризабонуи Тоҳирҷон, МТМУ №70 Ҷабборова Мадина, Гимназияи давлатии №3 Афзалшои Рустам ва Исмоилов Барзу ба гирифтани стипендияи Раиси вилояти Хатлон шарафёб гардиданд.

Дар соли 2021 байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузории як қатор озмунҳоро ба нақша гирифтаем ва умедворем, ки дар ин соли хотирмон – 30 солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия дар сатҳи вилояту ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ бештар мегардад.

Омӯзгорони шарафманди Кӯшониён

Дар ҳамин ҷо бо фараҳмандӣ метавон аз омӯзгорони фаъолу пурмаҳсул ва заҳматкаш, ки дар тайёр намудани хонандагон дар олимпиадаҳо саҳми беандоза доранд, ёдовар шуд: Инҳо аз Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳия — Мақсудов  Тағай (фанни математика), Шофайзов Чиллахон (фанни биология), Бобоев Одил (фанни география), Мираҳмадов Рамазон (забони англисӣ), Бобоев  Аъзам (таърих ва ҳуқуқ), Шамсиев  Муқим (технологияи иттилоотӣ), Мирзоев Даврон (фанни химия), Авезова Гулнора (фанни физика), ва аз Гимназияи давлатии  №3 омӯзгори  фанни таърих ва ҳуқуқ Сатторов Рустам,  забони русӣ Насконова Садафмо, биология Юсупова Раҳима, забон ва адабиёти тоҷик Халифаев Ҷомӣ мебошанд, ки номҳои онҳоро бо ифтихор вирди забонҳо мегардад.

Дар баробари ин, аз муассисаҳои таълимӣ омӯзгорони фанни химияи МТМУ №27 Тошов Ҳикматулло, МТМУ №10  Султонов  Абдукарим, МТМУ №5 Шукуров Раҳимқул, омӯзгорони фанни физикаи МТМУ №1 Ҷавонов Шариф, МТМУ №5 Шукуров Турақул, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №26 Қаюмов Файзалӣ, омӯзгорони МТМУ №19 Муродов Наврӯз ва Зикриёева Меҳринисо, омӯзгори МТМУ №69 Салоҳиддинов Наврӯз, омӯзгори фанни забони русии МТМУ №20 Гиясова Олима, омӯзгори МТМУ №8 Холмуродова Ҳабиба, омӯзгорони фанни забон ва адабиёти МТМУ №9 Сатторова Саодат, МТМУ №62 Набиева Ибодат, МТМУ №26 Назаров Ҷӯрабек, омӯзгори фанни забони англисии МТМУ №65 Солиҳов Зиёдулло, омӯзгори технологияи иттилоотии МТМУ №70 Ҷабборова Мавҷуда бо меҳнату заҳмати шабонарӯзӣ, ҳамеша дар такопӯй, ҷустуҷӯ ва ҷаҳду талош буда, дар омода намудани шогирдонашон ва баланд бардоштани шарафи ноҳия дар арсаи вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми беандоза доранд.

Маҳз натиҷаи заҳмати ҳаминҳо ва дигар омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аст, ки ноҳияи Кӯшониён дар байни 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон солҳои охир дар ҷойи намоён  қарор дорад.

Вусъати созандагиву бунёдкориҳо

Таваҷҷуҳ ва рушд бахшидан ба соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо ба шумор меравад. Бо назардошти ҳамин омил Ҳукумати Тоҷикистон низ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун маҳаки асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад. Зеро ин иқдом дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад. Тибқи омори расмӣ танҳо дар соли 2019 дар шаҳру навоҳии кишвар ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуда, ин раванд дар кулли бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат рӯз то рӯз рӯ ба афзоиш аст. Чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат дар навбати худ роҳбарону масъулони соҳаи маорифи кишварро водор менамояд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагон тадбирҳои иловагии судмандро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, баҳри амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар тақвияти ҳамин омили муҳим мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён Абӯбакри Файзалӣ зикр намуд, ки:

— Мусалламан, тайи солҳои охир бо иқдоми неку созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок ва муҳими ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлил ва арзёбии ҳамаҷониба қарор гирифта, дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дигаргунсозӣ ва таҳкими ислоҳоти маориф идома ёфта истодааст. Аз ҷумла, соли 2018 дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 3 синфхонаи иловагӣ бо 75 ҷойи нишаст ба маблағи 14000 сомонӣ аз тарафи Кумитаи падару модарон, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 бинои нави таълимӣ иборат аз 4 синфхона барои 100 ҷойи нишаст ба маблағи 262000 сомонӣ аз тарафи буҷети ноҳия, дар назди муассисаи таҳсилоти ибтидоии №53 бинои нави таълимӣ борат аз 2 синфхона барои тамоми лавозимотҳои таълимӣ ба маблағи 170000 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ Муқимов Амирхӯҷа сохта ба истифода дода шудааст.

Соли 2019 бошад, дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 воқеъ дар деҳаи Гулистон бинои нави таълимӣ иборат аз 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкори маҳалӣ, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 бинои нави таълимии дуошёна иборат аз 16 синфхона барои 400 ҷойи нишаст бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 2 синфхонаи иловагӣ бо 50 ҷойи нишаст ба маблағи 10000 сомонӣ аз тарафи Кумитаи падару модарон ва дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 воқеъ дар деҳаи Ниҳолпарварӣ бинои таълимии нав иборат аз 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст аз ҳисоби Кумитаи падару модарон, кормандони соҳаи маориф ва шахсони эҳсонкор, дар долони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 1 синфхонаи иловагӣ барои 25 ҷойи нишаст тариқи ҳашар ба маблағи 2000 сомонӣ аз ҳисоби Кумитаи падару модарон, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 бинои таълимии нав иборат аз 4 синфхона барои 100 ҷойи нишаст ба маблағи 50000 сомонӣ аз ҳисоби Кумитаи падару модарон, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 бинои нави таълимии дуошёна иборат аз 8 синфхона барои 200 ҷойи нишаст аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 3795000 сомонӣ, дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 4 синфхона барои 100 ҷойи нишаст аз тарафи Кумитаи падару модарон, шахсони эҳсонкор, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 бинои таълимии нав иборат аз 3 синфхона барои 75 ҷойи нишаст аз ҳисоби сметаи муассиса бо ихтисоси 24240 сомонӣ ва аз тарафи маблағи Кумитаи падару модарон 28000 сомонӣ  сохта ба истифода дода шудаанд.

Ҳамчунин, дар соли сипаришудаи 2020 дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 бинои нави таълимӣ иборат аз 4 синфхона барои 100 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 бинои нави таълимӣ иборат аз 4 синфхона барои 100 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 бинои нави таълимии дуошёна иборат аз 10 синфхона ва 3 синфхонаи технологияи меҳнат барои 325 ҷойи нишаст аз ҷониби (БМИМТ) ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 ҷойи нишаст аз ҳисоби собиқ толори варзишии намуди бокс сохта ба истифода дода шуданд.

Айни ҳол дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби Кумитаи падару модарон, ҷалби соҳибкорон ва буҷети маҳаллӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома доранд, аз ҷумла дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо ҷалби соҳибкорон сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ бо 150 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 4 синфхона барои 100 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 бо дастгирии Кумитаи падару модарон сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ бо 50 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 6 синфхона барои 150 ҷойи нишаст аз ҳисоби шахси эҳсонкори маҳал Қараев Қурбон, дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 воқеъ дар деҳаи Наврӯз сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст аз ҳисоби Кумитаи падару модарон, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 8 синфхона барои 200 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст аз ҳисоби Кумитаи падару модарону соҳибкорони маҳалӣ, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 идомаи сохтмони ошёнаи дуюми бинои таълимӣ иборат аз 3 синфхона барои 75 ҷойи нишаст, дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Заргар аз ҳисоби соҳибкори маҳалӣ Холов Садриддин 4 адад синфхонаи иловагӣ ва сохтмони муассисаи таълимии нав воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Заргар бо маблағгузори Фонди Саудии Рушд иборат аз 24 синфхона барои 620 ҷойи нишаст дар як баст идома дошта, дар арафаи  Наврӯзи хуҷастапай мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Дар маҷмуъ, феълан сохтмони 57 синфхона бо теъдоди 1445 ҷойи нишаст идома дорад, ки итминони комил дорем, ки ҳамаи сохтмонҳои зикргардида марҳила ба марҳила то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба истифода дода мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи амалигардонии марҳилаи навбатии Бонки Исломии Рушд аз ҷониби гурӯхи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳо» сохтмони муассисаи таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст воқеъ дар деҳаи СМП-540, сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №60 барои 192 ҷойи нишаст ва дар назди муассисаи таълимии №70 барои 192 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин замина тамоми ҳуҷҷатҳои лозима омода гардида, рӯзҳои наздик сохтмони бинои иловагӣ дар назди заминҳои ҳудуди муассисаҳои таълимии №60, 70 оғоз мегардад ва замини ҷудошуда аз хоҷагии деҳқонии «Бобои Насрулло» ҷиҳати сохтмони муассисаи таълимии нав воқеъ дар деҳаи Озодии меҳнат (СМП-540) мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дорад.

 Истиқбол аз истиқлол

Дар фароварди суҳбат мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён Файзализода Абӯбакри Файзалб бо ризоиятмандӣ аз самтҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва бо қаноатмандӣ аз иҷроиши марҳила ба марҳилаи дастуру супоришҳо ва ҳидояту паёмҳои раҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки “дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Паёми ба тозагӣ ироанамудаи Президенти мамлакат мо — кормандони соҳаи маорифро вазифадор кард, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта, ба тарбияи насли наврас диққати бештар диҳем. Дар баробари ин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро вусъат бахшида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намуда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Дар ин раванд мо маҳз роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Раиси ноҳияи Кӯшониёнро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунем ва фаъолиятамонро идома дода, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем”.

Маҳмадалии МАҚСАДУЛЛОҲ,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here