Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар хусуси аз кор рафтани раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ фарзия, фолбинӣ, пешгӯйӣ зиёде пайдо шуд ва оқибат номбурда бинобар расидан ба синни нафақа аз вазифа рафт.

 

Ростӣ дар байни муаллифони чунин навиштаҳо, ки мехостанд Қодирӣ курсиро холӣ кунад, одамони касбу кори гуногунро медидам. Муҳандис, колхозчӣ, донишҷӯ, имзоҳои мустаор ва ғайраву ҳоказо. Аз ҳеҷ яки онон гиламанд нестам, аммо гилаи ман аз ҳамкасбонам-журналистон аст, ки насанҷидаву барнокашида ҳарфҳои подарҳаворо ба мисли занбурӯғи баъди борон дар сафҳаашон бориданду коридаанд. Намедонам ба хотири лайку класс гирифтан ва ё ба хотири аз худ паёмбари журналистика тарошидан аст, ростӣ натавонистам ташхис бидиҳам. Як нуктаи муҳимро ҳама муаллифон фаромӯш кардаанд.

 

Амри бадеҳист, ки вазифаро бо як даст мегиранду бо ду даст месупоранд. Касе сари ягон вазифа ва ё амале ҳамешагӣ нест. Ҳамаи инсоният дар ҳама ҳолату ҳама касбу кор муваққат аст. Аз ин чиз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ истисно нест ва инак аз кор ҳам рафт. Лекин носипосӣ, қадрношиносӣ, камбиниву нотавонбинии ҳамқаламон дардовар аст, ки ба қавле нагӯям, мекафам.

Чанд суоле дар зеҳнам давр мезанад, ки аз наовардани он шармам меояд.

1. Оё муаллифони матлабҳои ҳангомаҷӯёнаи фейсбукӣ фаромӯш карданд, ягона вилояте, ки ҳамасола ба таври бетанаффус озмуни «Хомаи созанда»-ро созмон медоду дар охири сол мукофотпулиҳо аз ҷониби раиси вилоят ҷудо мегардид, чашми муаллифонро кӯр кардааст? Ба дигар вилоятҳо ё дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя нигаред, кадом раиси вилояташ бо журналистон чунин бархӯрд мекунад? Худи соли гузашта дар озмуни вилоятии «Хомаи созанда» ҳудуди 160 000 сомонӣ мукофотпулӣ ба журналистони соҳоти гуногун барои заҳматҳояшон ба сифати қадрдонӣ тӯҳфа гардид. Ба ҷуз ин, озмуни «Хомаи созанда» майдони фарохеро барои журналистони вилоят фароҳам овард, ки дарди дилашонро бобати ин ё он проблема бапардаву ошкор гӯянд. Ҳатто он афроде, ки дар охири сол соҳиби тӯҳфа нашуданд (дурусттараш ҷойҳои намоён нагирифтанд), бо ин баҳона низ матлабҳояшон бобати ин ё он проблема чархиду давр зад. Магар як андоза бо воситаи матлабҳои ба озмун пешниҳодшуда рушди озодии суханро надидем? Оё ин иқдом аз ҷониби раиси вилоят пуштибонии озодии сухан набуд?

2. Ба журналистони ниёзмандони тақрибан тамоми расонаҳо-ҳам давлатӣ ва ҳам мустақил бо пешниҳоди худи собиқ раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ участкаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо гардид. Оё чашми мо кӯр буд, ки солиёни сол хусусан оилаҳои ниёзманди журналистони на фақат худи шаҳри Хуҷанд, балки журналистони пиру ҷавони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро беманзилу бесарпаноҳ медидем? Худ шоҳидам, ки дар сӯҳбатҳои хосу ом ҳамкасбони ман аз норасоии участкаҳои наздиҳавлигӣ шикоят доштанд. Ҳатто журналистонеро медонам, ки даҳсолу понздаҳ сол дар хонаҳои иҷоравӣ менишастанд. Кам монда буд, ки бо сабаби бехонагӣ тарки касб намоянду рӯ ба муҳоҷират биёваранд. Маҳз участкаҳои наздиҳавлигии аз ҷониби собиқ Раиси вилоят ҷудо гардида муҷиб шуд, ки онҳо тарки муҳоҷират карда, имрӯзҳо аллакай аксарият иморат сохта, аз паи ободонии оилаву хонаву кошонаашон ҳастанд. Бори дигар, чашми муаллифон кӯр аст, ки чунин иқдомро намедиданд? Яъне, бо ин роҳ, журналистон аз ғурбату беватанӣ ва муҳоҷирӣ раҳиданд. Фақат дили кӯр наметавонад ин гуна иқдом набинад!

3. Таҳаммул ва қабули маводи интиқодии мо-журналистон аз ҷониби собиқ раиси вилоят А.Қодирӣ ростӣ қобили ситоиш аст. Журналистонеро медонам, ки дар матлабҳои интиқодиашон корбурди раиси вилоятро ба тавре дабдала танқид ҳам карда буданд. Аммо собиқ раиси вилоят ба ҷои ниқоргирӣ ин гуна интиқодҳоро хуш қабул доштаву дар конфронсҳои матбуотӣ низ изҳор дошта буд, ки ҷонибдори танқид аст. Ҳатто журналисти мустақил Қамари Аҳрор, ки борҳову борҳо дар матлабҳояш А.Қодириро зери танқид қарор дод, дар охири сол дар ҳузури журналистон худи собиқ раиси вилоят ба Қ.Аҳрор тӯҳфапулӣ супорид ва ӯро журналисти сол эълон дошт. Борҳо ба нашрияҳои давлатӣ низ таъкид ба таъкид гуфта буд, ки матолиби интиқодиву таҳлилӣ бештар интишор шавад. Магар боз гӯши мо кар буд, ки ин гуна бархӯрдро надидем? Оё чунин муносибати таҳаммулгароӣ аз ҷониби собиқ раиси вилояти Суғд қадами ҷиддӣ сӯи демократия ва ошкорбаёниву озоди сухан нест?

4. Боре дар як нишасти матбуотӣ худи А.Қодирӣ иброз дошта буд, ки «таъриф хуб аст, аммо таърифи бисёр ҷомеаро ба фатарот мебарад». Аз ин хотир, мо журналистони ба воқеъбинона ва холисонаи инъикоси матолиб даъват намуд. Чунин ҳарфро кадом мансабдор имрӯз мегӯяд? Воқеан, нафаре, ки ба худ боварӣ дорад, ба сухани ҳақ имон дорад, ба озодии сухан арҷ мегузорад, ин гуна хитоба мекунад. Боз ба мо чӣ мефорад? Хусусан журналистоне, ки ба сина мушт зада даъвои озодии баён мекунанд, боз чӣ гуна муносибат шоиста аст, ки ягон мансабдори дигар кунад?

Банда бо овардани ин чанд сатри парешон гуфтаниам, ки аз касе супориш нагирифтаам, ки чунин ҳарфҳоро нависам. Иловатан, дар ивази ин навиштаам соҳиби ягон сотих замин ҳам нашудаам ва ё тӯҳфапулие низ нагирифтаам. Аммо виждонам маро азоб медиҳад, ки вақте сафедро сафед нагӯям ва сиёҳро сиёҳ. Банда низ борҳо дар матлабҳоям собиқ раиси вилоят мавриди интиқод қарор додам, аммо вокуниши демократона ва дар чаҳорчӯбаи қонуни раиси вилоят ростӣ лоиқи таҳсин аст.

Ҷанобон, аз барои Худо, хусусан ҳамқаламони азиз, аз ҳар чӣ сарфи назар кунед ҳам, аз арҷгузории озоди сухан ва некиҳои дар ҳақатон касе кардааст, фаромӯш накунед! Агар дар ҳаққи шумо некие накарда бошад, ақаллан ба хотир биёваред, ки як ҳамкасби шумо чӣ қадар аз раиси кунуни вилояти Суғд баҳра бурдааст.

Инак Қодирӣ бо сари баланд ба нафақа рафт. Бо сари баланду боло ба нафақа рафтан дар ин айём, ки ба Қодирӣ насиб шуд, на ба ҳар кас насиб мешавад.

Дигар ҳарфе надорам. Вассалом!

Набиюллоҳ Суннатӣ

 

 

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here