Гузориши нухустини мо оид ба беҳтарин муассисаи ибтидоии касбӣ дар ВМБК аз Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шуғнон ба номи ветерани ҶБВ Элназаров  Имомназар оғоз ёфт. Муассисае, ки соли 1958 нахуст ҳамчун Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №77 дар шаҳри Хоруғ таъсис ёфта, соли 1998 бо қарори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Литсейи касбӣ-техникии №77 табдил дода шуд ва соли равон аз таъсиси он 60 сол пур шуд.

Бинои муассисаи мазкур комилан нав ва замонавӣ буда, дар деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҷойгир аст ва 28 августи соли 2008 расман ба истифода дода шуда, соли хониши 2008-2009-ро муҳассилин маҳз дар ҳаминҷо оғоз намуданд. Дар тӯли фаъолияти 60 солаи худ муассисаи таълимӣ беш аз 40  ҳазор ҷавонону калонсолонро, аз рӯи тахассусҳои устои таъмири автомобил ва ронанда, ронандаи трактор, устои барқ, дӯзанда, муҳосиб, дуредгар, кафшергар, системаи компютерӣ ва интернет-технология, фелдшер, байтор тарбия намуда, ба хоҷагии халқи вилоят ва ҷумҳурӣ ҷалб намудааст. 

Дар айни замон дар литсей 47 нафар омӯзгорон ва устоҳои истеҳсолӣ фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 22 нафар бо маълумоти олӣ, 15  нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 10 нафар бо маълумоти ибтидоии касбӣ, 5 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 нафар дорои дараҷаи олӣ ва ғайра кор карда истодаанд. 

 

Ихтисосҳо

Дар Литсей дар 19 гуруҳ аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисони сатҳи таҳсилоти ибтидоии касбӣ тайёр карда мешаванд:

Челонгари таъмири автомобил бо иловаи ронандаи дараҷаи «С»; 

«Монтажчии барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ»;

«Дуредгар»;

«Кафшергари газию барқӣ»;

«Дӯзанда»;

«Ҳисобдор бо донистани компютер»;

«Системаи компютерӣ  ва интернет-технология»;

«Фелдшер-бойтор».  

Аз моҳи сентябри соли 2016 дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии хайриявии «Ҷовид» дар ноҳияи Ишкошим курсҳои кӯтоҳмуддати «Суратгир ва наворбардор», «Бофандагӣ» ва «Қаннодӣ» дар базаи муассисаи таълимии деҳаи Шитхарв кушода шуданд. Инчунин бо ҳамкорӣ бо ташкилоти номбурда тибқи нақшаи дурнамо дар давоми соли 2018 ба ҳолати 28.11.2018 курсҳои кӯтоҳмуддати 2-моҳа ва 3-моҳа аз рӯи ихтисосҳои ронандаи дараҷаи «С» бо ҷалби 150 нафар, «Монтёри барқӣ» бо ҷалби 15 нафар, «Тракторчӣ» бо ҷалби 30 нафар, «Гармхона» бо ҷалби 45 нафар, «Боғдорӣ» бо ҷалби 15 нафар ва «Бофандагӣ» бо ҷалби 15 нафар, ҷамъ 270 нафар, аз он ҷумла 26 нафар духтарон хатм намуданд.

Дар моҳи майи соли 2018 курсҳои кӯтоҳмуддати шартномавӣ «Тракторчӣ» бо ҷалби 30 нафар, «Замбури асалпарварӣ» бо ҷалби 20 нафар», «Сабзавоткорӣ» боҷалби 15 нафар, ҷамъ 45 нафар кушода шуда, ин курсҳоро хатм намуданд.

 

Парки технологӣ

Дар литсей 4 устохонаҳои истеҳсолӣ, 14 кабинети таълимӣ, 1 китобхона, 1 қироатхона, 1 майдончаи варзишӣ, 1 утоқи варзишӣ, 1-ошхона барои хонандагон, 1 осорхона мавҷуданд. 

Литсейи касбии техникии н.Шуғнон дорои кабинетҳои муҷаҳҳазгардонидаи забон ва адабиёти тоҷик, дӯзандагӣ, кабинети забони русӣ, забони англисӣ, сохти автомобил, қоидаҳои ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кабинети омодагии дифои ҳарбӣ, кабинети дуредгарӣ, кабинети физика ва электротехника, кабинети технологияи информатсионӣ, кабинети челонгарӣ ва корҳои амалӣ аз автомобил, кабинети тренажёр, кабинети химия, кабинети касбинтихобкунӣ мавҷуд мебошад. Дар литсей инчунин устохонаҳои кафшергари газию-барқӣ, дуредгарӣ, устохонаи коркарди мебел, дӯзандагӣ, корҳои амалӣ аз автомобил ва электротехника фаъолият намуда истодаанд.

Дар соли 2018 кабинети забони русӣ аз нав ҷиҳозонида шуда, 2 адад мизҳои компютерӣ, 2 адад компютерҳо, 1 адад тахтаи электронӣ ва 1 адад телефакс дар он ҷобаҷо карда шуданд. Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии «Човид», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда буд, ба таври ройгон ба литсей 8 адад компютер, 4 адад принтер, 1 адад телевизор, 1 адад DVD, 8 адад мошинҳои дузандагӣ 10 адад миз 20 адад курсӣ, 1 адад апарати металбурӣ, 1 адад апарати кафшергарӣ мадад намуд.

Базаи моддӣ-техникии литсей ва гуруҳҳои амалкунандаи он дар ноҳияҳои Мурғоб, Рушон , Роштқалъа ва Ишкошим мувофиқи шароит ва имкониятҳои мавҷуда мустаҳкам гардид.

Дар моҳи сентябри соли 2016 кабинети дуюми технологияи информатсионӣ ташкил ва ҷиҳозонида шуд. Дар литсей 2 толори варзиш, ки пурра бо асбобҳо ва таҳҷизотҳои лозимӣ барои варзиш ҷиҳозонида шудаанд, дар хизмати хонандагон ва омӯзгорон ҳаст.

Барои таъмини ошхонаи литсей бо сабзавоти тару тоза дар литсей гармхона сохта шудааст. Маъмурияти литсей бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Шабакаҳои барқии «Помир энерҷӣ» ва ҶДММ «Темур» дар соли 2015 шартномаҳои тарафайн оиди ҳамкориро ба имзо расонида, аз ҳисоби Шабакаҳои барқии «Помир энерҷӣ» дар литсей сохтмони майдони озмоишии «Қоидаҳои бехатарии барқӣ» соли 2017 ба нақша гирифта шудааст.

 

Намояндагиҳо

Дар ҳамкорӣ бо Маркази таълими калонсолон ва шуғли аҳолии ноҳияи Шуғнон дар соли 2017 курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯи ихтисоси бофандагӣ, муҳрабофӣ  барои 30 нафар занон ва духтарони хонашин ташкил ва гузаронида шуданд. Инчунин намояндагии литсей дар деҳаи Тусёни ноҳияи Роштқалъа фаъолият мекунад, ки дар он ҳамасола беш аз 60 нафар, дар намояндагии литсей дар деҳаи Шитхарви ноҳияи Ишкошим бошад, беш аз 40 нафар касбу ҳунар омӯхта истодаанд. 

 

Китобхона ва хобгоҳ

Литсей дорои китобхонаи бою  замонавӣ буда, соли 2017 ба маблағи 6700 сомонӣ китобҳои дарсӣ-тахассусӣ, методӣ, ҷадвалу лавҳаҳо харидорӣ шуда, барои 30 нафар хонандагон толори дастайёркунӣ аз нав ҷиҳозонида шуд.

Моҳи майи соли 2011 дар арафаи таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди литсей хобгоҳ барои 200 нафар хонанда, бо тамоми шароитҳои замонавӣ ба истифода дода шуд ва дар айни замон дар он донишҷӯёни аз минтақаҳои дурдаст зиндагӣ карда истодаанд. Хобгоҳ бо ошхона, толори дарстайёркунӣ ва дигар лавозимот муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар литсей 78 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва 23  нафар ятим таҳсил намуда истодаанд, ки онҳо бо хобгоҳи ройгон таъмин буда, ҳамеша ба онҳо аз ҳисоби даромади худдии литсей ва дигар ташкилотҳои сарпараст ёрдам расонида мешавад.

 

Ихтироот ва дастовардҳо

Муҳассилини литсей ба ғайр аз дарсҳои амалӣ инчунин ба ихтироот низ машғуланд ва аллакай чандин дастовардҳои худро дар озмунҳо ба намоиш гузоштаанд. Соли 2015 хонандаи гуруҳи «Челонгари таъмири автомобил» Нуров Фаридун «Робот-мошин»-ро ихтироъ намуда, дар озмуни ҷумҳуриявии «Бозёфт-2015» дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи аввал гардид.

Соли 2015 хонандагон Чароҳ Зевар, Маскаев Амониддин, Замиров Гулрух дар  озмуни телевизионии ихтирокорони наврас «Бозёфт-2015» миёни ихтироъкорону навоварон дар маркази вилоят  шаҳри Хоруғ багузор гардид, бо дастовардҳои ихтирокардаи худ иштирок намуданд ва соҳиби ҷойи намоён гардида, бо Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Маъмурияти литсей диққати асосиро ба ташкил намудани шароити мусоид барои варзиш дар литсей, ташкили корҳои беруназдарсӣ вобаста ба ҷалби хонандагон ба варзиш дода истодааст. Маҳз дастгирии бевоситаи сарвари литсей аст,ки ҳамасола хонандагони литсей дар мусобиқаҳои вилоятию ҷумурҳиявӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор мешаванд.

Моҳи марти соли 2015 донишҷӯи гуруҳи «Челонгари таъмири автомобил» Лашкариев Аҳмад дар мусобиқаи вилоятӣ аз намуди гӯштини тарзи озод байни  чор ноҳияи штирок карда, соҳиби ҷойи дуюм гардид. Дар соли 2016 бошад хонандаи гуруҳи №10 «Кафшергари газию барқӣ» Азизмамадов Мустафо дар чандин  мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба самбо ва самбои рамзӣ ширкат варзида соҳиби ҷойи аввал, медали тилло. Чандин нишону ҷоизаҳои варзишӣ ва ифтихорномаҳои роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон  гардид. Моҳи ноябри соли ҷорӣ хонандаи гуруҳи №2 Зикришоев Наврӯз аз фанни биология ва хонандаи гуруҳи №7 Исломбеков Аҳмад дар олимпиадаи вилоятӣ соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.

 

Ба ҷои хулоса

Маъмурияти литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон ҷиҳати ба таҷриба омӯзии истеҳсолӣ фиристонидани хонандагон ва инчунин бо кори доимӣ таъмин намудани онҳо бо муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар ВМКБ буда, бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Шабакаҳои барқии «Помир энерҷӣ», Филиали Амонатбонк дар н.Шуғнон, МДНРА-и водии Ғунди н.Шуғнон, ҶДММ «Бунёд», ҶДММ «Мадад», ҶДММ «Назрӣ», ҶДММ «Темур», стансияи бойтории ВМКБ, маркази ташхисии бойтории н.Мурғоб, Сарраёсати агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, гуруҳи муштараки манфиатдори «Орзу»-и минтақаи Вахон, муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди н.Ишкошим, муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди н.Рӯшон, раёсати молияи н.Мурғоб ва фабрикаи «Ҳаёти нав»- и н.Шуғнон дар соли 2018 шартномаҳои тарафайн оиди гузаронидани таҷрибаомӯзии хонандагон дар соли таҳсили 2017-2018 ба имзо расонид.

Литсеи мазкур дар давоми фаъолияти тӯлониаш, дар давоми чандин даҳсолаҳо  боз чун як махзани волои илму маърифат ва ҳунар дар таълиму тарбияи насли наврас ва омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояту ноҳия нақши мондагоре дорад ва бо боварии комил бояд гуфт, ки аҳли коллективи омӯзгорони муассиса дар бадали заҳмати ҳалолу масъулиятшиносии баланд дар пиёда сохтани сиёсати кунунии сарвари давлат дар иртибот ба масъалаи муҳими рӯз, тарбияи насли худшиносу худогоҳ, насле, ки модари худро, гӯшаи офтобии хешро дӯст дошта, дар ҳифзу ободии он аз таҳти дил саҳм дошта бошад, аз тамоми захираҳои мавҷуда самаранок истифода хоҳад бурд.

 

Маркази тадқиқоти журналастии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here