Мо дар шаҳр зиндагӣ мекунем. Аз шаҳрӣ шуданамон ҳафт сол мешавад. Пеш дар қишлоқ иқомат доштем. Ҳамсояҳо, ки ҳаваси шаҳр карданд, мо ҳам по ба пои онҳо мондем. 

Шаҳр омада, дидем, ки касе ба касе кор надорад, ҳатто ҳамсояҳо якдигарро намешиносанд. Қишлоқ дигар аст: ҳар саҳар «қурутобгаштак» меравӣ, гову молата, ки ҳай кардӣ, дар сари пода яку дуро мебинӣ. Мардуми қишлоқ дарду ғами бисёр доранд: аз нарасидани ҳезуму кумур гап мезананд, аз қиматии барқ шиква мекунанд, онҳое, ки хӯроки чорпоёнашон тамом шудааст, аз тӯл кашидани зимистон гила пеш меоранд, аз гаронии нарху навои мағозаҳо алам мекафонанд. (Воқеан, мағоза чунон бисёр шудааст-ки… Дорою нодор ба «бизнес» машғул. Ё тавба! Хаёл мекунӣ, соҳиб сагашро намеёбад).
Хуб аст, ки дар шаҳр гоҳо ягон маърака меороянду чанд касро калла ба калла мекунанд. Гапзанию чақ-чақи бефоидаро хуш надоранд шаҳриҳо, чунки ҳама аз паси кору рӯзгор, ғами шикам дар мадди аввал меистад. Коргараш саҳар паи кор рафта, намози шом бармегардад, бекораш дар канори роҳ ё кунҷи як бино шишта, ба қавле «майда-чӯйда» мефурӯшаду рӯз мегузаронад.
Чаро шукрона накунем, ки ширинӣ ҳам дорад шаҳршинӣ! Ба умеди ҳамин шириниҳо гапи ҳамсари нозанинамро (нозанини солҳои аввали хонадоршавӣ дар назар аст) дар замин намонда, ба шаҳр кӯчидам. «Ҳеҷ чиз, ки наёфтем,- насиҳат кард ӯ,- пуфак харида дам мекунему фурӯхта рӯзамонро бе ғаму дард, бе чангу хок, бе бӯйи гову моли қишлоқ ба роҳат мегузаронем».
Дар маъракаҳои «чортан»-и шаҳр ҳамнишини марде шудем, ки қариб аз даҳанаш гап намебарояд, ба ҳадде одию хоксор, ки гӯё аз ин дунё набошад. Ҳамсояи рӯ ба рӯи мо ӯро «Бечора» ном гузошт. Ман «Мӯсичаи бегуноҳ» лақабаш мондам. Шахси чоруми маърака «Маланг» унвонаш зад. Марди олуфтаи ошёнаи дуюм, ки дар кадом идораи фарҳанги шаҳр кор мекардаасту табиати шӯх дорад, «Уболак»-аш гуфт. Хонаи Уболак дар ошёнаи нуҳуми бинои мо воқеъ будааст.
То ҳамин хабаре, ки аз шуниданаш ҳайрони зор мондем, дар бораи Уболак чизе намедонистем. Фаҳмиданиед, ки ин чӣ хабаре будааст, ки мо шунидем?
Ин хабар ба шаҳр, ба бошандагони даромадгоҳи №1-и бинои нуҳошёнаи паҳлуи тарабхона аз қишлоқ расид. Аслан хабарҳои хушу нохуш аз музофот паҳн мешаванд. Дар шаҳр, чӣ тавре шумо медонед, «касе ба касе кор надорад», ба қавли ҳамсари соҳибмаълумотам, «ҳар кас медонаду дави аспаш». Маълум шуд, ки Уболак аз ҳамон деҳаест, ки падару модари зани ман дар он ҷо иқомат доранд. Духтари холаи зани мо, ки бо ҳамсари Уболак пайванди хешӣ доштааст, гуфтааст, ки Алии хеши онҳоро, ки дар ошёнаи нуҳуми бинои назди тарабхона зиндагӣ мекард, қапидаанд. (Уболак Алӣ ном доштааст). Зани ман аввал афсӯси бисёр хӯрда, сонӣ бо чӣ гуноҳ «қапидан»-и Уболакро пурсон шудааст.
Хешдухтари зани мо ба воситаи телефони мобилӣ гӯшакӣ карда, «гап байни худамон монад» гӯён, гуфтааст, ки Алии ҳамсояи мо (яъне Уболак) бо 50 кило «доруи сафед» ба даст афтодааст. Э, офарин, қандата зан бо ҳамин дилу гурдаат Уболак! (Не! Астағфурилло. Пули «доруи сафед» дар баданат заҳр шавад Уболак-е, ту худат, як марди худмурдаи «норасид» ба ин корҳо даст мезадаӣ-ҳа??! Э, ҳаром мурӣ-е!).
Хабаррасон зани маро дилбардорӣ кардааст, ки аз ин гап «қади гарди орд» зиқ нашавад. «Дар пойи Алии хешамон хор намехалад. Мебинӣ, як ҳафта пас ҷавобаш медиҳанд. Охир бори якум нест-ку».
Одамро ҳиҷ шинохта намешудааст. Авлиётарин кас дар одамшиносӣ хато мекардааст. Алии хеши дури зани мо, ки «Уболак»-аш лақаб мондем, ба ифодаи зани ман «балои рӯйи олам будааст». Ӯ дар ошёнаи нуҳум, ба қавли ҳамсараш «намо-намо» карда мегаштааст. Муқими дигар ҷо будааст. Аслашро гирем, ҷойи зисти муқимӣ надоштааст: дар чор гӯшаи шаҳр хона харида, дар зодгоҳаш бинои сеошёнаи боҳашаммате бунёд карда будааст, ки шароити зисташ ҳазорҳо карат аз хонаҳои шаҳрӣ авлотар. Алӣ ба ғайри ҳамаи ин дову дастгоҳ дар канори дарёи Кофарниҳон дар масоҳати 6 гектар бӯстонсоро дошта, нисфи ҷангали Ромитро барои парвариши бузу гӯсфанд истифода мебурдааст. Чор аспи бузӣ, чор барзагови ҷуфтӣ доштааст. Ба тахмини хешдухтари зани ман, яъне ҳамсари Алӣ, шумораи моли майдааш ба 4 ҳазор мерасидааст. Бояд бе астағфуриллоҳ «қандаша занад» гӯем, чунки арзиш дорад. Хоксориаш як дунёст. Намедонам, гуфтан дуруст аст ё не, як хел одам дар вақташ фиси биниашро пок карда наметавонист, имрӯз фукаш дар деги осмон мерасад. Ҳавобаланд, ман-манӣ, пар-пар карда мегардад. Бо пули муфт ёфтааш даррав мошини хориҷӣ харида, ба рӯйи одамон ҳай мекунад-е. Аз гузаштааш заррае ёд намеорад. Ба милёндораш бошад, кас ҷуръати салом додан надорад. Дар даврони ошкорбаёнӣ пинҳон гӯем ҳам, бӯйи сир мехезад. Ҳамсояи мо (ҳамсояи падарӣ) дар деҳа, ба кори Уболак машғул аст. Инро як мо не, тамоми деҳа медонад. Мардум, ки донист, аз дусар гап ба боло мерасад. Мақомоти танобкаш бохабар мешаванд. Будагӣ гап, ҳақ талаб мекунанд. Албатта ӯ (ҳамсояи мо) ҳамаашро бароварда намедиҳад-ку. Пули бедарди миён, чӣ хосияте дорад, ки кам намешавад. Агар не, ҳамсояи мо ин қадар қасру кушкро бо кадом пул сохт? Ҳавобаландиашро намегӯед. Як рақам либосҳое мепӯшад, ки онҳоро аз ягон мағозаи шаҳр намеёбӣ. Сарулибосашро аз «Супермакет»-ҳои Москва мехаридааст. Рӯзе ба як ҳамсуҳбаташ гуфтааст: «Медонӣ, зеби сари ман (телпакашро дар назар дошта) чанд пул меистад?». Ва худ ҷавоб додааст: «Панҷ ҳазор доллар». Модоме «зеби сараш» чунин нарх дорад, палтои танаш понздаҳ ҳазор доллар будагист. Деҳа мактаби ҳалол надораду ин мардак сад ҳазор доллар сарф карда масҷид созонд. (Дар масҷиди бо пули ҳаром сохташуда намоз гузоштан дуруст бошад?). Масҷиди сохтаи ӯ оби гарму хунук дораду дар шафат ҳаммом. Пул ки дорад, хурду калон аз ӯ маслиҳат мепурсанд, дар маъракаҳо бологузар. Мардум тавалло мекунанд, ки раисии маҳалларо ба гардан гирад, розӣ намешавад. «Корҳои мо, ҳамдеҳаҳои азиз, ба ин саргардониҳо тӯғрӣ намеояд»,- мегӯяд бовиқор.
Дар ҷамъияти мо ин хел ҳавоидаҳанҳо кам набудаанд. Дина дар як газета хондам, ки як коркуни мақомоти абарқудрат (қудрати ин мақомот дар пулдории кормандони ӯст) як миллиону чандсаду чанд ҳазор доллари америкоии доштаашро барои рӯзи мабодо «ё аз бало ҳазар» зери девори бетонӣ пинҳон кардааст. Панҷ мошини садҳазордолларӣ ҳай мекардаасту ҳар рӯз се костуму се попӯшӣ иваз менамудааст. Инаш пӯшидатар, ки дар шаҳри Душанбе, он ҷое, ки ӯ зода шудааст, чил хонаи сеҳуҷрагию чорҳуҷрагӣ доштааст. Ҳамааш «бахайр», ҳамарӯза бо аҳли хонавода дар тарабхонаҳои овозадор ноштою хӯроки шом мехӯрдааст. Ба номи писари гаҳворагиаш дар Австрия бӯстонсаро доштааст. Дари дафтари корашро бо пой тела медодаасту бо зердастонаш урусӣ ҳарф мезадааст. (Инро ҳавобаландӣ не, кару фар мегӯянд).
«Уболак»-и мо чӣ, бечора чанд дафъае, ки бо ҳамсояҳо шиштем, ҷояш погаҳи дар, то гап напурсӣ, лаб во намекунад. Ҳиҷ ба одами «дорумашғул» монанд нест.
Дар маҳкамаҳо ба «уболак»-ҳо хуб сарукор мегирифтаанд. Ҳар миқдор пуле аз даҳонашон барояд, талаб мекардаанд. Охир, панҷ чилики панҷаашон барин медонанд, ки як грам ҳамон «доруи сафед» чанд доллар меистаду як килою даҳ килояш бо кадом нарх ба савдо меравад. Хешдухтари зани ман, ҳамсари Алӣ, зери лаб гуфтааст, ки «ин доруи бачамурда то Америка мерафтааст». Ҳо, ҳо, ҳамин қадар қадри баланд доштааст ин «бачамурда».
Хешдухтари зани ман аз қишлоқ мужда додааст, ки Алӣ, Уболаки ҳамсояи мо, сад ҳазор доллар дода «аз маҳкама ҳот баромадааст».
Акнун Уболак дигар ҳамсояи мо нест. Охир, ӯ як хона надорад-ку.

Ҷӯрабек МУЪМИН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here