— Аз эълони нав хабардор шуда, ҳам хурсанду ҳам зиқ шудам. Коронавирус корашро кард. Ният доштем, ки рӯзи 20-уми сентябр барои писарамон келин мефарорем. Акнун мегӯянд, ки тӯйро бо одами кам, аз 30 то 40 нафар гузаронед. Рости гап, хурсандам, ки тӯй камхарҷ мешаваду аз тӯй беқарз мебароем. Лекин саволи «оё хоҳару бародарони худаму шавҳарам, ҷиянҳо, ҳамкору ҳамсояҳоро ба тӯй ҷеғ назанем, аз мо хафа намешуда бошанддиламро обу адо кард. Ҳам писарам Муҳаммадҷон дилаш хунук шуд. Вай мехоҳад, ки ҳамаи ҳамсинфону ошноҳояш дар тӯяш иштирок кунанд. Ману падараш ӯро дилгарм карда истодаем. Асосаш, бе қарзу камхарҷ гузаронидани тӯй расо қулай меафтад. Баъзе наздикону пайвандонро даъват карда натавонем, моро фаҳмида метавонистагистанд?!,- ошуфтаҳолона мегӯяд Зуҳро Бобоҷонова модари як домодшаванда.

Чунин фикру хаёлро дар ин шабу рӯз даҳҳо Зуҳро-хола барин модарон аз сар гузаронида истодаанд. Барои пешгирии хурӯҷи пандемияи COVID-19 Ситоди ҷумҳуриявӣ муқаррар кард, ки тӯйи хонадоршавӣ бояд дар доираи 30-40 нафар гузаронида шавад. Ин ҳушдор навхонадоршавандагон ва волидони онҳоро ба он равона мекунад, ки нақшаҳоро дигаргун кунанд. Вокуниши ҷавонон ба ин маҳдудияти саривақтӣ чӣ гуна аст?

— Зиқам. Охир, тӯйи камодам чӣ хел мешавад? Зеби тӯй дар меҳмонон-ку. Илоҷи дигар нест. Агар беморӣ намебуд, тӯйро пештара барин мегузаронидем. Хайр, ҳамсинфону ҳамкоронам ва дигар дӯстонам мефаҳманд, ки таклиф накарданам аз пушти беморӣ аст. Баъди ором шудани вазъият ба онҳо зиёфат карда медиҳам. Падару модарам ҳам ба ман гандагӣ намехоҳанд. Хостамон бе қарз гузаронидани тӯй буд. Акнун пули худам кор кардагӣ ба ҳамааш мерасад,- хушбоварона мегӯяд домодшаванда Муҳаммадҷон Бобоҷонов.

Аюбҷон Салимов раиси маҳаллаи Муҳаммадҷон Солиеви ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Қаҳрамонони мо низ истиқоматкунандаи ин маҳалла мебошанд. Раиси маҳалла дар суҳбат афзуд, ки аз моҳи март сар карда, то имрӯз 6 нафар барои барпо кардани оила аз ӯ омада машварат гирифтаанд.

— Ин сабукиҳо бо мақсади пешгирии коронавирус дода шудааст. Лекин ин маҳдудиятҳо ба кисаи ҳар ду тараф ҳам ёрдами калон мерасонад. Онҳое, ки ба ман муроҷиат карданд, ин навгониро нағз қабул доштанд. Масалан, пештар онҳо барои як тӯй 15-20 ҳазор сомонӣ сарф кунанд, ҳозир бо 5 ҳазор сомонӣ ҳам маъракаро гузаронида метавонанд. Агар ин маҳдудиятҳо ҷорӣ шавад, қарзгириву мусофирӣ ва кредитсупорӣ кам мешудагист. Оилаи Бобоҷоновҳо дар маҳаллаи мо аввалин хонаводаест, ки тӯйро бо 40 нафар гузарониданист. Онҳо натиҷаашро фаҳманд, сонӣ дигар оилаҳо ҳам фаҳмида мегиранд,- мефзояд раиси маҳалла Аюбҷон Салимов.

Дар доираи ин гузориш мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо суоли «Агар баъди ором шудани COVID-19 ҳам тӯйи хонадоршавӣ бо ҳузури 40 кас гузарад, чӣ хел мешавад?» пурсиш гузаронидем. Зиёда аз 500 нафар корбар ба ин мавзуъ мудохила карда, фикру пешниҳодҳои худро дар зершарҳ навиштанд. Натиҷаи он чунин аст:

— барои бо 40 кас гузаштани тӯй: 89 ҷонибдор;

— барои бо 150 кас гузаштани тӯй: 67 ҷонибдор;

— барои бо 100 кас гузаштани тӯй: 10 ҷонибдор;

— сарфакорӣ дар қалин, ҷиҳоз, либосвориву ҷавоҳирот, зиёфату маросимҳо: 344 ҷонибдор.

Зуҳро-хола ният дорад, ки бо пули аз тӯй сарфашуда барои оилаи Муҳаммадҷон асбобҳои техникӣ ва маишӣ харида диҳад.

— Агар пул монад, навхонадоронро ба саёҳат мефиристам,- хурсандона мегӯяд ӯ.

Файзуллохон ОБИДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here