Сарфи назар аз шадид ва беист будани бориши барф ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе Чаноқ таъмин аст. Ёдовар мешавем, ки бориши барф дар ин масир ҳафтаи гузашта шуруъ гардида, рӯз то рӯз шадидтар шуда истодааст. Дар робита ба ин, кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” филфавр роҳро аз барф тоза ва онро бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд. Муҳим он аст, ки ин раванд зери назорати ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, имконияти мавҷуда самаранок мавриди истифодаанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки 21-уми декабри соли равон вазири нақлиёти мамлакат Худоёр Худоёрзода аз қитъаи 48-73-юми роҳ (минтақае, ки бориши барф зиёд ва шадид аст) боздид намуда, бо ҳолати баамаломада аз наздик шинос шуд. Вазири нақлиёт ба фаъолияти кормандони филиали Ширкат дар робита ба нигоҳдории роҳ баҳои баланд дода, аз бемасъулиятиву худхоҳии баъзе ронандагон, аз ҷумла ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазн нигаронӣ намуд. Зикр шуд, ки аксар маврид маҳз бо ин сабаб дар масири мавриди назар тамбашавии автомобилҳо ба вуҷуд омада, техникаву механизмҳои махсусгардонидашудаи филиали Ширкат наметавонанд сари вақт ба макони зарурӣ барои бартараф намудани монеаҳои бавуҷудомада сафарбар шаванд.

— Дар натиҷа, ашхоси аз асли масъала ноогоҳ ба ҳолати мазкур баҳои ғайривоқеӣ дода, муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиётро нодуруст бозгӯӣ менамоянд,- эътироф кард вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода.

Воқеан ҳам, як идда ронандагон сабаби асосии ба мушкил мувоҷеҳ шудани аксарият ҳангоми ҳаракат дар роҳи мавриди назар мешаванд. Ин қабил ба самти муқобили ҳаракат мебароянд, таъкиди масъулинро вобаста ба бастани занҷир сарфи назар мекунанд, бо мошинҳое, ки дорои тири пешбар нестанд, азми сафар мекунанд.

Далелҳо ҳокианд, ки мушкилӣ асосан дар километри 48-73 мавҷуд аст, ки хавфи тармафароӣ ва бориши пуршиддати барф дар онҷо хеле зиёд ба амал меояд. Сарфи назар аз ин, кормандони филиали Ширкат ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба поккории роҳ шуруъ карда, коркарди роҳ бо моддаҳои зиддилағжиш дар фаъолияташон падидаи маъмул маҳсуб мешавад. Дар маҷмуъ, дар аксар қитъаҳои роҳи Душанбе — Чаноқ баландии барф зиёд буда, дар ҳолати зарурӣ маҳдуд кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти притсепдор дар навбати аввал ба бехатарии ронандагону мусофирон рабт дорад.

Ҳарчанд баъзеҳо иддао доранд, ки чун роҳи Душанбе — Чаноқ роҳи пулакӣ аст, бояд 24 соат боз бошад, вале филиали Ширкат дар баробари шаҳрвандон масъулият дораду таъмини бехатарии шаҳрвандон болотар аз ҷанбаҳои дигар аст. Биноан, дар сурати ба вуҷуд омадани эҳтимоли хатар ба ронандагон бо истифода аз тамоми имкониятҳо онро пешгирӣ менамояд. Дар робита ба ин аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки муқаррароти аз ҷониби филиали Ширкат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати нақлиёт, БДА ВКД ҶТ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҷоришударо ба эътибор гиранд.

Барои муътақид шудан ба масъулиятшиносиву шабзиндадории кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” бояд ибтикори талош ва такопуяшонро дар робита ба иҷрои рисолат бо чашми сар дид. Баъзан маврид ҳастанд нафароне, ки нигоҳдории роҳро кори саҳлу сода пиндошта, ба фаъолияти филиали Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “аз паси панҷа менигаранд”. Бо дарки масъулият мегӯем, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият масъулиятшиносӣ дар сархати авлавиятҳои филиали Ширкат қарор дошту дорад.

Ифтихормандем, ки мардум мунтазам эътироф менамоянд, ки воқеан ҳам роҳи Душанбе — Чаноқ дар симои филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбони боэътимод дорад. Аз он ёдовар мешаванд, ки кормандонамон ҳамеша дар такопӯ буда, ба ронандагону мусофирон бо алфози ширин муносибат мекунанд. Арҷгузорӣ мекунанд, ки ба шарофати кормандони масъулиятшинос ва техникаҳои пуриқтидоре, ки барои нигоҳдории роҳ аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” сафарбар шудаанд, ҳаракат дар роҳи мавриди назар тамоми сол имконпазир аст.

Тибқи таҷрибаи ҳосилшуда, бориши пуршиддати барф ва тармафароӣ асосан дар 39-157-уми роҳ ба амал меояд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки роҳбарияти филиали Ширкат низ тамоми вақт дар канори кормандон қарор дошта, умури корҳо зери назорати ҷиддӣ қарор дорад. Омодагии филиали Ширкат ба ин мавсим ҷиддӣ (18020 тонна маводи зиддилағжиш, 273000 литр сӯзишвории дизелӣ, 3345 литр равғанҳо, 91 тонна ангишт, 54 метри кубӣ ҳезум, 113 автошина  ва ба қадри зарурӣ сарулибоси зимистонаи махсус барои кормандон) буда, шароит фароҳам аст, ки рисолати ба зимма вогузоршуда дар сатҳи хубу бо сифати баланд иҷро гардад.

Ба маълумоти ронандагони гиромӣ мерасонем, ки дар ин мавсим ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла, бо лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будани онҳо бояд мадди назар бошад.

Боварӣ дорем, ки ронандагону мусофирони гиромӣ ба иқдоми мазкур, ки идомаи мантиқии ибтикори амалишуда дар самти таъмини ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт дар роҳи зикршуда маҳсуб мешавад, бо ҳамдигарфаҳмӣ муносибат хоҳанд кард.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here