Шиноснома муаррифгари шахс буда, ҳар нафари аз 16-сола боло ҳатман бояд онро дошта бошад. Ҳангоми гирифтани ин санад кас бо чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавад, танҳо ба худаш аён асту бас.

Ёдам ҳаст, замони супоридани ҳуҷаттҳо барои шиносномаи давлатӣ ду рӯзро паси дари ниҳоди шиносномадиҳии ноҳия гузаронида будам. Вақте ки шиносномаам омода гардиду барои гирифтанаш рафтам, аз сабабе, ки ба қавле «калон» дар ҷои кораш набуд, шиносномаи маро надоданд. Аз ин лиҳоз, боз маҷбур шудам пас аз чанд рӯз барои дарёфти шиноснома маблағ сарфа намуда, ба ноҳия равам.

Албатта, ин ҳама солҳои пеш буданду шояд ҳозир вазъ иваз шудааст гӯед? Аммо афсӯс, ки шумо хато мекунед, вазъ чи тавре, ки гузаштагон мегӯянд, «ҳамон Аҳмади порина» аст. Барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ як шахс 938 сомонӣ сарф менамояд, ки аз ин ҳамагӣ 906 сомониаш чек дораду халос. Боқимонда 32 сомонии дигар ба куҷо меравад? Хуб, ҳозир ҳамаашро батафсил нақл мекунам.

Саҳарии барвақт роҳ пеш гирифтам сӯи маркази ноҳияи Деваштич бо қасди супоридани ҳуҷҷатҳои лозима барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ. Сараввал бояд маблағи шиносномаро супорид, танҳо ба «Амонатбонк». Дар бонк аз ман 908 сомонӣ талаб намуданд, аммо барои 906 сомонӣ чек доданд. Вақте сабаб пурсидам, хонуми хазиначӣ бо як лаҳни тунде гуфт:

— Ин ду тангае, ки ту додӣ, ҳаққи хизматам аст…

Чун баҳс бо ин тоифа мардум бефоида аст, аз рӯи мақоли «даҳони пӯшида сад тилло» амал карда, аз онҷо бадар омадам. Роҳ байни бонк ва нуқтаи шиносномадиҳӣ тақрибан 1 км-ро ташкил медиҳад.

Дар бинои маркази шиносномадиҳӣ як нафар ҳар тоифа шаҳрвандро қабул намуда истодааст. Яъне, шахсони шиносномаи давлатӣ ва шахсони шиносномаи хориҷӣ мегирифтаро. Пас аз интизории тӯлонӣ навбати ман низ расид. Дохили бино гардидам. Шахси масъул як ҳуҷҷатҳои маро аз назар гузаронида, дар ҳуҷҷатҳоям норасоиеро дид ва маро гуфт, ки рӯзи дигар оям.

Боз аз сари нав ҳуҷҷат омода намуда, пас аз се рӯз ба ноҳия рафтам. Навбати тӯлонӣ. Ниҳоят ба ман боз навбат расид. Ин дафъа аз ман маълумотномаи изи ангуштро пурсон шуданд. Омадам назди утоқе, ки изи ангушт месупоранд. Соат 8:42 дақиқаи рӯзи душанбе, оғози ҳафтаи корӣ, аммо то ба ҳол дарҳои ин утоқи кории корхонаи давлатиро баста ёфтам. Соати 9:17 дақиқа ин утоқ ба корӣ худ оғоз кард. Дар ин утоқ ба ғайр аз 6 сомонӣ маблағе, ки ба бонк супоридам, боз аз ман даҳ сомонӣ барои қоғаз, ранг ва ҳаққи хизмат ситониданд.

Пас аз ислоҳи ин ҳама камбудӣ ниҳоят шахси масъул ба пур намудани варақаи шахсиям шуруъ намуд. Пас аз ба итмом расидани ҳамаи корҳо боз барои ким-кадом корашон 20 сомонӣ талаб намуданд. Ҳамагӣ 938 сомонӣ сарфа намудам, ки аз ин танҳо 906 сомониаш дорои чек асту бас.

Пас аз ба итмом расидани ҳуҷҷат пур намуданҳо бо ваъдаи баъди 25 рӯз омода сохтани шиноснома аз онҷо бурун омада, бо гузашти зиёда аз як моҳ натавонистам ҳуҷҷати худро ба даст оварам. Ниҳоят баъд аз 45 рӯзи интизорӣ ҳуҷҷати ман омода гашт.

Ин ҳолатро дар ин ноҳия қариб ки ҳама аз сар гузаронидаанд. Ёдам ҳаст, зимистони соли 2020 мардум барои гирифтани навбат барои супоридани ҳуҷҷатҳои худ ба шиносномаи давлатӣ шабро даруни мошин назди дари нуқтаи шиносномадиҳӣ рӯз мекарданд.

Ба умеди рафъи ин ҳама мушкилот ҳастем. Аммо кӣ ва кай ин ҳама мушкилиро ҳал хоҳад кард?

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here