Дил маъмулан се раги хунрасон дорад (дуто чап ва яке рост) ва агар ҳар кадом аз ин рагҳо ба таври ногаҳонӣ баста шаванд, инсон гирифтори сакта ё инфаркти миокард мегардад.
Сактаи миокард яке аз бемориҳои паҳнгашта дар ҳамаи кишварҳост ва онро яке аз хатарноктарин бемориҳои дил муаррифӣ мекунанд. Хатари асосии сактаи миокард он аст, ки агар қисмати дучори инфаркт гардидаро мушакаш аз байн биравад, бемор мумкин аст дучори марги ногаҳонӣ, дучори норасоии кори дил ё дучори варами шуш гардида, тангии нафас пайдо кунад. Инчунин, бемори гирифтор ба сакта мумкин дучори номуназзамиҳои гуногуни дил шавад, монанди аритмиҳои мухталифи дил ё мумкин эҳтиёҷ пайдо кунад барояш нумӯя (кардиостимулятор) ё боторӣ гузоранд, то дилаш кор кунад ва ин нумӯя ва боторейҳо харҷи бисёр зиёд доранд.
Аломати асосии сактаи миокард дарди ногаҳонӣ дар ноҳияи қафаси сина ба шумор меравад. Ин дард метавонад шадид бошад ва аз маҳали ноф то пешонӣ, ҳар ҷо ба вуҷуд ояд. Вақте беморро ба иллати дарди сина ЭКГ мекунанд, як алоиме ба нафъи сактаи миокард дар ЭКГ-и он бемор дида мешавад, ки мутахассиси пуртаҷриба метавонад онро муайян кунад.
Ба ин беморӣ бештар мардон гирифтор мегарданд. Ашхоси дорои фишори баланди хун, қанди зиёд, чарбии боло ва масрафкунандагони сигору нос ба гуруҳи хатар шомил мегарданд. Вале дар хонумҳо низ дар синни болотар сактаи миокард бо мардҳо баробар мегардад. Теъдоди гирифторони ин беморӣ, ба ҳисоби мутахассисон, тақрибан аз ҳар 1000 нафар як нафарро дар сол ташкил медиҳад. Яъне агар мо инро дар мисоли Тоҷикистон бигирем ва кулли аҳолии кишварро 8 млн нафар ҳисоб кунем, дар кишвари мо солона 8 000 нафар одам гирифтор ба сакта ё инфаркти миокард мегарданд.
Мутаассифона, тибқи оморҳои расида, ашхоси гирифтор ба сакта ё инфаркти миокард аз ҳар 100 нафарашон дар ҳамон ҳафтаи аввали беморӣ 12 нафарашон мемиранд. Аммо дар сурати табобати саривақтӣ ва дуруст ин маргу мир метавонад коҳиш пайдо кунад ва ба нисфи ин адад бирасад.
Муҳимтарин дармони сактаи миокард боз кардани раги баста ба шумор меравад. Барои боз кардани раг ду равиш вуҷуд дорад: Ё тавассути доруҳои махсус, ки онҳо хуни лахтшударо ҳал мекунанд, ки онҳоро доруҳои тромболитик меноманд ва ё мустақиман як сими бисёр нозук аз дохили лахта гузаронида, онро стентгузорӣ намоянд. Ин равиш аз равиши аввал дида, хело муассиртар қарор мегирад ва дар 95% ҳолатҳо раги басташуда боз мешавад. Дар равиши аввал бошад (бо тромболитҳо) имкони боз шудани раг 60%-ро ташкил медиҳад ва бемор дубора бояд мавриди ангиографӣ қарор дода шуда, рагаш боз карда шавад. Ин, ки чи қадар ё чанд фоизи беморони гирифтор ба сакта ё инфаркти миокард дармони дуруст мешаванд, яке аз меъёрҳои пешрафти хадамоти пизишкӣ дар кишварҳо шинохта шудааст. Ва ҳадафи тиби муосир дар кишварҳои тараққикарда расонидани ин адад ба 90% беморон мебошад.
Мутаассифона, дар пойтахти кишвари мо ҳоло системи шабакавии дармони беморони гирифтор ба сакта ё инфаркти миокард вуҷуд надорад. Дар Бемористони Ибни Сино 6 сол боз ин имкон фароҳам оварда шудааст ва дар тӯли 24 соат ва 7 рӯз дар ҳафта, ин корро барои беморон анҷом медиҳанд. Анҷоми ин кор боиси наҷоти ҷони афроди зиёде мегардад ва онҳо аз аворизи баъдии сактаи дил низ наҷот меёбанд.
Мутахассисони Бемористони Ибни Сино ба иттилои ҳамаи азизон мерасонанд, ки дар сурати дучор гардидан ба дарди сина, дар хона муаттал нашаванд ва сареҳан ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат карда, худро ба яке аз бемористонҳо расонанд. Кормандони ёрии таъҷилӣ низ бояд беморонеро, ки дучори дарди шадид дар ноҳияи қафаси сина мегарданд, сареҳан ба бемористоне мунтақил кунанд, ки имкони боз кардани фаврии рагашонро дошта бошад. Бемористони Ибни Сино яке аз чунин муассисаҳои тиббист, ки омодагии ин корро дорад ва дар ҳамкорӣ бо табибони муҳтарами дигар муассисаҳои тиббии пойтахт, метавонанд ҷони афроди зиёдеро наҷот дода, хеле аз хонаводаҳо ва системи беҳдоштиро аз садамоти иқтисодӣ — иҷтимоии сактаи миокард наҷот диҳанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here